: (992 37) 221-35-11, Факс: (992 37) 221-71-35ttu@ttu.tj

ТАЪЛИМ

Яке аз самтҳои асосии кори таълимӣ-методӣ дар донишгоҳ ташкили  ҷараёни таълим, таҳия ва  мунтазам  такомули  нақша ва барномаҳои таълимӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ ва  асноди  таълимӣ-методӣ,  мушаххас намудани  мазмун, навъҳо ва ҳаҷми корҳои мустақилонаи донишҷўён  мебошад, ки маҷмўи тадбирҳои  андешидашударо фаро гирифта, барои  омода намудани мутахассисони  варзида дар  ДТТ равона гардидааст

ИЛМ ВА РАВОБИТИ ХОРИҶӢ

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ яке аз марказҳои пешбари тадқиқотҳои илмӣ, коркардҳои таҷрибавию  истеҳсолӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва омодасозии  кадрҳои илмиву техникии кишвар маҳсуб меёбад. Донишгоҳ дорои нерӯи пуриқтидори илмӣ – техникии ҷавобгӯ ба талаботҳои имрӯза буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ..

ТАРБИЯ

Яке аз самтҳои асосии корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ дар донишгоҳ ба донишҷӯён тавзеҳ намудан ва фаҳмонидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба хотири беҳтар шудани дониши ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии донишҷӯён мунтазам вохӯриҳои донишҷӯён бо намояндагони вазорату идораҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд….