Бо итминон ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷаҳони имрӯзаро бе неруи барқ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро тамоми дастгоҳу лавозимоти ҳозиразамон бо истифода аз неруи барқ сохта шудаанд. Ин аст, ки тамоми давлатҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққии ҷаҳон мекӯшанд, ки неруи барқро ба ҳар роҳу воситае, ки набошад, дастрас кунанд. Албатта неруи барқ худ аз худ истеҳсол намешавад. Барои истеҳсоли неруи барқ аз Неругоҳи барқи обӣ (НБО), Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ), Неругоҳи барқи атомӣ (НБА) ва аз як қатор сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истифода мебаранд. Дар замони имрӯза энергияи электрикиро аз энергияи химиявӣ, гармӣ, об, бод, офтоб ва ғайра истеҳсол мекунанд. Яке аз воситаҳои маъмул ва самаранок истеҳсол намудани энергияи электрикӣ ин сохтмони НБО мебошад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ бо харҷи калон ва дар муддати тӯлонӣ сохта мешавад, вале аз рӯйи ККФ-аш (қариб аз 95% то 97%) дар ҷойи аввал меистад.

Бо итминон ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷаҳони имрӯзаро бе неруи барқ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро тамоми дастгоҳу лавозимоти ҳозиразамон бо истифода аз неруи барқ сохта шудаанд. Ин аст, ки тамоми давлатҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққии ҷаҳон мекӯшанд, ки неруи барқро ба ҳар роҳу воситае, ки набошад, дастрас кунанд. Албатта неруи барқ худ аз худ истеҳсол намешавад. Барои истеҳсоли неруи барқ аз Неругоҳи барқи обӣ (НБО), Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ), Неругоҳи барқи атомӣ (НБА) ва аз як қатор сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истифода мебаранд. Дар замони имрӯза энергияи электрикиро аз энергияи химиявӣ, гармӣ, об, бод, офтоб ва ғайра истеҳсол мекунанд. Яке аз воситаҳои маъмул ва самаранок истеҳсол намудани энергияи электрикӣ ин сохтмони НБО мебошад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ бо харҷи калон ва дар муддати тӯлонӣ сохта мешавад, вале аз рӯйи ККФ-аш (қариб аз 95% то 97%) дар ҷойи аввал меистад.

Маҳз табиати биҳиштосои кишвари мо барои сохтани НБО хело муфид аст, зеро 93%-и сарзамини мо кӯҳсор мебошад ва аз миёни ин кӯҳсорон зиёда аз 947 адад дарёҳои хурду калон ҷорӣ мешавад, ки дарозии умумиашон ба 28 500 км рафта мерасад. Ин аст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ сохтмони НБО-и хурду калон бо суръат идома доранд. Бахусус сохтмони НБО-и Роғун ки “иншооти аср” номгузорӣ шудааст, дар авҷ аст ва то ин дам аллакай 2 агрегати он ба истифода дода шуд. Бо итминон метавон гуфт, ки баъди пурра ба истифода додани НБО-и Роғун бо иқтидори пурраш (3,6 миллион кВт*соат), на танҳо худи ҷумҳуриро метавон бо неруи барқ таъмин кард, балки метавон энергияи барзиёди истеҳсолшударо ба кишварҳои дӯст ва  ҳамсоя интиқол дод.

Барои таъсис ва инкишоф додани бозори фурӯши барқ лоиҳаи минтақавии Осиёи Миёнагӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (“CASA-1000”) таҳрезӣ шудааст. Ин лоиҳа пас аз сохтмони НБО-и Роғун ва таҷдиди НБО-ҳои Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Бойғозӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки неруи барқи барзиёд истеҳсолшударо ба давлатҳои дӯст ва ҳамсоя содирот намояд. Агар лоиҳаи хати интиқоли барқи “Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон” ва “Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон” таҳрезӣ карда шавад ва дар ояндаи наздик сохтмони он оғоз гардад, имкони бо қувваи барқи арзони аз ҷиҳати экологӣ тоза давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустонро таъмин намудан муҳайё мегардад [1].

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергияи барқи обӣ мебошад, ки энергияи солонаи он 527 млрд.квт/соат-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисон захираҳои энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта, он зиёда аз 320 млрд.квт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 4-5%-аш танҳо дар айни замон истифода мешавад. Аз рӯйи иқтидори энергетикаи барқи обӣ Тоҷикистон ҷойи 8-умро дар дунё пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон, яъне бештар аз 95 фисади онро энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад. Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барқи дар тамоми Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.  Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир ҳастанд.

Айни замон иқтидори системаи энергетикии Тоҷикистон наздики 8000 МВт-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҳиссаи энергияи барқи обӣ 95%-и тамоми иқтидори муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 400 МВт, яъне танҳо 5%-ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқӣ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби  неругоҳҳои барқи обӣ мебошад, зиёда аз 20 млрд.кВт/соат-ро ташкил медиҳад.

То кунун дар маҷрои дарёи Вахш неругоҳҳои зерин сохта шудаанд: дар қисми поёноби дарёи Вахш неругоҳи Шаршара (29,9 ҳазор кВт), Сарбанд (240 ҳазор кВт), Марказӣ (15,1 ҳазор кВт), дар қисми миёнаи дарёи Вахш — Норак (3 млн. кВт), Бойғозӣ (600 ҳазор кВт), Сангтӯда-1 (670 ҳазор кВт), Сангтӯда-2 (220 ҳазор кВт), дар қисми болооби дарёи Вахш бошад, неругоҳи барқи обии Роғун (3,6 миллион кВт), Сичароғ (420 ҳазор кВт) ва сохтмони НБО-и Шӯроб (862 ҳазор кВт) ба сохтмони силсила неругоҳҳоро дар дарёи Вахш хотима медиҳад.

Силсилаи НБО-и дарёи Вахш

Неругоҳҳои барқи обӣ

Тавоноии муқарраршуда (ҳазор кВт)

Истеҳсоли энергияи электрикӣ дар як сол (млн. кВт*ст.)

Роғун

3600

13400

Шӯроб

862

3250

Норак

3000

11200

Бойғозӣ

600

2500

Сангтӯда 1

670

2700

Сангтӯда 2

220

932

Сарбанд

240

1300

Шаршара

29,9

220

Марказӣ

15,1

110

Ҳамагӣ:

9237

35512

 

Сохтмони НБО дар қисми болоии дарёи Вахш як муаммои дигар, яъне аз лойқа пуршавии обанбори неругоҳҳои поёниро ҳал мекунад. Ҳоло пас аз гузаштани 45 сол ғафсии қабати лойқаи дар обанбори Норак хобрафта беш аз 100 метрро ташкил медиҳад. Агар НБО-и Роғунро насозем, он гоҳ пас аз 45-50 сол НБО-и Норак аз лойқа пур гашта, аз кор мемонад. Сохтани НБО-и Роғун умри неругоҳҳои поёнӣ: Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Бойғозӣ, Сарбанд ва Марказиро дароз намуда, муҳлати кори онҳоро ба 100-солаҳо таъмин менамояд.

Айни ҳол дар кишвар бо мақсади таъмини аҳолии дурдасти деҳот зиёда аз 265 адад НБО-ҳои хурди тавониашон аз 5 то 2500 кВт ба истифода дода шудааст. Барои аз худ кардани потентсиали гидроэнергетикии дарёҳои хурд ва нагузоштани сарфи беҳудаи ҳар як қатра оби ҷории ин дарёҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи дарозмуҳлати Ҳукуматӣ оид ба сохтмони неругоҳҳои обии хурд ба давраи солҳои 2009-2020 қабул шуда буд. Мувофиқи ин барнома бояд дар кишвар зиёда аз 189 НБО-ҳои хурдиқтидор сохта мешуд.

Дар соли 2011 системаи ягонаи энергетикии кишвар, ки системаи энергетикии ҷанубу шимолро ба ҳамдигар мепайвандад, таъсис дода шуда буд, ки ҳамаи ин имкони дастрасии тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба энергияи электрикӣ таъмин намуд.

Обу ҳавои Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтобӣ низ муносиб мебошад. Ба ҳисоби миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 280-330 рӯзҳои офтобӣ вуҷуд доранд ва фаъолияти интенсивии радиатсияи офтобӣ дар давоми сол аз 280 то 925 МҶ/м2 дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва ҳамчунин аз 360 то 1120 МҶ/м2 дар манотиқӣ кӯҳӣ тағйир меёбад. Истифодаи энергияи офтобии вуҷуддошта дар Тоҷикистон метавонад 10-20%-и талаботро ба энергия таъмин намояд [2].

Мувофиқи ҳисобот захираи энергияи офтобии Тоҷикистон ҳудуди 25 млрд.киловат/соатро дар сол ташкил медиӯад. Агар он қисматеро, ки барои гарм кардани об истифода бурда мешавад, ба назар нагирем, пас гуфтан мумкин аст, ки ин захираҳо амалан истифода намегарданд. Захираи ками энергияи бод вуҷуд дорад ва истифодаи он ҳамчун пуркунандаи энергияи обӣ дар баъзе минтақаҳо ба мақсад мувофиқ аст. Бодҳои аз ҳама сахт дар минтақаҳои кӯҳӣ мевазанд, дар ҷойҳое, ки пастию баландии мамлакат ба ҷараёнҳои ҳавоӣ наздик мешаванд ва ҳамчунин дар вилоятҳои Суғд ва водии Рашт. Суръати миёнаи бод дар ин минтақаҳо 5-6 метр дар як сонияро ташкил медиҳад [2].

Инчунин барои боз ҳам беҳтар намудани соҳаи энергетикии кишвар бояд як қатор чораҳо андешида шаванд:

-таҷдид ва азнавсозии қисмҳои фарсуда ва аз кор баромадаи неругоҳҳо ва зеристгоҳҳо;

-истифодаи оқилона ва самараноки энергияи офтобӣ;

-сохта ва ба истифода додани неругоҳҳои бодӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, барои аҳолии дурдасти кишвар.

Ҳамин тавр, агар ҳамаи неругоҳҳои дар боло номбаршуда сохта шаванд ва бо тавоноии муқарраршудаи худ кор кунанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикии худро ба даст меорад ва аз ҷиҳати тавлиди неруи барқ дар ҷаҳон ба яке аз ҷойҳои намоён баромада, аксари давлатҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ғарбиро бо қувваи арзони барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамояд.

Адабиёти истифодашуда:

  1. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (13-уми июни соли 2015). – Душанбе: “Баҳманрӯд”, 2015.
  2. Национальный план действий Республики Таджикистан по смягчению последствий изменение климата- Душанбе: Таджикглавгидромет, 2003.-264 с.: ил. и библиогр.

Лоиқов Н.М. – донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 430101Б, факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment