Дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ озмунҳои “Куратори беҳтарин”, “Мақолаи публитсистии беҳтарин” ва “Хобгоҳи беҳтарин” гузаронида мешавад.

Озмунҳои “Куратори беҳтарин” ва “Мақолаи публитсистии беҳтарин” дар ду давр гузаронида шуда, даври якуми он аз ҷониби деканати факултетҳо (то 10.03.2021) ва даври дуюми он аз ҷониби комиссияи донишгоҳӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз 15.03.2021 ҷамъбаст мегардад.

Озмуни “Хобгоҳи беҳтарин” дар хобгоҳҳои донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуда, дар асоси талаботи Низомномаи “Хобгоҳи беҳтарин” комиссияи донишгоҳӣ баҳогузорӣ ва дар арафаи ҷашни Наврӯз озмунро ҷамъбаст менамояд.

Дар озмунҳои мазкур танҳо кураторон, устодону донишҷӯён ва хобгоҳҳои ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ иштирок карда метавонанд.

Сохтори ташкилию тарбиявӣ.

НИЗОМНОМАИ куратори беҳтарини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Муқаррароти умумӣ

            Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи Шӯрои кураторон», «Низомномаи кураторон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия шудааст.

1.Вазифаҳои асосии куратор

1.1.Куратори гурӯҳи академӣ бо мақсади ба танзим даровардан ва тибқи талаботҳои тартиби дохилии донишгоҳ ба роҳ мондани фаъолияти донишҷуёни гурӯҳ, аз ҳисоби омӯзгорони бо таҷрибаи донишгоҳ, таъин карда мешавад.

1.2. Куратори гурӯҳи академӣ;

— барои шинос шудани донишҷӯён ба низомнома ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохили донишгоҳ;

— барои донистан ва истифода  намудани роҳҳои гуногуни донишандӯзӣ ва касбомӯзии донишҷӯёни  гурӯҳ инчунин шиносоии онҳо бо дастовардҳои илму технологияи ҳозиразамон;

— барои бо ташаккули ҷаҳонбинии васеъ, руҳияи худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷуён, тарбияи ахлоқи ҳамида ва рафтори шоистаи онҳо дар ҷомеа, ҳазар намудан аз ҳаргуна гуфтору рафтори ношоиста, мусоидат менамояд;

1.3. Куратори гурӯҳи академӣ тибқи феҳрасти вазифавӣ ба декани факултет(муовин оид ба тарбия) ва раёсати донишгоҳ ҳисоботдиҳанда мебошад;

   1.4. Куратори гурӯҳи академӣ фаъолияти худро дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сардорони гурӯҳ, донишҷӯёни фаъол ба роҳ мемонад;

1.5. Куратори гурӯҳи академӣ усулҳои  самаранокии корҳои тарбиявиро дар амал татбиқ намуда, барои ташкил ва гузаронидани соатҳои кураторӣ иштироки донишҷуёни гуруҳашро дар хонишҳои сиёсӣ, машғулиятҳои эҷодӣ, олимпиадаҳо, шабнишиниҳо, озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ мусоидат менамояд;

1.6. Куратори гурӯҳи академӣ иҷрои дастури ВМваИҶТ-ро нисбати мутолиаи адабиёти тавсиявии барои хониши хонагии донишҷӯёни дар ҳар як курс зери назорат қарор медиҳад;

1.7. Барои бартараф намудани мушкилиҳо ва беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои таълиму тарбия, ба садорати факултет ва Донишгоҳ масъалагузорӣ менамояд;

1.8.Ҷараёни баргузории дарсҳои гурӯҳро мувофиқи ҷадвали дарсӣ назорат намуда, нисбати камбудиҳо ва давомоти донишҷӯён дар дарсҳо мунтазам ба садорати факултет маълумот манзур менамояд;

  1. Тартиби ноил шудан ба куратори беҳтарини Донишгоҳ;

2.1. Куратори беҳтарин дар ду марҳила муайян карда мешавад:

2.1.1. Марҳилаи якум дар сатҳи факултет гузаронида мешавад. Комиссияи озмунии факултет бо қарори Шӯрои олимони факултет тасдиқ карда мешавад. Раисии он ба зиммаи раиси Шӯрои олимони факултет вогузор карда шуда тибқи низомномаи мазкур амал мекунад.

2.1.2. Марҳилаи дуюм дар сатҳи Донишгоҳ (бо пешниҳодоти комиссияи факултетӣ дар марҳилаи дуюм комиссияи Донишгоҳӣ озмунро гузаронида ҷамбаст менамояд).

2.2. Омӯзгоре, ки дар курсҳои якум ва дуюми гурӯҳҳои академӣ, ба ҳайси куратор таъин шудааст, дар озмун иштирок менамояд;

2.4. Куратори гурӯҳ баҳри инкишофи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории донишҷӯён саҳмгузор мебошад.

  1. Баҳодиҳии куратори беҳтарин ба тариқи пурсиши анкетавӣ дар гурӯҳҳои академӣ;

3.1. Сифати дарсгузарии куратори гурӯҳ;

3.2. Нақшаи кори куратори гурӯҳ дар давоми соли таҳсил;

3.2. Ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби куратор мувофиқи талаботи амалкунанда;

3.4. Алоқаи волидайни донишҷӯ бо куратори гурӯҳи академӣ;

3.5. Омода кардани гурӯҳи академӣ аз ҷониби куратор ба чорабиниҳои фарҳангию-сиёсӣ, олимпиадаҳо, конференсияҳои илмӣ- амалӣ, инчунин иштирок дар маъракаҳои Донишгоҳӣ ва Ҷумҳуриявӣ.

3.6. Барои муайян кардани куратори беҳтарин фаъолияти солонаи куратор ба назар гирифта мешавад. (сентябр то май соли таҳсил)

  1. Намудҳои қадрдонии куратори беҳтарин:

4.1.Куратори беҳтарин бо 2-ҷои ифтихорӣ муайян карда мешавад:

4.1.1.Ҷои 1-ум бо диплом, маблағи молиявӣ инчунин унвони куратори беҳтарини сол;

4.1.2.. Ҷои 2-юм диплом ва маблағи молиявӣ;

4.2. Ҳаҷми маблағи молиявӣ аз тарафи Раёсати Донишгоҳ муайян карда мешавад;

4.3. Қадрдонии куратори беҳтарин баъди пешниҳоди комиссияи Донишгоҳӣ ва баррассӣ намудан дар Шӯрои олимони Донишгоҳ бо фармоиши ректори Донишгоҳ амалӣ карда мешавад;

4.4. Натиҷаи озмуни куратори беҳтарин рӯзи 23-май (рӯзи ҷавонон ) ҷамъбаст карда мешавад.

Низомномаи мазкур дар Шӯрои олимон таърихи  .   12 .2020  сол  мавриди муҳокима қарор дода шуд.

_____________________________________________________________

 

НИЗОМНОМАИ

озмуни «Мақолаи публитсистии беҳтарин» дар байни донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

 

  1. Муқаррароти умумӣ.

Мақсад аз баргузории озмуни «Мақолаи публитсистии беҳтарин» дарёфти мақолаи беҳтарини донишҷӯён, баланд бардоштани ҳисси маърифати техникӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи илмдӯстию илмомӯзӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

 

  1. Мақсади озмун.

Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар самти илмомӯзӣ, ҷалби онҳо ба эҷодкорӣ ва таблиғи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани савияи дониши сиёсӣ равона карда шудааст. Инчунин барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, сайқал додани пешниҳоди фикру андеша ва бо ин роҳ дар атрофи худ ҷамъ намудани дигар ҷавонон дар доираи мақолаи публитсистӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

 

  1. Шартҳои озмун.

Озмун бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳ доир карда мешавад.

То 20-уми феврали соли 2021 мақолаҳои озмунии аз факултетҳо гузашта ба шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ ҷиҳати иштирок намудан ба озмуни донишгоҳӣ пешниҳод карда шавад. Дар озмун ҳамаи донишҷӯён иштирок карда метавонанд.

Озмун дар ду давр гузаронида мешавад.

Даври якуми озмун дар сатҳи факултетҳо то 20.02.2021.

Даври дувуми озмун дар сатҳи донишгоҳ то 15.03.2021.

Озмун тариқи пешниҳоди мақолаи публитсистӣ ва илмӣ-оммавӣ дар мавзӯъҳои зерин бо забони давлатӣ пешниҳод карда мешаванд:

-илм ва техника;

-сиёсӣ;

-фарҳангӣ;

-иҷтимоӣ;

-варзишӣ-солимгардонӣ.

Ҳаҷми мақола аз 1 то 3 саҳифаи формати А4 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5, шрифти Times New Roman, андозаи 14 қабул карда мешавад.

Мақолаҳои пешниҳодшаванда бояд аз тарафи мутахассисони соҳа тақриз навишта шаванд.

Ғолибони озмун тариқи овоздиҳии кушод бо баёни фикр аз тарафи ҳакамон муайян карда мешавад.

Ҳайати ҳакамон бо пешниҳоди муовини ректор оид ба тарбия ва фармоиши ректор донишгоҳ аз ҳисоби мутахассисон таъйин карда мешавад.

Мақолаҳое, ки ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро ишғол мекунанд, барои чоп намудан ба газетаву журналҳои ҷумҳуриявӣ тавсия дода шуда, дар нашрияи донишгоҳии “Муҳандиси ҷавон” бо тарҷумаи ҳоли ғолиб чоп карда мешавад.

Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии донишгоҳ сарфароз гардонида мешаванд.

Омӯзгор-роҳбаре, ки зери роҳбарии ӯ мақолаи донишҷӯ ҷойи ифтихориро сазовор гардидааст, ҳавасманд гардонида мешавад.

 

  1. Тартиби пешниҳод барои иштирок дар озмун.

Пешниҳод аз тарафи деканати факултетҳо дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи ҷавонони факултетҳо сурат мегирад.

Барои пешниҳод иштирокчиён дар озмун аз факултетҳо то 5-нафарӣ метавонанд номзад пешниҳод намоянд.

Барои иштирок дар озмун шакли чопӣ ва электронии мақола, як адад расми 3х4 (электронӣ) ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти донишҷӯ пешниҳод карда шавад.

 

________________________________________________________________

 

Низомномаи

хобгоҳи беҳтарини устодон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.

Муқаррароти умумӣ

            Низомномаи мазкур дар асоси санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ (минбаъд-Донишгоҳ) бо дарназардошти дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба соҳа ва санади меъёрии дохилӣ таҳия карда шудааст.

Хобгоҳи беҳтарини устодону кормандон ва донишҷӯёни  Донишгоҳро Комиссияи таъсиснамудаи  Раёсати донишгоҳ муайян мекунад.

Дар рафти гузаронидани озмун бояд ба масъалаҳои зерин диққат дода шавад:

1.Тарғиботи таҷрибаи пешниҳодӣ-тарбиявӣ ва корҳои  хоҷагидорӣ дар хобгоҳи беҳтарини донишҷӯён;

2.Баланд бардоштани сатҳи шароити зисту зиндагонии устодону кормандон ва донишҷӯён;

  1. Ташкил намудани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ахлоқии устодону кормандон ва донишҷӯён;
  2. Фаъолияти кори Шӯрои худидоракунии донишҷӯён;
  3. Ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, ахлоқии донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ;
  4. Ҳолати санитарии хобгоҳ дар дохил ва ҳудуди ҷойгиршавиашон.

7.Таъмини қоидаҳои зисту зиндагонии  устодону кормандон ва донишҷӯён дар хобгоҳ ва риояи қоидаҳои бехатарии зидди сухторӣ;

  1. Ороиши умумии хобгоҳ бо маводҳои тарбиявӣ, тағриботӣ , ҳуқуқӣ ва воситаҳои техникӣ;
  2. Рафти навбатдорӣ аз тарафи факултетҳо ва истиқоматкунандагон.

10.Тартиби  ҳуҷҷатгузорӣ дар Шӯрои худидоракунии донишҷӯён.

  1. Ҳолатҳои нигоҳдории ашёҳои вобасташуда ва санитарии ҳуҷраҳо.
  2. Вазъи қироатхонаҳо.
  3. Ташкили озмун:

3.1. Озмун дар 3- марҳила гузаронида шуда вақти он аз тарафи комиссия муаян карда мешавад.

3.2. Натиҷаи ҷамъбасти  озмун мувофиқи  пешниҳоди комиссияи таъсисдодашуда муайян карда мешавад.

  1. Иштирокчиён:

4.1. Дар озмуни хобгоҳи беҳтарин танҳо хобгоҳхои донишгоҳӣ ширкат меварзанд.

5.Номинатсияи озмун

5.1. Озмун аз рӯи ду номинатсия  гузаронида мешавад:

5.1.1. “Беҳтарин хобгоҳ”;

5.1.2. “Беҳтарин ҳуҷраи хобгоҳ”;

  1. Ваколатҳои Комиссияи озмун:

6.1. Ташкил ва ҷамъбаст намудани озмун ба уҳдаи комиссия гузошта мешавад;

6.2. Ҳайати комиссияи озмун бо фармоиши Ректори  Донишгоҳ таъсис дода мешавад;

6.3. Кумитаи тадорукотӣ;

— Гузаронидани озмун дар хобгоҳ;

— Натиҷаи ҷамъбасти озмун ва пешниҳод  намудани хобгоҳи беҳтарин барои сарфарозгардонӣ;

— Оид ба рафти гузаронидани озмуни  хобгоҳи беҳтарин ба воситаи нашрияи “Муҳандиси ҷавон” маълумот дода мешавад.

  1. Натиҷаи ҷамъбастӣ:

7.1. Ҳангоми муайян намудани ғолиби озмуни хобгоҳи беҳтарин, шартҳои зерин ба ҳисоб гирифта шавад:

— Ташкил намудани чорабиниҳои тарбиявӣ, варзишӣ ва фарҳангию-фароғатӣ дар ҳудуди хобгоҳ;

—  Ҳолати нигоҳдорӣ ва дуруст истифодабарии таҷҳизоту амволи ҳуҷраҳои  истиқоматӣ;

— Ҷиҳати хизматрасонии маишӣ;

— Назорати қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби истиқоматкунандагон, оиди иҷрои ченак ва меъёрҳои  ҳифзи меҳнат ва бехатарии зидди сӯхтор дар хобгоҳ;

— Дизайни ороиши эстетикии ҳудуди вобасташуда дар хобгоҳ;

-Ташкили корҳои санитарию — профилактикӣ байни истиқоматкунандагони  хобгоҳ оиди тарзи бурдани ҳаёти солим.

7.2. Сарфарозгардонӣ:

— Ғолибони ҷойи аввали озмун бо унвони “Хобгоҳи беҳтарин, ҳуҷраи беҳтарин” бо диплом, ва тӯҳфаҳои қимматбаҳо инчунин унвони хобгоҳи беҳтарин сарфароз гардонида мешаванд.

— Сазовори  ҷойҳои  дуюм ва сеюми  озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз  гардонида  мешаванд.

8.Маблағгузорӣ:

8.1. Маблағгузории озмун аз ҳисоби  иттифоқи касабаи устодону  кормандон , донишҷӯён ва Раёсати донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.

Leave a Comment