Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа сохтори конститутсионии давлатдориро заиф гардонида, сабаби монеа эҷод намудан дар роҳи рушди мамлакат ва омили паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мешавад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, тавозуни он низ аз байн меравад. Коррупсия сарчашмаи дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба монанди ин дигар ҷиноятҳое мегардад, ки боиси аз байн рафтани истиқлолияти комили давлатҳо шуда, боис ба он мегардад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум рӯ ба таназзул меорад. Баҳри паст намудани шиддати содиршавии амалҳои хусусияти коррупсионидошта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатии дарозмуддат қабул намудааст.

Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайриммодӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.

Коррупсия яке аз ҷиноятҳои вазнинтарини муқобили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, обрӯву нуфузи давлатро дар сатҳи байнанлмилалӣ коҳиш дода, ҷиҳати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Яке аз хусусиятҳои ба ҷамъият хавфнокии коррупсия дар он аст, ки нисбат ба содиршавиаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камтар ба қайд гирифта мешавад ва бештар мавридҳо ошкорнашуда боқӣ мемонад, зеро ҳам порадиҳанда ва ҳам порагиранда кӯшиш мекунанд, ки ин кирдор пинҳонӣ содир шавад, зеро тарафҳо оид ба ошкор гардидани кирдори пинҳониашон ҳавасманд намебошанд.

Мувофиқи тадқиқоти сотсиологӣ дар ҷаҳон сабабҳои асосии даст задан ба кирдорҳои корупсионӣ, аз он ҷумла ришваситонӣ инҳо мебошанд:

-маоши кам;

-маҳалгароӣ ва муносибати хешу таборӣ;

-дараҷаи зиёди озод будан дар қабули қарорҳо;

-аксар вақт бе ҷазо мондани мансабдорон;

-паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии мансабдорон;

-буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир ба рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоии ҷомеа монеа эҷод намуда, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсири манфӣ расонида, боварии  шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш дода, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш дар мавриди ришвахорӣ, ки яке аз омоли касифи инсонист, мазаммат намудаанд. Аз ин бармеояд, ки ришвахурӣ ва ришваситонӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа таърихи қадима дошта, то ба имрӯз ба ҳеҷ давлати ҷаҳон муяссар нагардидааст, ки ин вабои чандинасраро пурра решакан намояд.

Дар шароити имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конференсияи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон пазируфта шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Бо назардошти хавфнокии баланди ҷамъиятии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани ин сиёсат райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгуй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ниҳоди умумимиллии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Дар партави ин иқдом қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10-уми декабри соли 1999 ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт. Сипас, соли 2005 Қонуни ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ қабул карда шуд.

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, тадқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад. Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми августи соли 2013 таҳти №1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020-тасдиқ шуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд, ки татбиқи он идома дорад. Минбаъд низ фаъолияти агентӣ барои дар амал татбиқ сохтани сиёсати миллӣ дар соҳаи мубориза ба коррупсия, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъият ва давлат, дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳалӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо ва ғайра пурзӯр карда шуд.

Дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйиистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд. Бо ишора ба тавсияи омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки то кунун ҳеҷ кишваре дар мубориза бо ин падидаи номатлуб пурра муваффақ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ гардиши яксолаи дороиҳои ғайриқонунӣ ё худ коррупсиониро дар ҷаҳон баробар ба 600 миллиард доллари амрикоӣ ё зиёда аз он арзёбӣ намудааст. Мусаллам аст, ки дар чунин ҳол вусъати ин падидаи номатлуб дар рушди иқтисоди кишварҳо бетаъсир нахоҳад буд. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ минбаъд низ дар амалисозии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, иҷрошавии дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳамияти махсус дода, аз ҳамаи воситаю имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд ва бо ин роҳ шаффофияти фаъолияти худро таъмин мегардонад.

Дар сарсухани конвенсияи СММ дар ин бора омадааст, ки “коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад, ба ҷойи рушд ёфтани манфиатҳои умумимиллӣ, ба таъмини инкишофи ҳукмронии гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад, боварии мардум ба ҳокимият коҳиш меёбад ва болоравии эхтимолияти дур мондани онро аз ҷомеа замина гузошта, дар натиҷа асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳокимиятро зери хатар мегузорад, обрую нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои таъмини бехатарии миллӣ ва байналхалқӣ ба пастравӣ оварда, таҳдиди хатари бе шарикони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мондан ва коҳишёбии институтҳои демократӣ ба миён меояд, дар натиҷа ба манфиатҳои ҷомеа ва кишвар зарари калони талофинашаванда расонида мешавад, самаранокии иқтисоди бозорӣ якбора паст рафта, ахлоқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон коста гашта, сатҳи камбизоатӣ афзун гардида, шиддати иҷтимоӣ баланд мегардад. Аксарияти иштирокдорони муносибатҳои коррупсионӣ сарчашма ва ҳатто фармоишгари ҷиноятҳои нисбатан хатарнок ба мисли кушторҳои фармоишӣ ва терроризм мебошанд, мақомоти ба коррупсия олудагашта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, гурӯҳи мансабдорони фасодкорро бо соҳибкорон муттаҳид менамояд, ки дар натиҷа имконияти воридшавӣ ба ҳокимияти сиёсӣ ва ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада (софкории пул) шароит фароҳам меорад”.

Аз ин рӯ коррупсия ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал мегардад. Иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, дар натиҷа қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ бинобар иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои буҷавӣ оварда мерасонад ва маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода бурда намешаванд, бахусус ҳангоми тақсимоти давлатии қарзҳо ва фармоишҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, ки дар ниҳояти кор проблемаҳои буҷавии кишварро афзун менамояд, нархҳои фурӯши чакана ва яклухт аз ҳисоби хароҷоти иловагии коррупсионӣ, яъне санҷишҳои назоратии беасос гарон мегарданд, ки ин ба бадшавии ҳолати моддии истеъмолкунандагон, иқлими сармоягузорӣ ва пастравии истеҳсолот оварда мерасонад, ба болоравии сатҳи камбизоатии қисми зиёди аҳолӣ мусоидат намуда, ба тақсимоти дороиҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад.

Тадбирҳои амаликунандаи роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои корупсионӣ ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем ва дар ин самт баҳри пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои  хусусияти коррупсионидошта ҳиссагузор бошем.

Фаъолияти як мақомот баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа кифоя набуда, танҳо дар сурати муборизаи дастаҷамъона, мо метавонем, ки ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардем. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Воқеан ҳам ҳар як фарди бо нангу номуси Ватан бояд ин суханони Сарвари кишварро сармашқи кори худ намуда, бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар фазои ҳамдигарфаҳмии миллӣ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва бо ифтихор аз миллату ватани хеш сарҷамъона муборизаи беамон бурда, баҳри рушду нумуи ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Самадов Ҳ., Ҳусейнов Ш. – устодони кафедраи ҷомеашиносии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Leave a Comment