Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки аъзоёни Шӯрои олимон, ҳайати устодону профессорон ва кормандон, инчунин муовини сардори Раёсати мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Наврӯз Мирзозода баргузор гардид. Масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон “Натиҷаи фаъолияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар соли 2020 ва самтҳои асосии рушди он дар соли 2021” буда, доир ба он ҳисоботи ректори донишгоҳ шунида шуд.

Ректори донишгоҳ – профессор Давлатзода Қ.Қ. ба таври муфассал оид ба фаъолияти солонаи донишгоҳ маълумот дода, дар навбати худ аз комёбӣ, мушкилот ва масъалаҳои ҳалнашудаи давоми сол қайд карда гузашт.

Баъдан аъзоёни Шӯрои олимон – Юнусов М.Ю., Маҳмадизода М.М., Ҳасанов Н.Н. ва дигарон ба музокира баробада, фикру андешаҳояшонро гуфтанд.

Пас аз он намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Мирзозода низ баромад карда, фикру андешаҳояшро баён дошт.

Баъд аз баромад ва суханрониҳо нисбат ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар охир ректори донишгоҳ – Давлатзода Қ.Қ. ҳамагонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 табрику муборакбод намуда, саодатмандию хонаободӣ, осоиштагию саломатии коллективи донишгоҳро орзу намуд.

Баррасии масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон пас аз танаффуси кӯтоҳ дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ давом кард.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment