Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи касбии энергетикҳо конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти мавзӯи “Энергетика: ҳолат ва рушди дурнамо” баргузор гардид.

Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро Раиси кумитаи тадорукоти конференсия – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи “Неругоҳҳои электрикӣ” – Қасобов Л.С. кушода эълон намуд ва баъдан табрикоти Ректори донишгоҳ – профессор Давлатзода Қ.Қ. аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ – Абдулло М.А. қироат гардид.

 

Баъдан маърӯзаи намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК “Барқи тоҷик”, Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров АМИТ ва маърӯзаи дотсенти кафедраи “Неругоҳҳои электрикӣ” – Давлатшоев Д.Д. шунида шуд.

Пас аз маърӯзаҳо ва баҳси илмӣ ба фаъолони факултети Энергетикӣ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК “Барқи тоҷик”, Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ ва деканати факултет мукофоти соҳавӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳо супорида шуд.

Дар охир эълон гардид, ки кори конференсия дар чор бахш идома хоҳад ёфт.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment