Имрӯз – 11-уми марти соли 2021 дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи дарҳои кушод эълон ва баргузор гардид.

Ҳамасола чунин тадбир аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ роҳандозӣ мешавад ва мақсад аз ташкили чунин чорабинӣ дар он аст, ки донишгоҳ барои пиёда намудани сиёсати давлатӣ доир ба ҷалби ҷавонон ба касбҳои техникӣ ва батадриҷ боло бурдани сатҳи рушди техникию технологии кишвар мекӯшад.

Имсол низ ин кӯшиш амалӣ гардида, хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, аз ҷумлаи МТМУ №60, №12, №59, Литсейи техникӣ, Коллеҷи техникӣ дар маҷлисгоҳи асосӣ барои вохӯрӣ омада, дар давоми рӯз бо муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва котиби масъули Комиссияи қабул вохӯрданд.

Дар вохӯрӣ дар ибтидо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба хатмкунандагон – довталабони имсола доир ба донишгоҳ маълумот дода шуда, пас аз он дар ҳудуди донишгоҳ ва факултетҳои он саёҳатҳо доир шуданд. Инчунин намоиши наворҳо оид ба таърихи ташаккулёбии донишгоҳ, шиносоӣ бо дастовардҳои донишгоҳ, барномаҳои фарҳангӣ, муаррифии китобхонаи илмӣ-электронии донишгоҳ ва факултетҳо барои интихоби ихтисосҳои донишгоҳ аз ҷониби довталабон пешниҳод гардонида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ маводи таблиғотӣ ва маълумотдиҳандаи зиёде, ки аз ҷониби Комиссияи қабули донишгоҳ ва Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ омода шуда буданд, паҳн гардиданд.

Дар охир барномаи фарҳангии дастаи “Муҳандиси ҷавон” бо якчанд намоишҳои фарҳангӣ хотири иштирокдоронро шод намуданд ва бори дигар тамоми довталабони дар ин чорабинӣ ширкатнамуда барои интихоби ихтисосҳои донишгоҳ ва дар оянда гирифтани касби техникӣ таблиғ карда шуданд.

Комиссияи қабули имсола аз ширкати довталабон дар Рӯзи дарҳои кушод ба тамоми хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар эълон медорад, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо тамоми имкониятҳои доштааш барои ҷалб ва қабули довталабон омода аст. Тамос: dovtalab@ttu.tj

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment