Ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани донишҷўён пеш аз ҳама аз ташкили хуб ва ба нақшагирию идораи кори таълимӣ-методӣ вобастааст.

Аз рўзҳои аввали таъсисёбии ДТТ корҳои таълимӣ ва методӣ аз вазифаи муҳими фаъолияти он ба ҳисоб мерафт.

Яке аз самтҳои асосии кори таълимӣ-методӣ дар донишгоҳ ташкили  ҷараёни таълим, таҳия ва  мунтазам  такомули  нақша ва барномаҳои таълимӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ ва  асноди  таълимӣ-методӣ,  мушаххас намудани  мазмун, навъҳо ва ҳаҷми корҳои мустақилонаи донишҷўён  мебошад, ки маҷмўи тадбирҳои  андешидашударо фаро гирифта, барои  омода намудани мутахассисони  варзида дар  ДТТ равона гардидааст.

Муҳимтарин  сохтор дар баргузории  корҳои таълимӣ-методӣ кафедраҳои донишгоҳ маҳсуб мешаванд. Ҳамасола дар нақшаҳои кории кафедраҳо  баргузории  маҷмўи чорабиниҳои таълимӣ-методӣ пешбинӣ мегардад. Корҳои методии кафедраҳоро  комиссияҳои методии факултетҳо раҳнамоӣ ва назорат мекунанд, ки дар навбати худ кори ин комиссияҳоро Шўрои  методии Донишгоҳ ҳамоҳанг месозад. Шӯрои методии Донишгоҳ ба таҳияи мавод бо забони давлатӣ аҳмияти махсус дода, ҳамасола зиёда аз 150 китобу дастурҳои таълимию методӣ ба чоп тавсия медиҳад.

Донишгоҳ пайваста кушиш менамояд, ки аз шаклу усулҳои замонавии таҳсил васеъ истифода намуда, сатҳи омодасозии мутахассисонро тибқи талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва минтақавии меҳнат ба роҳ монад. Донишгоҳ ба шакли бисёрзинагии таҳсилоти олӣ — омодакунии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриатура ва магистратура гузашта, низоми кредитии таълимро пурра ҷорӣ намудааст. Ду ихтисоси техникии Донишгоҳ соҳиби аккредитатсияи байналмиллалӣ ва аломати сифати EUR-AСE мебошад. Кормандони раёсати таълими  донишгоҳ пайваста талош доранд, ки ба фазои ягонаи таҳсилот ворид шуда, аз имконият ва таҷрибаи пешқадами марказҳои таълимии ҷаҳон истифода намоянд.