Мирзоалиев Исроил

мудири шуъба

(+992)-37-227-01-57; (+992)-919-97-14-76

Худододов Д.

нозири шуъба

(+992)-987-67-00-28

Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳвсилот (ШМ ваНСТ)  воҳиди сохтории Идораи таълимию методии Донишгоҳ буда,  бо мақсади амалӣ намудани  нақшаҳои умумидонишгоҳӣ оид ба такмилу тасдиқи барномаҳо ва  чорабиниҳо барои назорат ва рушди сифати таълим бо роҳи такмили раванди таълим бо фармони Ректор дар асоси қарори Шӯрои олимон тасис дода шудааст. Кормандони шӯъба аз  ду нафар: мудири  шуъба  ва нозир иборат мебошанд.

Мониторинг ҳамчун низоми доимии ҷамъоварӣ, коркард, нигохдорӣ ва пахнкунии иттилоот оид ба таҳсилот ва қисмхои алоҳидаи он, барои таъмини беҳдошти раванди идоракунии таълим равона карда шудааст.

Мақсади асосии низоми мониторинг таҳлили ҳамачонибаи сифати воқеии таълиму тарбия, танзими ҳуччатгузорӣ ва муайянкунии самтҳои беҳдошти он дар Донишгоҳ мебошад.

Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот  фаъолияти худро ба мақсади фароҳам овардани  шароити мусоид барои таёр кардани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ, ворид кардани усулҳои муосири таълим, роҳҳои нави таъмини сифати  раванди таълим ва таъѓйироти сифати миқдорӣ дар донишгоҳ ба роҳ мемонад.

Мудири шуъба бо пешниҳоди сардори Идора ва муовини ректор оид ба таълим аз тарафи Ректори донишгоҳ таъин карда мешавад. Шуъба дар фаъолияти худ бевосита ба  сардори идора  ва муовини ректор оид ба таълим тобеъ мебошад. Феҳрасти кормандонни асосии шуъба иборат аст аз мудири шуъба ва нозир (як нафар). Мақсад ва вазифаҳои и шуъбаи мониторинг аз назорати сифати таҳсилот иборат аст.

Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот  ҳуҷҷатгузориро мувофиқи феҳрасти тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ҷадвали гардиши ҳуҷҷатҳо ба роҳ мемонад.

Мақсад ва вазифаҳои шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот иборат аст аз:

  1. Таҳлили ҳамаҷонибаи сифати воқеии таълиму тарбия, танзими ҳуҷҷатгузорӣ ва муаянкунии сатҳҳоии беҳдошти он
  2. Таҳлили мунтазами иҷроиши ҳуҷҷатҳои идоравӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, қарорҳои Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ ва дастуру фармонҳои Ректори донишгоҳ ва супориши муовини ректор оид ба таълим
  3. Таҳил ва ташхиси барномаҳои таҳсилотии таёр намудани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ
  4. Таҳлил, ташкил, банақшагирӣ ва амалигардонии раванди таълим, сифати гузаронидани машѓулиятҳо, дараҷаи таъминоти машѓулиятҳои дарсӣ бо маводи таълимӣ –методӣ ва сифати онҳо, дараҷаи таъмини донишҷӯён бо адабиётҳои таълимӣ ва таълимию методӣ
  5. Таҳлили таъминоти раванди таълим, фаъолияти илмӣ-методӣ ва илмӣ- таҳқиқотӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба
  6. Таҳлили вазъ ва истифодабарии базаи модии техникӣ дар раванди таълим ва корҳои беҳтаргардонии он
  7. Таҳлил ва баҳогузории сифати таълиму тарбия дар асоси нишондиҳандаҳо, ки ба меъёрҳои талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии  таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисоси донишгоҳ мувофиқаткунанда
  8. Ташкили косепсия ва усулҳои назорати сифати таълим дар донишгоҳ бо истифода аз таҷрибаҳои ватанӣ ва байналмилалӣ
  9. Таҳлили таъминоти  кадрии раванди таълим аз фаъолияти илмӣ- методии ҳайати профессророн ва омӯзгорон
  10. Коркард ва татбиқи меъёрҳои нишондиҳандаи батанзимдарории сифати таълим, усулҳои нисбатан самарабахши назорат
  11. Ташкил ва коркарди воситаҳои баҳогузорӣ, шафофият, технологияи назорат ва сифати таълим
  12. Ёрии методӣ расонидан ба омӯзгорон ҷиҳати коркарди низоми баҳогузории воқеии дониши донишҷӯён ва омӯзиши шакл, усулҳо ва меъёри баҳогузории сифати таълим
  13. Гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ байни донишҷӯён ва омӯзгорон
  14. Омодасозии масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ ва раёсати Донишгоҳ
  15. Таъмини омодасозии маводҳои иттилооотӣ-таҳлилӣ оид ба масъалаи сифати таълим, гузаронидани чорабиниҳо оид ба паҳн намудани онҳо