Ashurov
Nazaralieva

Ашуров Искандар

роҳбари марказ

(+992)-37-227-48-31

Назаралиева Ситора

нозири марказ

(+992)-37-227-48-31

Маркази рушди касбият (карера) ҳамчун сохтори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият мекунад. Марказ тартиб ва ташкили гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, тартиби тақсимоти хатмкунандагони аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсилкунанд ба ҷойи кор, имтиёзҳо, масъулияти тарафҳо ва баргардондани маблағҳои сарфшударо аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки тибқи ихтисос дар асоси роҳхат ба ҷойҳои кориашон ҳозир намешаванд, ба танзим медарорад.

Вазифаи асосии Марказ ин ташаккули ҳавасмандии донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳ – банақшагирӣ ва рушди касбият (карера), кумак намудан дар мутобиқшавӣ ба бозори муосир ва баамалории қобилияти пурраи касбии худ, инчунин қонеъ гардонидани талаботи роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои саноатӣ бо мутахассисони соҳаи муҳандисӣ баҳисоб меравад.

Мақсади Маркази рушди касбият:

  • баланд бардоштани самаранокӣ ва дастрасӣ дар бозори хизмаҳои таълимотӣ аз ҳисоби истифодабарии усулҳои пешрафта ва технологияҳои таълим дар раванди омӯзиш, интихоби касб ва азхудкунии савияҳои амалӣ дар барномаҳои таълимӣ;
  • бастани шартномаҳои тарафайн бо вазорату кумитаҳо ва ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзии донишҷӯён;
  • ташкил ва гузаронидани озмуну вохӯриҳо бо корфармояндагон бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба коромӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ;
  • ташкил ва гузаронидани озмуну вохӯриҳо бо корфамояндагони ватанӣ, идораву ширкатҳои хориҷӣ бо хатмкунандагон ҷиҳати ҷалби онҳо барои ишғоли ҷойҳои корӣ.

Марказ дар назди идораи таълимӣ-методии донишгоҳ бо фармони ректор ташкил ва барҳам дода мешавад.

Марказро роҳбар сарварӣ мекунад ва ӯ бо пешниҳоди муовини ректор оид ба таълим ва бо фармони ректори Донишгоҳ таъин карда мешавад.

Марказ дар фаъолияти худ бевосита ба сардори идораи таълимӣ-методии донишгоҳ ва муовини ректор оид ба таълим тобеъ мебошад.

Ба кормандони Марказ иҷрои вазифаҳои зерин вогузор карда мешавад:

  • банақшагирӣ ва ташкили корҳо оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён вобаста ба ихтисосҳое, ки донишгоҳ тайёр мекунад;
  • банақшагирӣ ва ташкили корҳо оид ба тақсимоти хатмкунандагони буҷавӣ;
  • санҷиши нақшаҳои таълимӣ дар ҳама ихтисосҳо (навъ ва муҳлати таҷрибаомӯзиҳо) дар мавриди мувофиқ будан ё набуданашон ба талаботи стандартҳои давлатии таълимӣ дар донишгоҳ;
  • ташкил ва гузаронидани семинарҳои дастуриву методӣ оид ба рушди касбият дар донишгоҳ;
  • омода намудани васоити таълимию методӣ, дастуруламалҳо, дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба таҷрибаомӯзиҳо;
  • тайёр намудани бланкҳо ва санадҳои ҳисоботӣ оид ба таҷрибаомӯзиҳо ва хатмкунандагони донишгоҳ;
  • ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва назорат аз болои ин чорабинӣ дар ҳама сохторҳои донишгоҳ;
  • омода намудани шартномаҳо бо корхонаҳо ва муассисаҳои қаламрави ҶТ новобаста аз шакли моликияташон;
  • ҷамъоварии мунтазами мавод оид ба корхонаву муассисаҳое, ки бо донишгоҳ ҳамкорӣ мекунанд;
  • омода намудани пешниҳодот оид ба такмил додани банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти хатмкунандагони донишгоҳ.

Донишгоҳ пайваста кушиш менамояд, ки аз шаклу усулҳои замонавии таҳсил васеъ истифода намуда, сатҳи омодасозии мутахассисонро тибқи талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва минтақавии меҳнат ба роҳ монад.

Донишгоҳ ба шакли бисёрзинагии таҳсилоти олӣ — омодакунии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистр гузашта, низоми кредитии таълимро пурра ҷорӣ намудааст. Ду ихтисоси техникии Донишгоҳ соҳиби аккредитатсияи байналмиллалӣ ва аломати сифати EUR-AСE мебошад.

Кормандони Маркази рушди касбияти донишгоҳ пайваста талош доранд, ки ба фазои ягонаи таҳсилот ворид шуда, аз имконият ва таҷрибаи пешқадами марказҳои таълимии ҷаҳон истифода намоянд.