Дар ҳар давру замон барои инсоният ҳар як ихтироот ё кашфиёт нишонаи пешрафти илми онзамона ба ҳисоб меравад. Пеш бурдани ҷамъият аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар амал татбиқ намудани таҷрибаҳои назариявӣ дар истеҳсолот низ ба давру замонаҳо вобастагии зич дорад. Сохти ҳар як давлату ҳукумат низ метавонад, ки таъсиррасонандаи тамоми рушду нумуи илмҳои гуногун бошад.

Дар замони бостон пеш аз ҳама ситорашиносон бо кашфиёт ва пешгӯйиҳои нодири худ дар илм заминаҳои беназир мегузоштанд. Онҳо аз рӯйи зичҳои худ аз боридани борону омадани хушксолӣ то муайян кардани толеи ояндаи тифли навзод – ҳамаро уҳда карда метавонистанд. Муъбадони оташкадаҳои кеши зардуштӣ дар оташкадаҳои давр тамоми донишмандони илмҳои гуногун, табибон, муаллимон, ихтироъкорон, рассомон ва ғайраҳоро муттаҳид карда, ҳар яке шогирдони худро тарбия менамуданд.

Масалан, дар таърихнигораҳои шаҳри бостонии суғдиён – Саразм омадааст, ки ҳар як ҷавони ба синни чаҳордаҳ расидаро иҷозат мешуд, то дар як тарафи яке аз деворҳои ҳавлиашон бо расмкашию гаҷкорӣ машғул шавад. То ин дам, яъне то синни чаҳордаҳсолагӣ ӯ дар пайвастагӣ бо азхудкунии илмҳои дигар ин ҳунарҳоро назди устодони чирадасти дар оташкадаҳо муттаҳидгардида меомӯхт. Ҳангоми тасвир ё гулкории девори хона агар саҳве, нодурустие ё нописандие дида шавад, Ҳанҷамана (анҷуман)-и деҳ (ҷамоат ё шӯрои маҳаллаи инзамона) онро қабул намекард. Он нақшҳоро аз болояш андова мекарданд ва он ҷавон бори дигар машғул мегардид. Ин амал то он даме, ки Ҳанҷамана он натиҷаи ҳунари дастиро қабул накунад, андовакунии девор аз болои расм ё қолаби сохтаи ҷавон давом мекард. Барои духтарон низ дар баъзе ҳолатҳо тасвири ин ё он намуди манзараю расмҳо иҷозат дода мешуд, вале бештари духтарон барои азхудкунии нақшу нигор дар болои матоъ бо ёрии дӯхту дӯз машғул мегардиданд. Натиҷаи дилхоҳи ин амали духтаронро низ Ҳанҷамана қабул мекард. Пас аз пурра қонеъ гардонидани ҳамаи талаботи Ҳанҷамана ба писар ё духтар иҷозати комил дода мешуд, ки аз рӯйи касби омӯхтааш зиндагии худро ба роҳ андозад.

Ин яке аз намудҳои ҳунаромӯзии даврони бостон буд, ки маълумот дода шуд. Ин гуна имтиҳонгирию омодасозӣ барои тамоми намудҳои касб – оҳангарию кулолгарӣ, харротию дуредгарӣ, мӯзадӯзию рехтагарӣ ва монанди инҳо роиҷ буд. Натиҷаи ҳамаи ин сахтгирии устодон ба он оварда расонид, ки то ба имрӯз аксарияти он нишонаҳои таърихӣ то ба омада расида, касбу ҳунари он замон барои мо низ хизмат мекунад.

Аммо баъдҳо чӣ?! Пас аз истилои юнониёну арабҳо ва турку муғул барои аҳли адаб ва ҳунар чӣ қисматҳои талхе пеш омаданд.

Юнониён мехостанд, ки тамоми тамаддуни онвақтаи моро барҳам зананд. Онҳо тамоми пораҳои навиштаҷоти илмии он давраи моро сӯзонданд. Аз он ҷумла, як нусхаи нахусткитоб – «Авасто»-ро сӯхтанд ва дигареро бо худ бурданд. Ин аст, ки то ба ҳол аз рӯйи нишондоду муқаррароти он тамоми олами аврупои мутамаддин истифода мекунад. Инчунин юнониён тамоми дастранҷи чандинҳазорсолаи аҷдодони моро шикастанд, маҳв карда, ба нестӣ бурданд.

Ҳуҷуми арабҳо низ барои халқу таърихи мо зарбаи ниҳоят гарон буд. Онҳо ягон нишона аз даврони бостону аз нигоштаҳои таърихии аҷдодӣ ва кешу мазҳаби бобоӣ чизеро ба мо боқӣ нагузоштанд. Ҳатто барои пурра барҳам задани миллати форс маҷбурӣ забони худро ба онҳо меомӯхтанд. Аммо куҷо он халқи саркаш буд, якеро ба тан мегирифт, дигареро на.

Омадани бодиянишони турку муғул, ки ба мисли арабҳо аз биёбону даштҳои тафсон якбора ба шаҳру деҳаҳои ободу зебо ва дорои тамаддуну ҳунару зиндагии озодона пой ниҳода буданд, худро гӯё дар биҳишт медиданд. Зиндагии турку муғулу араб, ки танҳо вуҷуди худро дар чаронидани чорпо дар дашту биёбон эҳсос мекарданд, мактабашон дашту саҳрову илму ҳунарашон чаронидани чорвову нафас кашидани чангу хоки пойи ҳайвонот буд. Аз ин рӯ, на дар рӯйи онҳо рангу намуди одамиву на чашму абрӯйи инсонӣ дида мешуд.

Ҳар яке аз ин ҳуҷумҳои беамон барои илму таъриху тамаддун ва навовариву технологияи онвақтаи гузаштагони сарсахти мо шикастҳои ногуфтанӣ меоварданд.

Баъдтар бузургмардони тоҷик – Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ Сино, Форобӣ, Хайём, Алӣ Қушчӣ, Баҳоваддини Амулӣ, Ҷамшеди Кошонӣ ва садҳо фарзандони дигар ба тартиб додани зичҳо, сохтани расадхонаҳо, омӯхтани кайҳону ихтирои дастгоҳи гуногун ба илми ҷаҳонӣ хизматҳои босазое карданд.

Масалан, Ҷамолиддин ном донишманди тоҷике дар Чин ҳафт навъ асбоби ситорашиносӣ ихтироъ кард ва тақвими дақиқе тартиб дод, ки соли 1281 дар тамоми қаламрави Чини бузург ба расмият дароварда шуд. Асосгузори илми Алгебра ал-Хоразмии тоҷик аст, аввалин кашфкунандаи микробҳо Ибни Синост, аввалин ҷарроҳикунандаи маълуми бемории бод (рак) Алӣ ибни Аббоси тоҷик (вафоташ соли 994) аст, ки сатҳи кори ӯ баробар ба нишондодҳои илми имрӯз аст, «Муаллимони математикаи Ренесанси мо (Эҳёи Аврупо) мусулмонон буданд», ки садршинони ин илм донишмандони тоҷикон будаанд, ихтирои тӯпи борутӣ кори бародарони тоҷик Алоуддин, Исмоил ва Қиёсуддин дар Чин аст, ки эшон бо даъвати императори бузург Қубилоӣ (охири қарни XIII) ба Чин барои сохтани манҷаниқ даъват шуда буданд, таъсири астрономҳои мусулмон ба Ренесанси Аврупо мисли таъсири математикони онҳост, бузургтарин кашфиётҳои уламои бузурги Аврупо Ҷордано Бруно (1546-1601), Коперник (1473-1543) ва Галилео Галилей (1564-1642) баста ба кашфиёти донишмандони тоҷик аст, дар атрофи меҳвари худ ва дар гирди Офтоб давр задани онро чанд қарн қабл аз ғарбиён Берунии тоҷик кашф карда буд, аввалин маротиба дар ҷаҳон Берунии тоҷик ҳисоб кардани масоҳати рӯйи Заминро ошкор сохт, ки дар Аврупо бо номи «қоидаи Берунӣ» маъруф аст, аввалин маротиба дар ҷаҳон донишмандони тоҷик (се бародарони Мӯсои Хоразмӣ дар қарни IX-X) дарозии масоҳати заминро бо усули ихтироъкардаи худ чен кардаанд, ки хеле маъруф аст, сарвари киштисозон ва дарёнавардони Чин як нафар тоҷики бухороӣ мавсум ба Муҳаммад Нуриддин («Зинг Хи» номи чинии ӯ) буд, ки санъати дарёнавардии Чинро (қарни XV) ба авҷи аълои он расонид, фарҳанги Аврупо натанҳо бо Алгебра, балки бо дигар шуъбаҳои илми ҳисоб низ аз ҳисоби кашфиёти мусулмонон ғанӣ шуд; воқеан ҳам илми ҳисоби муосири Ғарб танҳо давоми ҳамон илми ҳисоби мусулмонон аст, рақами сифр ихтирои ал-Хоразмии тоҷик аст, Ҷобири Батонии тоҷик (ваф. 929) дар ҷаҳон аввалин шуда «феълан асоси илми тригонометрияро гузоштааст, ҷадвали астрономии Ҷобири Батонии тоҷик то асри XVI ҷадвали асосии астрономҳои Аврупо буд, аввалин донишманде, ки дар ҷаҳон хами мадори офтоб (кривизны эклиптики)-ро муайян кард, ал-Фарғонии тоҷик (вафоташ соли 861) буд, осонтарин роҳҳои дарёфти обҳои зеризаминӣ ихтирои Муҳаммад Карачии тоҷик аст. Асосгузори воқеии илми оптикӣ Ибни Ҳайсам (вафоташ 1039) аст. Китоби «Мабҳаси нур»-и ӯ чандин аср китоби асосии дарсӣ ва амалии уламои Шарқу Ғарб буд. Тамоми таҷрибаҳои Рочер Бекон роҷеъ ба ин мавзуъ дар асоси нишондодҳои Ибни Ҳайсам сурат гирифтааст. Қутбуддини Шерозӣ 300 сол қабл аз Декарт чигунагии рангинкамонро исбот карда буд, Абӯбакри Розӣ (вафоташ 925) аз асосгузорони физикаи таҷрибавӣ дар олам аст, кислотаи сулфит ва спирти тоза ихтирои Абубакри Розист, Ҷордано Брунно Ибни Ҳайёнро дар радифи 12 доҳии бузурги олам ҷой додааст, аввалин маротиба Абубакри Розӣ исбот намуд, ки дар фазо ҷои холӣ мавҷуд нест, дар илми ҷаҳонӣ аввалин маротиба Абубакри Розӣ исбот намуд, ки нури биниш на аз чашм, балки аз акси моддаҳо падид меояд. «Падари илми кимиё» дар ҷаҳон Ибни Ҳайёни тоҷик (вафоташ 805) аст. Натиҷаҳои илмии бузургтарин кимиёгарони ҷаҳон Пристли (1733-1804) ва Лавуазена (1743-1794) аз натиҷаҳои илмии Ибни Ҳайён пасттаранд. Яке аз асосгузорони аввалин назарияи мизон ва вазнҳои қиёсӣ дар физикаи амалӣ Абӯбакри Розист, дар илми физика аввалин бор Ибни Сино (вафоташ 1037) дар категорияи вақт якҷоя будани модда ва ҳаракати онро ба миён ниҳод, яъне ҷудоии ҳаракатро аз замону макон рад кард, аввалин маротиба дар ҷаҳон дар дохили атом мавҷуд будани энергияро Ҷобир ибни Ҳайён (вафоташ 805) пешгӯйӣ карда буд, кашф ва тақсимбандии се навъи ҳаракат – аразӣ, қасрӣ ва табиӣ (дар илми физика) кори Ибни Синост, кашфи мафҳуми «майл» дар физика, ки пояи қонуни ҳаракати Галилей аст, ихтирои Ибни Синост, яке аз асосгузорони мафҳумҳои импулс ва инертсия дар физика Ибни Синост, асосгузори омӯзиши вазни хос дар физика Берунии тоҷик (таваллудаш 973) мебошад, амалияи тарзи озмоиши таҷрибаҳои илмиро нахустин бор дар таърихи илм Берунии тоҷик ба миён гузошт ва садҳо ихтирооти дигаре ки то ба имрӯз аксарият гумон доранд, аврупоиён, чиниён ё ҳиндувон кашф кардаанд. Ҳол он ки тамоми илми ҷаҳониро фарзандони барӯманди тоҷик то ба имрӯзҳо навовариву кашфиётҳои нав ба нав бахшида истодаанд.

Аммо чаро мо – насли имрӯзаи он гузаштагони ифтихорманд ба қадри ҳол аз он ғановати илмию техникӣ бебаҳраем?!

Ҷавоби савол он хоҳад буд, ки дар қатори ҳуҷумҳои беамони юнону турку муғулу араб ва ҷангҳои байниҳамдигарию бародаркуши ҳамқавмони мо ҷанги беамони дигаре ба таври доимӣ то ба имрӯзҳо бар зидди илму техника ва ихтироот давом дорад. Ин нобоварӣ, қадр накардан ва роҳ надодан ба олим барои дар амал татбиқ кардани таҷрибаҳои андӯхтааш аст. Аксар вақт садди пешрафти ин ё он илм ё кашфиёти техникӣ руҳониёни мутаассиб буданд. Бо фатвои муллои бесаводе, ки гӯё ихтироот ё кашфиёт «душманӣ», «шаккокӣ» ё «нобоварӣ» ба Худост, як гурӯҳи одамонро бероҳа мекард ва он олим ё маҳв карда мешуд, ё аз шаҳр бадарға мегардид, ё бо ҳамин аз ин гуна корҳо даст кашонда мешуд. Аз ин ҷанги бесилоҳ Абуалӣ Сино, Берунӣ ва садҳо олими дигар дар таъқибу азобу шиканҷаҳо гирифтор карда шуданд. Ин амалҳои нангин дар Аврупо низ гоҳе амалӣ карда мешуд. Масалан, Николай Коперник ва Ҷордано Брунно барин олимони даври аврупо низ сӯзондаю кушта гардидаанд. Аммо ҳукумату халқи онҳо саривақт бар зидди ин гуна корҳои ҷоҳилона баромаданд. Имрӯз онҳо бо тамоми ҳастиашон – таъмин аз ҳамаи неъматҳои дунёӣ ва истифода аз аксарияти ҷиҳатҳои тамаддуни мо зиста истодаанд.

Мақсад аз овардани ин ҳама нишонаҳо ва қайдҳои таърихӣ дар чист? Ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд. Имрӯз, ки бо шарофатии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раҳнамои хирадпешаю фарзанди барӯманди тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоту фазои мусоиди илмомӯзӣ муҳайёст, мо бояд аз он истифода намоем. Илм омӯхтан вазифаи ҳар ҷавон аст, то ба халқ хизмат кунад. «Илм омӯхтан аз ибодат муқаддам (пештар, боло) аст, яъне илм омӯхтан худ ибодат аст»-мегӯяд Имоми Аъзам – пешвои мазҳаби ҳанафӣ. Дар дигар ҷой қайд мегардад, ки «Илм андӯхтан – мероси паёмбарон ва мол андӯхтан мероси фиръавнон аст». Аз ин рӯ, то тавонем, ба омӯзиши илмҳои замон шуғл варзем.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба ҳар як устод ва тарбиятгар лозим аст, ки баҳри бедоркунии завқи техникии ҷавонон – донишҷӯён кӯшанд. Зеро донистани илмҳои техникӣ ба тамоми истеҳсолот манфиатовар аст. Гуфтаанд, ки «Муҳандисро барои омӯзиши дигар илмҳо роҳ ҳамвортар аст, зеро барои омӯзиши илми осонтар пас аз омӯзиши илми мушкил меҳнат камтар сарф мешавад. Аммо барои донандагони дигар илмҳо омӯзиши илмҳои техникӣ бештар мушкилот эҷод мекунад».

Бо боло бурдани завқи техникии ҷавонон ба мо имкони васеъ даст медиҳад, ки дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор гузорем.

Устод метавонад, ки баҳри бедор кардани завқи техникӣ аз тамоми имкониятҳо истифода барад. Масалан, доир ба ихтисоси гурӯҳ, ихтисосҳои дигари донишгоҳ, навигариҳои илму техника дар донишгоҳ, ҷумҳурӣ ва олам, кашфиёти гуногун ва ғайраҳо суҳбат намояд, маълумот диҳад, аз видеопроекторҳо, филму наворҳо, расму нақшаҳо ва монанди инҳо истифода намояд. Танҳо истифода бурдан аз он мадракҳое, ки гузаштагони мо кадом илмҳоро меомӯхтанд, аз онҳо ба мо то ба ҳол чӣ расидааст, илми ҷаҳонӣ чӣ баҳра бардоштааст ва ҷаҳониён он хизматҳои шоёнро оё мешиносанд ё не ва истифода аз манбаъҳои дигар низ метавонад завқи донишҷӯйи ҳушмандро баланд бардошта, ҳисси миллии ӯро қувват бахшад.

Юнусов Фаридун.

Leave a Comment