Китобхонаи илмӣ-техникии ДТТ дар соли 1956 таъсис ёфтааст,ки ҳозир яке аз калонтарин китобхонаи Донишгоҳ, маркази маълумот ва ахбори ҳозирзамон аст. Муҳимтарин ҷиҳати фаъолияташ дар он аст,ки ҷараёни тадқиқот ва таълимотро бо китобҳои дарсӣ таъмин менамояд.

Гузаштагони мо ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Берунӣ, Умари Хайём, Фаробӣ дониши малакаи худро аз омӯзиши маҳзани дониш, ки дар китобхонаҳои худ аз бар намуданд ва омухта худашон маҳзани донишу маърифати оламшумул гаштанд.

Дар солҳои аввали ба кор шуъру кардани китобхона фонди китобҳои мо сад адад ҳам надошт ва он ҳам танҳо китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ буданд.

Бо дастгирии бевоситаи роҳбарият ва коллективи омӯзгорон  фонди захиравии китобхона сол аз сол пурратар мегардад.

Хусусан солҳои охир пас аз истиқлолият, фонди захиравии китобхона бо китобҳои илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ,забономӯзӣ ва адабиёти бадеӣ, ки бо забони давлати-тоҷикӣ интифор ва нашр шуданд пурра мегардад. Ин барои донишҷӯёни мо як туҳфаи бебаҳо мебошад.

Айни замон фонди захиравии китобхона зиёда аз 575 ҳазор адад китобро дорад, аз он ҷумла китобҳои илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ, забономӯзӣ ва бадеӣ асосан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошанд, аммо бо забонҳои узбекӣ, англисӣ, олмонӣ ва дигар забонҳои ҷаҳонро ҳам ҷой доранд.

Бо дастгирии роҳбарияти ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ имрӯз китобхонаи илмӣ-техникии мо ба яке аз китобхонаҳои бузург табдил ёфта ба давраи китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ дохил мешавад ва дар  Маркази милии маълумоти-патенти дохил карда шудааст.

Аз таърихи соли 2006 дар Донишгоҳи мо китобхонаи электронӣ фаъолият дорад.

Фонди умумии захираҳои электронии донишгоҳ то имруз тақрибан 235 ҳазор маводи электрониро дар сервери китобхона маҳфуз буда, 80 ҳазор маводи электронии китобхонаҳои электронии дигарро, китобхонаи илмии электронӣ, ки дастрасшави ба онҳо аз шабакаи донишгоҳ таъмин шудааст, дар бар мегирад.

Зиёда аз 7500 хонандагон аъзои китобхонаи мо мебошанд, ки аз он ҷумла профессорону муаллимон, аспирантҳо, магистрҳо, коргарони донишгоҳ ва донишҷуён ҳастанд.

Мехоҳам махсусан хизматрасонии шахсони, ки ба китоб сару кор доранд  қайд намоям, ки зиёда аз сӣ сол ба ин кор машғуланд, инҳо Ҷабборова С.А., Неъматова С.Ҷ.. Бобҷонова Н.Г.,Назарова Ш.В. ,Лашкарбекова З.Р.,Абдуллоева Д.У.,Оғоева А.К.,Розиқова Г.З.,Ғоибова Х.А.,Ҷумаева М.А.,Рахматшоева С.Ш.,Содиқова Б.С.,Айматова Б.М.,Ҳабибуллоева Б.Р.

Дар оянда низ коллективи китобхона тамоми саъю кушиши худро барои баланд бардоштани хизматрасони ба донишҷуён, ки ташнаи донишомӯзи ҳастанд, равона хоҳад кард.