Пешрафти босуръати технологияи муосир, алоқаи мобилӣ, телекоммуникатсия ва компютеркунонии самтҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагиии халқ маҳаки рушди иттилоотрасонӣ низ гардиданд. Дар шароити имрӯз, ки ҳама гуна иттилоот мавқеъ ва арзиши хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифодабарии техникаву технологияи муосирро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш хеле муҳим ва саривақтӣ мешуморанд. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки коркард ва паҳннамоии босифати иттилоъ бо суръати хеле баланд анҷом ёфта, ба ин васила истифодабарандагон ба маълумоти зарурӣ дар муддати хеле кӯтоҳ дастёб гарданд. Табиист, ки китобхона дар баробари дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамчун маркази муҳими иттилоотрасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад, пас он ҳадафу самтҳои фаъолияташро ба эҳтиёҷот созгор менамояд.

«Китоб як рукни муҳими тамаддуни башар ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Пешрафти босуръати технологияи муосир, алоқаи мобилӣ, телекоммуникатсия ва компютеркунонии самтҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагиии халқ маҳаки рушди иттилоотрасонӣ низ гардиданд. Дар шароити имрӯз, ки ҳама гуна иттилоот мавқеъ ва арзиши хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифодабарии техникаву технологияи муосирро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш хеле муҳим ва саривақтӣ мешуморанд. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки коркард ва паҳннамоии босифати иттилоъ бо суръати хеле баланд анҷом ёфта, ба ин васила истифодабарандагон ба маълумоти зарурӣ дар муддати хеле кӯтоҳ дастёб гарданд. Табиист, ки китобхона дар баробари дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамчун маркази муҳими иттилоотрасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад, пас он ҳадафу самтҳои фаъолияташро ба эҳтиёҷот созгор менамояд.

Гузариш аз шаклҳо ва услубҳои анъанавии иттилоотрасонӣ ва шаклҳои муосири автоматикунонии фаъолият барои китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ ногузир аст. Баробари китобхонаҳои анъанавӣ арзи вуҷуд намудани китобхонаҳои электронӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо, аз ҷумла коркард, таҳияи фехристи электронӣ, таҳияи маводи гуногуни библиографӣ ва махсусан хизматрасонӣ ба хонандагон тағйироти куллӣ ба амал омад.

Китобхонаҳои электронӣ низоми нави дастёбӣ ба заҳираҳои иттилоотист, ки ба самаранокии хизматрасонӣ дар ин самт мусоидат менамояд ва он дар баробари китобхонаи анъанавӣ ба раванди хониш ва хадамоти китобдорӣ таъсири мусбат мерасонад.

«Дар оҳири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI омӯзиш ва такмили фаъолияти китобхонаҳои кунунӣ ва бунёди китобхонаҳои нав дар тамоми мамолики ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои муҳим ва баҳсталаб мубаддал гаштааст. Бахусус, баъди пайдоиши компютерҳои фардӣ, воситаҳои нави интиқоли матни чопӣ ба матни электронӣ, тайёрнамоӣ ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои электронӣ, рушди китобчопкунии электронӣ ва ҷорӣ шудани Интернет дар фаъолияти китобхонаҳо дигаргуниҳои навро ба вуҷуд овард ва китобхонаҳоро водор сохт, ки самтҳои асосии хешро ба вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ бо назардошти истифодаи мақсадноки технологияи нав мувофиқу созгор намоянд.

Роҷеъ ба ин масъала аз ҷониби мутахассисони соҳа ақидаҳое пайдо шуданд, ки гӯё бо пайдо шудани технологияи нав ва китобхонаҳои электронӣ фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ қатъ мегардад. Албатта ин ақида воқеият надорад. Имрӯз бештари мутахассисон бар он ақидаанд, ки манбаъҳои иттилоотии чопӣ ва электронӣ дар алоқамандӣ бо ҳамдигар тавассути воситаҳои маъмул ва  нави коммуникатсионӣ мавриди амал қарор мегирад. Агар фонди китобхонаҳои анъанавӣ ба ҳайси манбаи боэътимодноки пайдоиши китобҳои электронӣ, бахусус доир ба масоили таъриҳ, илмҳои дақиқ ва дигар соҳаҳои дониш шароит муҳайё созанд, китобхонаҳои электронӣ ба таври оҷил ва новобаста аз мавқеи ҷойгиршавию нигоҳдории манбаъ дар паҳншавӣ ва мавриди истифода қарор додани он мусоидат менамоянд. Яъне бо ибораи дигар китобхонаҳои анъанавӣ бо китобхонаҳои электронӣ дар якҷоягӣ фаъолияти ҳамдигарро такмил медиҳанд» (Комилзода Ш. Китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ (матн): робита ва тафовут// Китобдор.-2010, №4, — с.13-15.)

Китобхона аз давраҳои пайдоиши худ, дар ҷомеъ фаъолияти ғоявиро пеш мебарад ва бояд гуфт, ки фаъолияти он дар ҷомеа беасос набуда, балки дар рушди маънавии ҷомеа таъсири амиқ мегузорад.

Китобхона ҳамчун маркази иттилоотӣ аз замонҳои қадим арзи вуҷуд намуда, шаклу намудҳои гуногуни иттилоот ва расонаҳоро ҷамъоварӣ, коркард, гурӯҳбандӣ, ҷобаҷонамоӣ, маҳфуз ва дастраси хонандагони гуногунзавқ менамуд. Бо мурури замон вазифа ва уҳдадориҳои китобхона куллан тағйир меёфт ва маводи гуногуни иттилоотиро гирд меовард.

Айни ҳол дар замони муосири иттилоотӣ башарият танҳо аз истифодаи китобхонаҳои анъанавӣ талаботи худро қонеъ гардонида наметавонад. Ин талаботи  башарият набуда, балки тақозои замона мебошад. Маҳз ҳамин талабот маҷбур сохт, ки инсон дар ҷустуҷӯйи дигар манбаъҳову сарчашмаҳои иттилоотӣ шавад. Хушбахтона ин ба инсоният муяссар ҳам гашт ва дар натиҷа китобхонаҳои электронӣ пайдо шуданд ва бояд қайд кард, ки дар асоси пайдоиши он шабакаи иттилоотии Интернет замина гузошт.

Худи шабакаи Интернет як китобхонаи электронии умумиҷаҳониест, ки ҳар гуна иттилоотро дар худ нигоҳ дошта, ба халқияти ҷаҳон хизмат мерасонад. Вале дар навбати худ дар доҳили шабакаи Интернет якчанд гурӯҳи китобхонаҳои электроние вуҷуд доранд, ки аз ҷониби мамлакатҳои алоҳида, ташкилот ва шахсони алоҳида таъсис дода шудаанд. Китобхонаҳои электронӣ барои гирифтани иттилооти гуногун дар муддати кӯтоҳ ва шароити қулай ҳамҷун як дастоварди бузург маҳсуб меёбад.

Дар байни истифорабарандагон истифодаи ҳар ду шакли китобхонаҳо, яъне ҳам китобхонаҳои анъанавӣ ва ҳам китобхонаҳои электронӣ мавқеи хоси худро доранд. Барои муайян сохтани хусусиятҳои ин ду намуди китобхона равобит ва тафовути онҳоро дарк намудан зарур аст.

Барои дарк намудани равобит ва тафовути китобхонаҳои анъанавӣ аз электронӣ пеш аз ҳама яктои ин китобхонаҳоро алоҳида бояд омӯхт. Дар раванди омӯзиш мавриди баҳси асосиро бояд усул ва услуби ин китобхонаҳо ташкил диҳанд, яъне танҳо дар мавриди омӯзиши усулҳо ва услубҳои китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ мо метавонем равобит ва тафовути онҳоро муайян кунем. Ғайр аз ин мо бояд тадқиқотеро анҷом диҳем, ки барои муайян намудани равобит ва тафовути китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ мусоидат менамоянд.

Яке аз чунин тадқиқот омӯзиши хонандагон ва истифодабарандагони китобхонаҳо маҳсуб меёбад. Мо бояд муайян созем, ки диққати хонандагонро бештар кадом шакли китобхонаҳо ҷалб менамояд ва ба чӣ гуна хизматрасониҳо эҳтиёҷи бештар доранд. Инчунин аз кадом шаклҳои китобхонаҳо истифода кардан барои онҳо кулай ва бомаврид аст. Заминаи асосии мавриди баҳси омӯзиши моро маҳз ҳамин гуна тадқиқот ташкил менамояд.

Барои муайян намудани усули кори китобхонаҳо мо бояд тамоми амалиёте, ки дар он ҷо мегузаранд, биомӯзем. Чунки ҳар як амалиёти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ хусусиятҳои хоси худро доранд.

Яъне бояд қайд кард, ки раванди амалиёт дар ҳар дуи ин китобхонаҳо ба таври гуногун сурат мегирад ва баъзе аз ин амалиёт ду китобхона аз якдигарашон ба куллӣ фарқ мекунанд. Тафовути онҳо низ аз ҳамин зоҳир мегардад.

Бештари мутахассисон чунин назар доранд, ки гӯё китобхонаи электронӣ таърихан барои инкори китобхонаҳои анъанавӣ ташкил гардидааст ва китобхонаҳои электронӣ бо китобхонаҳои анъанавӣ дар иртибот набудаанд, аммо чунин набудааст. Баръакс он ки ин ду ҳамдигарро мукаммал мегардонанд.

Неъматова С.Ҷ. – директори китобхонаи илмӣ-электронии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment