ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

Имрӯз ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа (Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия) ҳайати меҳмонон – муовини ректор оид ба рушди фаъолияти байналмилалӣ Чанышев Н.Т. ва сардори шуъбаи идоракунии ҳамкориҳои байналмилалӣ Урунов С.Ё. ташриф оварданд. Меҳмононро аз раёсати донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. – ректори ДТТ ба номи академик М.С.… Read More

АЗ СИЛСИЛАИ ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХИИ ТОҶИК: НОСИРИ ХУСРАВ 

Носири Хусрав соли 1004 дар шаҳри Қубодиён, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ чунин аст: Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Аён аст, ки номаш Носир, номи падараш Хусрав, тахаллусаш Абумуиниддин ва Қубодиёнӣ нисбааш мебошад. Падараш деҳқон буд ва Носири Хусрав баробари ёд гирифтани кори деҳқонӣ,… Read More

ТАМАННИЁТИ НАВРӮЗИИ ДАВЛАТЗОДА Қ.Қ. – РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ

Меҳмонони азиз, устодон ва донишҷӯёни гиромӣ! Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли мардуми кишвар, аз ҷумла  устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва меҳмонони гиромиро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нави аҷдодӣ барои… Read More

НАВРӮЗ БА ФАСЛИ БАҲОР ҲУСНИ ДИГАР МЕБАХШАД

Наврӯз рамзи офариниши ҳаёт, оғози фасли баҳор, айёми бедории табиат ва шукуфоӣ мебошад. Ёздаҳ сол қабл ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. 19-уми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни… Read More

МО МИЛЛАТИ НАВРӮЗИЕМ

Соли нави аҷдодӣ – ҷашни зебои Наврӯзи фаррухпай, ки бо қадами хуҷастааш ба табиати зебои сарзамини хуршедиамон муждаи тоза ва ҳусни нав, ба хонадони мардумамон файзу баракат ва шодиву нишот, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб меорад, дили ҳар як пиру барноро шодон мегардонад. Ҷашни бостонии Наврӯз, ки оғози Соли Наву айёми сабзию хуррамии… Read More

ДАСТИ КУМАК БА ҚИШРИ ОСЕБПАЗИРИ ҶОМЕА

Имрӯз раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо роҳбарии ректори донишгоҳ – Давлатзода Қ.Қ. ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, бо устодону хонандагон мулоқот доир намуд. Зимни ин ташриф ба мактаб-интернати мазкур як адад тахтаи электронӣ, видеопроектор ва компютер тақдим карда шуд. Ин вохӯрӣ ва тақдими туҳфаҳои идона бахшида… Read More

РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ҲИМОЯИ ОЛИМОНИ ҶАВОНРО МУБОРАКБОД МЕГӮЯД

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олимони ҷавон — муаллими калони кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор» Бозоров Шамсуддин Аломуддинович, муаллими калони кафедраи «Математикаи олӣ» Рустамбекова Умеда Рустамбековна, муаллими калони кафедраи «Менеҷменти истеҳсолӣ» Халилов Истамқул Хидирович ва ассистенти кафедраи «Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ» Ҷовиди Ҷамшедро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона… Read More

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – “Политехникум” бо тамоми зебоиҳо ва таҷаллиҳояш Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Дар ин чорабинии донишгоҳӣ тамоми собиқадорони меҳнати донишгоҳ даъват ва бо ҷашни миллӣ муборакбод карда шуданд. Давлатзода Қ.Қ. – ректори донишгоҳ ҳамагонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик… Read More

АЗ СИЛСИЛАИ ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХИИ ТОҶИК: АРАСТУИ ШАРҚ – АБӮНАСРИ ФОРОБӢ

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ [3] (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872 [4], Фороб [5], Қазоқистони кунунӣ ё Вилояти Фориёб, Афғонистон — мобайни 14 декабри 950 ва 12 январи 951 [6], Димишқ [5], Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин.… Read More

НАХИ БАМБУК – ИННОВАТСИЯ ДАР ИСТЕҲСОЛОТИ НАССОҶИИ ТОҶИКИСТОН

Растании бамбукро инсоният чандин асрҳо пеш медонист ва барои истеҳсоли коғаз онро истифода менамуд. Тадқиқотҳо оиди бамбук ва истифодаи он дар соҳаи нассоҷӣ дар аввалҳои асри ХХ сар шуда буд, аммо танҳо  дар охири ин аср маводҳои бамбукӣ истеҳсолу ба фурӯш бароварда шуданд. Солҳои 2005-2010 қуллаи шӯҳратёбии ҷаҳонии нахҳои бамбук гардид. Нахи бамбук гарчанде нисбат… Read More