Захираҳои энергетикӣ ба барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мешаванд ва дар сайёраамон хеле ҳам нобаробар тақсим шудаанд, ки ин ба миқдор ва ҳам ба имкони ба даст оварданашон вобастагӣ дорад. Маълум аст, ки мавзеи Халиҷи Форс дар ҷаҳон бо захираҳои хеле бойи нафташ маълуму маъруф аст ва абарқудратони ҷаҳон онро минтақаи манфиатҳои ҳаётии худ эълон намудаанд. Ба даст овардан ё дар зери назорати худ доштани мавзеъҳо ва минтақаҳои дорои захираҳои бойи сӯзишворӣ появу асоси рақобатҳои геополитикии муосир гаштаанд.

Барои ба даст овардани захираҳои энергетикӣ ҳамчунин омилҳои рӯҳӣ (психологӣ) низ таъсир мерасонанд, ки ба он аз ҷониби ширкатҳо ва ё ҳизбҳою ҷунбишҳои рақобаткунанда домана дода мешавад.

Дар солҳои охир як асоси дигари манфии таъсир ба муҳити зист ба миён омад, ки он тағйирёбии иқлим мебошад. Таъсироти манфии ин омил ва нишондоди миқдории он дар минтақаҳои мухталифи ҷуғрофӣ ва топографӣ (маҳаллӣ) гуногунанд.

Омилҳои манфии тағйирёбии боду ҳаво ба дараҷаи муайян ба иқлим таъсир намуда, мувозинати энергетикии атмосфераро тағйир медиҳанд, ки дар идора намудани он ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар ҷумҳурии мо асоси энергетикаи он гидроэнергетика буда, ватанамон мамлакати кӯҳсор аст ва омилҳои манфии табиии соли сипаришудаистода мушоҳида карда шуд, ки он ба ҷоришавии об дар дарёҳо ва истеҳсоли энергияи электрикӣ дар неругоҳҳо бетаъсир намонд.

Дар замони ҳозира тараққиёти саноат ва пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ аз истеҳсол ва истеъмоли энергияи электрикӣ вобастагии амиқ дорад. Дар баробари зиёд шудани шумораи неругоҳҳои барқӣ, зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва афзоиши аҳолӣ низ ба чашм мерасад, ки он истифодаи самараноки энергияро тақозо менамояд.

Истифодабарии оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истифодабарии энергияи электрикӣ сарфаҷӯйии энергия номида мешавад.

Се омили асосии сарфаҷӯйии энергия вуҷуд дорад:

  1. Стандартикунонӣ;
  2. Сертификаткунонӣ;
  3. Метрология.

Истифодаи амалии энергияи электрикиро дар хонаҳо ба гурӯҳҳои зерин шартан тақсим кардан мумкин аст:

  • гармкунии бино;
  • хунуккунӣ;
  • равшанидиҳӣ;
  • шустушӯйи либос (бо мошинаи ҷомашӯӣ);
  • шустани зарфҳо (бо дастгоҳи зарфшӯӣ);
  • аудиодастгоҳҳо;
  • тайёр намудани хӯрок (бо печи электрикӣ);
  • истифодаи дигар дастгоҳҳои электрикӣ (чангкашак, дарзмол, мӯйхушккунак ва дигарҳо).

Истифодаи энергияи электрикӣ дар ҳар кадом хонаҳо гуногун буда, дараҷаи  онҳо метавонанд нисбат аз болозикр тағйир ёбанд. Масалан дар бархе аз хонаҳо печи электрикӣ гузошта шуда, дар дигарашон аз гази моеъ истифода мешавад. Барои нигоҳдории ҳарорати муътадил дар як хона гармирасонии марказонидашуда басанда буда, дар дигар хона таъмини он бе энергияи электрикӣ ғайриимкон аст.

Сарфи тахминии энергияи электрикии дастгоҳҳои дар хоҷагии рӯзгор истифодашаванда чунин аст.

Дастоҳ

Истеъмол, кВт*соат/сол

Лампаи тафсон, тавоноиаш 60 Вт

263 (бо ҳисоби 12 соати корӣ дар як шабонарӯзӣ)

Лампаи энергиясарфакунанда (каммасраф)-и тавоноиаш 9-11 Вт

44 (бо ҳисоби 12 соати корӣ дар як шабонарӯзӣ)

Дастгоҳи зарфшӯӣ

475

Печи электрикӣ

440

Мошинаи либосшӯӣ

275

Яхдон

584

Телевизор

180

Компютер

40

Аудиодастгоҳ

35

Дарзмол

30

 

Вобаста ба ин чорабиниҳои сарфанок истифода бурдани энергияи электрикӣ дар хоҷагии рӯзгор ба шакли зерин тавсия дода мешавад:

  • пайвасти рӯшноӣ дар ҷое, ки ба он эҳтиёҷ нест амалӣ нашавад (риояи ин қоида барои ҳамаи аъзои оила бояд ҳатмӣ бошад).
  • ивази лампаҳои тафсон ба лампаҳои каммасраф, ки ҳамин миқдор рӯшноиро медиҳанд ва энергияро 70-80% кам истемъол намуда, муҳлати истифодаашон 5-6 маротиба зиёд аст;
  • истифодаи лампаҳои тавоноиашон гуногун вобаста аз рӯшноӣ дар ҷойҳои муайян, донистан зарур аст, ки ҳангоми чирк гирифтани лампа ва плафонҳо равшаннокӣ дар хонаҳо 10-15% паст мешавад;
  • хомӯш намудани дастгоҳҳои электрикӣ, ки масофавӣ идора мешаванд (телевизор, радиотелефон) на танҳо дар шаб, балки дар вақти онҳоро истифода набурдан (аз хона баромадан, ҳангоми дам додан ва ғ.);
  • истифодаи мошинаҳои ҷомашӯӣ дар ҳолати пурбории пурраашон (ҷӯр намудани он ба ҳарорати кам). Донистан зарур аст, ки ҳангоми ҷомашӯӣ бо ҳарорати +90 градус селсия 3 маротиба зиёд энергия сарф мешавад, нисбат ба шустан бо ҳарорати + 40 градус селсия.

Паст намудани сарфи энергияи электрикӣ дар яхдон аз 40% то ба 25% бо чунин роҳҳо:

  • мунтазам об кардани яхи камераи яхдон дар ҳолати ғафсии ях аз 5-10 мм зиёд будан;
  • гузоштани яхдон дар масофаи муайян аз дастгоҳҳои гармидиҳанда ва таъсири ростаи нурҳои офтоб;
  • таъмини фосилаи на кам аз 1-2 см гирдо-гирди яхдон;
  • гузоштани хӯроквории хунук ба яхдон;
  • ҳар чӣ қадар кам кушода нигоҳ доштани дари яхдон;
  • на кам аз як маротиба дар як сол тоза кардани чанг аз элементҳои гармиҷудокунандаи яхдон;
  • хомӯш намудани яхдон аз шабака ҳангоми ба якчанд рӯз аз хона рафтан.

Сарфаи энергияи электрикӣ дар сурати истифодаи печи электрикӣ:

  • интихоби дег ё дигар лавозимоти дорои сатҳи ҳамвор, диаметри таги онҳо бояд ба андозаи 3 см нисбат ба сатҳи печи электрикӣ зиёд бошад;
  • якчанд дақиқа пештар хомӯш намудани печи электрикӣ пеш аз пӯхтани хӯрок (дар вақти ҷӯшидан ё дам партофтан);
  • истифодаи зарфи сарпӯшдор;
  • иловаи миқдори муфиди об ба хӯрок;

Илова ба ин:

  • васли васлакҳои автоматӣ дар ҷойҳое, ки зарурати равшаннокӣ ба муҳлати зиёд пешбинӣ нашудааст, масалан дар даромадгоҳҳо ва зинапояҳои биноҳои баландошёна;
  • дар вақти харидории дастгоҳи электрикӣ пеш аз ҳама на бояд ба арзиши он, балки ба параметри энергиясарфакуниаш, мувофиқат намуданаш ба стандарту сертификат аҳамият дод, чунки дар вақти истифодабарӣ дастгоҳи энергиясарфакунанда самараи хуби иқтисодӣ медиҳад.

Яке аз роҳҳои пурсамар истифода бурдани энергияи электрикӣ дар хона ва корхонаҳо риояи меъёрҳои равшаннокӣ мебошад. Вобаста ба ин тавсия дода мешавад, ки дар вақти интихоби лампаҳо масоҳати хона ба ҳисоб гирифта шавад.

Дар аксари ҳолатҳо мушоҳида мешавад, ки дар зарф обро пур намуда, меҷӯшонанд ва он об ба пуррагӣ истифода нашуда, боз хунук мешавад. Агар об бо миқдори зарурии истифодашаванда ҷӯшонида шавад, ин хело муфид мебуд.

Ҳамин тариқ истифодаи пурсамари энергияи электрикӣ  имкон медиҳад, ки пеш аз ҳама буҷаи оилавӣ танзим шавад.

Вобаста ба мушкилот ва дастрасӣ ба истифодаи об, аз ҷумла нарасидани оби ошомиданӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи СММ Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” қабул гардида, аз рӯйи ин масъала соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмиллалии сатҳи баланд баргузор шуд.

Марҳила ба марҳила бо роҳнамоии Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон мамлакат ба истиқлолияти энергетикӣ расида истодааст. Ҳамзамон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба қадри неъмати бебаҳои табиат расида, энергияи электрикиро сарфакорона истифода бурда, ба исрофи он роҳ надиҳад.

Қасобов Л.С., Ҳасанзода Н. – устодони факултети энергетикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Leave a Comment