ТАБРИКОТИ ОДИНАЗОДА Ҳ.О. – РЕКТОРИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барои мардуми тоҷик таҷлили ин санаи муборак аз ҳуввияти миллию ватанхоҳӣ дарак медиҳад. Мо шукргузор аз онем, ки фарзанди бонангу номус ва фарзонаи миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмонро бароямон Худованд ҳамчун роҳбару роҳнамо ато фармудааст. Барои ҳар яки мо маълум аст, ки ин марди шариф аз лаҳзаҳои нахустини ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвар танҳо бо… Read More

ИНЪИКОСИ ШАХСИЯТИ КУРУШИ КАБИР ДАР ОСОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таърихи умумиҷаҳонӣ шахсиятҳоеро медонад, ки бо хусусиятҳои хоси дарбаргирандаи хеш аз дигарон фарқ карда, имрӯз бо номи нек ёдоварӣ мешаванд. Ба вуҷуд омадани шахсиятҳои бузург дар таърихи инсоният комёбии беназир буда, онҳо дар рушду такомули башарият саҳми худро мегузоранд. Бузургии ин гуна ашхос аз он иборат аст, ки эшон манфиатҳои ҷамъиятиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ… Read More

КОНСТИТУТСИЯ АСОСИ РУШДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

Имсол аз қабули Конститутсияи кишвар 25 соли таърихӣ, яъне 25 соли эҳё ва рушди конститутсионализми миллӣ сипарӣ мегардад ва воқеияту рӯйдодҳои бузургу созанда ва дастовардҳои дар соҳаҳои мухталиф бадастомада шоҳиди онанд, ки дар зарфи амали чорякасраи ин ҳуҷҷати бунёдӣ дар ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд. Таъмини волоияти қонуну… Read More

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан (9-уми сентябри соли 1991) марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби… Read More

КОСТИТУТСИЯ – МЕҲВАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Волотарин дастовард соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд, ки… Read More

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар вазъияти тантанавӣ 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар ин чорабинии идона судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳошимзода Д. иштирок ва суханронӣ намуд. Дар баромади худ ӯ доир ба зарурати Конститутсия, моҳият, арзиш ва мақоми он қайд карда, волоияти онро бори… Read More

ҲАЙАТИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ САФАР НАМУДАНД

Аз 25 то 27-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҷамъомади байналмилалӣ бахшида ба 60-умин солгарди таъсисёбии “Гурӯҳҳои сохтмончӣ” (строительные отряды) доир гардид, ки дар ин ҳамоиши бошукӯҳ ҳайати ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ даъват гардиданд. Ҳайати ҷавонони тоҷик ба Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи… Read More

ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ — КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст. Акнун дар Конститутсия низ чун тағйироти ҷомеа тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид. Read More

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БАҲРИ ТАРБИЯИ НАСЛИ ҶАВОН

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ мулоқоти судманд доир гардид. Рӯзи 29-уми октябр дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахдори кишвар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, зӯроварӣ… Read More

РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ МУБОРАКБОД МЕНАМОЯД

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олими ҷавони донишгоҳ ВАЗИРОВ Назир Шамировичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд. Хотиррасон мешавем, ки рӯзи 25-уми октябр ВАЗИРОВ Назир Шамирович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Влияние церия, празеодима и неодима на свойства алюминиевого сплава АМг6» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои… Read More