Соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи муосир, афзалиятнок ва муҳими аҳамияти стратегидошта дар самти рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши босазо дошта, рушду нумуи пурраи худро дар замони истиқлолият ба даст овардааст.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва омода намудани мутахассисони соҳа хизматҳои кафедраи “Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан”-и факултети “Нақлиёт”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ беназир буда, то имрӯз баҳри рушд ва вазъи техникии корхонаҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар мутахассисонро омода намудааст.

Соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи муосир, афзалиятнок ва муҳими аҳамияти стратегидошта дар самти рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши босазо дошта, рушду нумуи пурраи худро дар замони истиқлолият ба даст овардааст.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва омода намудани мутахассисони соҳа хизматҳои кафедраи “Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан”-и факултети “Нақлиёт”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ беназир буда, то имрӯз баҳри рушд ва вазъи техникии корхонаҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар мутахассисонро омода намудааст.

Кафедраи “Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан (ИТНҲ ва РО)” дастоварди даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2003 таъсис ёфтааст.

Дар айни замон кафедраи «ИТНҲ ва РО» дар донишгоҳ нуфузу эътибори хосаи худро дорад ва ҷоизи қайд аст, ки оғоз аз соли хониши 2014-2015 дар назди кафедра магистратура кушода шуда, соли 2016 ҳашт нафар ва аз ин ҳисоб ду нафар бо гирифтани дипломи аъло магистратураро хатм намуда, ба дараҷаи тахассусии «магистри техника ва технология» аз рӯйи ихтисоси «Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ» сарфароз гардиданд.

Кафедраи “ИТНҲ ва РО” бо якчанд донишгоҳҳои авиатсионии хориҷи кишвар робитаҳо дошта, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании ш. Москва, Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании ш. Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии авиатсияи граждании Белорусия ва Донишкадаи давлатии авиатсияи граждании ш. Тошканд шартномаҳои ҳамкорӣ низ дорад.

Имрӯз кафедра дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи авиатсияи гражданӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии кишварамон – ҶСК «Тоҷик-Эйр», фурӯдгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки дар асоси он донишҷӯёни кафедра дар базаҳои истеҳсолӣ ва лабораторияи ин ширкатҳо таҷрибаомӯзӣ, дарсҳои лабораторӣ ва амалии худро мегузаронанд.

Имрӯз хатмкунандагони кафедра дар ҶСК «Тоҷик-Эйр», ҶСК «Сомон-Эйр», фурӯдгоҳҳои байналмилалии «Шереметьево», «Домодедово»-и ш. Москваи Федератсияи Россия ва фурӯдгоҳҳои  байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар сарбаландона ва дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият карда истодаанд.

Маҳз самараи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки кафедраи «ИТНҲ ва РО» бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони касбӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Тоҷик Эйр” соҳиби ду адад ҳавопаймоҳои Як-40 ва Ан-28, инчунин муҳаррикҳо ва техникаю таҷҳизоти авиатсионӣ гардидааст.

Соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ҳамчун босуръаттарин навъи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти кӯҳсор будани кишвар аҳамияти муҳими стратегидошта ҷиҳати аз як самт ба самти дигар интиқол додани мусофирон, бору боғоҷ ва почта нақши созгорро мебозад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори соҳаи авиатсияи гражданӣ куллан тағйир ёфта, дар корхонаҳои авиатсионии кишвар ҳавопаймоҳои нави муосир, таҷҳизоти нав ҷиҳати хизматрасониҳои фурӯдгоҳӣ, аэронавигатсионӣ харидорӣ шуда, биноҳои наву муосир барои хизматрасонӣ ба мусофирон тибқи талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ИКАО бунёд гардиданд.

Дар даврони Истиқлолият аз моҳи марти соли 1992 сар карда, давра ба давра то ин замон парвозҳо байни давлатҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Покистон, Афғонистон, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Малайзия, Ҷопон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб амалӣ гардиданд.

Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи авиатсияи гражданӣ рушд ёфта, айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ бо 27 кишвари хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Белорус, ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Афғонистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Украина, Туркманистон, Қазоқистон, Латвия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, шоҳигариҳои Люксембург, Баҳрайн, Ҷумҳурии Федеративии Австрия, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қувайт, Ҷумҳурии Чехия, Давлати Қатар, ҷумҳуриҳои Арманистон, Ӯзбекистон ва Фаронса созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоиро ба имзо расонида, заминаи мусоид барои амалӣ намудани парвозҳои байналмилалӣ муҳайё шудааст.

Ҳамзамон, лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Финляндия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Салтанати Умон, Ҷумҳурии Гурҷистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

Дар баробари ин ёдовар мешавем, ки таҷдид ва азнавсозии инфрасохтори корхонаҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ аз соли 1998 бо таҷдиди аэровокзали фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ки ба меъёр ва талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ИКАО ва бо навтарин системаи парвозӣ таъмин намудани киштиҳои ҳавоӣ ҷавобгӯ буданд, оғоз гардид.

Қобили қайд аст, ки дар давраи солҳои 1991-2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ як Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) “Тоҷик-Эйр» баъдтар КВДҲ “Тоҷикистон” фаъолият менамуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008 ба 9 сохтори мустақили авиатсияи гражданӣ – чор фурӯдгоҳи байналмилалӣ: ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Кӯлоб”, ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Бохтар” ва чор ширкатҳои хизматрасонанда: ширкати ҳавопаймоии ҶСК “Тоҷик Эйр”, КВД “Тоҷикэронавигатсия”, ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ”, ҶСП “Ширкати таъминоти хӯрокворӣ” ва ҶСК “Агентии алоқаи ҳавоӣ” таҷзия карда шуд.

Ҳамзамон ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ҳамчун яке аз ширкатҳои муваффақи хусусии ватанӣ фаъолияти худро аз парвози нахустини худ дар самти Душанбе – Москва – Душанбе 5-уми феврали соли 2008 оғоз намуда, худи ҳамон сол 2 ҳавопаймои Боинг 737-800-ро харидорӣ намуд.

Дастоварди дигари соҳаи авиатсияи граждании мамлакат аз он иборат аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба истифодабарии ҳавопаймоҳои нави муосири ғарбии «Боинг»-ҳо гузаштанд, ки дар таъмини бехатарии парвозҳо нақши муассир доранд.

Ҳамзамон бо мақсади зиёд намудани парки ҳавопаймоҳо ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” соли 2011 боз 2 ҳавопаймои Боинг 737-900 ва соли 2012 низ 2 адад ҳавопаймои Боинг 737-300-ро харидорӣ намуд.

Дар баробари ин санаи 3-юми сентябри соли 2014 дар арафаи таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” терминали нави мусофирбарӣ ба истифода шуд, ки он яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи авиатсияи гражданӣ дар замони истиқлолият ба ҳисоб мерафт. Терминали мазкур ба талаботи ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҷавобгӯ буда, айни замон имкон дорад, ки дар як соат ба 500 мусофир хизматрасониро анҷом диҳад.

Терминали нави мусофирбарии ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” аз ду ошёна иборат буда, дорои таҷҳизоти нави замонавии муоинаи мусофирон ва системаи бақайдгирии онҳо, ду зинапояи телескопӣ, ки дар як вақт ба чор ҳавопаймо хизмат расонида метавонад, инчунин эскалатор, 5 лифт, 5 адад тасмаи даврзанандаи интиқоли бор, 19 адад нуқтаҳои бақайдгирии мусофирон мебошад.

Инчунин соли 2016 ҷиҳати иҷрои Барномаи мақсадноки давлатии рушди Комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2025, аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр” тариқи иҷораи лизинги “тар” ду адад ҳавопаймо – Боинг 737-300 ва Боинг 757-200 харидорӣ шуд.

Қайд намудан зарур аст, ки санаи 25-уми июни соли 2018 терминали боркашонии ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” мавриди истифода қарор дода шуд. Сохтмони терминали боркашонии зикргардида дар асоси созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – JICA дар соли 2014 оғоз гардида, дар таърихи авиатсияи граждании кишвар нахустин ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ҳамлу нақли бор ва оғози парвозҳои транзитии ҳавопаймоҳои боркашонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ тавассути ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе“ шароити мусоидро фароҳам меоварад.

Инчунин 26-уми сентябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” толори қабули меҳмонони расмӣ “VIP” ба истифода дода шуд. Дар толори мазкур барои қабулу гусели меҳмонон шароитҳои муосири сатҳи баланди байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар таърихи 27-уми июни соли 2019 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” манораи нави назоратӣ-танзимнамоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” (диспетчерӣ) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоистаи Пешвои миллат дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар давоми якуним сол бунёд карда шуд.

Манораи мазкур ба талаботи муосири байналмиллалӣ чавобгӯ буда, имкон медиҳад, ки таъминоти бехатарии парвозҳо, огоҳсозии садамавӣ, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ-танзимгарӣ ва назорати қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи баланд бардошта шавад.

Дар баробари ин боиси қайд аст, ки ҳамаи фурӯдгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият мақоми байналмилалиро гирифта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори худро ба талаботи ташкилоти байналмилалӣ ҷавобгӯ намуданд.

Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки аз ҷониби корхонаҳои авиатсионӣ дар замони истиқлолият зиёда аз 350 мутахассисони соҳавии бомаҳорат ва пуртаҷриба, аз қабили ҳавонавардон, штурманҳо, танзимгарони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, кормандони хадамоти ташкили интиқол, муҳандисону техникҳои ҳавопаймоию таҷҳизоти аэронавигатсионӣ ва радиоэлектронӣ, ҳавошиносон ва ғайра тайёр карда шуданд, ки онҳо ҳамчун пайвандгарони оламу одам, васлгарони қалбҳову тамаддунҳо хизмат намуда, зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда истодаанд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар қатори ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар доираи санадҳои имзошудаи байналмилалӣ 13 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷӣ, ба мисли «Turkish Airlines»-и Ҷумҳурии Туркия, «Fly Dubai»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Air Astana» ва «SCAT»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, «Kam Air»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, «Ut-Аir», «Ural Airlines», «S7 Airlines», «Nordwind Airlines»-и Федератсияи Россия, «Varesh Airlines»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «China southern Airlines»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, «Avia Traffic Company»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва «Uzbekistan Airways»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мусофирон хизмат расонида истода, ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодаанд.

Бо назардошти гуфтаҳои болозикр қайд менамоем, ки маҳз бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон чун соҳаҳои дигар сол аз сол рушди тоза ёфта, ҳамзамон дар баробари ин кафедраи “Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан”-и факултети “Нақлиёт”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ метавонад дар омода намудани кадрҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ саҳмгузор бошад.

Ғафурзода Ҷ.С. – н.и.т., дотсенти кафедри «ИТНҲ ва РО».

Leave a Comment