Имрӯз дар факултети Нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба хотири профессорон – Турсунов А.А., Оев А.М. ва Сангинов О.Қ. конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Бехатарии ҳаракат ва тамоюлҳои инноватсионӣ дар нақлиёт” доир карда шуд.

Дар кори конференсия ва ҷаласаи пленарии он намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, МД “Душанбенақлиётхадамотрасон”, коллективи устодони факултетҳои Нақлиёт ва Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз сухани табрикотии Ректори донишгоҳ – Давлатзода Қ.Қ. аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ қироат шуд.

Раисикунандаи конференсияи мазкур – муовини ректор оид ба илм робитаҳои байналмилалӣ Абдулло М.А., мудири кафедраи “Истифодабарии воситаҳои нақлиёт” – Юнусов М.Ю. ва меҳмонон бо маърӯзаҳои худ баромад карда, таъмини бехатарии ҳаракат, проблема ва роҳҳои ҳалли онро дар соҳаи нақлиёт ва роҳ мавриди баҳси илмӣ қарор доданд. Иштирокдорони конференсияи мазкур нақши профессорон – Турсунов А.А., Оев А.М. ва Сангинов О.Қ.-ро дар рушду такомули комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург арзёбӣ намуда, аз ҳайати профессорону устодони ҳар ду факултет ва нақлиётчиёни кишвар, ки аксар шогирдони ин се нафар олимони соҳа мебошанд, дархост намуданд, то баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта давомдиҳандаи кору фаъолияти устодони худ бошанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар рафти конференсия ҳайати профессорону омӯзгорони факултети Сохтмон ва меъморӣ низ тариқи он-лайн баромад намуданд ва дар баҳси илмӣ ширкат варзиданд.

Давоми имрӯз ва пагоҳ конференсия дар сексияҳо кори худро давом медиҳад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment