Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як сокини кишвар он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист тайи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи олам имкониятҳои беназири Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари таваҷҷуҳпазири сармоягузорӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Пешвои миллат ҳамчун шахсияти созанда тавонист бо истифода аз неруи зеҳнӣ ва эҷодкории ҳар як сокини кишвар тамоми қаламрави Тоҷикистонро дар рӯҳияи зебопарастӣ ва ободкорию созандагӣ барои рушди босуботи кишвар сафарбар намояд.

Таҳлилҳои гуногунҷабҳаи таҷрибаи аксарияти давлатҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар байни тамоми ҷумҳуриҳои пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолият бадастоварда кӯшишҳои ҳамарӯзаи Президенти мамлакати мо барои шукуфоӣ ва рушди ҳар як гӯшаи кишвари азизамон намунаи ибрат аст. Ба ғайр аз сафарҳои зиёд бо мақсади татбиқи барномаҳои вобаста ба рушди шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои саноатӣ ва дигар масъалаҳои пойдории миллат, силсилаи вохӯриҳои Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар, ки онҳо қувваи пешбарандаи зеҳнӣ ба ҳисоб мераванд, таҷрибаи беҳамто аст. Зимни вохӯриҳо бо зиёиёни кишвар Пешвои миллат ҳалли масъалаҳои стратегиро барои рушду нумуи кишвар муҳим арзёбӣ менамоянд, ки барои ноил гардидан ба он бояд аз ҷониби тамоми қувваҳои пешбарандаи ҷомеа чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Қабули маҷмӯи зиёди барномаҳои давлатии рушди соҳаҳо ба он водор намуд, ки Пешвои миллат масъалаи гузаштан аз модели тараққиёти “аграрӣ – саноатӣ” ба модели “саноатӣ – аграрӣ”-ро ҳамчун ғояи муҳими умумимиллӣ муайян кард. Дар паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 20.01.2016 баргузор гардида буд, таъкид менамояд: “… ояндаи миллат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.

Чунин масъалагузориҳои Пешвои миллат ба он асос меёбад, ки дар ҷодаи тайёр намудани мутахассисони замони нав моделҳои муосири тарбия намудани чунин шахсиятҳои соҳибистеъдод ба вуқуъ ояд ва онҳо рушди бемайлони 68 шаҳру ноҳияи кишварро дар ҳамкории судманд бо зиёда аз 170 давлати ҷаҳон ва воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таъмин карда тавонанд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки тайи солҳои истиқлолият таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон узви якчанд созмонҳои бонуфузи олам, ба монанди СММ, ИДМ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра гардида, бо дигар кишварҳое, ки моделҳои гуногуни тараққиётро пеш гирифтаанд, ҳамкорӣ намуд ва обрӯю эътиборашро дар арсаи ҷаҳон аз лиҳози сармоягузории дохилию берунӣ, рушди бемайлони иқтисодиёт ва энергетика баланд бардошт. Мисоли возеҳи он зина ба зина баланд гардидани нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар, махсусан пас аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва илман асосноккардашудаи иқтисодӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар тайи солҳои 1997 – 2015 тақрибан 3,5 маротиба афзудааст. Ин нишондиҳанда дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир аст.

Бисёре аз шарикони хориҷии Тоҷикистон ба тараққиёти бемайлони иқтисодиёти кишвар бо назари ҳайрат баҳо мегузоранд, ки чӣ тавр давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист тайи 70 соли мавҷудияташ роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, нақби Анзоб (Истиқлол), роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъахумб, нақби Шаҳристон, НБО-и Роғун ва дигар иншооти муҳими асри 20-ро сохта ба истифода диҳад, лекин Тоҷикистони соҳибистиқлол бо вуҷуди мушкилоти зиёд ба ҷаҳониён исбот намуд, ки қодир аст дар кӯтоҳтарин муддат он нақшаҳоро амалӣ гардонад. Бидуни муболиға он ҳама музаффариятҳое, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард, маҳсули татбиқи сиёсати хирадмандонаи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва пойдории сулҳ мебошад.

Дар анҷом бояд қайд намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, зеро миллати тоҷикро аз нобудӣ раҳоӣ ва ба он умри дубора бахшид, онро соҳиби истиқлолият ва давлати миллӣ гардонид, тамоми ҳастияшро ба миллату давлати хеш бахшид то мардуми тоҷик дар оромиву осудагӣ ва сулҳ зиндагӣ намоянд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳушёр ва огоҳ бошему миллат, давлат истиқлолияти хешро арҷгузорӣ намоем. Ба қадри неъмати бузурги соҳибватан ва соҳибдавлат будан бирасем. Тоҷикистон имрӯз ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил ёфтааст. Тоҷику тоҷикистонӣ дар ошёни меҳри хеш зиндагии осоиштаву ором дорад.

Худойназаров Бобоназар – донишҷӯйи курси 2-юми факултети Энергетикӣ.

Leave a Comment