Солҳои охир таваҷҷуҳ ба забондонию забономӯзӣ дар кишвари мо афзудааст. Ба ин пеш аз ҳама дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат карда, таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони муосир барои ҳар як ҷавон донистани ду-се забони хориҷӣ зарур аст.

Вобаста ба ин ҳоло дар саросари мамлакат насли наврас барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷидду ҷаҳд мекунад ва дар таълимгоҳҳо ба ин масъала диққати бештар дода мешавад. Омӯзгорон масъулиятро бар дӯш гирифта, таълими босамари забонҳои хориҷиро бо усули фаъоли техникӣ ба роҳ мондаанд.

Ба назари мо тарғиби забон ва забономӯзиро пеш аз ҳама аз эҳтиром нисбат ба забон дар ниҳоди шогирдон оғоз бояд кард. Хонандагон бояд дарк намоянд, ки забон рукни муҳимтарин ва муқаддаси ҳар як миллат ва гузашта аз ин, омили ҳастии он аст. Барои татбиқи ин ҳадаф аз василаҳои зиёд метавон истифода кард, вале василаи асоси ин истифода аз суханону гуфтори пурҳикмати ниёгонамон мебошад.

Гузаштагони хирадмандамон забон ва суханро дар сатҳ баланд ситоиш кардаанд. Ҳини гуфтани сухан эҳтиёткор будан ва ҳар калимаи хешро санҷидаву андешида гуфтан лозим аст, зеро сухани ноҷою ранҷовар боиси озурдагии ҳамсуҳбат мегардад.

Забони хушу лутфбор дилҳоро навозиш менамояд, ба одамон табъи болида эҳдо менамояд ва ба соҳибэҳтиром гардидани суханвар мусоидат менамояд. Шогирдонро даъват ба он бояд кард, ки ба покизагии забони хеш ҳамеша диққат диҳанд, забони хешро бо алфози қабеҳу дурушт олуда насозанд. Олудасозии забон ин таҳқири он аст. Ба ин масъала суханварон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дода, чунин фармудаанд:

Забони покро ҳайф аст бисёр,

Ки бо лафзи дурӯғ олуда созӣ.

Акбаршоев Аловатшо Акобиршоевич – дон. курси 3, факултети МваКН, г. 27010107Б.

Leave a Comment