Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, бо мақсади тақвият бахшидани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шуд. Ин иқдоми шоиста ба такомули боз ҳам бештари тафаккури техникӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника такони ҷиддӣ мебахшад.

Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси рушди хоҷагии халқи мамлакатро ба густариши соҳаи илму маориф ва фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста менамояд.

Пешвои миллат шуруъ аз оғози солҳои 2000-ум тавсеа ва омӯзиши амиқи илмҳои техникию риёзӣ ва дар ин замина такомули шуури техникиро манбаи рушди иқтисодиёти миллӣ ҳисобида, дар марҳилаҳои ҷудонопазир дар ин самт амалишавии корҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.

Бо мақсади амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф соли 2010 – Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардида буд, ки моҳиятан ҳадаф аз ин иқдоми шоиста фароҳам овардани замина ҷиҳати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ ва тақвияти неруи зеҳнӣ маҳсуб меёбад.

Раванди ислоҳоти соҳаи маориф ба марҳилаи дигар – шинохти ҷавҳари аслии равандҳо ва таҳаввулоти иҷтимоӣ пайванд гардид. Таҳти сиёсати фарҳангофари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои таърихи давраи соҳибистиқлолии кишварро арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, эҳёи суннатҳои миллӣ ва арзишҳои таърихии фарҳанги мардуми тоҷик ҷило бахшид. Меҳвари сиёсати давлатдории навин аз намунаи рӯзгори ибратангези миллати куҳанбунёди тоҷик маншаъ гирифт, ки бо ин васила тафаккури ҷомеа дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ ташаккул меёбад.

Аз омӯзиши саҳифаҳои ҳаёт ва осори абармардони халқи тоҷик ба амсоли Муҳаммади Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ Сино, Умари Хайём, Абунасри Форобӣ шаҳси худогоҳ дарёфт, ки шахсиятҳои барҷаста баробари азхуд кардани донишҳои замон илмҳои ҷудогонаи табиатшиносӣ, аз қабили риёзӣ ва табииётро низ сарфи назар накарда, дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳм гузоштаанд. Ин нобиғагон аз воқифии асрори илмҳои дақиқ ба дарёфти асрори сухан имкон пайдо карда тавонистанд. Дар асари «Ал-қонун»-и Абуалӣ Сино доир ба илми риёзӣ маводи бештар гирд оварда шудааст, ки дар баробари донандаи асрори илми тиб аз риёзидон будани файласуфи бузург дарак медиҳад. Пас дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чунин асроре ниҳон аст: аз худ кардани илмҳои дақиқ асоси рушди тафаккури мантиқии инсоният, устувор шудани ҳиссиёти ақлонию эҷодӣ, пайдо шудани қобилияти омӯзиш, зеҳни қавӣ, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмӣ, қадами ҷиддӣ дар рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Бо назардошти пешрафти рӯзафзуни илму техника дар ҷомеаи муосир раванди дигари ислоҳоти соҳаи илму маорифро аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, вусъат додани раванди иҳтироъкориву навоварӣ дар ҷодаи илмҳои дақиқ, азхудкунии технологияи инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, пайваста омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажӯҳишҳои илмӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ фарогир аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки инқилоби техникии қарни ХХ дар шинохти тамаддун, адабиёт, маънавият ва фарҳанги дирӯзу имрӯзи ҷаҳонӣ роҳ кушод. Ҳамчунин дар авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ҷавонон имкони зиёди дастрас намудани маълумот, дониш ва ақоиди гуногунро аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизионию интернетӣ доранд, ки ба ҷаҳонбинии онҳо бетаъсир намемонад. Дар раванди бархӯрди тамаддунҳо, ақоиди гуногуни мазҳабию динӣ, экстремистию террористӣ донистани асрори илмҳои дақиқ ва табиатшиносию риёзӣ дар фаҳмиши фикрии дуруст, тафаккуру андешаи солим ва самаранок истифода бурдани технологияи муосир омили муҳим ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки мундариҷаи таълими илмҳои табиатшиносию дақиқро инкишофи хаёли эҷодӣ, тафаккури мантиқию техникӣ ташкил медиҳад. Аз омӯзиши илмҳои муосир, бахусус илмҳои дақиқ, насли созанда, худшиносу худогоҳ, соҳиби тафаккури солим ва дар оянда ба рушди босуботи иқтисодии кишвар саҳмгузор ба воя мерасад.

Неъматова С.Ҷ. – директори китобхонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment