Amonatova

Амонатова Фирӯза Қудратуллоевна

роҳбари осорхона

+(992)-917-33-59-22

Осорхона  дар бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таъсис дода шудааст.  Мақсад аз намоиши осорхона: намоиш додани гӯшаҳои ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва туҳфаҳо, барои гузоштани замима  дар фардои бунёдкоронаи миллату фарҳанг инъикос мегардад.  Дар дили донишҷӯён бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ. Ҷалби онҳо ба эҷодкорию навоварӣ, сатҳи маърифатнокӣ, тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ. Мусоидат ба ташаккули ҷаҳонбинии илм. тарѓиби дастовардҳои илму фарҳанги миллӣ.  Осорхона  аз рӯи реҷаи корӣ муайяншуда фаъолият мекунад.

Дар рӯзҳои мувофиқакардашуда  донишҷӯёни  ҳар як факултет,курсҳои 1-2 ба намоишгоҳ ҷалб карда мешаванд.  Ташкили суҳбат,лексияҳо,семинару  ҷамъомадҳо. Фаъолияти маданию маърифатӣ, Осорхона хадамоти  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ  буда,  оид ба ташкили фурӯши амволи Осорхонаи донишгоҳро  надорад.  Фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва Низомномаи Осорхона  ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раёсати донишгоҳ ва хадамоти  тарбия амал мекунад.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманди Осорхона

  1. Ҷамъ овардани ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, коллексияҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, қабули ҳадяҳо,ки ба донишгоҳ ворид мешаванд, ташкили  экспедитсияҳо
  2. Тибқи Консепсияи миллии тарбия амал намудан. (яке аз унсурҳои Консепсияи миллии тарбия  ……..)
  3. Ҳамкорӣ кардан бо садорати факултетҳо,шуъбаҳо, Шӯрои кураторони факултетҳо
  4. Аз рӯи нақшаи солонаи Осорхона амал намудан ва ҷалби донишҷӯён ба осорхона
  5. Таъмин намудани иштироки фаъоли донишҷӯён дар намоишҳо
  6. Амалӣ намудани намоишҳо  ва дигар санадҳои меъёрӣ, ки дар Осорхона пешбинӣ гардидаанд.