АҶОИБОТИ ОЛАМ

Оё медонед? Аҷибтарин мусобиқаи ҷаҳон мусобиқаи қабрканӣ дар Маҷористон (Венгрия) аст, ки дар он ҳар касе зудтар бо чуқурии бештар қабр биканад, ҳудуди 10 ҳазор $ (доллар) мукофот мегирад. Оё медонед? Хавиер Маскерано дар тӯли фаъолияти худ, ки дар дастаи Барселона хунарнамоӣ мекунад (аз соли 2010 ин ҷониб) ҳамагӣ 319 бозӣ гузаронида, бо задани 1… Read More

ДОНИСТАН ХУБ АСТ

Сатҳи баҳр Баландии кӯҳҳо, шаҳрҳо ва пастиҳои рӯйи Заминро аз сатҳи баҳр ҳисоб мекунанд. Масалан, шаҳри Душанбе, ки дар арзи 38 градуси нимкурраи шимолӣ воқеъ аст, аз сатҳи баҳр дар баландии тахминан 800 м ҷой гирифтааст. Дар рӯйи Замин баҳру океанҳо зиёданд. Савол меояд, ки барои муайян намудани пасту баландиҳои Замин сатҳи кадом баҳрро дар… Read More

Фактҳои ҷолиб

  • Асосгузори омӯзиши вазни хос дар физика Берунии тоҷик (тав. 973) мебошад.
  • Асосгузори теоремаҳои ғайриевклидӣ дар илми риёзиёт Хайём аст.
  • Ба миёноварандаи мафҳуми илмии суръат ва афзоиши он Абулбаракоти Бағдодист (асри XII).
  • Ба усули дониши илмӣ дар ҷаҳон Хайём бунёд гузоштааст.
  • Бар рӯйи сатҳи паҳноварзамин марде донотар аз сари Ҷарир (яъне Табарӣ) намешиносам. (Ибни ХУЗАЙМА, асри X).
  • Баробаркунии устувор (Тастеҳи устувонӣ) дар риёзиёт кашфшудаи Берунист, ки баъди чандин қарн Маркотер онро ба кор бурд ва ба номи ӯ машҳур шуд.
  • Бемориҳои менингит ва диабети қандро аввалин бор дар ҷаҳон Ибни Сино муайян намуд.
  • Бори аввал дар ҷаҳон силсилаи ҳисоби шастӣ, усулҳои махсуси аз таҳти решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададҳо ва чандин теоремаҳои тригонометрияи ростхатта ва доиравӣ аз тарафи фарзанди тоҷик Кушёри Гелонӣ исботу маълум ва кашф шудааст.
  • Read More