Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд.

Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозуи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори  ватани хеш мешаванд.

Мо, ҷавонон пайравони асили Пешвои муаззами милатамон ҳастем ва бояд ба суханҳои падари бузургамон ҳамеша гӯш кунем. Ба ифротгароиву ифротсароӣ даст нарасонем, чунки ояндаву ҳозираи миллати хеш дар дасти мост. Мусалмон буданамонро мо набояд бо ришу либос нишон диҳем, чунки имон дар қалби мост. Имрӯзҳо ҷавондухтар ё ҷавонписар бояд рафтору кирдори нек кунад, то ки дигарон аз ӯ ибрат гиранд.

Ман ҳамчун як ҷавонписари тоҷик Пешвои муаззами миллатро дар зиндагӣ идеали худ медонам. Зеро он амалҳо ва корҳоеро, ки Пешвоямон анҷом медиҳанд, бисёр ҳам дар ҳаёти мо нақши муҳим доранд. Бо ёрии падари азизамон дар ҷаҳон номи Тоҷикистонро имрӯз мешиносанд.

Боиси таассуф аст, ки баъзе аз ҷавонони аз илму дониш дурмондаи мо ин ғамхориҳо, ҷоннисориҳо ва дастгириҳои давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба мо – ҷавонон нодида гирифта, ба китобхонаҳо, театрҳо рӯ намеоранд. Кӯчагардӣ, бозиҳои зиддиахлоқии компютерӣ, истифодаи сайтҳои нолозими интернетии барои мо ҷавонон бегонаро пешаи худ намудаанд.

Бандаи ношукре мебошем, агар ин неъматҳое, ки Худованд имрӯз бар мо додааст ва шароитҳое, ки Пешвои миллат бароямон муҳаё намудааст, дар роҳи нек истифода набарем. Барои аз таълиму тарбия дур мондани мо ҷавонон ҳеҷ баҳонае нест. Акнун ҳама шароитҳо мерасанд. Таъсиси маркази миллии тестӣ низ яке аз ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат мебошад. Зеро барои шаффоф гузаштани имтиҳонот мусоидат мекунад. Ин усули санҷиши дониш барои ҷавонони камбизоат ва деҳоти дурдаст имтиёзи хубе мебошад, ки аз квотаи Президентӣ ҳеҷ камие надорад.

Бо ифтихор мегӯям, ки мо ҷавонон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз боварию эътимод ва дастгириҳои давлату Ҳукумат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, халқу Ватанро бовар мекунонем, ки барои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хештаншиносии ҳамсолони худ чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, маҳфилҳо гузаронида, дар тарбияи ҳамаҷонибаи ҳамсолон ҳиссагузор мешавем.

Алланазаров А.Ш. – донишҷӯйи курси 1-уми гурӯҳи 50010108-А2, шуъбаи рӯзона, факултети Технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Comment