Нимаи аввали имрӯз Давлатзода Қ.Қ. – ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бонувони собиқадори донишгоҳро дар вазъияти тантанавӣ ва суҳбати озоду самимӣ бо фарорасии 8-уми март – Рӯзи Модар табрику таҳният намуд. Ин мулоқот ҳамчун вохӯрии самимонаи бонувон бо роҳбари донишгоҳ дар фазои озоду самимӣ доир гардида, қадрдонии ин модарони меҳнаткаши донишгоҳро таҷассум намуд.…
Read More
5-уми марти соли равон Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо чор нафар омӯзгорони хориҷии Литсейи техникии донишгоҳ – Кабанова С.Ю. – муаллимаи фанҳои забон ва адабиёти рус, Гатина С.Ф. – муаллимаи фанҳои математикаю физика, Дворецкая О.И. – муаллимаи фанни биология ва Шахова О.Б. – муаллимаи фанни химия…
Read More
Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хос таҳти унвони “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур чор нафар омӯзгорони хориҷии Литсейи техникии донишгоҳ – Кабанова С.Ю. – муаллимаи фанҳои забон ва адабиёти рус, Гатина С.Ф. – муаллимаи фанҳои математикаю физика, Дворецкая О.И. –…
Read More
Модарону хоҳарон ва бонувони гиромӣ! Ҳамкорони азиз! Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат – ҷашни фархундаи Рӯзи Модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу…
Read More
Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дарси сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии…
Read More
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мулоқоти сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур инчунин дигар намояндагони раёсати шаҳрии милитсия ширкат доштанд. Мавзӯи мулоқот гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву террористӣ, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон,…
Read More
Дирӯз бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ саёҳати устодону кормандони донишгоҳ ба Сафеддара ташкил карда шуд. Дар ин сафари фароғатӣ 48 нафар устодону кормандони донишгоҳ аз тамоми факултетҳо ва сохтори донишгоҳ ҷалб карда шуда, бо истироҳат дар мавзеи туристию фароғатии Сафеддара онҳо ҳавасманд гардонида шуданд.…
Read More
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 26-ум ва 27-уми ферали соли равон бахшида ба 23-юми феврал – Рӯзи Артиши миллӣ озмунҳои “Тирандозӣ”, “Футболи хурд” ва “Волейбол” доир карда шуд. Дар ин озмунҳо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ…
Read More
Абдулло Раҳимбоев — инқилобчии тоҷик, сиёсатмадор, ходими ҳизбии ҲК Итттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчун миллатчии буржуазӣ дар ИҶШС қатл карда шудааст. Абдулло Раҳимбоев 1 июни соли 1896 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи бозаргон ба дунё омада аст. Аввал дар мадрасаи динӣ, сипас солҳои 1908-1917 дар мактаби русии Хуҷанд, омӯзишгоҳи олии Самарқанд, семинарияи омӯзгории Тошканд таҳсил карда, муддате…
Read More
Раёсат, ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва деканати факултети “Сохтмон ва меъморӣ” ассистенти кафедраи “Меъмории биноҳо ва иншоот” БАРОТОВ Юнусҷон Гулмуродовичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд. Баротов Ю.Г. рисолаи худро дар мавзӯи «Мавқеи иморатсозии шаҳрӣ дар ташаккулёбии биоиқлимии ҳудуд дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи ихтисоси 05.23.22…
Read More