Панисломизм идеологияи динию сиёсиест, ки исломро чун воситаи таъмин намудани умумияти фавқулмиллӣ, фавқулсинфии пайравони он истифода бурда, муттаҳидшавии сиёсии мусулмонҳоро бо сарварии халифа аз ҳама гуна иттиҳоди дигари давлатию сиёсӣ авлотар медонад. Панисломизм чун ҷараёни сиёсӣ дар солҳои 90-уми асри 19 ташаккул ёфтааст. Дар ибтидои асри 20 пурзӯршавии истисмори капиталистӣ, мустамликагардонии мамлакатҳо боиси зуҳур ёфтани панисломизм гардидааст.

Идеологи аввалини панисломизм Ҷамолуддини Афғонӣ буд. Туркия, ки мамлакати нисбатан тараққикардаи он давр буд, ба маркази олами ислом табдил ёфт. Ҳокимони турк худро «ҳомиёни олами ислом» эълон карда, мекӯшиданд, ки панисломизмро ба мақсадҳои сиёсии худтобеи Туркия кардани мамлакатҳои мусулмон истифода баранд. Аъёну ашрофи маҳаллӣ, қисми иртиҷоии рӯҳониёни мусалмони Осиёи Миёна бошанд, даъвоҳои панисломии ҳокимони туркро дастгирӣ мекарданд.

Моҳияти иртиҷоии панисломизм махсусан дар арафаи револютсияи пролетарӣ равшан зуҳур ёфт. Панисломизм ба монеаи асосии муттаҳидшавии интернатсионалии меҳнаткашони Осиёи Миёна ва пролетариати Россия, ташаккули шуури револютсионии онҳо табдил ёфт. Синфҳои истисморкунанда мехостанд бо ёрии панисломизм муборизаи озодихоҳии миллӣ ва синфии меҳнаткашонро ба муборизаи динӣ табдил диҳанд. Рӯҳониёни мусалмон бо ин мақсад ҳамаи мусалмонони Осиёи Миёнаро ба муборизаи зидди «кофирон» даъват намуда, дар байни халқҳои гуногун тухми кину адоват мекоштанд.

Соли 1917 бо ташаббуси «Иттифоқи коргарони рус» тамоми ташкилоти меҳнаткашони миллатҳои гуногуни ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон дар як ташкилот муттаҳид шуданд. Ба миллату халқиятҳои гуногун додани хуқуқи худмуайянкунӣ, нест кардани ҳама гуна имтиёзҳои миллию динии онҳо, халқҳоро на аз рӯйи мансубияти динию мазҳабӣ муттаҳид намудан, балки инкишофи мустақилона ва озодонаи онҳоро таъмин кардан, пропагандаи ғояи дӯстию бародарӣ, ҳамкорию ёрии ҳамдигарии халқҳо, ба муқобили таассуби динӣ ва ҷараёнҳои иртиҷоӣ суботкорона мубориза бурдан – ҳама тадбирҳои саривақтию муҳими партия буданд, ки нақшаҳои хатарноки панисломизмро барбод дода, онро чун идеологияи иртиҷоӣ маҳв кард.

Панисломизм дар арафа ва рафти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба ягонагии сафҳои ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ таъсири манфӣ расонда, манфиатҳои синфии империализмро дар Шарқ ҳифз намудааст. Он имрӯз ҳам монеаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо ва инкишофи афкори ҷамъиятии мамлакатҳои мусалмон, ташаккули шуури худшиносии синфию миллии онҳо мебошад.

Ғафурова Б., Элмуродова Д. – ассистентони кафедраи ҷомеашиносии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Leave a Comment