Санаи 12-уми феврали соли ҷорӣ дар толори бинои Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ ба мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Акрамов Саидусмон Саидисломович дипломи дараҷаи III барои навиштани мақола дар мавзӯи “Корнамоиву қаҳрамониҳо ва ҳидоятҳои Сардори давлат дар самти пойдории истиқлолияти комил, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва эҳёи Тоҷикистон” дар озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин миёни ҷавонони аз синни 14 то 30 солаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, махсус ва олии касбии ҳудуди пойтахт дар мавзӯи «Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Боиси ёдоварист, ки озмуни мазкурро КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2020 эълон намуда буд, ки ба ин озмун аз муассиса ва ташкилоти гуногун ва аз ҷониби ҷавонони аз 14 то 30-сола беш аз 100 мақола пешниҳод гардид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment