«Бигзор мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, фазои осудаи мамлакат ва пойдории истиқлолияти Ватан бо меҳнати бунёдкоронаи хеш кохи бегазанди ваҳдати миллиро нигоҳ дошта, ба сӯйи фардои дурахшони ободу осуда қадамҳои устувор гузоранд!»

Эмомалӣ Раҳмон.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ба ифоқа расидани тарафҳои даргир рӯзи 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Халқи тоҷик ин рӯзи фархундаро чун рӯзи оштии миллӣ, эҳёи миллат, баҳамоӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ қайд мекунанд.

Сулҳ оштиву якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмиву тинҷиро таҷассум намуда, ваҳдат бошад, дӯстӣ, якҷо будан ва ҳамфикр буданро талқин менамояд. Барои ҳамин ваҳдат неъмати бебаҳо буда, дар рушду нумуъ ва пешравии ҷомеаи навини Тоҷикистон саҳми босазо дорад.

Ваҳдат ва сулҳи имрӯзаи Тоҷикистон мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки пойдории кишвар ва устувории миллат танҳо бо роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ таъмин карда мешавад. Тамоми мушкилот тавассути ваҳдат бартараф мешавад, зиндагӣ рӯ ба тараққӣ мениҳад, мамлакат пешрафта мегардад.

Ҳар гоҳ ки дар бораи ваҳдати миллии кишвари азизам сухан меравад, симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори давлати тоҷикон пеши назар меояд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат кишвари азизамон рӯз аз рӯз пешрафтаву зеботар мегардад. Ба ин ишора карда, шоири ширинкалом Меҳмон Бахтӣ қайд мекунад:

Ҳусни неруи Ватанро мекунад ваҳдат фузун,

Тоҷикистон хонадони ҷовидони ваҳдат аст.

Дар ҷойи дигар адиб Ҷонибеки Қозибек роҷеъ ба Ваҳдати миллӣ ишора карда, кафили боэътимоди ин падидаи бузурги асрро Сарвари кишвар дониста, халқи тоҷикро миллати бо нангу номус ва сулҳдӯст ба қалам додааст:

Мо гардани бараҳнаи худ хам намекунем,

Номусу нанги миллати худ кам намекунем.

Моҳомиёни ваҳдату озодии Ватан,

Тиру туфанг алайҳи башар ҷамъ намекунем.

Шайтон наем, мояи мо сулҳу ваҳдат аст,

Кибру ғурур ба Ҳазрати Одам намекунем…

Бастем аҳди дӯстӣ андар китоби бахт,

Ҳаргиз хилофи байъати ҳамдам намекунем.

Хулоса, ваҳдат армуғон ва дастоварди бузургест, ки аз молу сарвати дунё болотар аст. Ягон бойгарӣ ва дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву бародарӣ ва ваҳдати миллӣ баробар шуда наметавонад. Ваҳдат неъматест гарону ноёфтанӣ ва он миллатро бузург ва шуҳратёр мегардонад.

Акбаршоев Аловатшо Акобиршоевич – дон. курси 3, факултети МваКН, г. 27010107Б.

Leave a Comment