Бо масъулият ва ифтихори баланд устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – номзади илмҳои филологӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишгоҳ – Сироҷиддинзода М.М. имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” зери унвони “Ҳар як андеша, нуқтаи назар ва пешниҳоди созанда-мусоидкунанда ба рушди устувори кишвар барои мо муҳим аст”, ки дар ҳамкории байни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, иштирок ва баромад намуд. Маърӯзаи ӯ дар бахши “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ” дар мавзӯи “Саҳми асари Пешвои миллат: “Чеҳраҳои мондагор” дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ” диққати аҳли толорро ба худ кашида, ширкаткунандагон аз он ғизои маънавии баланд бардоштанд.

Ҳадафи конференсияи мазкур бахшида ба 10-уми декабр – 26-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ, арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ташаккул додани чунин мактаби сиёсӣ, ташаккули заминаҳои илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ тариқи асоснокии илмӣ ва маҳсулнокии онҳоро ташкил медиҳад.

Мақолаи устоди донишгоҳ – Сироҷиддинзода дар бахши “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”-и маводи конференсия ба табъ расида, дастраси оммаи истифодабарандагон гардид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment