Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24.04 соли 2010

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА ЛОИҲАҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА ЛОИҲАҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №12, қ.1, мод. 1019) (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1393) БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ….

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

  ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ….

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод.152; с.2013, №6, мод.405, мод. 406; с.2014, №7, қ. 1, мод. 397) (Қонуни ….

Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)

Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият

(хавфҳои коррупсионӣ)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсиия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 тасдиқ шудааст ва бо мақсади ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазоратҳо, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти ташкилоткунии давлатӣ, мақомоти худташкилоткунии шаҳрак ва деҳот баҳри дар амал татбиқ намудани Методологияи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода бо ҷамъбасти сол ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намоянд.
3. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи иҷроиши Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 октябри соли 2016 № 465
ш.Душанбе
Бо қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз «28» октябри соли 2016 № 465 
тасдиқ шудааст

Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) (минбаъд — методология) асосҳои ташкилӣ ва методии раванди баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти ташкилоткунии давлатӣ, мақомоти худташкилоткунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектони хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи сармояи оинномавии нҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд (минбаъд — ташкилот) муқаррар менамояд.
    2. Мақсади методологияи мазкур, бо дарназардошти таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ташкилотҳо раванди ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд ва ҳамчунин таҳияи тавсияномаҳо оид ба аз байн бурдани натиҷаҳои таъсири онҳо мебошад.
    3. Мафҳумҳои асосие, ки дар методологияи мазкур истифода шудаанд:
    — хавф — эҳтимолияти он, ки ҳолати муайян метавонад ҷой дошта бошад ё амали муайян ба вуқўъ пайвандад, ки вобаста ба омилҳои хавф метавонад гуногун бошад;
    — омилҳои хавф — шароит ё ҳолати ҷузъӣ, ки ба дараҷаи хавф таъсир расонда, ба пайдошавии падидаи муайян ё зуҳури ягон амал ё имконияти гирифтани ягон бартарият ба ҳар шакл мусоидат менамояд;
    — ошкор намудани хавфҳо — баҳодиҳии хавфи имконпазир, сабаб ва оқибатҳои он ва ҳамчунин баҳодиҳии имкониятҳои ташкилот оид ба мубориза бо коррупсия;
    — таҳлили хавфҳо — муайян намудани авлавияти хавфҳо тариқи ошкор намудани онҳо бо пешниҳоди иттилооти муфассали ба зуҳуроти коррупсия дахлдошта;
    — осебпазирӣ — вазъи воқеӣ, ки қобилияти таъсиррасониро ба хавфҳои мавҷудбуда ё эҳтимолиро паст менамояд ва ё ин, ки ба пайдоиш ва рушди онҳо мусоидат мекунад;
    — намудҳои осебпазири фаъолият — намуди фаъолияти ташкилот, ки вобаста ба хусусияти худ хавфи баланди коррупсияро ба вуҷуд оварда ба таври зайл ифода мешаванд: набудани меъёрҳо, нопуррагии меъёрҳо, басанда набудани меъёрҳое, ки ба риояи талаботи оид ба покниҳодӣ равона шудаанд, шиносоии нопурраи ҳайати кормандон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба таври дахлдор татбиқ накардани меъёрҳо;
    — нақшаи мукаммал — нақшаи мушаххаси амал бо мақсади аз байн бурдан ё коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ дар доираи фаъолияти ташкилот, ки ба пайдоиши коррупсия дар ташкилот мусоидат мекунанд ё рағбатоварандаанд.
    4. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
    — ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд мусоидат кунанд;
    — таҳияи тавсияномаҳо оид ба истисно намудан ё паст намудани натиҷаҳои таъсироти онҳо (таҳияи нақшаҳои мукаммал).
    5. Ба принсипҳои таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дохил мешаванд:
    — қонуният;
    — холисӣ ва беғаразӣ;
    — шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар раванди таҳлили (хавфҳои коррупсионӣ) ба истиснои маҳдудиятҳои пешбининамудани қонунгузорӣ; 
    — риояи манфиатҳои ҷамъиятӣ (оммавӣ); 
    — ҳисоботдиҳӣ.
    2. ТАРТИБИ ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНӢ) ВА ДАВРАҲОИ ОН
    6. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти ташкилот аз тарафи гурўҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия (минбаъд — гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ), ки бо санади дахлдори роҳбари ташкилот таъсис дода шудааст, ба роҳ монда мешавад. Гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ аз ҳисоби роҳбарияти сарраёсатҳо, раёсатҳо, шўъбаҳо ва бахшҳои ташкилот (аз 5 то 7 нафар), аз ҷумла корманди дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (минбаъд — Агентӣ) ташкил карда мешавад. Роҳбари гурўҳ аз ҳисоби роҳбар ё муовини роҳбари ташкилот таъин карда мешавад. 
    7. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) аз давраҳои зерин иборат аст:
    — таҳлили шароити қаблӣ;
    — таҳлили хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта;
    — баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номатлуб.
    8. Натиҷаи давраҳои таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ҷаласаҳои гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин хусус ҳисобот тартиб дода мешавад ва дар муддати 30 рўзи корӣ якҷоя бо нақшаи чорабиниҳо ба Агентӣ пешниҳод карда мешавад.
    9. Агентӣ ташкилотеро, ки барои гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар асоси маълумотҳои оморӣ, пурсиши афкори ҷомеа, ҳисобот дар бораи коррупсия, таҳлилҳо ва тадқиқоти махсус дар бораи коррупсияро доро мебошанд, интихоб менамояд ва дар муддати на камтар аз 2 моҳ то оғози фаъолияти баҳодиҳӣ ба ташкилоти интихобшуда хабар медиҳад ва ҳамчунин ин иттилоотро дар сомонаи интернетии Агентӣ ҷой медиҳад. 
    10. Шумораи ташкилотҳое, ки Агентӣ дар як вақт дар онҳо таҳлили фаъолият мегузаронад, вобаста аз мураккабии сохтори ташкилии ташкилоте, ки дар он баҳодиҳӣ гузаронида мешавад, миқдори равандҳои корӣ, ки аз тарафи ин ташкилот ба иҷро расонидашаванда ва захираҳои кадрии доробудаи Агентӣ, тағйир дода мешаванд.
    11. Дар доираи ваколати гурўҳ оид ба таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) корманди Агентӣ дорои уҳдадориҳои зерин аст:
    — ба кормандони ташкилот, ки дорои вазифаи роҳбарикунандаанд, дар бораи консепсия, мақсад ва муҳимияти таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дастур медиҳад;
    — нисбати усулҳои ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, сохторҳои ташкилӣ, иттилоот дар бораи қоидаҳои ахлоқ, усулҳои ҳаммонандкунӣ ва тадқиқоти омилҳои хавф дастур ва машварат медиҳад;
    — мониторинги фаъолият оид ба таҳлили фаъолиятро (хавфҳои коррупсионӣ) амалӣ менамояд;
    — дар бораи таҳияи нақшаи фаъолияти гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ, тартиб додани ҳисобот дар бораи баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ ва нақшаи мукаммал, тавсияҳо медиҳад;
    — дар ҷаласаҳои гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ иштирок менамояд ва дар робита бо дурустии риояи тартибот, дар ҳолати зарурӣ, бо пешниҳоди таклифҳо ё тавсияҳое, ки ба ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ замима карда мешаванд, изҳороти худро баён менамояд.
    — таҳия ва татбиқ намудани нақшаи мукаммалро бо ҳамдигар мувофиқ менамояд.
    3. ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНИИ) ШАРОИТҲОИ ПЕШАКӢ
    12. Таҳлили фаъолияти (хавфҳои коррупсионии) шароитҳои пешакӣ чунин омилҳоро ба назар мегирад:
    — таҳлили мубрами қонунгузорӣ барои ташкилот;
    — таҳлили сохторҳои ташкилии ташкилот;
    — таҳлили қоидаҳои одоб (рафтор, деонтология, ё дигар ҳолатҳое, ки ба рафтори кормандони ташкилот дахл доранд).
    13. Таҳлили фаъолияти (хавфҳои коррупсионии) шароитҳоии қаблӣ (пешакӣ) асосҳои қонунгузорӣ инро дар назар дорад:
    — таҳлили асосҳои қонунгузорӣ (қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла идоравӣ), ки ба ташкилот дахл доранд;
    — таҳлили низомномаҳое, ки ба намудҳои осебпазири фаъолият дахл доранд.
    14. Ҳангоми таҳлили заминаҳои қонунгузорӣ диққати махсус ба муқаррароти қонунгузорӣ марбут ба фаъолияти осебпазир дода мешавад. Дар ин замина амалҳо бояд ба ошкор кардани ҳолатҳои зерин: мавҷуд набудани меъёрҳо, нопуррагии онҳо, меъёрҳое, ки ба тамомият равона нашудаанд, иттилоотонии нокифояи кормандон оид оид ба меъёрҳо, ба таври дахлдор татбиқ нагаштани меъёрҳо, равона карда шаванд. 
    15. Намудҳои осебпазири фаъолият метавонанд, ҳам намудҳои марбут ба сохтори дохилии ташкилот ва ҳам намудҳои фаъолияти ба вазифаҳои ташкилот (вазифаҳои берунӣ) дахл дошта бошанд. 
    16. Баҳодиҳии меъёрҳое, ки ба намудҳои осебпазири фаъолият алоқаманданд, метавонанд, мутобиқи намуна аз замимаи 1 методологияи мазкур амалӣ карда шавад.
    17. Намудҳои осебпазири фаъолияте, ки ба сохтори дохилии ташкилот дохил мешаванд, дар навбати аввал алоқаманданд бо: 
    — маъмурикунонии иттилоот (ҳифз намудани иттилооти дохилӣ, пешниҳод намудани иттилооти махфӣ, таҳия, баррасӣ, нигоҳдории маъмурикунонӣ (нигоҳдорӣ); 
    — нусхабардории ҳуҷҷатҳо, аз он ҷумла ҳуҷҷатҳои махфии электронӣ, гардиши дохилӣ ва берунии ҳуҷҷатҳо, аз он ҷумла электронӣ ва махфӣ; 
    — маъмурикунонии воситаҳои молиявӣ (ҷудо намудан, назорат ва аудити буҷет, пардохти хароҷотҳо, ҷудо намудан ва пардохти мукофотпулӣ, иловапулӣ ва мукофотҳои пулӣ); 
    — маъмурикунонии молу мулк ва хизматрасониҳо (қабули қарор дар бораи харид ё ба кироя гирифтан, таҳияи талабот оид ба сифати хизматрасониҳо аз рўи таҳвили онҳо, гузаронидани гуфтушунид, интихоби молрасонҳо, маъмурикунонӣ ва ҷудо намудани молу мулк дар доираи ташкилот, истифодаи молу мулки берун аз вақти корӣ ё берун аз ташкилот).
    18. Намудҳои осебпазири фаъолияти бо вазифаҳои (вазифаҳои берунӣ) ташкилот алоқаманданд, намудҳои фаъолияте ба ҳисоб мераванд, ки дар навбати аввал бо омилҳои зерин алоқаманданд: 
    — инкассатсияи пардохт (андоз, пардохтҳои маъмурӣ, қарзҳо ва ғайра); 
    — бастани шартномаҳо (озмунҳо, тендерҳо, шартномаҳо ва ғ.); 
    — пардохтҳо (субсидияҳо, мукофотпулиҳо, иловапулиҳо, пардохтҳои сарпарастӣ, кўмакҳои пулӣ ва ғ.); 
    — пешниҳоди шаҳодатномаҳои ҳуқуқӣ (додани иҷозатномаҳо, шаҳодатномаҳои ронандагӣ, шиносномаҳо, шаҳодатномаи шахсият, фардикунонӣ, маълумотномаҳо ва ғ);
    — дар амал ҷорӣ намудани қонунҳо (санҷиш, назорат, муқаррар намудани (констатасияи) мутобиқат ё вайронкунии қонун, муҷозот ва ғ.).
    19. Таҳлили фаъолияти сохторҳои ташкилӣ инҳоро дар назар дорад: 
    — таҳлили органиграммаҳо; 
    — таҳлили уҳдадориҳои вазифавӣ; 
    — таҳлили раванду тартиботи корӣ.
    20. Таҳлили фаъолияти сохтори ташкилии ташкилот бо назардошти меъёрҳои зерин гузаронида мешавад: 
    — сатҳи мутобиқати сохтори ташкилӣ ба вазифаҳо, салоҳиятнокӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилот; 
    — сатҳи манфиатнокии сохторҳои ташкилӣ бо дарназардошти вазифаҳо, салоҳиятнокӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилот.
    21. Таҳлили одоб, дар худ маҷмўи принсипҳои ахлоқӣ ё арзишҳоеро ифода мекунад, ки ташкилот бо мақсади самти рафтори кормандони ташкилот дар ҳолати амалӣ намудани ҳамаи намудҳои фаъолияти дохилӣ ва берунӣ, таҷассум менамояд. Қоидаҳои одоб ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам нисбат ба ҳамаи ҳайати кормандони ташкилот қабул карда мешавад ва метавонад ба вазъи дохилӣ ва берунии ташкилот таъсир расонад. Таҳлили қоидаҳои одоб баҳодиҳии меъёрҳоеро, ки дар кодекси одоби соҳавӣ самти аниқро доир ба масъалаҳои ахлоқии дорои аҳамияти муҳиме, ки метавонад дар фаъолияти ташкилот пайдо шаванд, таъмин намоянд, дар назар дорад.
    4. ТАҲЛИЛИ БЕВОСИТАИ ФАЪОЛИЯТ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНӢ)
    22. Барои таҳлили бевоситаи фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ба амалӣ намудани шартҳои зерин зарур аст: 
    — таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳо; 
    — таҳлили хавфҳо.
    23. Дар ин марҳилаи таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳо ҷамъоварии маълумот оид ба хавфҳои воқеӣ ва эҳтимолии коррупсия дар ташкилотҳо амалӣ карда мешавад.
    24. Дар ин марҳила усулҳои зерини таҳқиқ ва ошкорсозӣ мавриди истифода қарор мегиранд: 
    — таҳлили муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсионӣ; 
    — пурсиши кормандони ташкилот; 
    — таҳлили муносиботи мутақобилаи ташкилот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ; 
    — таҳлили амалҳои мушаххаси коррупсионӣ; 
    — таҳлили маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи коррупсия дар ташкилот.
    25. Баҳодиҳии муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия баҳодиҳии таҷрибаҳоеро тақозо менамояд, ки он бо интихоби ҳайати мутахассисону кормандони ташкилот, доираи омўзишу таҳсили онҳо, уҳдадориҳои вазифавӣ, мутобиқсозии (дохилӣ ва берунии) вазифаи кормандон, машварат ва масъулияти мутахассисон, имконоти нозирот, мутамарказонӣ ва яклухтсозӣ, мусоҳибаи баҳодиҳӣ, алоқаҳои беруна, масъулияти назорат, хавфҳои берун аз ташкилот, даромадҳои муфти иловагӣ, бехавфии ҷисмонӣ, муносиботи қонунӣ бо таъсирбахшию самаранокӣ, дурусткорӣ, риояи қонун ва муомилот алоқамандӣ дорад. 
    26. Баҳодиҳии муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия метавонад мувофиқи намунаҳо аз замимаи 1 ба методологияи мазкур ҳамроҳ шудааст, ба амал бароварда шавад.
    27. Бо мақсади санҷиши дурустии маълумоти бадастоварда оид ба баҳодиҳии муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия дар ташкилот пурсиши кормандон ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад ҳамчун восита намунаи саволномае, ки дар замимаи 2 оварда шудааст, метавонад мавриди истифода қарор гирад. Саволномаи мазкур метавонад бо хусусиятҳои хоси ташкилот мутобиқ гардонида шавад. Натиҷаи пурсишҳо мутобиқи замимаи 3 методологияи номбурда шарҳу тавзеҳ меёбад.
    28. Баҳодиҳии робитаҳои ташкилот бо ҷомеа баррасии ботафсили расмиёти робитаҳои бо ҷомеа дахлдошта, аз ҷумла расмиёти алоқаманд ба баррасии муроҷиатҳо, сатҳи шаффофияти фаъолияти ташкилот, сомонаи интернетии он, муносибат ба воситаҳои ахбори омма ва амсоли онро дар бар мегирад.
    29. Таҳлили ҳолатҳои мушаххаси амалҳои коррупсионӣ (ҳолатҳои мубрам ё хоси амалҳои коррупсионии аз ҷониби кормандони ташкилот содиршуда), бо мақсади ошкорсозии тарзи номукаммали идоракунӣ, ҳамчунин муайянкунии ҳудуди имкониятҳои воқеӣ ва имконпазири ташкилот оид ба огоҳсозӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ ба амал бароварда мешаванд.
    30. Таҳлили маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи коррупсия дар ташкилот бо мақсади муқаррар кардани хавфҳои коррупсия дар самтҳои осебпазир, номукаммалии меъёрҳо ва андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати тақвияти фаъолият, баҳри пешгирии коррупсия гузаронида мешавад.
    31. Барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ восита ва усулҳои зерини ҷамъоварии маълумотро бояд ба роҳ монд: 
    — бозназарии иттилооти бунёдӣ — ҷамъоварии иттилоот аз сарчашмаҳои мавҷудбуда, ба монанди таҳқиқ ва баҳодиҳиҳои қаблӣ, ки аз тарафи гурўҳҳои манфиатдор, шахсони мансабдор, аудиторон, мақомоти муборизабаранда бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷамъоварии иттилоот аз муроҷиатҳои шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори омма; 
    — ҷамъоварии маълумот аз рўйи натиҷаи таҳқиқоти иҷтимоӣҷамъоварии маводи мушаххас аз рўйи натиҷаи ҷавоби аҳолӣ ба пурсишҳои хаттӣ ва ё мусоҳибаҳои даҳонӣ. Пурсиши аҳолӣ метавонад ба таври умумӣ ва ё гуруҳи шахсони алоҳида, ки барои пурсиш бо мақсади таҳлили муқоисавӣ интихоб карда мешаванд, бошад; 
    — истифодаи гурўҳҳои мақсаднок — ҷамъоварии маълумот тавассути гуруҳҳои мақсаднок. Гуруҳҳои мақсаднок — гурўҳҳои мушаххасе мебошанд, ки барои муҳокима ва ҳалли масоили махсус даъват карда мешаванд. Ин раванди корбурд метавонад, мутаносибан, аз рўйи сифат нисбат ба шумора хавфҳои коррупсиониро ошкор сохта, маълумоти мушаххастарро бо дарназардошти амалҳои коррупсионӣ, инчунин сабаби сар задани ин амалҳоро аниқ намояд ва ҳамзамон имконоти ташкилотро доир ба амалисозии мубориза бар зидди коррупсия возеҳ нишон диҳад.
    32. Дар баъзе мавридҳо ба пуррагӣ аз байн бурдани хавфи амалҳои коррупсионӣ номумкин аст, вале паст намудани раванди хавфҳои ошкоргардидаи амалҳои коррупсионӣ то ҳадди расидани хавфҳои ҷиддӣ имконпазир дониста мешавад. 
    33. Илова бар ин, дар як муҳлат анҷом додани таҳлил, ҷудо намудани вақт, диққат ва имконот ба ҳар як хавфи ошкоргардида номумкин ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, ошкор намудани ҳадди хавфҳои коррупсионӣ, вобаста аз эътидоли хавфафзоии амалҳои коррупсионӣ барои ташкилотдошта хеле муҳим ҳисобида мешавад. 
    34. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ мутобиқ ба авлавияти онҳо ба роҳ монда мешавад. Авлавияти хавфҳои коррупсионӣ, дар сурати давомнокии хавфҳо ва ё эҳтимолияти пайдоиши онҳо, ба таъсири ин гуна хавфҳо вобастагӣ дорад.
    35. Вобаста ба таъсирнокӣ хавфҳои коррупсионӣ метавонанд намудҳои зерин дошта бошанд:
    — ҷузъӣ — хавфе, ки ба шаъну эътибори ташкилот ва имконияти он ва амалӣ кардани мақсадҳояш таъсири начандон зиёд дорад;
    — муътадил — хавфҳои коррупсионии муътадил хавфҳое мебошанд, ки ба шаъну эътибори ташкилот таъсири зиёд мерасонанд ва ё қобилияти амалисозии мақсадҳои онро сахт коҳиш медиҳанд;
    — хавфҳои муҳим — хавфҳои коррупсионие мебошанд, ки дар натиҷаи онҳо низоми кори ташкилот бо хавфи ҷиддӣ дучор шуда, ба амалисозии равандҳои фаъолият ва ҳадафҳои ташкилот таъсир мерасонад, ки дар натиҷаи он ташкилот метавонад зарари калони молӣ бинад ва ба раванди корбурду пешрафташ таъсири манфӣ ворид гардад.
    36. Вобаста аз эҳтимолияти падид омадан, хавфҳои коррупсионӣ метавонанд намудҳои зерин дошта бошанд:
    — эҳтимолияти ҷузъии ба вуҷуд омадани хавфҳои коррупсионӣ (хавфҳои фавқулодда) — дар ин маврид хавфи амалҳои коррупсионӣ метавонад дар шароити фавқулодда ва ё шубҳаовар (аз эҳтимол дур) арзи вуҷуд дошта бошад;
    — эҳтимолияти ҳадди миёнаи ба вуҷуд омадани хавфҳои коррупсионӣ (хавфҳои имконпазир) — дар ин маврид хавфи амалҳои коррупсионӣ метавонад дар вақти муайян дар оянда падид ояд.
    — эҳтимолияти аз андоза зиёди падид омадани хавфҳои коррупсионӣ (анқариб хавфҳои ғайришартӣ) — дар ин маврид хавфи амалҳои коррупсионӣ дар сурати инкишофи мўътадили воқеот ба амал омада метавонад.
    5. МАРҲИЛАИ ХОТИМАВИИ БАҲОДИҲӢ (ТАҲЛИЛ)
    37. Баҳодиҳии (таҳлили) пешакӣ ва хавфҳои коррупсия бо таҳияи ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ ба охир мерасад.
    38. Ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ (таҳлили) бояд ба талаботҳои зерин мутобиқат намояд:
    — ба таври алоқамандии мантиқӣ ва шакли асоснок навишта шавад; 
    — таъмин намудани саҳеҳият ва дурустии тасвия; 
    — истифода намудани истилоҳоти монанд; 
    — мавҷуд будани сана ва ҷойи тартибдиҳӣ, ҳайати гуруҳи баҳодиҳӣ; 
    — имзогузорӣ шудан аз тарафи аъзои гуруҳи баҳодиҳӣ.
    39. Ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ (таҳлил) бояд: 
    — дорои хулосаҳои ба баҳодиҳӣ (таҳлил) алоқаманд бошад; 
    — дорои тавсияҳо оид ба истисно ё паст намудани натиҷаҳои хавфҳои ошкоршуда бошад.
    40. Ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ (таҳлил) мутобиқи сохтори зерин таҳия мешавад:
    а) баҳодиҳии (таҳлили) шароити қаблӣ;
    — баҳодиҳии (таҳлили) мубрами қонунгузорӣ барои ташкилот;
    — баҳодиҳии (таҳлили) умумии қонунгузорӣ;
    — баҳодиҳии (таҳлили) санадҳои зерқонунии идоравӣ дар бораи намудҳои осебпазири фаъолият, ки ба ташкили дохилии ташкилот алоқаманданд; 
    — баҳодиҳии (таҳлили) санадҳои зерқонунии идоравӣ дар бораи намудҳои осебпазири фаъолият, ки ба вазифаҳои (ҳадафҳои берунии) ташкилот дахл доранд. 
    б) баҳодиҳии (таҳлили) сохторҳои ташкилии ташкилот; 
    — таҳлили органиграммаҳо; 
    — таҳлили уҳдадориҳои вазифавӣ; 
    — таҳлили раванду ва расмиёти корӣ; 
    — баҳодиҳии (таҳлили) қоидаҳои ахлоқӣ. 
    в) баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои институтсионалии коррупсия: 
    — баҳодиҳии (таҳлили) муқовимати ташкилот ба хавфҳои коррупсия; 
    — шарҳи натиҷаҳои пурсиши кормандони ташкилот; 
    — баҳодиҳии (таҳлили) робитаҳои мутақобилаи ташкилот бо ҷомеа; 
    — таҳлили ҳолатҳои мушаххаси коррупсия. 
    г) баҳодиҳии таҳлили хавфҳои ошкоршуда. Авлавияти хавфҳо. Хулосаҳои умумӣ. 
    д) тавсияҳо оид ба аз байн бурдан ё коҳиш додани оқибатҳои хавфҳои ошкоршуда.
    41. Дар асоси ҳисобот дар бораи баҳодиҳӣ (таҳлил) гурўҳ оид ба баҳодиҳӣ лоиҳаи нақшаи мукаммалро таҳия менамояд. Нақшаи мазкур нақшаи муфассали амал оид ба пешгирӣ намудани коррупсия дар ташкилот ба ҳисоб меравад. Ҳангоми таҳияи нақша авлавияти хавфҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳамин тавр, амалиёт оид ба ниҳоят паст гардидан ва баланд шудани эҳтимолияти пайдоиши хавфҳо бартарият мегирад. Баъд аз ин амал бояд амал бояд амал оид ба аз байн бурдан ё паст намудани оқибатҳои миёна ва эҳтимолияти миёнаи пайдоиши хавфҳо оянд. Дар хулоса амалиёт оид ба истисно намудан ва паст намудани оқибатҳои ҷузъӣ ва эҳтимолияти ками пайдоиши хавфҳо ба нақша гирифта мешавад. Нақшаи мукаммал баъд аз мувофиқа бо ҳамаи воҳидҳои сохтории манфиатдори ташкилот аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад.
    42. Муҳлати татбиқ намудани нақшаи мукаммал наметавонад аз 2 сол зиёд бошад. Ташкилоте, ки ба баҳодиҳӣ фаро гирифта мешавад, ба Агентӣ ҳисобот дар бораи татбиқи нақшаҳои мукаммадро пешниҳод менамояд. Агентӣ ҳуқуқ дорад, дар бораи тадбирҳое, ки бояд амалӣ карда шаванд, маълумоти иловагӣ талаб намояд.
    43. Агентӣ ҳар ҷамъбасти сол ба Шўрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқ намудани нақшаи мукаммал дар ташкилотҳои баҳодиҳишаванда маълумот медиҳад ва барои босифат ва сари вақт иҷро шудани чораҳои дар нақша пешбинишуда диққати махсус медиҳад.
    6. АЗ НАВ БАҲОДИҲӢ (ТАҲЛИЛКУНӢ)
    44. Аз нав баҳодиҳии (таҳлилкунии) на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад ва дорои мақсадҳои худ доир ба самарабахшии баҳодиҳии тадбирҳои пешгирикунандп, ки барои ҳаммонандкунии хавфҳо, баҳодиҳии манфиатнокии нақшаҳои мукаммал, аз нав баҳодиҳии хавфҳои ибтидоӣ ва таъмини истифодаи боманфиати манбаъҳои ташкилот истифода мешаванд, мебошад.

Замимаи № 1

 Замимаи № 1

Ба методологияи тартиб ва

методикаи гузаронидани

таҳлили фаъолият

(хавфҳои коррупсионӣ)

Ҳисоботи намунавӣ оид ба муқовимати ташкилотҳо бо хавфи коррупсия

р/т

Ҷанбаҳо

Расмиёти истифодашаванда/ ошкор намудани проблемаҳо

Хавфҳои ошкоршуда 

Қарорҳо

1.

Мавҷудияти муқаррарот

Мавҷуд набудан ё нопурра будани  муқаррароти мавҷуда 

Набудани шакли ягонаи расмиёти  истифодашаванда.  Монеаҳои нокифоя дар роҳи сўистифодабарӣ Амал бо ташабусси худ  Таҳияи сохтор ad-hoc.Фишори зиёд ба  тавзеҳоти шахсӣ дар маҷмӯъ

Таҳия  ва такмили муқарраротитанзмкунандаи ҳамаи гурӯҳҳои намудҳои осебпазири фаъолият

2.

Мазмуни муқаррарот

Муқаррарот ба талаботи комилӣ ба қадри маҷмуъ нокифоя

Муқаррароти нокифоя барои   пешгирии амалҳои инфиродӣ

Нокифоягии муқаррароти танзимкунандаи расмиёти назорат ва санҷиш

Муқовимат ба амалҳои инфиродӣ ва беҳтар намудани назорат тавассути таҳияи муқаррарот оид ба фаъолияти гурўҳҳои корӣ, ҷудо кардани вазифаҳо, қабули қарори муштарак, масъулият (ҳисоботдиҳиисохторӣ), назорати сохторӣ, меъёрҳои баҳодиҳии  возеҳу равшан, бақайдгириии хаттии фаъолият ва қарорҳо

3.

Иттилоотонӣ оид ба муқаррарот

Иттилоотонии нокифоя оид ба

муқаррарот

Набудани шакли ягонаи расмиёт  Амал бо ташаббуси худ

Беҳтаргардонии иттилоотонӣ дар бораи муқаррарот тавассути тавсеаи зиёди онҳо, дастрасии васеъ

4.

Татбиқи муқаррарот

Татбиқи номатлуби муқаррарот

Хусусусияти озодона татбиқшавии истифодабарии тавзеҳоти шахсии комилӣ

Мусоидат ба татбиқи муқаррарот дар мисоли тарзҳоиидоракнӣ, назорат,  мондани таҳримҳо дар ҳолатҳои татбиқнагаштан ё  нодуруст татбиқ кардан

5.

Муқаррароти махсус оид ба

Маъмурикунонии иттилооти махфӣ

Набудан, надонистан  ва/ё татбиқ накардани муқаррарот

Монеаҳои сатҳи паст дар роҳи ихроҷи иттилоот

Нокифоягии хушёрӣ

Нокифоягии эҳтиёткории шахсӣ

Таҳияи муқарраротитанзимкунандаи истифодаи тодурусти иттилоот (таҳия, таѓйирот, тавсеа, нусхабардорӣ, маъмурикунонӣ, нигоҳдорӣ ва ғайра), истифодаи васеъи муқаррарот, мондани таҳримҳо барои риоя накардани муқаррарот

6.

Муқаррароти махсус вобаста ба маъмурикунонии захираҳои молиявӣ ва буҷет

Набудан, надонистан  ва/ё татбиқ нагаштани муқаррарот

Монеаҳои сатҳи паст барои исрофкории маблағҳо

Нокифоягии хушёрӣ

Имконияти васеъ  барои тавзеҳоти  шахсии комил

 Таҳияи муқаррарот дар бораи маъмурикунонии фондҳо ва талабот оид ба пардохти хароҷот  (ҷудокунӣ, назорат, хароҷот, пардохтҳо), тавсеаи зиёди муқаррарот, гузоштани таҳримҳо дар ҳолатҳои риояи нагаштани муқаррарот, аудити мустақил

7.

Муқаррароти махсуси танзимкунандаи хариди мол ва хизматрасонӣ

Набудан, надонистан  ва/ё татбиқ нагаштани муқаррарот

Монеаҳои сатҳи паст барои исрофкории маблағҳо

Нокифоягии хушёрӣ

Имконияти васеъ  барои тавзеҳоти  шахсии комилӣ

Пешгирии  исрофкории маблағҳо тавассути  таҳияи муқаррароти танзимкунандаи  хариди мол ва хизматрасонҳо (вобаста ба талабот оид ба сифат,  шартҳои таҳвил, масоили музокирот бо таҳвилунандаи, озмунҳо) тавсеаи зиёди муқаррарот, мондани таҳримҳо  барои риоя накардани муқаррарот,  назорати  риояи муқаррарот

8.

Низомномаи махсуси истифодаи мол ва хизматрасонӣ барои истифодаи шахсӣ

Надоштан, надонистан  ва/ё истифода набурдани низомнома

Монеаҳои сатҳи паст барои исрофкории маблағҳо

Надодани диққати зарурӣ

Имконияти васеъ  барои шарҳи шахсии мукаммалгардонӣ

Пешгирии истифодабарии ғайриқонунии мол ва хизматрасониҳо  тавассути таҳияи муқаррарот оид ба истифодаи мол ва хизматрасониҳо бо мақсади, тавсеаи зиёди  муқаррарот, мондани таҳримҳо   барои риоя накардани  муқаррарот,  назорат аз болои риояи муқаррарот

9.

Интихоби кормандон

Таваҷҷӯҳи нокифоя ба такмилгардонии  кормандон

Таваҷҷӯҳи  нокифоя ба такмили кормандони интихобшуда

Таваҷҷӯҳи нокифоя ба ҷанбаҳои осебпазири мансабҳо

Хусусияти ихитёрии интихоби кормандон

Интихоб ва  қабули кормандон тавассути истифодаи пайвастаи расмиёт, талаботи пур кардани CV, талабот ва санҷиши  тавсияномаҳо, дархости  маълумот дар бораи муваффақиятҳо  дар мансабҳои қаблии   ишѓолнамуда, санҷиши аслӣ будани дипломҳо ва сертификатҳо, талабот ба  сертификати рафтори нек, иттилоотнокии номзадҳо дар бораи ҷанбаҳои вазифа дар маҷмӯъ, қабули савганд (ё қавли расмӣ) ташкили талаботи комилӣ, барномаи таълимии муқаддимавӣ (таваҷҷӯҳ ба комилӣ)

10.

Омўзиши кормандон

Ҳангоми омўзиши кормандон таваҷҷӯҳи кофӣ ва талабот ба талаботи комилӣ дода намешавад.

Хушёрии нокифоя

Идроки нокифоя

Нокифоягии эҳтиёткорӣ

Зиёд намудани хушёрӣт ва дарки марбут ба комилӣ,   тавассути таваҷҷӯҳ додан ба талабот оид ба комилӣ дар курсҳо, маводи иттилоотӣ, интихоби кормандон тибқи озмуни ҳатмӣ

11.

Уҳдадориҳои мансабӣ

Набудани вазифаҳои мансабӣ, хусусияти ѓайриактуалӣ ё норавшан доштани онҳо

Норавшанӣ дар   уҳдадориҳо ва ваколатҳо

Амал бо ташаббуси худ

Таъмин намудани равшаниандозӣ ва уҳдадорию ваколатҳо тавассути уҳдадориҳои  мансабии мубрами пурра ва дақиқ

12.

Мутобиқатии дохилӣ ва берунӣ

Намудҳои бисёри  осебпазири фаъолият, ки дар доираи як мансаб мутамарказ шудаанд

Ҷалби нокифоя

Назорати хавфҳои ба воситаи ҷудо намудани вазифаҳо

13.

Мавчудияти  «Минтақаи ноаён»

Зиёд будани уҳдадориҳои воқеӣ аз сатҳи ваколатҳои расмӣ

Мавҷуд набудани сеҳеҳият вобаста бақонунӣ будани қарорҳо ва фаъолият

Аз байн бурдани «минтақаи ноаён» бо ёрии уҳдадориҳоимансабии дахлдор

14.

Машваратдиҳӣ  ва масъулият

Мавҷуд набудани машваратдиҳии  пешакӣ ва баҳодиҳии минбаъда.

Мавҷуд набудани машваратдиҳии  пешакӣдар баҳодиҳии минбаъда (оянда)

Қонунияти носанҷидашуда

Хатогиҳо муайян ва ислоҳ нагардидаанд.

Ислоҳ намудан мумкин аст  танҳо вақте ,ки хатогиҳо алакай содир шуданд, тасодуфан дар машварати пешакии тасодуфӣ ё баҳодиҳии минбаъда

Хуссусияти ихтиёрӣ

Таъмини қонунияти  намудҳои  фаъолият аз  «минтақаи ноаён»  тавассути машваратдиҳиипешакии гузашта (монеаи муносиб) ва ё  баҳодиҳии минбаъда (монеаи камтарини ҳадди ақал)

15.

Мавҷудияти назорат

Санҷишгар (сардори бевосита) имконияти фавран додани маслиҳатҳоро  надорад.

Амалҳои инфиродӣ

Амал бо ташаббуси худ

Пешгирии амамлҳои  инфиродӣ ва беҳтар намудани назорат тавассути омодагии муносиби сардори бевосита, таъин намудани муовин ба  роҳбари бевосита (агар зарурат дошта бошад)

16.

Таваҷҷӯҳ ба комилӣ

Мавҷуд набудани ё нокифоягии машваратҳо, ки ба комилӣ ҷалбшудаанд (на камтар аз як маротиба дар як моҳ)

Амал бо ташаббуси худ

Нокифоягии назорати иҷтимоӣ

Нокифоягии хушёрӣва идрок ба талаботи комилӣ

Пешгирии амалҳои инфиродӣ, мусоидат ба назорати иҷтимоӣ ва ҷудо намудани таваҷҷуҳи махсус ба комилӣ тавассути машваратдиҳиимунтазам (на камтар аз як маротиба дар як моҳ) бо ворид намудани комилӣ дар рӯзномаи ҳаррӯза

17.

Мусоҳибаҳои баҳодиҳӣ

Гузаронидани мусоҳибаҳои баҳодиҳӣ

на камтар аз як маротиба дар як сол ва/ё масъалаҳои осебпазир баррасӣ намешаванд

Нокифоягии назорат, дастгирӣ, санҷиш ва ислоҳ

Нокифоягии хушёрӣва идрок

Давра ба давра гузаронидани мусоҳибаҳои  баҳодиҳӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои осебпазири мансабҳо

18.

Робитаҳои берунӣ

Санҷишкунанда (роҳбари бевосита)   дар бораи робитаҳои берунаи кормандон

маълумоти кофӣ надорад.

Назорати нокифоя

Набудани имконият барои муайян намудани алоқаҳои хавфнок

Амали инфиродӣ

Пешгирии амали инфиродӣ, мусоидат ба назорат ва пешгирӣнамудани бархӯрди манфиатҳо бо роҳи маърӯзаи ҳатмӣ дар бораи робитаҳои беруна ҳамчун як банди доимии рӯзномаи рӯз

19.

Масъулият ва назорат

Нокифоягии басомади маърӯза дар бораи фаъолияти осебпазир

Санҷиши мунтазам тавассути назорат

Назорати нокифоя

Амали инфиродӣ

Амал бо ташаббуси худ

Назорати нокифоя

Мусоидат ба иҷрои дуруст ва бодиққати вазифаҳои осебпазир бо маърӯзаи  пешгирикунанда ва дар сурати зарурӣ, ислоҳи хатогиҳо бо роҳи тезтез аз кормандон дархост

Намудани маърӯза, то ҳадди имконпазир.

Назорати умумӣ ё  санҷишҳои интихобии намунавӣ  дар ҷойи кор, ҷорӣ кардани варақаҳои махсуси назоратӣ дар ташкилотҳо

20.

Шахсони бегонаи хавфнок

Дар бораи кўшиши берунии вайрон кардани комилӣ  маълумот намедиҳанд

Халалдор кардани фаъолияти ташкилот

Пешгирӣ дар доираи ташкилот тавассути  хабаррасонии ҳатмӣ  ба шахсони болоӣ дар бораи кўшиши вайрон кардани комилӣ аз берун

21.

Коргарони хавфнок

Мавҷуд набудан, нодонистан ва/ё риоя накардани шартҳо нисбат ба  кормандони хавфнок

Муносибати номунтазам ба вайронкунии (хусусияти ихтиёрии истифодаи таҳримҳо  барои вайронкуниҳо)

Норасоии идрок  ба оқибатҳои рафтори нопок.

Пешгирии рафтори нопоки кормандон тавассути истифодаи таҳримҳо

22.

Туҳфаҳо, фоидаи иловагӣ

Мавҷуд набудан, надонистан ва/ё иҷро накардани муқаррарот дар бораи туҳфаҳо ва  фоидаи иловагӣ

Бархурди манфиатҳо

Фишор аз ҳад зиёд ба муносибатҳои шахсӣ дар комилӣ

Пешгирӣ, инчунин ҳалли муносиби  бархўрди манфиатҳо

Тавсеаи зиёди муқаррарот дар бораи бархӯрди манфиатҳо ва ҳал намудани онҳо

Назорати иҷро ва дар ҳолати зарурӣистифодаи таҳримҳо

23.

Амнияти ҷисмонӣ

Номувофиқатии расмиётҳо

Монеаи беҳад паст  барои вайрон  кардани комилӣ аз тарафи сеюм

Пешгирии вайрон кардани комилӣ аз ҷониби шахсони беруна бо роҳи  амнияти ҷисмониимуносиб

(назорат дар даромадгоҳ, ҳатманхудро шиносонидан,  бақайдгирии ташрифоварандагон, қулф кардани идораҳо, ҷевонҳо, мизҳо ва ҷевонҳои оҳанин)

24.

Таносуби қонуният ва самарабахшӣ

Тавҷҷуҳи номуносиб ба самарабахшӣ ба зарари қонуният

Фишори аз ҳад зиёд ба дарки шахсии комилӣ

Таваҷҷуҳи зиёд ба қонуният ва коҳиш додани фишор ба дарки шахсии комилӣ, тавассути  вазифаҳои мансабии дахлдор,  бо роҳи  дарафзоӣ ба намудҳои   осебпазири фаъолият, ба воситаи расмиёти дахлдор мутобиқи алоқаҳои беруна, тавассути ҳавасмандгардонии масъулият ва назорат

25.

Боодобӣ

Сатҳи нокифоя ва ё аз ҳад зиёд будани боодобӣ дар дохили ташкилот

Таваҷҷуҳи нокифоя  ба манфиатҳои умумӣ

Рафтори беодобона

Пинҳон намудани камбудиву норасоиҳо

Мусоидат ба боодобӣдар доираи ташкилот бо роҳи таҳияи Кодекси одоб

Кам кардани хавф бо роҳи таваҷҷуҳ  ба амалҳои вобаста ба робитаҳои беруна,

Робитаҳои ҳаёти шахсӣбо касбӣ, туҳфаҳо, даромади иловагӣ.

26.

Муоширати дохилӣ

Муоширати нокифояи дохилӣ

Набудани алоқа байни роҳбарият ва зердастон

Набудани дақиқӣ дар муносибатҳои  фаъолияти ҳамкорон

Назорати пасти иҷтимоӣ

Кам кардани хавф бо роҳи якҷоя кардани уҳдадориҳои мансабӣ  дастрасии назорат, басомади  машваратдиҳиҳо ва таваҷҷуҳ ба комилӣ, мусоҳибаҳои  баҳодиҳӣ, робитаи беруна, муқаррарот оид ба махфияти иттилоот, муқаррарот оид ба захираҳоимолиявӣ ва буҷет, муқаррарот оид ба  хариди мол ва хизматрасониҳо ба мақсади шахсӣ, расмиёт вобаста ба тӯҳфаҳо ва даромадҳои иловагӣ  

Батанзимдарории муоширати дохилӣ бо роҳи таҳияи муқаррароти дахлдор  кодексҳои одоб

Замимаи № 2

 Замимаи № 2

Ба методологияи тартиб ва

методикаи гузаронидани

таҳлили фаъолият

(хавфҳои коррупсионӣ)

Саволнома – Намуна барои ҳайати корӣ

Барои ҳар як савол танҳо як ҷавобро ишора намоед

р/т

Савол

Ҷавоб

1

2

3

1

Оё шумо намудҳои фаъолияти осебпазирро иҷро менамоед?

Агар не, пас ба саволи 5-ум гузаред

Ҳа

а)

Ҳар ҳолате, ки агар шумо намудҳои осебпазири фаъолиятро иҷро менамоед дар поён (ҳадди ниҳоӣ) се мисол оред

Не

Мисоли  1

Мисоли  2

Мисоли  3

б)

Оё барои иҷрои намудҳои фаъолияте, ки дар боло зикр намудед, муқаррарот мавҷуд аст?

Мисоли  1

Ҳа

Не

Намедонам

Мисоли  2

Ҳа

Не

Намедонам

Мисоли  3

Ҳа

Не

Намедонам

в)

Агар ҳа, нишон диҳед, ки шумо аз муҳтавои ин низомномаҳо бохабар ҳастед

Мисоли 1

Ҳа

Не

Мисоли 2

Ҳа

Не

Мисоли 3

Ҳа

Не

г)

Агар ҳа, ба ҳар як мисол нишон диҳед, агар нусхаи ин муқаррарот дар дасти шумо бошанд

Мисоли 1

Ҳа

Не

Мисоли 2

Ҳа

Не

Мисоли  3

Ҳа

Не

2

Оё шумо аз роҳбарият вобаста ба иҷрои ин намуди фаъолият, ғайр аз машваратҳои маъмулии бо фаъолият алоқаманд дастурамалҳои махсус мегиред?

Ҳа

Не

3

Оё шумо ин намудҳои фаъолиятро бо ҳамкорон якҷоя иҷро менамоед?

Ҳа

Не

4

Агар шумо набошед шуморо ҳамкоре, ки мисли шумо ихтисос дорад иваз карда метавонад?

Ҳа

Не

5

Оё шумо уҳдадориҳои вазифавӣ доред?

Ҳа

Не

6

Оё шумо фикр мекунед, ки дар ҳақиқат ваколатҳои шумо нисбат ба ваколатҳои пешбининамуда расмиатон зиёданд? Оё дар ин маънии «минтақаи ноаён» ҷой дорад?

Ҳа

Не

7

Агар ҳа , оё шумо бо роҳбарони болои пеш аз қарор қабул кардан нисбати ин «минтақаи ноаён» машварат намудаед ?

Ҳа

Баъзан

Не

8

Оё шумо ба роҳбарияти болоӣ қарори нисбати ин «минтақаи ноаён» баровардаатонро фаҳмонда будед?

Ҳа

Баъзан

Не

9

Асосан тартиби машварат бо роҳбарияти болоӣ зуд ва осон аст?

Ҳа

Не

10

Оё шакли умумии машварат нисбати корҳо бо роҳбарияти болоӣ ва ҳамкорони наздик вуҷуд дорад ?

Ҳа

Агар не, ба саволи 13 гузаред

Не

11

Агар машварати корӣ гузаронида шавад суръати миёнаи онҳоро нишон диҳед

На камтар аз як маротиба дар як моҳ

Ҳа

Як маротиба дар як моҳ

Ҳа

Зиёда аз як маротиба дар як моҳ

Ҳа

12

Агар машварати корӣ гузаронида шавад дар чи қадар муҳлат шумо мавзӯи «комилӣ дар вазияти корӣ»-ро муҳокима менамоед?

Ҳеҷ вақт

Ҳа

На камтар аз як маротиба дар як моҳ

Ҳа

Як маротиба дар як моҳ

Ҳа

Зиёда аз як маротиба дар як моҳ

Ҳа

13

Оё шуморо ақалан дар як сол як маротиба роҳбарият баҳогузори менамояд?

Ҳа

Не

14

Агар роҳбар шуморо баҳогузорӣ намояд мавзӯи «комилӣдар вазияти корӣ» муҳокима мешавад?

Ҳа

Не

15

Оё шумо дар фаъолияти худ бо шахсони бегона муносибат менамоед?

Ҳа

(агар не, гузаред ба саволи 18)

Не

16

Оё аз муносибати шумо  бо шахсони бегона доштан дар фаъолиятатон роҳбари шумо хабар дорад?

Ҳа

Не

17

Оё роҳбари шумо моҳияти ин муносибатҳоро медонад?

Ҳа

Не

18

Ба ҳисоби миёна дар чанд вақт шумо дар бораи фаъолияти худ ба роҳбарият гузориш медиҳед?

На камтар аз якмаротиба дар як моҳ

Ха

Як маротиба дар як моҳ

Ҳа

Зиёда аз як маротиба дар як моҳ

Ҳа

19

Гузориш ба роҳбари худ дар бораи фаъолият ба амаҳои зерин меорад:

Ба гузориши пура бо санҷиши мундариҷа

Ҳа

Ташхис ва санҷиши якчанд самтҳои фаъолияти шумо

Ҳа

Тасдиқи маъмулии фаъолияти шумо

Ҳа

20

Оё шумо ягон вақт дар раванди фаъолият дар бораи мушкилоти шахсии ягон нафаре аз ҳамкорон шунида будед? (мушкилоти молиявӣ ё мушкилот дар муносибатҳо)

Ҳа

Не

21

Оё муҳокимаи мушкилот (мушкилоти молиявӣ ё мушкилот дар муносибатҳо) дар идораи шумо имконият дорад?

Ҳа

Не

22

Оё шумо ба вазъияте, ки қарорҳои касбӣ метавонад ба зиндагии минбаъдаи шахсии шумо таъсир расонад вохӯрдаед?

Ҳа

Не

23

Агар ҳа, шумо метавонистед ба каси дигар ин мушкилотро пешниҳод намоед ё ин ки барои қарор қабул намудан ҳамкори худ ё корманди боломақомро ҷалб намоед?

Ҳа

Не

24

Оё шумо дар бораи ҳаракатҳои таъсиррасонии шахсони бегона барои ба қарори касбии ҳамкорони худ шунидаед?

Ҳа

Не

25

Агар ҳа, оё чунин ҳолатҳо дар дохили ташкилоти шумо ба таври расмӣ муҳокима шуда буданд ?

Ҳа

Не

26

Агар ҳа, оё шумо ягон вақт дар бораи ҳолатҳои дар ташкилоти шумо ба амал омадани дуздӣ ва ба яғмо бурдан ё дигар амалҳое, ки вайронкунандаи комилият ба ҳисоб мераванд шунида будед?

Ҳа

Не

27

Оё барои чунин ҳолатҳо муқаррарот мавҷуд ҳаст?

Ҳа

(Агар не ё намедонед ба саволи 30 гузаред)

Не

Намедонам

28

Агар ҳа, оё шумо ба мазмуни ин муқаррарот шинос ҳастед?

Ҳа

Не

29

Оё ин муқарраротро дар амал истифода мебаред?

Ҳа

Не

Намедонам

30

Оё шумо бо маълумоти махфӣ кор мекунед?

Ҳа

Не

31

Оё дар ташкилоти шумо муқаррарот дар бораи пешниҳоди маълумоти махфӣ ба шахсони бегона мавҷуд аст?

Ҳа

Не

Намедонам

а)

Агар ҳа, ин муқаррарот мансуб мешавад ба:

тартиб додан, тағйир додан ва ё тарҷумаи маълумотҳои махфӣ?

Ҳа

паҳн намудани маълумоти махфӣ?

Ҳа

нусхабардории маълумоти махфӣ?

Ҳа

маъмурикунонӣ ё ҳуҷҷатикунонии маълумотҳои махфӣ?

Ҳа

нигоҳдорӣ ё ҷамъоварии маълумотҳои махфӣ (масалан сиёсати «бюрои тоза»)?

Ҳа

32

Оё ин муқарраротро дар амал истифода мебаред?

Ҳа

Не

Намедонам

33

Оё шумо бо воситаҳои молиявӣ ё буҷетӣ кор мекунед?

Ҳа

Агар не ба саволи 36 гузаред

Не

34

Оё муқаррароти марбут ба воситаҳои молиявӣ ё буҷетӣ мавҷуд ҳаст?

Ҳа

Не

Намедонам

а)

Агар ҳа, ин муқаррарот ба инҳо дахл дорад:

тақсимоти воситаҳои молӣ ё буҷавӣ дохил мешавад?

Ҳа

Не

Намедонам

Менеджменти (идоракунии) воситаҳои молӣ ё буҷавӣ?

Ҳа

Не

Намедонам

Истифодаи воситаҳои молиявӣ ё буҷетӣ?

Ҳа

Не

Намедонам

35

Ин муқаррарот дар амал истифода мегардад?

Ҳа

Не

Намедонам

36

Оё, шумо ба талаботи пардохти хароҷот алоқае (муносибате) доред?

Ҳа

(Агар не, ба саволи 42 гузаред)

Не

37

Оё, муқаррарот оид ба пур кардан ва тасдиқ намудани талаботи мазкур вуҷуд дорад?

Ҳа

Не

Намедонам

38

Агар ҳа, оё, шумо ба мазмуни ин муқаррарот шиносоӣ доред?

Ҳа

Не

39

Оё, Шумо бо хариди молу хизматрасонҳо сару кор доред ?

Ҳа

(Агар не, ба саволи 42 гузаред)

Не

40

Оё, муқаррарот оиди ба даст овардани мол ва хизматрасонҳо аз ҷониби ташкилоти шумо вуҷуд дорад?

Ҳа

Не

Намедонам

а)

Агар ҳа, ин муқаррарот дахд дорад ба:

муайянсозии талабот ба сифат ва шартҳои таҳвили молу хизматрасонӣ?

Ҳа

Не

Намедонам

Оё, шумо нарх ва муқарраротро пурсон мешавед?

Ҳа

Не

Намедонам

Шумо бо таҳвилгарон (вобаста ба имконот) савдо мекунед?

Ҳа

Не

Намедонам

41

Оё, ин муқаррарот дар амал татбиқ мешавад?

Ҳа

Не

Намедонам

42

Оё, муқаррарот оиди истифодаи шахсии мол ва хизматрасонӣ дар ҷойи кор вуҷуд дорад?

Ҳа

(Агар не, ба саволи 45 гузаред)   

Не

(Агар намедонед, ба саволи 45 гузаред)

Намедонам

43

Агар ҳа, оё шумо бо мазмуни ин муқаррарот шинос ҳастед?

Ҳа

Не

44

Оё, ин муқаррарот дар амал татбиқ мешавад?

Ҳа

Не

Намедонам

45

Оё, муқаррарот оид ба қабули тўҳфаҳо ва нишонаҳои таваҷҷуҳ вуҷуд дорад?

Ҳа

Не

Намедонам

46

Агар ҳа, оё шумо бо мазмуни ин муқаррарот шинос ҳастед?

Ҳа

Не

47

Оё, ин муқаррарот дар амал татбиқ мешавад?

Ҳа

Не

Намедонам

48

Оё муқаррарот оид ба дар як вақт  ишғоли вазифа ва ё даромадҳои иловагӣ вуҷуд дорад?

Ҳа

Не

Намедонам

49

Агар ҳа, оё шумо бо мазмуни ин муқаррарот шинос ҳастед?

Ҳа

Не

50

Оё, ин муқаррарот дар амал татбиқ мешавад?

Ҳа

Не

Намедонам

51

Оё муқаррарот оид ба гирифтани мукофотҳо (инъомҳо) аз тарафи шахсони сеюм барои корҳое ки мувофиқи ўҳдадориҳои касбӣ ба амал бароварда мешаванд (дар мисоли хондани лексияҳо, тадрис дар курсҳои омўзишӣ, пешниҳоди маслиҳатҳо ва ин амсол) вуҷуд дорад?

Ҳа

Не

Намедонам

52

Агар ҳа, оё шумо бо мазмуни ин муқаррарот шинос ҳастед?

Ҳа

Не

53

Оё, ин муқаррарот дар амал татбиқ мешавад?

Ҳа

Не

Намедонам

54

Оё дар ташкилоти шумо муқаррарот оид ба манъ кардани даромади шахсони бегона ба утоқи кориатон вуҷуд дорад?

Ҳа

Не

Намедонам

55

Дар ташкилоте, ки ман кор мекунам:

муҳимтар он аст, ки «кор аз рўйи қоида» иҷро шавад, нисбат ба он ки вазифаро сари вақт ба иҷро расонӣ.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

56

Дар ташкилоте, ки ман кор мекунам, дар бисёр маврид маро аз рўйи натиҷаи корам баҳо медиҳанд, на аз рўйи оне ки бо кадом восита ман ин натиҷаро ба даст овардам.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

57

Дар ташкилоте, ки ман кор мекунам, бисёр маврид ба осорҳои ногаҳонӣ ва беруназмуқарраротӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ роҳ дода мешавад.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

58

Дар ташкилоте, ки ман кор мекунам, қисми зиёди ҳамкорон манфиати худро аз манфиати ташкилот болотар мемонанд.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

59

Дар воҳиди сохторие, ки ман кор мекунам, қисми зиёди ҳамкорон манфиати бахши худро аз манфиати умумии ташкилот болотар мемонанд.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

60

Дар ташкилот ва ё воҳиди сохторие, ки ман кор мекунам, ба рафтори номуносиби ҳамкорон, новобаста аз дараҷаи вазнинии мусоҳилакорӣ диққати ҷиддӣ дода намешавад.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

61

Дар ташкилоте ва ё воҳиди сохторие, ки ман кор мекунам, дарк намудан хеле душвор аст, ки роҳбарият дар кадом самт фаъолият мебаранд.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

62

Дар ташкилоте ва ё воҳиди сохторие, ки ман кор мекунам, расм шудааст, ки ҳамкорон якдигарро аз қабули чорабиниҳо пешакӣ огоҳ созанд.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

63

Дар ташкилоте, ки ман кор мекунам, бисёр маврид бо маълумоте дучор меоям, ки аз бахшҳои гуногуни ташкилот ирсолшуда, ҳама як мавзўъро дар бар мегиранд.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

64

Дар ташкилоте, ки ман кор мекунам, кормандон он қадар ҷуръат доранд, ки роҳбариятро танҳо байни худ танқид мекунанд.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

65

Дар ташкилоте, ки ман кор мекунам, ба хатогиҳо ва саҳву камбудиҳои ҷойдошта бисёр бо таҳаммул муносибат мекунанд.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

66

Дар ташкилоте, ки ман кор мекунам, ба хатогиҳо ва камбудиҳое ки аз тарафи шахсони мансабдор роҳ дода мешавад, нисбат ба камбудиҳои содирнамудаи кормандони қаторӣ, бисёр беҳад  оромона муносибат менамоянд ва ё дар бораи онҳо чизе гуфта намешавад.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

67

Дар ташкилоте, ки ман кор мекунам, расм шудааст, ки агар касеро танқид кардан хоҳӣ, фикри худро тасвият намуданӣ бошӣ ва ё чизеро шарҳ доданӣ шавӣ бояд хеле боэҳтиёт амал намоӣ.

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

68

Дар ташкилоте ман кор мекунам, хеле кам ба мушоҳида мерасад, ки танқид ба мусбатгардонӣ ва тағйири раванди кор таъсир гузорад

Розӣ ҳастам

Намедонам

Розӣ нестам

69

Шумо кадом вазифаро ишғол кардаед?

Роҳбарӣ

Ғайри роҳбарӣ

70

Ташкилоте, ки шумо кор мекунед чи ном дорад?

Замимаи № 3

Замимаи № 3

Ба Методологияи тартиб

ва методикаи гузаронидани

тањлили фаъолият

(хавфњои коррупсионӣ)

Шарҳу тафсири посухҳо

Нуқтаи назар

Посухҳои имконпазир

Тариқи баҳодиҳӣ

1

2

3

Намудҳои осебпазири фаъолият (саволҳои 1 – 4)

Агар ҷавоб ба саволи 1 «не бошад, дар он сурат аниқ маълум мегардад, ки намудҳои осебпазири фаъолият вуҷуд дорад. 

Зиракии нокифоя ё худ таваҷҷуҳи нокифоя ба намудҳои осебпазири фаъолият

Ҷавоби «не» ва ё «намедонам» ба саволи 1б ва ҳамчунин ҷавоби «не» ба саволи 1в (ва ба дараҷаи кам ба саволи 1г)

Шарҳи нокифояи возеҳият вобаста ба иҷрои дурусти иҷрои намудҳои осебпазири фаъолият.

 Омилҳои (сабабҳои) таъсир расонидан ба вазъияти ҷойдошта (бе маҷбурият) бо фишори аз меъёр зиёд (сахт) ба назари шахсии комилӣ 

Посухи «не» ба саволҳои 2 ва 3

Амалҳои инфиродӣ бо машваратдиҳӣ ва назорати нокифоя

Посухи «не» ба саволи 4

Донишҳои номукаммал ва салоҳият бо натиҷаҳои имконпазир (намудҳои осебпазири фаъолият бе таваҷҷуҳи зарурӣ ба амал бароварда мешаванд)

«Минтақаи

ноаён»

(саволҳои 5-8)

Посухи «не» ба саволи 5

Номукаммалӣ донистани вазифаҳо ва  ваколатҳои расмӣ

Посухи «не» ба саволҳои 7 ва 8

Пурра мавҷуд набудани назорат ба қонунӣ будани малаҳо ё қарорҳое, ки дар натиҷаи онҳо амали нодуруст мушоҳида  намешавад  ва ё ба ислоҳ намешаванд 

Посухи «баъзан» ба саволҳои 7 ва 8

Амалҳои ихтиёрӣ

Мушоваратдиҳӣ(саволҳои 9-14)

Посухи «не» ба саволи 9

Омилҳои (сабабҳои) таъсир расонидан ба вазъияти ҷойдошта (бе маҷбурият) бо фишори аз меъёр зиёд (сахт) барои пуррасозии назари шахсии комилӣ

Посухи «не» ба саволи 10 ва «ҳа, ҳар моҳе на зиёда аз як маротиба» ба саволи 11

Амалҳои инфиродӣ ва имконоти сусти назорат аз тарафи шахсони воломақом ва ҳамкорон

Посухҳои «ҳеҷ вақт» ё «ҳар моҳ на зиёда аз як маротиба» ба саволи 12

Зиракии нокифоя ё худ таваҷҷуҳи  нокифоя ба талаботи комилӣ

Посухи «не» ба саволҳои 13 ва 14

Идоракунӣ, равонасозӣ, тасҳеҳ ва назорати нокифояи амалҳо

Дарки нокифояи он ки комилӣ (пурагӣ) бояд дар фаъолият нақши муҳим бозида тавонад ва ҳамчун натиҷа зиракии нокифоя ё таваҷҷуҳи нокифоя

Робитаи беруна (саволҳои 15-17)

Посухи «не» ба саволҳои 16 ва 17

Назорати нокифоя, ки бо сабаби  набудани имконоти эътирофсозии хатар доштани робитаҳо метавонад ба амал ояд

Амалҳои инфиродӣ

Масъулият ва назорат

(саволҳои 18-19)

Агар ҷавоби пешниҳодшуда ба саволи 18 бо гуруҳҳои баҳодиҳӣ мутобиқатӣ надошта бошад ва новобаста аз хусусиятҳои ташкилот ё воҳиди сохтории он ба амал бароварда мешавад.

Назорати нокифоя аз болои намудҳои осебпазири фаъолият

Амалҳои инфиродӣ ва амалҳо вобаста ба вазъияти ҷойдошта

Агар посух ба саволи 19 бо «тасдиқи куҳна» ба ҳисоб равад

Норасоии назорати қатъӣ

Ҷанбаҳои хатарноки беруна

(саволҳои 24-25)

Посухи «ҳа» ба саволи 24 ва «не» ба саволи 25

Ҳисси нокифоя будани бехатарии шахси мазкур

Нокифоя будани зиракӣ аз тарафи роҳбарият ва ҳамкорони наздик вобаста ба маълумоти ҷанбаҳои беруна

Мансабдори хатарнок (саволҳои 26-29)

Посухи «не» ба саволи 26

Ҳифзи нокифояи муносибати минбаъда ба ислоҳи амалҳое, ки ба вайроншавии комилӣ боис мегарданд

Посухи «намедонам» ба саволи 27 ва ё ба саволи 28

Норасоии идроки баланд ба натиҷаи амалҳое, ки ба вайроншавии комилӣ оварда мерасонад 

Амалҳои ихтиёрӣ ва амалҳо вобаста ба вазъият

Посухи «не» ва ё «намедонам» ба саволи 29

Ҳифзи нокифояи муносибаҳои минбаъда ба ислоҳи амалҳое ки ба вайроншавии ягонагӣ боис мегарданд

Амалҳои ихтиёрӣ  ва амалҳо вобаста ба вазъият

Фаҳмиши нокифояи оқибати амалҳое, ки ба вайроншавии комилӣ боис мегарданд 

Нокифоягии пешгирии  таъсироти муносибатҳо ва ислоҳоти амалҳое, ки ба вайроншавии комилӣ боис мегарданд

Маълумоти махфӣ

(саволҳои 30-32)

Посухи «не» ва ё «намедонам» ба саволҳои 30, 31а ва ё 32

Сади гузошташуда бар зидди ихроҷи маълумот хеле паст мебошад

Фишор ба зиракии шахсӣ ва диққат ба амалҳо хеле боло аст.

Воситаҳои молиявӣва буҷетҳо  саволҳои 33-35)

Посухи «не» ва ё «намедонам» ба саволҳои 34, 34а ва 35

Монеаҳои гузошташуда бар зидди ҷиноятҳои молӣ хеле паст аст.

Фишор ба зиракии шахсӣ ва таваҷҷуҳ ба амалҳо хеле зиёд мебошад.

Молу маҳсулот ва хизматрасонӣ (саволҳои 39-41)

Посухи «не» ва ё «намедонам» ба саволҳои 40, 40А ва 41

Монеаҳои гузошташуда бар зидди  қонуншиканиҳо ва бархурди манфиатҳо вобаста ба хариди молу хизматрасониҳо хеле паст мебошад

Фишор ба зиракии шахсӣ ва таваҷҷуҳ ба амалҳо хеле зиёд аст.

Истифодабарии  шахсии молу  хизматрасониҳо  (саволҳои 42-44)

Посухи «не» ва ё «намедонам» ба саволҳои 42 ё 44 ва «не» ба саволи 43

Садди гузошташуда бар зидди тақсимоти нодурусти молу маҳсулот ва дараҷаи пасти хизматрасонӣ хеле поин мебошад

Фишор ба зиракии шахсӣ ва диққат ба амалҳо хеле боло аст.

Туҳфаҳо ва нишонаҳои таваҷҷуҳ (саволҳои 45-47)

Посухи «не» ва ё «намедонам» ба саволҳои 45 ва 47 ва «не» ба саволи 46

Монеаи гузошташуда бар зидди бархӯрди манфиатҳо хеле паст мебошад

Фишор ба зиракии шахсӣ ва таваҷҷуҳ ба амалҳо хеле зиёд аст.

Дар як вақт ишғоли ду ва ё чанд вазифа ва даромадҳои иловагӣ (саволҳои 48-53)

Посухи «не» ва ё «намедонам» ба саволҳои 48 ва 50 ва «не» ба саволи 49

Монеаи гузошташуда бар зидди бархурди манфиатҳо хеле паст мебошад

Фишор ба зиракии шахсӣ ва таваҷҷуҳ ба амалҳо хеле зиёд аст.

Посухи «не» ва ё «намедонам» ба саволҳои 51 ва 53 ва «не» ба саволи 52

Монеаи гузошташуда бар зидди бархурди манфиатҳо хеле паст мебошад

Фишор ба зиракии шахсӣ ва таваҷҷуҳ ба амалҳо хеле боло аст.

Бехатарии ҷисмонӣ

(саволи 54)

Посухи «не» ба саволи 54

Ҳисси нокифоя будани бехатарӣ (ҳушёрӣ ва ё баландидрокӣ) дар роҳбариятии такшилот

Монеаи гузошташуда бар зидди вайроншавии комилӣаз ҷониби тарафҳои беруна хеле паст аст

Таносуби  қонуният ба самаранокӣ(саволҳои 55-57)

Посухи «ризо ҳастам» ба саволи 55 ва «ризо нестам» ба саволҳои 56 ва 57 ҳамзамон дар ин маврид метавонад ҷалби диққатро ба самаранокӣнишон диҳанд

Фишори аз ҳад зиёд ба ҳушёрии шахсӣ ва таваҷҷуҳ  ба амалҳо ҳангоми расмиёти корӣ барои натиҷаи дилҳоҳ асос шуда метавонад. Аз ҷумла ҷалб ба самаранокӣметавонад хеле хатарнок бошад, агар ғайр аз ин ҷавоби манфӣ вобаста ба як ё якчанд ҷанба ба қайд гирифта шаванд: амали осебпазир, «минтақаи ноаён», робитаи беруна, масъулият ва назорат.

Фарҳанги ташкилотчигӣ метавонад ҳамчун мафҳуми иловагии ҷавобҳои манфӣ ба ин саволҳо бошад.

Боодобӣ (саволҳои 58-60)

Посухҳои «розӣ ҳастам» ба саволҳои 58-60

Норасоӣ дар паст будани боодобӣ вобаста ба роҳбарияти ташкилот  ва ё муносибати хеле боодобона ба ташкилот ё ҳамкорон

Норасоӣ ва боодобиии аз ҳад зиёд метавонад хатарҳоро ба вуҷуд орад, агар посухи манфӣ ба як ё якчанд ҷанба ба қайд гирифта шуда бошад: равобити беруна, алоқа байни кор ва ҳаёти шахсӣ (саволҳои 22-23), тӯҳфаҳо ва нишонаҳои таваҷҷуҳ ва ё дар як вақт ишғоли як чанд вазифа ва даромадҳои иловагӣ

Муошират (саволҳои 61-63)

Посухҳои «рози ҳастам» ба саволҳои 61 ва 53 ва «рози нестам» ба саволи 62

Нокифоя будани муносибатҳои дохилӣ

Норасоии муошират метавонад хатарҳоро ба вуҷуд орад, агар посухи манфӣ ба як ё якчанд ҷанба ба қайд гирифта шуда бошад: «минтақаи ноаён», машваратдиҳӣ, робитаҳои беруна, маълумоти махфӣ, воситаҳои молиявӣ ва буҷет,  мол ва  хизматрасониҳо, тӯҳфаҳо ва нишонаҳои таваҷҷуҳ ё дар як вақт ишғоли як чанд вазифа ва даромадҳои иловагӣ

Механизмҳои худислоҳсозӣ(саволҳои 64-68)

Посухи «рози ҳастам» ба саволҳои 64-68

Механизмҳои нокифояи худислоҳсозӣ

Механизмҳои нокифояи худислоҳсозӣ метавонад хатарҳои хусусиро дар бар гирад, агар ҷавобҳои манфӣ вобаста ба фаслҳои «масъулият ва назорат» иловатан ба қайд гирифта шуда бошанд

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, №637 «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ мебошад, ки таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, таҳияи лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, гузаронидани мураттабсозӣ ва ташхиси қонунгузории амалкунанда, пешгўии самаранокии қонунҳои қабулшаванда, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва тайёр намудани кормандони илмии баландихтисосро амалӣ месозад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Марказро кор оид ба мураттабсозӣ ва ташхиси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутобиқат ба талаботҳои муосир, коркарди тавсияҳо ва пешниҳодҳо оид ба инкишоф додани қонунгузорӣ, гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаҳои таҳияшавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир доранд, ташкил медиҳад.

Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30.08  соли 2013 № 1504

тасдиқ карда шудааст.

Муқаддима

1. Муқовимат ба коррупсия — мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.

        2. Асосан мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои  ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ва баратарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.

3. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст.

4. Рўзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

5. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 сентябри соли 2006 ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад.

6. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд.

7. Бо тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхурӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд.

8. Инчунин бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Агентӣ)  таъсис дода шуд.

9. Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва мансубияти ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007 №414 “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин  ҷиноятҳо” қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

10. Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмўии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид.

11. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо дарназардошти  тадқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфтанд.

12. Дар доираи Стратегияи зикргардида масъалаҳои самарабахшии мубориза бо коррупсия ва оғози саривақтӣ ва гузаронидани таҳқиқу тафтишоти парвандаҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ, мансубияти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, механизми муносиби идоракунӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ, ба таври электронӣ ва ба воситаи бонк ҷорӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муассисаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дар Стратегия пешбинигардида дар кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андоз танзими худро ёфтаанд.

13. Ғайр аз ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ», аз 20 марти соли 2008 №374 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 21 июли соли 2010 №631 «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», аз 21 июли соли 2010 №626 «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», аз 29 декабри соли 2010 №644 «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», аз 25 марти соли 2011 №86 «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда ва маблағгузории терроризм», аз 25 марти соли 2011 №702 «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», аз 25 марти соли 2011 №687 «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷуӣ», аз 28 июни соли 2011 №723 «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  аз  28 июни соли 2011 №749 «Дар бораи Палати ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 28 июни соли 2011 №720 «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», аз 28 июни соли 2011 №721 «Дар бораи амният», аз 2 августи соли 2011 №751 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», аз 16 апрели соли 2012 №828 «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 10 майи соли 2012 №46 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 1 августи соли 2012 №895 «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат» низ аз талаботҳои Стратегияи мазкур бармеоянд.

14. Ҳамзамон қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 №864 «Дар бораи  тадбирҳои  иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012» ҳамчун ҳуҷҷати кўтоҳмуддати давлатӣ дар радифи Стратегия ҳамчун идомаи мантиқии муқаррароти асосии он, ҷиҳати мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ такони ҷиддӣ бахшид.

15. Бо мақсади  ташкил  ва  амалӣ  намудани  чораҳои маҷмўии  пешгирӣ  ва муқовимат  ба  коррупсия  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи  иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд.

16. Мутобиқи банди 63 Консепсияи пешгуии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 №1021 тасдиқ гардидааст ва бо дарназардошти ба итмом расидани татбиқи Стратегияи  зикршуда  ва зарурати объективии идома бахшидани фаъолият дар самти мазкур, инчунин тақвият бахшидани ҳаракати муттасил дар соҳаи муқовимати  маҷмўӣ  бар зидди коррупсия Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 таҳия гардид.

17. Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020  ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

18. Мақсаду мароми Стратегияи мазкур ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

 19. Дар ҷараёни татбиқи талаботҳои Стратегия  ҳадафҳои зерин амалӣ мегарданд:

—  мусоидати бевосита дар амалӣ намудани Стратегияи миллии Рушд;

— татбиқи давра ба давраи мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ;

 — таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ;

— ташкил ва таъмини идоракунии муносиб дар мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ;

— ташкил ва амалигардонии идоракунии электронӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— устувор намудани боварии мардум ба давлат, иштироки васеи ҷомеа дар идоракунии давлатӣ ҳамчун ҷонибдории ислоҳоти давлатӣ;

— баланд бардоштани эътимоднокии шаҳрвандон ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ.

20. Барои расидан ба ҳадафҳои Стратегия пайгирона вазифаҳои зерин бояд амалӣ гарданд:

— мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ оид ба пешгирӣ, ошкор ва садди роҳ шудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, мукаммал гардонидани шаклҳо, усулҳо, воситаҳои муқовимат ба коррупсия;

— ташкили иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои идоракунанда дар соҳаи муқовимат ба коррупсия, фароҳам овардани шароит бо мақсади мушкилгардонидани рафтори коррупсионӣ ва пастшавии сатҳи коррупсияро таъминкунанда;

— вусъатдиҳӣ ва фаъолгардонии ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба коррупсия;

— ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

— таъмини иҷрои меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ аз тарафи аҳли ҷомеа, аз ҷумла дар мавридҳои зарурӣ татбиқ намудани чораҳои маҷбурсозӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда;

— муомилоти молиявӣ, аҳдҳои тиҷоратӣ, сармоягузориҳо ва корҳои оммавӣ бояд танзим ва идоракунанда бошанд, яъне зери назорати қатъии давлатию ҷамъиятӣ ва шаффоф бошанд, расмиёти танзимкунандаи онҳо содда гардонидашуда, фароҳам овардани шароити мусоид ва имтиёзнок барои ба Тоҷикистон ворид шудани сармояву амалиётҳои молиявӣ, дороиҳо ва таҷҳизотҳои муосир.

21. Принсипҳои асосии ҷорӣ намудани Стратегия инҳо мебошанд:

— волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун, дебюрократизатсия;

— таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат аз ифшои коррупсия;

— поктинатӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ – Стратегия ба манфиат ва фоидаи умумии ҳамаи шаҳрвандон, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҷорӣ карда шавад ва амалисозии он бояд дар ҳамаи марҳилаҳо шаффоф ва ҳисоботдиҳанда бошад;

— коррупсия ҳамчун яке аз таҳдидҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва монеа ба рушди нумўи иқтисодиёти давлат эътироф карда шавад;

— озодии сухан;

— ҳамкории (шарикии) давлат ва бахши хусусӣ ва «баровардани тиҷорат аз иқтисодиёти махуф», бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

— муттасилият ва воқеъият – паст кардани коррупсия шиддати коррупсия танҳо тавассути тадбирҳои муттасил ва мунтазам ва бо дарназардошти вазъияти воқеӣ амалӣ карда шавад ва барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас асос гардад;

— амалҳое, ки бар зидди коррупсия равона гардидаанд, танҳо бо шарти муқаррар намудани афзалиятҳои воқеъӣ ва мўҳлатҳои иҷрои онҳо самаранок мегарданд;

— натиҷаҳои маъмул ва маҳаки баҳогузории ҳолати иҷрои муваффақи бандҳои мушаххаси Нақшаи чорабиниҳои Стратегия бояд нишондиҳандаҳои натиҷаҳои амалишавии Стратегия ҳамчун механизми воқеӣ гарданд; 

— пайдарҳамӣ ва ҳамоҳангсозии кўшишҳо – аз принсипҳои дар боло овардашуда ва мавҷудияти мониторинги мунтазами вазъияти ҷорӣ бармеоянд;

— соддагардонидани тартиби мурофиавии тафтишоти коррупсия ва муқаррар намудани ҷазои ҷаримавӣ ба миқдори мутаносиб ба ҳаҷми ғараз (дорошавии ғайриқонунӣ) ё зарари молиявӣ ва мусодираи амвол ҳамчун намуди асосии ҷазои ҷиноятӣ;

— ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ – мавриди ҷорӣ намудани Стратегия фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд шаффоф, амиқ ва ба дараҷаи ниҳоӣ самаранок бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бошад.

22. Маҷмўи чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба принсип ва меъёрҳои қонунгузории дохилӣ,  ҳуқуқи байналмилалӣ,  таҳлили вазъи  ҷиноятӣ  ва пешгўии рушди он, натиҷаи тадқиқотҳои илмии амалияи муқовимат ба коррупсия,  аз он  ҷумла,  таҷрибаи  амалҳои муштарак,  пешниҳоди коршиносони  байналмилалӣ,  намояндагони  мақомоти давлатӣ  ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асос меёбад.

23. Муҳлатҳои амалӣ намудани Стратегия ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2013-2020 пешбинӣ шудааст.

24. Манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои Стратегия ва чорабиниҳои мушаххаси иҷрои онҳо аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, захираҳои шарикон — созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо-донорҳо, инчунин ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иборат мебошад.

Боби 1. Самтҳои асосии Стартегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

§ 1. Сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ

25. Сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ дар самтҳои зерин таъмин мегардад:

— баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, тавассути таҳия, мунтазам мукаммал ва амалӣ намудани барномаҳои идоравии зиддикоррупсионӣ дар самти фаъолияти онҳо;

— дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ки айният ва шаффофиятро мавриди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои идоравӣ, инчунин ҳамкории байниидоравии электронии мақомоти зикршуда бо шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар доираи низоми ҳукумати электронӣ, расонидани хизматрасонии давлатӣ;

— имплементатсияи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида ва уҳдадориҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи иштироки намояндагони ваколатдори Тоҷикистон дар иқдомҳои минтақавии зиддикоррупсионӣ дар шакли тавсияҳои мониторингӣ ва рейтингӣ дода шуда, бо роҳи ҳуқуқэҷодкунӣ ва гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 — криминализатсияи талаботи ҳатмӣ ва иловагии Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия бо пешбинӣ намудани паҳлуҳои асосии ин самт ҳамчун тадбирҳои ҳуқуқэҷодкунанда дар Стратегия;

—  таҳияи механизми иҷрои талаботи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” оид ба низоми пешгирии коррупсия ва такмили минбаъдаи ин низом дар Қонуни зикршуда;

— такмили низоми назорати давлатии молиявӣ ва аудит оид ба хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ;

— таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия дар мақомоту муассисаҳои давлатӣ;

— такмили шароит, расмиёт ва механизмҳои хариди давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи васеъ намудани амалияи гузаронидани музоядаҳо дар шакли электронӣ, инчунин такмили расмиёти дахлдор;

— баланд бардоштани аҳамиятнокии мақомоти маъмурӣ ва дохилиидоравӣ оид ба риояи талабот нисбат ба рафтори хизматии хизматчиёни давлатӣ ва батанзимдарории бархурди манфиатҳо;

— вусъат додани низоми маърифати ҳуқуқии ҷомеа;

— такмили кори воҳидҳои хадамоти кадрҳо ва аудити дохилии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷорӣ намудани масъулият ва маҳаки нишондиҳандаҳои натиҷаи фаъолияти хизматии онҳо оид ба пешгирии коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

— тадқиқоти даврии маҷмўии ҳолати коррупсия ва самаранокии тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар миқёси ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ бо истифодаи усулҳои махсуси тафтишот ва кумаки техникӣ;

— таҷдиди назар кардани қонунгузории мурофиавии судии гражданӣ ва иқтисодӣ;

—  баланд бардоштани самаранокии иҷрои қарорҳои судӣ;

— таҳияи асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии мониторинги ҳуқуқтатбиқкунӣ бо мақсади таъмини қабули саривақтии қарорҳо дар ҳолатҳои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишуда;

— такмили асосҳои ташкилию методии экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқаррар намудани натиҷаҳои мусбии баррасии хулосаҳои он дар таносуби дарсад ба сифати нишондиҳандаи натиҷаи фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда;

— татбиқи босамар ва мақсадноки маҳдудиятҳо, манъкуниҳо ва уҳдадориҳо, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади пешгирии коррупсия муқаррар карда шудаанд доир ба шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд, аз ҷумла шахсони мансабдорони  ҳокимияти давлатӣ;

— баланд бардоштани сифати омодагии касбии мутахассисон дар соҳаи ташкили пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия;

— такмили низоми баҳисобгирии молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ;

— вусъат додани иштироки Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалии зиддикоррупсионии ҳуқуқӣ, аз ҷумла коркарди асосҳои ташкилии ташаббусҳои минтақавии зиддикоррупсионӣ, мубодилаи таҷриба бо давлатҳои дигар дар ҷараёни таълими мутахассисон бо роҳи ташкили таҷрибаомузии онҳо, тадқиқоти сабаб ва оқибатҳои коррупсия ҳангоми тайёр кардани кадрҳо, иштирок дар семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар;

—  бартараф намудани ҳама гуна омилҳои тавлидкунандаи коррупсия, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо монеагӣ мекунанд;

—  омўзиши амалия ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба муқовимат ба коррупсия;

— таъмини иштироки манфиатдори ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия.

§ 2. Криминализатсияи коррупсия ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ

26. Криминализатсия аз нуқтаи назари илмӣ на танҳо мустаҳкам намудани намудани аломатҳои нави таркиби ҷиноят, ҳамчунин баланд бардоштани санксияҳо дар доираи таркибҳои мавҷудаи ҷиноят, истифодабарии маҳдудиятҳо дар институти озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо фаҳмида мешавад.

27. Криминализатсия бояд дар ду ҷанба баррасӣ карда шавад, ҳамчун ҷараён ва натиҷа. Ҷараёни криминализатсия ин ошкор намудани шаклҳои ба ҷамъият хавфнокии кирдорҳои инсонӣ ва эътирофи имконпазирӣ ва мақсаднокии муборизаи ҷиноятӣ — ҳуқуқӣ бо он мебошад. Натиҷаи криминализатсия ин пайдо шудани меъёрҳои нав дар қонунгузории ҷиноятӣ мебошад.

28. Дар бахши криминализатсияи коррупсионӣ (муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои коррупсионӣ) тағйир додани муқаррароти дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мувофиқ ё мутобиқ овардани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба муқаррароти Конвенсия Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия мебошад. Чунончи фарқияти амиқи ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ, аз ҷумла бо роҳи муқаррар намудани ҳадди аққали арзиши туҳфа, ки баъди гирифтани он ҷавобгарии ҷиноятӣ пеш меояд, бояд муайян карда шавад.

29. Мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бояд муайянсозии баъзе ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ гузаронида шавад (Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид бар зидди коррупсия, Конвенсияи Шўрои Аврупо дар бораи ҷавобгарӣ барои коррупсия ва Конвенсияи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) дар бораи мубориза ҷиҳати ба шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ додани пора (ришва) ҳангоми гузаронидани амалиёти кории байналмилалӣ).

30. Дар ин ҷараён криминализатсия ҳамчун мукаммалгардонии қонунгузории ҷиноятӣ бо истифода аз дастовардҳои таҷрибаи бомуваффақи таъқиботи ҷиноятии амалҳои коррупсионӣ ва бо ин васила густариши огоҳисозии ҷинояткорӣ, ки дар замони муосир аз коррупсия реша мегирад, дар асоси ҷорӣ намудани тарзу усулҳои амалияи пешқадами хориҷӣ, ки дар стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ пешбинӣ гардиданд, хеле муҳим аст. Ниҳоят, аз ин нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ вобастагии калон дорад. Қобили зикр аст, ки айни замон заминаҳои зарурӣ фароҳам гардидаанд.

31. Барои Тоҷикистон стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ пеш аз ҳама талаботи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Гурўҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул, Созмони ҳамкории иқтисодӣ пешбинишуда дар мадди аввал бояд баррасӣ гарданд.

32. Ба масоили криминализатсияи шаклҳои гуногуни зоҳирёбии коррупсия, порахурӣ ва ҳар гуна кўшишҳо барои моил кардан ё моилшавии шахсони мансабдори оммавӣ, ки дар низоми навини давлатдорӣ вазъи муайянсозандаи батанзимдарории муносибатҳои муҳими ҷиноятӣ доро гардидааст, муқобилияти баъзе гуруҳҳои манфиатдор ба ин ҷараён хос мебошад. Баробари ин, мунтазирии ҷомеа аз истифодаи имкониятҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи рушди воқеъии муносибатҳои дурнаморо тақозо менамояд. Бинобар ҳамин сиёсати зиддикоррупсионии давлат аз криминализатсия сар карда чунин эҳтиёҷотро дар назар доштааст.

32. Яке аз шаклҳои криминализатсия – дар Кодекси ҷиноятӣ такмил додани механизми ба ҷавобгарӣ кашидан ва пешгирикунии амалҳо оид ба харида гирифтани (моил кардани) шахсони мансабдор, ки дар қасди мақсаднок ва ғаразнок ифода мегардад.

33. Комиссияи кории байниидоравӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, имплементатсияи муқаррароти Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия ва тавсияҳои FATF-ро дар тули соли аввали амалишавии Стратегия амалӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар асоси омўзиши таҷрибаи муваффақи хориҷӣ то оғози мониторинги Тоҷикистон оид ба Механизми шарҳи ҷараёни амалишавии Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия (иқдоми умумиҷаҳонии Конференсияи давлатҳо-аъзоёни Созмони Миллали Муттаҳид), маърузаи муфассалро омода менамояд.

34. Мувофиқи Ҳисоботи СҲИР оид ба мониторинги Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулӣ, ҷиҳати иҷрои тавсияҳои дахлдор алалхусус номувофиқатиҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуданд ва вобаста ба ин ва мутобиқ ба талаботи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия, дар фасли «Криминализатсияи коррупсия» ҳисоботу тавсияҳои нав дода шуданд.

35. Барои мувофиқат бо стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ омўхтани имконпазирии ворид намудани  тағйиротҳо ба моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ дар бораи порахўрии фаъол ва ғайрифаъол, алалхусус – ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «талаб, дархостан»-и пора», «розӣ шудан ба таклифи пора ё қабул намудани таклиф ва ё ваъдаи пора» дар ҳолати порахурии ғайрифаъол ва барои «таклиф» ва «ваъда»-и пора дар ҳолати порахурии фаъол омўхта шаванд. Бояд мафҳумҳои «амвол, дороиҳо, неъматҳои ғайримоддӣ ва бартариятҳо, имтиёзҳои дигар” ва доираи предмети пора муайян карда шуда, «бартарияти ғайриқонунӣ» бе маҳдудсозии «фоидаи моддӣ» фаҳмида шавад. Ҳамчунин миёнаравӣ ва иштироки шахсони сеюм муайян карда шуда, дар ин асос бояд ҷавобгарии ҷиноятӣ барои таъсири номатлуб дар амалӣ гаштани мақсадҳои ғаразнок ҷорӣ карда шавад. Ба ғайр аз ин, миқдори ҳадди аққали туҳфа, ки баъди гирифтани миқдори зиёдтари он шахси масанбдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, баррасӣ карда шавад.

36. Алалхусус, ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ришвахўрӣ (порахўрӣ) аз тарафи шахсони мансабдори давлати хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ (ба истиснои дорои масуният)  бо роҳи аниқ намудан ва васеъ гардонидани  мафҳуми «шахси мансабдор» амалӣ карда мешавад.

37. Механизми зерқонунии муқовимат ба расмикунонии дороиҳои (амвол, воситаҳои молиявӣ ва даромадҳо) бо роҳи ҷиноят бадастоварда аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон, тамоми субъектҳои дигари бақайдгирандаи гардиши чунин дороиҳо бо дастурамали ҳукуматии танзимкунандаи тартиби пешниҳоди иттилооти дахлдор дар бораи амалиётҳои шубҳанок бо дороиҳо ба миқдори аз ҳадди аққали бо қонун муайян шуда зиёд буда, шахсони ба гардиши чунин дороиҳо алоқаманд ва ирсол намудани маводҳои дахлдори таҳлилӣ ва санҷишу тафтишҳои молиявӣ ва аудитӣ бо мақсади назоратбарии гардиши дороиҳо дар кишвар таҳия карда мешавад.

38. Тартиби мавҷудаи мусодираи дороиҳое, ки ҳангоми содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст оварда шудаанд, кофӣ намебошад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки ба тартиби мусодираи ҳамаи воситаҳо ва даромадҳое, ки дар натиҷаи ҷиноятҳои гуногуни хусусияти коррупсионидошта ба даст оварда шуданд, сарфи назар аз дараҷаи вазнинии онҳо, инчунин мусодираи амвол ва ё эквиваленти пулии даромадҳои дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст овардашуда, тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Яке аз усулҳои самарнок оид ба пешбинӣ намудани мусодираи амвол ва дороиҳои дигари дар натиҷаи коррупсия ба даст оварда шуда, ҳамчун намуди ҷазои асосӣ ва ҷарима ҳамчун намуди ҷазои алтернативӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҳамаи намудҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.

39. Мукамалгардонӣ ва таҳкими фаъолияти судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ. Баамалбарории маҷмуи тадбирҳо оид ба таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбӣ ва судҳо ҳамчун тадбирҳои мушаххас баҳри устувор намудани самаранокии фаъолияти кормандони мақомоти зикршуда ва таъмини амният мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният”, ки соли 2011 қабул гардид, равона мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки суботи сиёсӣ, боздоштани шаклҳои ба ҷамъият хавфноки ҷинояткорӣ ва боварии мардум ба ислоҳоти ҳукуматӣ аз муносибати содиқонаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, поктинатӣ дар фаъолияти онҳо, таҳкими интизоми хизматӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар фаъолияти ҳар як корманд вобаста буда нақши ҳалкунанда дорад.

40. Боиси таассуф аст, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ки онҳо худ ҳомӣ ва татбиқкунандаи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд, кормандоне ҷой гирифтаанд, ки даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мезананд.

41. Дар давоми солҳои 2007-2012 аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 857 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 593 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

42. Чунин нишондиҳандаҳо моро водор месозад, ки дар ин самт корҳои зерин ба анҷом расонида шавад:

— таҳлили самаранокии фаъолияти мутахассисон, такмили низоми ҷобаҷогузорӣ, омодагӣ ва бозомўзии кадрҳо;

— таъмини баланд бардоштани сатҳи моддӣ-техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии замонавӣ;

— таъмини устувории институтсионалӣ ҳамчун шарти муқобилият ҷиҳати аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кори дигар рафтани кадрҳои омодашуда, ки ташаккулёбӣ ва мустаҳкамкунии сутуни қобили амал ва касбиро таъмин менамояд;

— бинобар ин ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мансуб будани ваколатҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти пешгирии коррупсия, дархост, додани дастури хаттӣ оид ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории зиддикоррупсионӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва манфиатҳои давлат дар асоси муроҷиати боэътимод, таҳлили хавфҳои коррупсия ё омилҳои коррупсионии ошкоршуда, дар гуруҳҳои тафтишоти молиявӣ (тафтишҳо, санҷишҳои молиявӣ ва аудит) ва санҷишҳои риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, ки нақшавӣ мебошанд, роҳбарӣ кардан ва тасдиқу назоратбарии иҷрои нақшаҳои методии тафтишу санҷишҳои муштарак бо додани дастурҳо оид ба пешгирии коррупсия ва суйистифодаҳои молиявӣ, таҳлили хавфҳои коррупсия ба аъзоёни чунин гуруҳҳо дар асоси қонун дода шавад;

— мунтазам гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ-амалии масоили муҳими мубориза бо коррупсия ҷиҳати таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба ошкор кардан ва тафтишоти ҷиноятҳои коррупсионӣ бо мақсади осон гардонидани кори душвори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судяҳо;

43. Дар ин ҷараён ташкили таҷрибаомузии кормандони зикршуда дар мақомоти зиддикоррупсионии дорои таҷрибаи пешқадам дар кишварҳое, ки барномаҳои зиддикоррупсионӣ бомувафаққият амалӣ шуданд, баробари омили муҳими ҳавасманд гардонидан ва тариқи муқоисавӣ ба сифати баланд бардоштани муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ барои азхуднамоии амалии истилоҳоти касбии забонҳои хориҷӣ ва истифодаи техникаи компютерӣ ва технологияҳои дигари замонавӣ ба таври ҷиддӣ мусоидат менамояд. Аз ин ру ин самт ҳадафи афзалиятноки фаъолияти марказҳои такмили ихтисоси кормандон шуда барои манфиатовар намудани фаъолияти босамари онҳо замина мегардад.

44. Тадбирҳо ҷиҳати тахассусмандӣ ва дар дурнамои наздик ҷудо кардани судҳои (ё судяҳои) зиддикоррупсионӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳа, таъмини касбият, поктинатӣ ва беғаразӣ, риояи Кодекси одоби судяҳо, ба омўзиш фаро гирифтани судяҳо ва кормандони дастгоҳи судӣ ба ҳолатҳои бархурди манфиатҳо, баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла коррупсия, чораҳои мушаххаси ташкилию ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва механизми баамалбарории онҳо, устувор сохтани заминаи моддию техникӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти онҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд, андешида мешаванд.

45. Баҳогузории саҳми ҳар як судя дар баланд бардоштани эътибори ҳокимияти судӣ ҳамчун тадбирҳои муҳими Стратегия дар ин самт доир ба чорабиниҳои даврӣ пешбинӣ гардида, мувофиқ ба принсипҳои Бангалории рафтори судяҳо, ки 26 ноябри соли 2002 дар шаҳри Гаага қабул гардидааст, дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешбинӣ карда мешаванд.

46. Дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри дар назди ҷомеа дар симои худ баланд бардоштани эътибор ва обрў, боварии мардум ва қаноатмандии ҳар як шаҳрванди алоҳида, ки мунтазирона ба онҳо муроҷиат мекунад, вазифаҳои ҷиддӣ гузошта мешаванд ва ҳамзамон шароити бештари ташкилию-ҳуқуқӣ ва моддию техникӣ фароҳам оварда шуда, барои ин масъулияти роҳбарони мақомот ва сохторҳои молиявию хоҷагӣ оид ба таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзур карда мешавад. Назорати самаранокии амалишавии ин тадбир ба зиммаи мақомоти прокуратура ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вогузошта мешавад.

47. Аз ҷумла такмили фаъолияти хизматчии давлатӣ, поктинатӣ ва ватандустӣ, ки муқаррароти конститутсионии арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳо ва худи инсонро дар назар доштааст, ба роҳ мондани муносибати софдилона ба вазифаҳои худ ҳамчун нишондиҳандаи натиҷаи фаъолияти хизматӣ муқаррар карда мешавад.

48. Бо шарти риояи бечунучарои ин талабот аз ҷониби давлат ҳама гуна шаклҳои ҳавасмандкунӣ ва имтиёзҳои қонунӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва инчунин вобаста аз сатҳи пешрафти иқтисодӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ки бевосита бо саҳми воқеъии ҳар як корманди мақомоти давлатӣ мансуб дониста шуда, таъминоти ҳадди баланди маоши онҳо ҳисоббарорӣ карда мешавад.

49. Аз буҷети давлат ҷиҳати мукаммалгардонии асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, механизми идоракунӣ, баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақаи кормандони онҳо мунтазам маблағҳои муайян ҷудо карда мешавад. Воҳидҳои молиявию хоҷагии мақомоту муассисаҳои давлатӣ минбаъд вазифадор карда мешаванд, ки ҳисоббарориҳои эҳтиёҷоти хароҷоти воҳидҳои сохторӣ ва кормандонро бо инвентаризатсия ҳар семоҳа гузаронида, аввали ҳар моҳ хароҷоти маводҳои канселярӣ ва дигари барои шароити мусоиди кор зарурро бе гузоришҳои воҳидҳо таъмин намоянд.

50. Баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дар асоси қарордод бо шартҳои имтиёзнок ҷалб намудани собиқадорони ба сини нафақа расидаи соҳа, ки дорои таҷрибаи ғанӣ мебошанд, ба сифати мутахассис-машваратчӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории меҳнат, буҷети давлатӣ ва танзимкунандаи вазъи ҳуқуқии онҳо (аз ҷумла аз ҳисоби ихтисори кадрҳо, сарфаи хароҷот барои таъминоти моддӣ-техникии мақомот, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои шарикӣ таъмин мегарданд) бо таҳлили ҷамъбастии мунтазам ҳамчун тадбири аввалиндараҷаи самарабахшии пешгирии коррупсия пешбинӣ карда мешавад. Яъне тамоми хароҷоти идоравӣ мавриди таҳлили мунтазам дар шакли санҷишҳои маҷмўии нозиротӣ ва аудити дохилӣ, аз ҷумла хадамоти амнияти дохилӣ ва дигар воситаҳо бо муҳокимаи ҳатмии натиҷаҳо дар ҳайати мушовараи идора гузаронида мешавад ва дар ин асос тадбирҳои дахлдор таҳия мегарданд.

51. Чунин тадбирҳо аз зарурати ҷалби кадрҳои баландихтисоси масъул ва роҳ надодан ба «бурунрафти иқтидори зеҳнӣ», ҳавасмандгардонии ҳайати шахсӣ, беҳтар намудани шароитҳои иҷтимоию маишии онҳо бо мақсади пешгирии содиршавии (моилшавӣ) коррупсия (ба ҷинояткорӣ) бармеояд.

52. Сарчашмаҳои хароҷоти ин тадбир аз ҳисоби маблағгузории буҷетӣ бо тартиби махсус барои музди меҳнат, пардохти мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, аз ҷумла аз хисоби маблағҳои барқароршудаи зарари молиявӣ ба давлат, ки ба суратҳисоби махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» барои солҳои давраи амали Стратегия қисман гузаронида мешавад, дар назар аст.

53. Такмили минбаъдаи мақомоти судӣ бо роҳи мукамалгардонии  санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба танзимдарорандаи тартиботи дохилӣ ва реҷаи кории фаъолияти судҳо (кормандони дастгоҳҳои судӣ), интихоб ва таъини судяҳо, маҳаки тақсимоти парвандаҳои ҷиноятӣ дар байни судяҳо, Кодекси касбии одоби судяҳо ва механизми амалии назоратбарии фаъолият ҷиҳати пешгирии коррупсия ва қонуншиканиҳо дар мақомоти судӣ тадбири муҳими ислоҳоти зиддикоррупионӣ мегардад.

54. Мақоми ҳамоҳангсоз оид ба муқовимати расмикунонии даромадҳои ҷиноӣ дар давлатҳои хориҷӣ мақомоти прокуратура буда, бинобар талаботи қонунгузории танзимкунандаи ин самти мубориза бо ҷинояткории коррупсионӣ ва бо дастрасии моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки шуъбаи мониторинг ва ҳамоҳангсозии низоми муқовимат ба қонунигардонии  (расмикунонии)  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ташкил карда шавад.

55. Ҷиҳати бехтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори онҳо ва дар доираи Барномаи ислоҳоти политсия пешбинӣ намудани чорабиниҳои вобаста ба мукаммалгардонии идоракунии муносиб, омўзиш, дарк ва пешгирии коррупсия, сиёсати зиддикоррупсионии давлат,  поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, одоби корманди мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода шавад

56. Дар ҷараёни фаъолият, амалисозии вазифаҳо ва ҳадафҳои мақомоти хифзи ҳуқуқ, ҳарбӣ ва судӣ бояд бо ҷалби бештари ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои тарафайн бо онҳо ба роҳ монда шуда, барои таъмини ҳадафу тадбирҳои зиддикоррупсионӣ пайваста чораҳои таъхирнопазир андешид.

         §3. Пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия

57. Пешгирии коррупсия аз маҷмуи чорабиниҳои таъсирнок иборат буда, ҷанбаҳои мухталифро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама дар натиҷаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашидани шахсоне, ки ба коррупсия даст мезананд, таҳлил ва бартарафкунии сабаб, шароити мусоид ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ба роҳ монда шавад. Дар асоси таҷрибаи бадастоварда, дар давраи амалишавии Стратегия шаклҳои зерини пешгирии коррупсия мавриди истифода қарор дода мешаванд:

— пешгирии коррупсия ҳамчун воситаи самаранок эътирофгардида, хароҷоти камтарро нисбат ба тафтишоти коррупсия талаб мекунад ва дар маҷмуъ масъалаҳои ислоҳоти идоракунии давлатӣ (поктинатӣ ва шаффофият, ҳисоботдиҳии институтҳои давлатӣ дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ), таҳлили хавфҳои коррупсия, аз ҷумла аудити фаъолият ҳамчун худбаҳогузории идоравӣ, санҷишҳои махсуси (интихобии) вазорату идораҳо ҷиҳати аз тарафи онҳо иҷро намудани барномаҳои миллӣ ва идоравӣ-соҳавии зиддикоррупсионӣ, ошкор намудани соҳаҳои бештар ба хавфҳои коррупсия гирифтор шуда, сабаб ва шароитҳои ба коррупсия ҳамчун ҳодисаи низомнок мусоидаткунанда ва андешидани тадбирҳои дахлдори эътиноиро фаро мегирад;

— дар сатҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ин мониторинги ҳолати муқовимат ба коррупсия аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили хавфҳои коррупсия дар соҳаҳое, ки бештар ба хавфҳои коррупсионӣ гирифторшуда ва шарҳи раванди амалишавии стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ, стратегияи миллии зиддикоррупсионӣ ва барномаҳои идоравии зиддикоррупсионӣ;

— дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад пешгирии коррупсия ин мониторинги коррупсия аз ҷониби шўроҳо ва комиссияҳои миллӣ ва ҷамъиятӣ оид ба муқовимат ба коррупсия;

— баҳогузории зиддикоррупсионии қоидаҳо ва расмиёти (тартиби) ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тадқиқотҳои сотсилогӣ, илмию ҳуқуқӣ ва иқтисодии коррупсия, пешгирии бархурди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ, назорати ҷараёни расмикунонии маблағҳо ва маблағгузории терроризм, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои интихоботӣ;

— принсипи афзалияти тадбирҳо оид ба пешгирии коррупсия барои бартараф ё барҳам додани сабаб ва шароитҳои барои бавуҷудоӣ ва ё мусоидат ба ҳодисаҳои коррупсионӣ равона гардидаанд.

58. Роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва усулҳои самараноки пешгирии коррупсия дар кишвар бояд дар асоси омўзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ анҷом дода шавад. Пеш аз ҳама, чунин технологияҳои кишварҳои пешқадам бояд мавриди омўзиш ва ҷорӣ намудани онҳо бо дарназардошти хусусияти миллӣ ва амалияи мавҷуда қарор дода шуда, таҷрибаи кишварҳои пешқадам бо мақсадҳои зерин тарҳрезӣ карда шаванд:

— мубодилаи иттилоот дар бораи масъалаҳо ва тамоилҳои ба миён омада дар фаъолияти худ;

— ба созиш расидан дар хусуси муқовимат ба коррупсия ва доир намудани чоранибиҳои муштараки судманд;

—  дар доираи чунин ҳамкорӣ ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба ва захираҳо, баҳри таҳлили хавфҳо, иҷрои чорабиниҳои нақшаҳои худ, таълим, интишори маводҳои ахборотӣ ва методӣ.

          59. Таҷрибаи бадастоварда нишон медиҳад, ки чунин ҳамкорӣ босамар ва натиҷанок буда мувофиқи мақсад аст, ки дар мақомоти давлатӣ воҳидҳои алоҳидаи дахлдор барои таъмини ин кор вобаста ва вазифадор карда шаванд, ки созишномаҳо (шартномаҳо)-ро дар бораи ҳамкорӣ, ташкили конференсияҳо, гурўҳҳои кории байниидоравӣ ва сафарҳои хизматии бурунмарзӣ ва дар минтақаҳои кишвар барои мутахассисони мақомот имкониятҳоро дарёфт намуда, бо созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ таҳия ва барои созиш пешниҳод намоянд.

60. Таҳияи консепсияи таълимдиҳанда. Ҳамаи институтҳо, ки ба таълими мансабдорон машғуланд, пеш аз ҳама он категорияҳо, ки хизматрасонии давлатиро барои аҳолӣ таъмин менамоянд, бояд мафҳуми бавуҷудоӣ ва манбаъҳои коррупсияро шарҳ дода, роҳҳои босамари муқовиматро ҳангоми таълим дар малакаи онҳо густариш диҳанд.

61. Муносибати педагогӣ. Ақидаи муносибати педагогӣ дар он аст, ки инсонро фақат он вақт ёд додан мумкин аст, агар ў худ дар ҷараёни таълим иштирок намояд. Мустаҳкам шудани иттилоот тавассути риояи қоидаи истифодаи усулҳои таълимгирифтаро дар кори ҳамарўза имконпазир аст. Барои ҳамин иштирокчиёни семинарҳо бояд ба ҷараёни таълим амалан ҷалб карда шаванд.

62. Натиҷа: даъват (ташвиқ) ба амал. Пешгирисозии коррупсия кўшишҳои бардавомро талаб менамояд. Амалҳои муваққатии нопайваста ба натиҷаи дилхоҳ намеоварад. Ташвиқ ба амал дар он ифода мегардад, ки муносибати низомнок, ё стратегия ва ё нақша таҳия карда шавад. Ба он чун қоида, чӣ тавре таҷрибаи пешқадами муваффақи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, дохил мешаванд:

— қабули кодекси умумии одоб (ё дастури амали зиддикоррупсионӣ) барои ҳамаи шахсони дар хизмати давлатӣ ва низоми судӣ адои вазифа менамоянд;

— таълимоти бардавом ва ҷорӣ намудани омодагии кадрҳо;

— таҳлили хавфҳои коррупсия дар дохили мақомот ва муассисаҳои давлатӣ;

— муқаррар намудани механизми дохилии назоратӣ (аз ҷумла воҳиди аудити фаъолият ва ҷараёнҳои корӣ);

— муайян намудани зарурат дар таълимоти минбаъда;

— омодагӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои муштарак оид ба пешгиринамоии коррупсия байни мақомоти зиддикоррупсионӣ ва дигари давлатӣ.

 63. Низоми эъломияи расмии даромадҳо ислоҳоти ҷиддиро талаб менамояд, масалан, онҳо бояд барои омма интишор гарданд, механизми санҷиши онҳо муқаррар гардида, доираи шахсон, ки бояд онҳоро пешниҳод намоянд, васеъ гардонида шавад.

  64. Дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва аудит ба сифати мақоми олии аудит Палатаи ҳисоб таъсис дода шуд ва мустақилият ва ҳисоботдиҳиии он пешбинӣ гардидааст.

65. Низоми хариди давлатӣ дар ҷараёни инкишоф қарор дошта, он барои Тоҷикистон мушкилоти ҷиддиро пеш меоварад. Бояд рушди хариди давлатӣ идома ёфта, ҳамаи имкониятҳои мавҷудияти коррупсия дар ин соҳа бартараф гардад ва механизми мустаҳками идоракуниву назорат  ташкил карда шавад.

  66. Дар самти мубориза бо коррупсияи сиёсӣ кори зиёд дар пеш истодааст, алалхусус, бо роҳи таъмини ҳисоботдиҳии молиявии дахлдор  аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, паҳн намудани меъёрҳои одоби кормандони мақомоти қонунгузор  ва инкишофи заминаи қонунгузорӣ оид ба идоракунии бархурди манфиатҳо.

67. Бо мақсади пешгирии коррупсия дар шохаи ҳокимияти судӣ  дар Тоҷикистон бояд меъёрҳои мушаххаси интихоб ва аз вазифа озод намудани судяҳо  пешбинӣ  карда шаванд ва аҳли ҷомеа ба маълумот дар бораи судҳо дастрасӣ дошта бошанд, имкони тақсимоти тасодуфии парвандаҳо ҷиддан баррасӣ гарданд ва низоми мавҷудаи меъёрҳои одоб, ки рафтори судяҳоро танзим мекунанд,  аз нав омўхта шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

  68. Инчунин таҳким бахшидани мубориза бо коррупсия дар бахши хусусӣ зарур мебошад. Бояд иқдоми муштарак байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ таҳия карда шаванд, ҳангоми ба роҳ мондани сиёсати давлатию ҳуқуқӣ соҳибкорон ҷалб карда шаванд, сатҳи шаффофият баланд бардошта шуда, муносибати эътимодбахш муқаррар гардад.

  69. Аз ин лиҳоз, дар низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия тадбирҳои зерин бояд андешида шаванд:

—   таҳия ва қабули лоиҳаҳои қонунҳо ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ;

—   бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

—   таҳия ва қабули қоидаҳо ва методикаи (тартиби) гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин арзёбии идоравии лоиҳаҳои онҳо;

— қабули дастурамалҳо нисбати ҳамаи хизматчиёни давлатӣ вобаста ба гирифтани мукофотҳо ва тўҳфаҳо ҷиҳати аз байн бурдани бархурди манфиатҳо;

— баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ ва дараҷаи ҳаёти воқеии  кормандони мақомоту идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ бо роҳҳои ташкил ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ, зиёд намудани музди меҳнат ва нафақапулиҳо;

—  таъмини шаффофияти ташаккул ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ ва амволи давлатӣ, назорати давлатии молиявӣ ва истифодаи самараноки онҳо;

— соддаргардонии ҷараёни (расмиёти) барасмиятдарорӣ мавриди танзими фаъолияти соҳибкорӣ (махсусан истеҳсолӣ), бо роҳҳои аз байн бурдани монеаҳои зиёдатӣ, нозарур ва ба коррупсия мусоидаткунанда;

 — кам намудани номгуи иҷозатномаҳо барои намудҳои алоҳидаи  фаъолияти соҳибкорӣ, номгуи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои гирифтани иҷозатнома ва кам намудани вохўрӣ ва бархурди субъектҳои соҳибкорӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамин ҷараён;

  — ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди қабули қарорҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳо, идоракунии мақомоти давлатӣ,  назорат ва мониторинги иҷрои онҳо, тавассути ҷойгир кардани матни чунин лоиҳаҳо дар веб-сайти мақомоти таҳиякунанда;

 — ташкили омўзиши васеи масъалаҳои коррупсия дар ҳамаи зинаҳои мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дар байни аҳолӣ ва бо иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

— таъмини дарки коррупсия, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар мубориза ба коррупсия ва пешгирии он;

-истифодаи васеи воситаи ахбори омма (радио, телевизион, рўзномаю маҷаллаҳо ва ғ.), шабакаи интернет, дар кори тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, фаҳмондадиҳии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия;

— амалӣ намудани стандартҳои байналмилалии муқовимат ба коррупсия дар кишвар, бехтар намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ;

—   баланд бардоштани обрую нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ,  паст кардани сатҳи коррупсия бо роҳҳои дарки саросарии коррупсия дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, пурзур намудани муқовимат ба коррупсия.

§ 4. Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар

ҷараёни миллии муқовимат ба коррупсия

        70. Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад ба натиҷаҳои дилхоҳ  ба даст оварад ва садди роҳи коррупсия гирифта шавад.

        71. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.»

        72. Тайи давраи сипаришуда як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла махсус баҳри муқовимат ба коррупсия, тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо мақоми назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори омўзиши коррупсия дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ, маорифпарварӣ ва тарғиби зиддикоррупсионӣ ва ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ  саҳми босазо доранд.

         73. Дар назди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуда, дар баробари намояндагони мақомоти давлатӣ дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ, намояндагони  зиёиён, дин, ассотсиатсияҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар гирифта, назорат ва баррасии масъалаҳои  амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат, дар корҳои фаҳмондадиҳии қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, ташаккули мафкура ва фазои тоқатнопазир ба коррупсия ширкат намуда истодаанд.

74. Барои ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни тарҳрезӣ ва амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини дастрасӣ ба иттилоот,  ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи шахсони дар мубориза ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули мафкура ва фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, татбиқи чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

—   ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бо коррупсия ва пешгирии он;

—  таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ бо роҳҳои иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия ва қабули қарорҳои мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ахборотдиҳӣ дар назди ҷомеа тариқи воситаҳои ахбори омма бо мақсади мураттабии системаи назорат ва шаффоф будани қарорҳое, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ қабул менамоянд;

— ташкил ва гузаронидани барномаҳои омўзишӣ вобаста ба мавзуҳои  моҳият, мафҳум ва оқибатҳои коррупсия, қонунгузории оид ба муқовимат бо коррупсия ва самтҳои пешгирифтаи давлат дар ин ҷода, стандартҳои байналмилалии пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он;

— ташкил ва истифодаи васеи шабакаи интернет ҷиҳати пурзур намудани тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, ба самъи аҳолӣ расонидани сиёсати зиддикоррупсионии давлат ва амалигардонии он;

— ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, иттиллот ва дастрасии он мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва аз байн бурдани монеаҳо ҷиҳати дастрасӣ ба иттиллоот, аз ҷумла таҷдиди назар намудани мафҳуми иттилооти пинҳонӣ кам намудани доираи маълумотҳое, ки ба ин мафҳум шомил ҳастанд;

—  баргузории конференсияҳои матбуотии даврӣ бо иштироки доираҳои васеи рўзноманигорон ва намояндагони воситаи ахбори оммаи хориҷию ватанӣ ҷиҳати  ба самъи онҳо расонидани натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия;

—  баррасии таъсиси мақоми мустақил оид ба иттиллоот, дастрасии он,  аризаҳо, таклифҳо, шикоятҳо ва назорату мониторинги он;

— иттилоотонии доимии ҷомеа дар бораи ҷараёни амалисозии Стратегияи мазкур;

— таҳия, татбиқи мунтазам ва истифодаи индексҳои сатҳи ба коррупсия гирифтор будани минтақаҳо, соҳаҳо, идораҳо дар воситаи ахбори омма бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;

— ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ бо воситаи ахбори омма тариқи бастани созишномаҳо ва таъин намудани шахсони масъул барои мубодилаи иттилоот.

Боби 2. Бахшҳои афзалиятноки амалӣ намудани тадбирҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

§1. Мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, механизми таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия, поктинатӣ ва шаффофият, ташаккули ҳукумати электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот

75. Яке аз сабабҳои доман паҳн намудани коррупсия дар байни ҷомеа ва махсусан дар мақомоту идораҳои давлатӣ, ин номукаммалии идоракунии давлатӣ, ҷойдории расмиёти нолозим ва зиёдатӣ дар онҳо мебошад. Бархўрдҳои зиёдатии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо бо шахрвандон боиси пайдоиши шароити коррупсионӣ ва муҳайё сохтани фазои коррупсионӣ дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ мегардад.

76. Солҳои охир Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои ислоҳотчии ҷаҳон шинохта шуда, рушди иқтисодиёт ҳамчун ҳадафи муҳимтарини барқароркунии давлатдорӣ гаштааст.

77. Дар ин давра идоракунии муносиби иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар пайвастагӣ бо ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ба роҳ монда шуда, танзими зиддикоррупсионии соҳаҳои стратегии иқтисодиети давлат, аз ҷумла гидроэлектроэнергетика, мубориза бо тассаруфи амволи давлатӣ, иқтисодиети махуф, расмикунонии (қонунигардонии) дороиҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, шаклҳои дигари ҷиноятҳои ба ҷамъият хафнок, аз ҷумла трансмиллӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба назар мерасад.

78. Чунончӣ, дар Паёми Президенти Ҷумҳуриин Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 қайд шудааст, ки:

“Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд бист сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.

Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣнамоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд”.

79. Ба шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар ба Ҳукумати мамлакат муяссар шуд, ки аз соли 2000-ум ин ҷониб доир ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ пайваста чораҷӯӣнамояд.

80. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии табақаҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисодиёти миллии кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаю дурнамоҳои миенамуҳлату дарозмуҳлат қабул карда мешаванд.

81. Яке аз хуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ин қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ мебошад.Консепсияи мазкур маҳз барои идоракунии муносиби давлатӣ, пешгирии бюрократия ва коррупсия равона гардидааст.

82. Ҷиҳати татбиқи талаботи Консепсияи мазкур чорабиниҳои зерини пешгирии коррупсия бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тарҳрезӣ ва амалӣ карда шавад:

— ташкили омўзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ҷиҳати амалигардонии Консепсияи ҳукумати электронӣ, технологияи нави иттилоотӣ ва идоракунии электронӣ;

— ба таври мушаххас васеъ намудани функсияҳои мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар самтҳои пешгирии коррупсия ва бархўрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ, пешниҳоду санҷиши эъломияҳо аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ оид ба даромад ва амвол, мониторинги ислоҳоти миллии зиддикоррупсионӣ.

   83. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва васеъ намудани функсияҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти пешгирии коррупсия, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ (Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия), бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, мунтазам мукаммалгардонии функсияҳои он дар самтҳои пешгирии коррупсия, бархўрди манфиатҳо, пешниҳоду санҷиши эъломияҳо аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ оиди даромад ва амвол, мониторинги сиёсати зиддикоррупсионӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назар аст.

  84. Ҳамчунин зарурати ҷорӣ намудани масъулияти зиддикоррупсионӣ мансуб ба хизматчиёни давлатӣ ва дар як вақт ба шахсоне, ки дар дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дорои саҳми давлатӣ фаъолият мекунанд ба миён омадааст.

85. Ҷиҳати таъмини поктинатӣ ва шаффофият дар хизмати давлатӣ бояд чорабиниҳои зерини пешгирии коррупсия ҳалли худро ёбанд:

—   мукаммалгардонии механизми назорату риояи талаботҳои Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар самти пешгирии коррупсия;

— ташкил ва таъмини механизми озмун барои қабул ба хизмати давлатӣ дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дар ин ҷараён таъмин намудани принсипҳои воқеъбинӣ ва беғаразӣ;

— ба таври мунтазам ва беҳтар намудани низоми омўзиши одоби хизматӣ ва бархўрди манфиатҳо дар байни хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла ташкили курсҳои махсус ҷиҳати омўзиши масъалаи мазкур дар байни хизматчиёни давлатӣ;

— таҷдиди назар намудани масъуният ва ҳуқуқи дахлнопазирии шахсони мансабдори  мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

— гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ оид ба сабабҳои воридшавӣ ва ҷойдории коррупсия дар ҳамаи  шохаҳои ҳокимияти давлатӣ бо иштироки васеи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба самъи умум расонидани натиҷаҳои тадқиқот баҳри истифодаи он дар тарҳрезӣ ва амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ;

— ба зиммаи роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ вогузор намудани омўзиш, таҳлил, хулосабарорӣ ва овардани пешниҳодот ҷиҳати сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар сохторҳо ва соҳаи фаъолияти тобеи онҳо, танзими идоракунии муносиб ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ.

86. Такмили хадамоти аудити дохилӣ. Таҳлили хавфҳо – ин расмиёти яккарата набуда ҷараёни мунтазам мебошад. Тартиби баамалбарорӣ ва самаранокии тадбирҳо, ки аз таҳлили хавфҳо бармеояд, бояд ба таври доимӣ пайгирӣ карда шавад. Барои ҳамин роҳбарияти муассиса ва ё маъмурият бояд манфиатдор ва ўҳдадор бошад, то ки механизми дохилии назоратро дар шакли аудити дохилӣ таъсис диҳад.

87. Аудити дохилӣ – ин асбоби идоракунӣ мебошад. Вай амалишавии назорати идоракунанда ва назоратро аз болои сохтори ташкилӣ ва баамалбарории амалиётҳо ба воситаи расмиёти аудиторӣ таъмин менамояд. Боз як вазифаи муҳими аудити дохилӣ қабули тадбирҳо оид ба пешгирисозии коррупсия аз дохил мебошад.

88. Хадамоти аудити дохилӣ таҳлили хафҳои коррупсияро мегузаронад, тадбирҳои дахлдорро оид ба мубориза бар зидди коррупсия дар дохили мақомоти давлатӣ пешниҳод менамояд ва амалишавии онҳоро таъмин менамояд.

89. Гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия. Вазифаи доимии хадамоти аудити дохилӣ (воҳиди сохтории ваколатдор оид ба пешгирии коррупсия) санҷиши сохтори ташкилӣ ва фаъолияти он мебошад, ки аз номи роҳбарияти мақомоти (муассисаи) давлатӣ дар ҷойҳои хавф ва бештари омилҳои коррупсионӣ ба амал бароварда мешавад.

90. Осебпазирӣ метавонад дар баамалбарории алоқаҳои беруна мушоҳида карда шавад (масалан, фаъолияти полис дар ҷомеа, гузаронидани тафтишот, баамалбарории санҷишҳо) ва/ё мавриди қабул ва таҳияи қарорҳои идоракунанда, ки метавонанд ба таври мусбӣ ва манфӣ нисбат ба шахсони сеюм зоҳир ёбанд (масалан, ҷойгиркунии фармоиши давлатӣ).

91. Таҳлили таҷриба ва муқоиса бо амалияи пешқадами давлатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки ислоҳоти бошиддати музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар навбати аввал соҳаҳое, ки бештар ба хавфҳои коррупсия гирифтор мебошанд, инчунин таъминоти моддӣ ва технологӣ ҳамчун шароити мусоиди корӣ зарур аст. Аз ин рў дар ин раванд татбиқи чораҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

— дарёфти воситаҳои иловагӣ ва имкониятҳои мустахкам намудани таъминоти моддӣ-техникӣ ва иҷтимоӣ-маишии кормандон;

— самти асосии фаъолият ба вазифаҳои воҳиди мустақили таъсисшаванда оид ба аудити фаъолият дар назди роҳбарони вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатӣ мансуб дониста шавад;

— ахбороти муфассал оид ба натиҷаҳои аудити фаъолият ҳамчун таҳлили гузаронидашудаи хавфҳои коррупсия баробари хулосаи асоснок дар бораи эҳтимолияти хавфҳои коррупсия дар ин ё он соҳаҳои фаъолияти идора ба роҳбари мақомот барои андешидани чораҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад.

§ 2. Пешгирии коррупсияи сиёсӣ ва нақши мақомоти қонунгузорӣ дар  самти муқовимат ба коррупсия

92. Коррупсияи сиёсӣ дар Тоҷикистон зуҳуроти номатлубест, ки бояд дар доираи муборизаи минбаъда бар зидди он чораҳои таъхирнопазир андешид. Дар ин самт ба мақсад мувофиқ аст, ки шаффофияти кори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ ва хароҷоти мақсадноки маблағҳо барои гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ таъмин карда шавад, то ин ки фишороварӣ нисбат ба номзадҳо ва ҳизбҳо роҳ дода нашавад. Ҳамзамон оид ба манбаъҳои даромади ҳар як ҳизб ҳар сол маълумоти расмӣ дар матбуот нашр гардад. Бо ин мақсад зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад, зеро ки Қонуни мазкур ба маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳисоби буҷет ва ҳар гуна созмонҳое, ки ҳадафҳои сиёсӣ доранд, иҷозат намедиҳад. Аммо дар масъалаи ҳаҷми хайрияҳои хусусӣ маҳдудият вуҷуд надорад. Ашхос ва созмонҳое, ки ҳуқуқи маблағгузории ҳизбҳоро доранд, ўҳдадор нестанд оид ба хайрияҳои худ ахборот диҳанд. Ба созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳову муассисаҳо, шаҳрвандон, инчунин кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати бо сармояи хориҷӣ ба суратҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ сармоягузорӣ намоянд иҷозат дода намешавад. Илова бар ин хайрияҳои беном низ манъ карда шудаанд.

93. Маблағгузории маъракаҳои интихоботиро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим менамояд. Барои маблағгузории маъракаҳои интихобот номзад аз ҳизби сиёсӣ хазинаи (фонди) интихоботӣ таъсис менамояд. Маъракаҳои интихобот танҳо аз ҳамин хазина маблағгузорӣ карда мешаванд. Манъбаҳои даромади хазинаҳои интихоботӣ маблағҳои комиссияи интихоботӣ, маблағҳои худи номзад ва ё ҳизби сиёсӣ буда метавонанд. Инчунин маблағҳои хайрия аз ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ манбаи даромад шуда метавонанд. Ба маъракаи интихобот ворид кардани маблағҳо ба шакли хайрия аз ҷониби муассисаҳои маҳаллӣ ва мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ, корхонаҳое, ки беш аз 30% саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои динӣ ва хайриявӣ, кишварҳои хориҷӣ ва ашхоси ҳуқуқии хориҷӣ, ашхоси ҳуқуқие, ки бо маблағгузории хориҷӣ кор мекунанд, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва хайрияҳои беном манъ аст 

94. Шаффофият ва назорати маблағгузорӣ барои ҳизб ва хазинаи интихобот. Механизми назорати маблағгузории ҷории ҳизбҳо вуҷуд надорад. Ҳамзамон ҳисоботи ҳарсолаи ҳизбҳои сиёсӣ дар бораи манбаъҳо ва маблағҳои даромад, дар бораи хароҷоти маблағгузории ҷории ҳизб дар давоми соли тақвимӣ, инчунин оид ба дороиҳои ҳизб ва андозҳои пардохтшуда таҷдиди назар карда шаванд.

95. Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва комиссияҳои интихоботӣ бояд дар бораи даромадҳо, хароҷотҳои маблағҳои барои интихобот ҷудогардида, оид ба хароҷоти маблағҳои аз хазинаҳои интихобот ҷудогардида ва хароҷоти воситаҳои фондҳои интихоботӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.

96. Ҳисоботҳои молиявии номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ дода мешаванд, вале ҳисоботи дигари муқаррарӣ ва ба воқеият ҷавобгў тартиб дода намешаванд.

97. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ минбаъд назорати маблағгузориҳоро аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузории фондҳои интихоботии номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои пулии ин фондҳоро таъмин намояд.

98. Бинобар ин назорат аз болои манбаъҳои маблағҳои пулии худи номзадҳо ва ҳизбҳо ва ё аз болои воситаҳои пулии аз хайрияҳо, ки ба хазинаи интихоботӣ ворид мешаванд вуҷуд надорад, низоми маблағгузорӣ ба ҳисоби ҳизб дар қонунгузорӣ пешбинӣ гардида бошад ҳам, дар амалия равшанӣ ва ошкорбаёнии онҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

99. Қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъерҳои одоб ва рафтори вакилонро ҳангоми адои ваколатҳои вакилӣ ва бо мақсади нигоҳ доштани меъерҳои баланди маънавӣ ва фаъолияти бенуқсон пешбинӣ шуда бошанд ҳам, дар бораи беғаразӣ ва ҳалолкорӣ дар фаъолият ва бархўрди манфиатҳо, инчунин дар бораи шаффофият ва зарурати пурзур гардидани боварии ҷомеа меъерҳои дахлдор вуҷуд надоранд.

100. Мутобиқи қарори Созмони умумиҷаҳонии парлумонӣ бар зидди коррупсия аз 19 ноябри соли 2008 дар Кодекси одоби намояндагони мақомоти қонунгузорӣ бояд пешгирии бархўрди манфиатҳо, шаффофият, маълумоти ошкоро, масъунияти намоянда инъикос ёбанд ва механизми танзими иҷрои он таъмин карда шавад.

101. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки тадбирҳои зерин ҳалли худро ёбанд:

— пешбинӣ намудани пешниҳоди ҳисоботҳои ҳарсола аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва дастрасии оммавии онҳо, иттилоот дар бораи маблағҳои дар давоми сол ба даст овардашудаи ҳизбҳои сиёсӣ;

— аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба мансабҳои сиёсӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани иттилоот дар бораи даромад ва хароҷоти фондҳои интихоботӣ ва таъмини дастрасии он барои ҷомеа;

— такмили қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумурии Тоҷикистон ва таъмин намудани татбиқи онҳо дар таҷриба;

— таҳияи заминаи ҳуқуқӣ барои ҳаллу фасли бархўрди манфиатҳо ва механизми амалӣ намудани пешгирии онҳо ва ҳалли мухолифатҳои ахлоқӣ аз ҷониби шахсони мансабдори сиёсӣ.

         §3. Такмили фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ (поктинатӣ дар бахши хусусӣ)

102. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии бахши хусусӣ ва беҳсозии шарту шароити маблағгузории онро яке аз самтҳои афзалиятноки худ ҳисобида, сол аз сол дар ин самт чораҳои дахлдор андешида шуда истодаанд. Аммо дар баробари шарту шароитҳои мусоид дар фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам овардашуда, дар ин самт низ мушкилиҳо боқӣ мемонанд. Яке аз ин мушкилиҳо насупоридани андозҳо ва ё рўйпўш гардидани даромадҳои аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастовардашуда мебошанд.

103. Бо дарназардошти ин такмили минбаъдаи талаботи қонунгузории амалкунанда, ки нисбат ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ гузошта шуданд, алалхусус оид ба ҳолатҳои ба дафтарҳои ҳисобдорӣ уҳдадориҳои пулии дарёфткунандаҳои қалбакиро ворид кардан, сабти хароҷоти иҷронашуда, барои истифода аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, дигар амалҳои ғайриқонунии роҳбарони корхонаҳо ва шахсони дигари масъули дафтари ҳисобдорӣ, таҳиякунандагони ҳисоботи молиявӣ татбиқи чораҳои муосири ҷавобгарӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба мақсад мувофиқ аст.

104. Дар ин ҷода зарур аст, ки вобаста ба мустақилият ва беғаразии аудиторон ҳангоми иҷрои вазифа бояд стандартҳои байналмилалӣ риоя шаванд, аз ҷумла аудиторон набояд бевосита ё бавосита бо объектҳои аудитшаванда муносибати касбӣ дошта бошанд (ба ин ҷо шахсони ба аудиторон робитадошта низ дохил мешаванд), ҳамин қоида ба ташкилотҳои аудиторӣ низ дахл дорад). Вобаста ба ин афзоиши маърифати зиддикоррупсионӣ дар бахши хусусӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо давлат ва амалӣ кардани назорати дохилӣ дар марҳилаҳои навбатии Стратегия бояд мавриди истифодаи васеъ қарор дода шавад.

        105. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар ҷараёни ташкил ва  фаъолияти ҳамарўзаи бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, ташкили монеаҳои сунъӣ ва барзиёд дар ҷараёни бақайдгирӣ, иштироки онҳо дар хариди давлатӣ, кор ва хизматрасониҳо, пардохти андозҳо, ташкил ва амалинамоии баҳисобгирии муҳосибӣ, санҷиши фаъолияти иқтисодию молиявии онҳо, назорат ва мониторинги он ҳоло ҳам монеаҳои зиёд вуҷуд доранд.

106. Бинобар ин ва бо мақсади ҷалби сармоягузориҳо ва рушди устувори иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ айни замон масъалагузории эҳтиёҷоти зайл ба миён омадааст:

— бунёди шароитҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба кам шудани «иқтисодиёти махуф», расидан ба шаффофияти ҳадди аксар ва батанзимдарории вазифаҳои назоратии мақомоти ваколатдори давлатӣ;

— баратараф намудани сабабҳои бурунрафти дороиҳо ва сармоягузориҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои баргардонидани онҳо ба бахши воқеъии иқтисодиёти миллӣ;

— таъминоти ҳуқуқӣ (такмили қонунгузорӣ) ва иқтисодии (аз ҷумла чорабиниҳои ташкилӣ бо роҳи ҷойгир намудани видеокамераҳои назоратӣ) шаффофияти фаъолияти мақомоти назоратию тафтишотӣ;

— баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии махсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ;

— ҳавасмандкунии сармоягузориҳо, аз ҷумла сармояи ватанӣ ба соҳаи истеҳсолии иқтисодиёти кишвар;

— мустаҳкам намудани соҳаи буҷетӣ ва дар ҳамаи сатҳҳо таъмин намудани гузариш ба буҷетҳои воқеъӣ ва амалишаванда;

— таъмини бартарафсозии марҳилавии камбудиҳои бозор ва андешидани чораҳо ҷиҳати кам кардани инфлятсия то ҳаҷми танзимкунанда;

— бунёди шароит барои ихтисор кардани муомилоти нақдии пулӣ, аз ҷумла ҳавасмандкунии истифодаи васеъи технологияҳои электронии ҳисоббаробаркуниҳо дар муносибатҳои молию пулӣ;

— бартараф намудани механизмҳо ва шароитҳое, ки ба «расмикунонии» маблағҳои ғайриқонунӣ бадастоварда, ошкор намудани механизмҳо ва маҳдудкунии ҳуқуқии «нақдикунонии» ғайриқонунии воситаҳои пулӣ;

— баланд бардоштани самаранокии назорат аз болои амалиётҳои асъорӣ ва воридотию содиротӣ, андешидани чораҳо оид ба таъминоти кафолатдодашудаи (суғуртакунонии) чунин амалиётҳо, вусъат додани заминаи шартномавии байнидавлатӣ оид ба масъалаи мазкур;

— тафтиш ва назорати мавзўии омодагӣ ва иҷрои созишномаҳои консессионӣ (барои идоракунӣ, супоридани иншоотҳои моликияти давлатӣ) дар бораи истифодаи муваққатии воситаҳои давлатӣ;

— таъмини назорати амортизатсия ва соқит намудани воситаҳо ва амволи давлатӣ;

— ҷорӣ намудани назорати маҷмўии бонкӣ аз болои фаъолияти гурўҳҳои молиявӣ-саноатӣ;

— таъмини мавҷудияти баробари иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ;

— ҷорӣ намудани низоми мустақили нозироти санҷиши пешакии амалиётҳо вобаста ба ҳамлу нақл ва қарордодҳои воридотию содиротӣ ҳангоми гузаронидани расмиёти гумрукӣ;

— бо давлатҳои ҳамсарҳад ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотӣ дар бораи борҳои аз сарҳад интиқолшаванда, аз ҷумла транзитӣ;

— танзими ҳуқуқии возеҳи расмиёти қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва расонидани муҳтавои онҳо ба аҳли ҷомеа;

— муқаррар намудани масъулияти фардии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ барои қабули қарор;

— такмили низоми гузаронидани озмунҳо оид ба ҷойгир намудани фармоишҳои давлатӣ ва хариди давлатӣ, тендерҳо ва музоядаҳо оид ба хусусигардонӣ;

— таъмини шаффофияти механизмҳои истифодаи воситаҳои давлатӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, инчунин қарзҳои зери кафолати давлатӣ қарор гирифта тавассути ҷорӣ намудани иттилооти муфассал дар веб-сайти мақомоти дахлдори давлатӣ;

— такмили фаъолияти биржавӣ ва бозори қоғазҳои қиматнок;

— кам кардани фаъолияти инҳисорӣ ва ташкили рақобат дар соҳаи расонидани хизматрасонии давлатӣ, тартиб додани феҳристи корхонаҳои қарздор ва муфлисшуда;

— дар амал ҷорӣ намудани интишори ҳисоботҳои ҳарсолаи фаъолияти молиявии ширкатҳои миллӣ ва субъектҳои инҳисори табиӣ дар воситаҳои ахбори омма ва Интернет;

— дар амал ҷорӣ намудани бекоркунии оммавии созишномаҳо ва қарордодҳо, бозхонди иҷозатномаҳо ва санадҳои бақайдгирӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунанд;

 107. Тадбирҳои иловагӣ дар соҳаи сармоягузорӣ инҳо мебошанд:

— таъмини шаффофияти бастани қарордодҳо бо ширкатҳои хориҷӣ ва интишори ахборот дар бораи ҷараёни иҷрои онҳо, ба истиснои маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ;

— интишор ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи механизмҳои пешниҳоди имтиёзҳо барои сармоягузории бевосита;

— таъмини дастрасии васеъи субъектҳои бахши хусусӣ ба иттилооти меъёрии ҳуқуқӣ ва маъмурии ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла тавассути истифодаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ.

            108. Оид ба беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ дар кишвар пеш аз ҳама бояд такмили заминаи қонунгузорӣ, барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои аз ҷиҳати илмию амалӣ асоснокшуда, омўзиш ва таҳлили иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмини ҳуқуқҳои молумулкӣ ва пешгирии талафу тасарруфи он, бартараф намудани монеаҳои зиёдатии маъмурӣ зарур аст.

§ 4. Такмили кодексҳои касбии одоб ва самти кадрии хизмати давлатӣ

109. Маҷмўи қоидаҳои рафтори хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хислати ахлоқии фаъолияти касбии онҳоро таҷассум менамояд дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2010  №932 тасдиқ шудааст, гирд оварда шудаанд.

110. Дар Кодекси мазкур навгониҳои зиёд ба монанди муқаррар намудан ва танзими назорати риояи Кодекси одоб, инчунин тартиби ташаккул ва амали комиссияҳо оид ба одоб, ки бояд назорати риояи Кодексро амалӣ намоянд, таҷассуми худро ёфтаанд. Мутаассифона дар Кодекс сохтори одоби хизматӣ дарҷ нагардидааст ва ба ҷанбаъҳои амалӣ ва ангезандаи фаъолияти мусбии хизматчиёни давлатӣ эътибор дода нашудааст, Мўҳтавои Кодекси мазкур хусусияти абстрактӣ дошта, роҳандозии он ба кори ҳамарўзаи фаъолияти хизматчиени давлатӣ алоқамандӣ надорад.    Бинобар ин ҷиҳати такмили муқаррароти Кодекси мазкур зарур аст, ки тадбирҳои зайл амалӣ гарданд:

— дар кодекси одоби хизматчии давлатӣ пешбинӣ намудани тавзеҳи принсипҳои хизмати давлатӣ, инчунин таърифи амиқи стандартҳои маъмули рафтори хизматчиёни давлатӣ;

— такмил додани механизмҳои назорат оид ба риояи одоби хизматчиёни давлатӣ;

— таҳия ва ҷорӣ намудани кодексҳои махсуси одоб барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо;

— такмили таълимоти таҷриба барои хизматчиёни давлатӣ ва роҳбарони ин мақомот тавассути беҳтар намудани низоми таълим оид ба одоби хизматӣ ва танзими бархўрди манфиатҳои хизматчиёни давлатӣ ва дар ин ҷараён ташкил намудани таҳсилоти доимӣ ва даврӣ;

— мунтазамнокии низоми қабул ба кор, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба мансаби баланди давлатӣ;

— гузаронидани расмиёти мушаххас оид ба қабул ва тайёр намудани кадрҳо барои вазифаҳои пурмасъуле, ки ба зуҳуроти номатлуби коррупсия бисёр дучор мешаванд;

— таъсиси барномаи мушаххас оиди иҷрои босамари функсияи хизматчии давлатӣ; 

§5. Такмили низоми хариди давлатӣ

111. Сарфаҳои хариди давлатӣ тахминан 10 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳоло низоми хариди давлатӣ дар давраи ташаккулёбӣ қарор дорад, ки он аз як тараф вобаста ба миқдори зиёди мақомот ва муассисаҳои давлатӣ, аз тарафи дигар вобаста ба маҳдудияти захираи буҷети давлатӣ ташвишовар ба назар мерасад. Ҳамин тавр, саъйу кўшиш барои дар оянда такмил ва рушд ёфтани низомии хариди давлатӣ бо мақсади бартараф намудани аломатҳои коррупсионӣ ва бунёди механизми таъсирбахши идора ва назорати хариди давлатӣ аз масъалаҳои муҳим ва таъҷилӣ ба шумор меравад.

  112. Новобаста аз он ки дар қонунгузорӣ оид ба хариди давлатии амвол, кор ва хизматрасонӣ қоида ва тартиботи муайян барои ҳамаи муассисаҳо ва соҳаҳо, ғайр аз масъалаҳои мансуб ба мудофиаи миллӣ, ҳифзи амният, сирри давлатӣ, металл ва сангҳои қиматбаҳо ба роҳ монда шудааст, дар таҷриба як қатор мушкилот дар ин самт мавҷуд аст. Лоиҳаҳои зиёде вобаста ба ҳаҷми берун аз тавозун, ба монанди бунёди неругоҳҳои барқии хурду калон мавҷуданд, ки дар доираи қоида ва тартиботи хариди давлатӣ ҷой намегиранд. Дар айни ҳол ин қабил лоиҳаҳо барои давлат ва ҷомеа муҳим буда, сарфи назар намудани онҳо ғайриимкон мебошад. Ин таҷриба метавонад дар ҳисобботдиҳӣ ва шаффофияти хариди давлатӣ мушкилот пеш орад ва ин ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, ки дар ҳамаи навъи хариди давлатӣ вобаста ба ҳамаи бахшҳо бояд қоидаҳои мушаххас амал намуда, хариди амвол дар асоси талабот шаффофу ошкоро сурат гирад,  мувофиқат намекунад.

  113. Аз ин рў дар ин самт андешидани тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

-баланд бардоштани шаффофият дар ҷараёни хариди давлатӣ, зиёд намудани самарабахшии онҳо ва маҳдудсозии имкониятҳо ҳангоми қабули қарори беасос аз ҷониби кормандони муассисаи хариди амвол дар ҷараёни интихоб;

-пешбинӣ намудани талабот вобаста ба мавҷудияти доғи судӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳангоми озмунҳои хариди давлатӣ ва ҷараёни хусусигардонӣ иншоот; 

— ташкил ва пешбурди махзани маълумотҳои ширкатҳо, ки қаблан барои амалҳои коррупсионӣ маҳкум шуда буданд;

— баланд бардоштани сифати низоми интишори иттилоот оид ба тендерҳо барои хариди давлатӣ ва дар веб-сайти мақомоти ваколатдори давлатӣ нашр намудани иттилооти муфассал оид ба харид ва фаъолияти комиссияҳои тендерӣ, бақайдгирии навории ҷараёни гуфтушунидҳо, тендерҳо ва озмунҳо, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳуҷҷатҳои тендерӣ баъди интишори оммавии онҳо;

         — фаҳмонидани маҳакҳои интихоб, усулҳои арзёбӣ ба баҳогузорандагон ва шахсони нархгузоранда ва ба самъи шахсони манфиатдор расонидани мўҳтавои қарори комиссия;

— таъмини такмили ихтисоси доимии кормандони мақомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, намояндагони ташкилотҳо-харидорон, бахши хусусӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи хариди давлатӣ, инчунин оид ба масоили риояи меъёрҳои одоб;

-ба роҳ мондани идоракунии муносиби давлатӣ ва шаффофияти фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти хариди давлатӣ, таъмини иштироки баробари субъектҳо дар тендерҳо, музоядаҳо ва аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда.

§ 6. Такмили низоми назорати давлатии молиявӣ

114. Идоракунии маблағҳои буҷети давлатӣ эҳтимолияти хатари ҷиддии хусусияти коррупсионидоштаро ба вуҷуд меоваранд. Корҳои маккорона, азонихудкунии маблағҳо ва дигар шаклҳои кирдорҳои коррупсионӣ метавонанд ба ноилшавии мақсадҳои гузошташудаи давлат халалдор созад ва ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат таъсири манфӣ расонад. Аз ин рў идоракунии давлатии самаранок ва натиҷабахш аз кам кардани шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва зарурияти ташкили низоми солими идоракунии давлатии мабалғҳои буҷетиро тақозо дорад.

           115. Таҷриба ва маълумотҳои омории ҳарсола нишон медиҳанд, ки новобаста аз таҳия, қабул ва мукаммалгардонии қонунҳо дар самти молияи давлатӣ, таҳия ва амалигардонии чорабиниҳои зиёд ҷиҳати ташаккул ва  хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, самаранок истифода бурдани маблағҳою амволи давлатӣ ва хариди давлатӣ ҳоло ҳам қонуншиканиҳо ва камбудиҳои зиёди коррупсионӣ, аз ҷумла расонидани зарарҳои зиёди молиявӣ, азонихудкунии маблағу амволи давлатӣ, саркаши намудан аз пардохтҳо ва андози давлатӣ, хусусигардонии ғайриқонунӣ дар ин самт ҷой доранд. Чуноне ки мушоҳида мегардад чораҳои андешидашуда дар ин самт, кофӣ ва судманд нестанд.

116. Бинобар ин ба мақсад мувофиқ аст, ки тадбирҳои зерин дар ин самт андешида шаванд:

         — дар мавриди ташаккули буҷетҳо ва таҳияи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи буҷет ва дар амал татбиқ намудани он додани таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи таъмини шаффофият ва ҷалби ҷомеа дар муҳокимаи таҳия ва қабули лоиҳаҳо, раванд ва натиҷаи иҷрои он, иҷрои хароҷоти мақсадноки моддаҳои буҷет, табъу нашри лоиҳаҳо ва ба самъи ҷомеа расонидани он дода шавад;

— бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ бо роҳҳои таҳияи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба  санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷиҳати ташкили танзими муносиби идоракунии молиявии давлат, назорати молияи давлатӣ аз ҷониби  Палатаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори аудити дохила ва дигар институтҳои молиявӣ ба роҳ монда шавад;

— такмили функсияҳои таҳлилӣ – омории онҳо бо мақсади омўзиш ва пешгирии  коррупсия ва овардани пешниҳодот ва хулосаҳо аз ҷониби худи онҳо ҷиҳати мукаммалгардонии қонунгузорӣ ва идоракунии муносиби молиявии давлат таъмин карда шавад;

— мукаммалгардонии механизми идоракунии молияи давлат бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои гуногуни молияи давлат, назорати давлатии молиявӣ ва аудити дохила, муҳосибот, буҷети давлатӣ, харҷу сарфи  сариштакорона ва мақсадноки маблағҳои буҷети ва амволи давлатиро ба танзим медароранд, анҷом дода шавад.

§ 7. Пешгирии коррупсия дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ

117. Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.

118. Чуноне, ки аз таҷриба бармеояд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ барномаҳои таълимӣ вобаста ба масъалаҳои эҳтиром ва волоияти қонун, тоқатнопазирӣ ба қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ ва коррупсия, дарки он, зарарҳои коррупсия ва зарурияти мубориза бо он тарҳрезӣ карда намешаванд.

119. Солҳои охир дар муқоиса бо соҳаҳои фаъолияти вазорату идораҳои дигар ва мувофиқи тадқиқотҳои сотсилогӣ сатҳи коррупсия дар ин соҳа бештар мушоҳида мегардад.

120. Тахлилҳо нишон доданд, ки дар соҳаи маориф ҷиноятҳои вобаста ба тасарруфи амволи ғайр асосан аз тарафи шахсони масъули ҷавобгарии моддӣ содир карда мешаванд. Ҳолати дигаре, ки имрўзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст ин сўйистифода ва ришваситонӣ ҳангоми қабули санҷишу имтиҳонҳо, тестикунӣ ва суҳбатҳо аз лаҳзаи қабули довталаб ба муассисаи таълимӣ, ки чун анъана ва ҳодисаи такроршаванда ба низоми таҳсилот ва обрую нуфузи он дар ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад, ҷой дорад.

121. Дигар ҳолатҳое, ки ба фароҳам овардани сабабу шароитҳои содир намудани қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои бо суиистифода аз вазъи хизматии худ бо роҳи тасарруф ё ришваситонии кормандони соҳаи маориф сабаб мешаванд, пеш аз ҳама надонистани талаботи қонунгузории ҷорӣ ва беназоратии мақомоти болоии ин соҳаҳо мебошанд.

122. Чуноне, ки санҷишҳои молиявии муассисаҳои таълимӣ собит менамоянд дар давраи 6 (шаш) соли охир зарарҳои молиявӣ ба маблағҳои умумӣ зиёда аз 11,7 (11.708.839.60) млн сомонӣ ошкор карда шудааст.

123. Аз маблағи умумии зарарҳои молиявӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию  молӣ  зиёда аз 2,9 млн сомонӣ (2.996.566,34), талафи воситаҳои пулию молӣ  —  зиёда аз  3,5 млн (3.532.232,56) сомонӣ, маблағи кам  ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо зиёда аз 1,5 млн (1.585.029,54) сомонӣ ва боқӣ дигар зарарҳои молиявиро ташкил медиҳад.

      124. Ғайр аз ин дар ин давра аз тарафи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия содиршавии 354 ҳодисаи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва марбут ба андоз аз ҷониби кормандони мақомоти маориф ва сохторҳои тобеи он ба қайд гирифта шудааст.

 125. Сохтори ҷиноятҳои коррупсионии ошкоргардидаро бештар  ҷиноятҳои қаллобии хусусияти коррупсионидошта, азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, суйистифода  аз ваколатҳои мансабӣ, порахўрӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ ташкил медиҳанд.

  126. Аз рўи ҷараёни инкишофи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф соли  2008 – 63 адад, соли 2009 — 67 адад ва дар соли 2010 — 82 адад  ва дар соли 2011 — 85 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст.

 127. Чунин рақаму миқдори ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки то ҳол дар соҳаи маориф камбудию норасоиҳо дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб сол аз сол афзуда истода, андешидани чораҳои қатъиро дар ин соҳа талаб мекунад.  

128. Аз ин рў ва бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф зарур аст, ки тадбирҳои зерин андешида шаванд:

-гузаронидани имтиҳонҳои қабул дар муассисаҳои таълимӣ тариқи тестӣ ҷиҳати пешгирии хавфҳои коррупсионӣ;

-таҳияи барномаи омўзишӣ ва дастурамалу маводи ташвиқотӣ барои падару модарон ва мактаббачагон оид ба масъалаҳои зиддикоррупсионӣ;

-таъмини мониторинги омилҳои коррупсионӣ, механизми бартараф кардани пардохтҳои ғайрирасмӣ ва пурзўр намудани фаъолияти аудити дохилӣ;

— дар доираи имкониятҳои мавҷуда баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддии кормандони соҳа, бо дарназардошти интизоми меҳнат ва саҳми онҳо дар таҳкими обрўю нуфузи муассисаи таълимӣ.

129. Саломатии аҳолӣ ҳамчун сарвати бебаҳо омили муҳими рушд ва некуаҳволии кишвар ба ҳисоб меравад. Сол то сол саломатии аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Дар сохтори тандурустии мамлакат ҷараёни бозсозии соҳа, аз он ҷумла таҳияи заминаи нави қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ, такмили системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ, рушд ва таҳкими кўмаки аввалияи тиббию санитарии бо тибби оилавӣ асосёфта, таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва фармасевтӣ авҷ гирифт. Бо ҳамин мақсад модели ислоҳоти соҳа вобаста ба беҳбудии дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ тавассути таҷдиди сохтор ва ҳамгироии системаи фароҳам овардани кўмаки аввалияи тиббӣ, муносибгардонии фонди кат ва сохтори муассисаҳои бистарикунонӣ, тақвияти нерўи кадрии тамоми соҳаи тандурустӣ, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва беҳбудии таъминот бо доруворӣ, ворид намудани намудҳои нави маблағгузорӣ, дар асоси истифодаи дастовардҳои илмӣ татбиқи усулҳои нави ташхисию табобатӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, иштироки аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, барқарорсозии солимии беморон ва маъюбон, ташкили кўмаки паллиативӣ, рушди заминаи иттилоотии идоракунӣ ва дигар тадбирҳоро дар бар мегирад.

Ба инкишофи соҳа афзоиши суръати иқтисодӣ, таваҷҷўҳи ҳамаҷонибаи роҳбарияти кишвар нисбат ба самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, инчунин саҳми самарабахши ҷомеаи байналмилалии донорҳо дар ҳифзи саломатии аҳолии кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд. 

130. Муттаассифона дар баробари рушди ин соҳа, вазъияти таҳлили ҷараёни корӣ дар ин самт ва дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ камбудию норасоиҳои зиёде ҷой доранд.

131. Аз рўи санҷишҳои молиявии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаи тандурустӣ таи 5,5 соли охир 137 санҷишҳо гузаронида шуда, дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи умумии зиёда аз 7,7 (7.753.866,97)  млн сомонӣ ошкор карда шудааст. Аз маблағи умумии зарарҳои молиявӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию  молӣ  зиёда аз  3,4 млн (3.439.097,56) сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ  —  зиёда аз 1,5 млн (1.551.562,72) сомонӣ, маблағи кам  ҳисобгардида ва руйпўшнамудаи андозҳо -720.859,78 сомонӣ ва дигар зарарҳои молиявиро ташкил медиҳанд.

         132. Масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун самти муҳими фаъолияти худ дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ суръату сифати тоза мебахшад. Ҳамзамон баробари соҳаи маориф тандурустӣ ба соҳаҳои дорои хавфи баландтарини коррупсия гирифтор аст, ки аз ин маълумоти нишондодҳои расмии дар боло зикргардида ва тадқиқотҳои сотсиологӣ шаҳодат медиҳанд. Ин ду соҳаи дурнамои муҳим мавриди диққати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, ҳамарўза маҷмўи тадбирҳои зарурӣ дар самти пешгирии коррупсия пайгирона татбиқ мегарданд.

133. Ин соҳаҳо мавриди буҷетикунонии барномавӣ қарор гирифта мешаванд, яъне қисмати дахлдори хароҷоти буҷети давлатӣ барои ҳар сол аз тарафи вазоратҳои маориф ва тандурустӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои барномавӣ ва грантӣ, ки қисман аз ҷониби буҷети давлатӣ, қисман аз ҳисоби воситаҳои молиявии шартномавии муассисаҳои таҳсилотӣ ва муолиҷавӣ ва қисман аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ ва хазинаҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд. Дар ин самт аз тарафи давлат ҳама гуна ташаббусҳо баҳри рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ ва омўзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ ҷонибдорӣ карда мешавад.

134. Аз ин рў ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва бо ин васила бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ татбиқи тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

-васеъ намудани салоҳияти воҳидҳои аудити дохилӣ ҷиҳати вусъат додани фаъолияти онҳо ва баҳри таҳлили пурра ва ҳаматарафаи хавфҳои коррупсия;

-ба роҳ мондани низоми самараноки лоиҳаи маблағгузорӣ ва идоракунӣ, инчунин методологияи ҳамоҳангсозии суғуртакунонии тиббии мақсаднок аз буҷети давлатӣ;

-таҷдиди назар намудани низоми марказонидашудаи хизматрасонии давлатӣ ва додани афзалият ба методологияи хизматрасонии марказонидашуда аз рўи таъинот бо нархҳои муқарраргардида.

Боби 3. Ҳамкории ҳуқуқии байналмилалӣ

135. Муборизаи босамар бар зидди коррупсия  рушди иқтидори миллиро тавассути коркардҳои босуръату асосноки меъёрию ташкилии тадбирҳои зиддикоррупсионӣ дар асоси ҳамкории фаъоли байналмилалӣ оид ба мубодилаи таҷриба байни институтҳои зиддикоррупсионӣ ва коршиносон талаб мекунад.

  136. Аз ин рў бояд ба имплементатсияи ҳамаи талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки айни замон ҳамчун стандарти универсалии байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст, инчунин дигар санадҳои байналмилалии ҳуқуқие, ки дар ин самт Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст аҳамияти махсус дода шавад. Дар ин раванд кўмаки техникӣ ва махсусгардонидашуда, ки тавассути лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ пешбинӣ карда шудааст, бояд ба таври бештар самаранок (ҳадди аксар) истифода карда шавад.

137. Дар тамоми давраи амали Стратегия гузаронидани чорабиниҳои гуногун оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз рўи самтҳои зерин пешбинӣ карда мешавад:

-такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ;

-гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмию амалӣ ва экспертизаи зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони соҳа;

-омўзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар самти муқовимат бо коррупсия;

-таҳияи амалиётҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия;

-бастани созишномаҳои дутарафа ва бисертарафа дар самти муқовимат бо коррупсия.

Боби 4. Натиҷаҳои татбиқи Стратегия, мониторинг

ва арзебии самарабахши он

138. Натиҷаҳои асосии татбиқи Стратегия бояд аз беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, саривақт ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва афзоиши ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ, мубориза ва кам намудани миқдори қонуншиканиҳои коррупсионӣ бошад.

139. Бо мақсади таъмини иҷрои муваффақонаи Стратегия ташкил ва амалинамоии Мониторинги он нақши муҳимро иҷро менамояд. Мониторинги Стратегия – ин маҷмўи чораҳои назоратӣ, санҷишӣ, таҳлилӣ, ахборотӣ ва арзёбиии иҷрои тадбирҳои Стратегия, нақшаи чорабиниҳои он вобаста ба вазъияти воқеъӣ ва пешравиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ва давлатро дар бар мегирад.

140. Арзебӣ аз рўи нишондодҳои асосии татбиқи Стратегия амалӣ карда мешавад:

-фароҳам овардани шарту шароитҳои пешгирии коррупсия;

-саривақт ва босифат анҷом додани тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта;

-таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия;

-ба вуҷуд овардани ҳолатҳои тоқатнопазир ба коррупсия дар миқъёси ҷумҳурӣ;

-баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва эҳтирому риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия;

-таъмини фаъолияти самараноки субъектони муборизабаранда бар зидди коррупсия ва дигар мақомоти давлатие, ки дар самти муқовимат бо коррупсия иштирок менамоянд.