КОНСЕПСИЯҲО

КОНСЕПСИЯҲО (Аз сомонаи  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  http://mmk.tj)

  1. КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН
  2. КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2025
  3. КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2028
  4. КОНСЕПСИЯИ ТАНЗИМИ ТАРИФ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАРҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  5. КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2023
  6. НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  7. КОНСЕПСИЯИ РУШДИ ОИЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  8. КОНСЕПСИЯИ НИЗОМИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  9. КОНСЕПСИЯИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ МАҲАЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030
  10. КОНСЕПСИЯИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  11. КОНСЕПСИЯИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  12. КОНСЕПСИЯИ КОРҲОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  13. КОНСЕПСИЯИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  14. КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  15. КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  16. КОНСЕПСИЯИ МАҚСАДНОКИ МИЛЛИИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИНСОН, ТАЪМИНИ МИНБАЪДАИ ПРИНСИПҲОИ ДЕМОКРАТӢ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2028
  17. КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАЛБ ВА ҲИМОЯИ САРМОЯГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  18. КОНСЕПСИЯИ НАЗОРАТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ ДАР КОМПЛЕКСИ ХОҶАГИДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  19. КОНСЕПСИЯИ МАЪЛУМОТИ ЭТНОФАРҲАНГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ (Аз сомонаи  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  http://mmk.tj)

  1. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  2. БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020
  3. БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2025
  4. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАҲОИ ФАРҲАНГ, САНЪАТ ВА ТАБЪУ НАШРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  5. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020
  6. БАРНОМАИ ҚАРЗГИРИИ БЕРУНАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020
  7. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2019
  8. БАРНОМАИ РУШДИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  9. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  10. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СИСТЕМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  11. БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТИ КЎДАКОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
  12. БАРНОМАИ МАҶМЎИИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
  13. БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
  14. БАРНОМАИ СОҲАВӢ ОИД БА АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020
  15. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАҚОМ, ФАЛАК ВА МАКТАБИ СУННАТИИ «УСТОД-ШОГИРД» ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
  16. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯ, ИНТИХОБ ВА ҶОБАҶОГУЗОРИИ КАДРҲОИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲИСОБИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ЛАЁҚАТМАНД БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2022
  17. БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ЭПИДЕМИЯИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020
  18. БАРНОМАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2019
  19. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  20. БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  21. БАРНОМАИ МИЛЛИИ ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020
  22. БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  23. БАРНОМАИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ УРАН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2024
  24. БАРНОМАИ РУШДИ ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  25. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  26. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  27. БАРНОМАИ МИЛЛИИ РУШДИ ИҶТИМОИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2018
  28. БАРНОМАИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ВА СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚИ ОБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  29. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2016-2020
  30. БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  31. БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ ВА ХУШЗОТКУНИИ ЧОРВО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  32. БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  33. БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2025
  34. БАРНОМАИ РУШДИ ЧАРОГОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  35. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗИШ ВА АРЗЁБИИ ЗАХИРАҲОИ МЕТАЛЛҲОИ НОДИР БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2026
  36. БАРНОМАИ МИЛЛИИ РУШДИ ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2019
  37. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КОМПЛЕКСИИ РУШДИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020
  38. БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
  39. БАРНОМАИ РУШДИ НИЗОМИ АДЛИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
  40. БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
  41. БАРНОМАИ МАҶМЎИИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ ШУҒЛИ БА ҚАЙД ГИРИФТАНАШУДА (ҒАЙРИРАСМӢ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017
  42. БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017
  43. БАРНОМАИ ТАШКИЛ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАҲО БАРОИ НИГОҲДОРИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2019
  44. БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КЎДАКОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
  45. БАРНОМАИ БУНЁДИ ХАЗИНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ШТАММИ МИКРООРГАНИЗМҲОИ ИЛЛАТАНГЕЗ БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2018″
  46. БАРНОМАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ АЗ СЎХТОР БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  47. БАРНОМАИ ОМОДАГИИ САДАМАВӢ ВА МУҲОФИЗАТИ РАДИАТСИОНӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  48. БАРНОМАИ РУШДИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2019
  49. БАРНОМАИ МОНИТОРИНГИ МУҲИТИ ЗИСТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  50. БАРНОМАИ РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020
  51. БАРНОМАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  52. БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020
  53. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲОИ НАВИ ОБЁРИШАВАНДА ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЗАМИНҲОИ АЗ ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ БЕРУНМОНДА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  54. БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  55. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  56. БАРНОМАИ РУШДИ БИОТЕХНОЛОГИЯИ ЧОРВО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  57. БАРНОМАИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020
  58. БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  59. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  60. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  61. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  62. БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  63. БАРНОМАИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2020
  64. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2025
  65. БАРНОМАИ МИЛЛИИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2020
  66. БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМЎЗИШ ВА НИГАҲДОРИИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2030
  67. БАРНОМАИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, РИЁЗИЮ ТЕХНИКӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020
  68. БАРНОМАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ ТИББӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020
  69. БАРНОМАИ РУШДИ КОРИ БОЙГОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2018
  70. БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019
  71. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019

Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо қарори ҳукумати
ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2011, № 643
тасдиқ шудааст

Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ
1) Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Консепсия) бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди. ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174 тасдиқ шудааст, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, №468 тасдиқ шудааст, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, №451 тасдиқ шудааст ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, № 1713 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2011, № 227
тасдиқ шудааст

Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2011-2020

Муқаддима

1) Асоси таҳияи Барномаро нишондоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010, №33 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва вазифаҳо дар соли 2010» оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Вазифаҳои Барнома ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию техникӣ ва

БАРНОМАИ РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012, №687

тасдиқ шудааст

 

 

БАРНОМАИ

РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

 

МУҚАДДИМА

  1. Асоси таҳияи Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 (минбаъд — Барнома)-ро банди 22 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012, №34 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо дар соли 2012» ва банди 16 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохўрӣ бо омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ бахшида ба Рўзи дониш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1 сентябри соли 2011) ташкил медиҳад.
  2. Барнома аз маҷмўи қисмҳои қонунгузорӣ, сохторӣ, ташкилӣ ва вазифавӣ иборат мебошад, ки онҳо дастгирӣ ва рушди фаъолияти зеҳнӣ, ҳифзи самараноки моликияти зеҳниро таъмин мекунанд.

 

  1. ТАВЗЕҲИ ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМАИ РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

 

  1. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи ҷомеаи тоҷик оғоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди нерўи ақлонӣ ва моликияти зеҳнӣ диққати махсус диҳад. Дар ҷаҳони муосир, вақте ки илм ва технология бо суръат рушд мекунанд, рушди нерўи зеҳнӣ ва моликияти зеҳнӣ дар ҳар як мамлакат гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионии он мебошад. Вазифаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариши марҳила ба марҳилаи иқтисодиёт ба роҳи инноватсионии рушд мебошад ва вобаста ба ин сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавасмандгардонии рушди нерўи инсон ва эҷодиёти зеҳнӣ нигаронида шудааст.

Солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат чораҳое оид ба дастгирии нерўи зеҳнӣ, рушди фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, фаъолияти эҷодӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ андешида шудаанд. Ҳуҷҷати муайянкунанда дар ин соҳа Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар моддаи 40 он омадааст: «Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст».

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми миллии ҳифзи моликияти зеҳнӣ таъсис ёфта ва он амал мекунад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 1993, №242 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, ҳамоҳангсозии корҳои ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти таъсис дода шуда буд. Ҳамчунин ба мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муаллифон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи асарҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2006, №604 дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста таъсис дода шудааст.

Дар ин самт бештар аз 18 қонун ва 9 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ки ба меъёрҳои кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — гражданӣ, ҷиноӣ, гумрукӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ мувофиқ меоянд. Ҳамчунин даҳҳо санадҳои меъёрии зерқонунӣ дар намуди низомномаю қоидаҳо низ қабул гардидаанд, ки муносибатҳоро нисбат ба объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ аниқ намуда, сиёсати давлатиро дар соҳаи илм муайян мекунанд ва ба дастгирии нерўи илмӣ ва таҳқиқоти илмии афзалиятдошта, фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, андешидани чораҳо оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумла:

— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»;

— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ»;.

— қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015»;

— қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015»;

— қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015»;

— қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои: 2011-2020»;

Дар ин ҳуҷҷатҳо ба андозаи муаяйн ҷиҳатҳое низ инъикос гардидаанд, ки ба масъалаҳои рушди инноватсионӣ дар мамлакат, ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҳифзи моликияти зехнӣ муносибати бевосита доранд. Масалан, дар Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 -2020, дар қисми 5 «Ҷалби нерўи илмӣ дар равандҳои инноватсионӣ» таваҷҷўҳ ба зарурати қабули чораҳо оид ба беҳтарсозии тамоми низоми фаъолияти ихтироъкорӣ дар мамлакат махсусан таъкид карда шудааст: «Бо дарназардошти он, ки фаъолияти ихтироъкорӣ ва истифодаи амалии ихтироъот яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионӣ мебошад, лозим меояд, ки барои беҳтарсозии ташкили таҳқиқоти патентӣ, корҳои патентии ҳуқуқӣ ва литсензионӣ, дастгирии олимон ва кормандони илмию техникӣ, ки ба фаъолияти ихтироъкорӣ машғуланд, корҳои зиёде ба сомон расонида шаванд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое низ қабул гардидаанд, ки баъзе намудҳои фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсиониро ба танзим медароранд, аз ҷумла:

— «Дар бораи дастовардҳои селексионии растаниҳо»;

— «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»;

— «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»;

— «Дар бораи ихтироот»;

— «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ»;

— «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»;

— «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»;

— « Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»;

— Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»;

— «Дар бораи тухмипарварӣ»;

— «Дар бораи ҳифзи навъҳо».

Дар қисми сеюми Кодекси гр аждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боби «Моликияти зеҳнӣ» ворид карда шудааст.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо дарназардошти стандарт ва меъёрҳои байналмилалӣ имкон доданд, ки дар ҷумҳурӣ барои ташаккул ва фаъолияти низоми мақсаднок ва фарогири қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини рушди пайдарпайи моликияти зеҳнӣ замина ба вуҷуд оварда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ шомил гардид, ҳамчунин як қатор созишномаю конвенсия ва шартномаҳои байналмилалиро, ки масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳниро ба танзим медароранд, имзо намуд ва ба онҳо ҳамроҳ шуд, аз чумла:

— Конвенсияи Стокголм, ки Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро таъсис дод (1967);

— Конвенсияи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ (1883);

— Шартнома оид ба шарикии патентӣ (1970);

— Созишномаи Страсбург дар бораи таснифи байналмилалии патентӣ(1971);

— Созишномаи Нитсш дар бораи Таснифи байналмилалии молҳо ва хизматҳо барои бақайдгирии тамғаҳо 1957);

— Созишномаи Локарн, ки таснифи байналмилалии намунаҳои саноатиро муқаррар кардааст (1968);

— Шартномаи Будапешт дар бораи эътирофи байналмилалии маҳфуздории микроорганизмҳо бо мақсади расмиёти патентӣ (1977);

— Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо (1891);

— Конвенсияи умумиҷаҳонӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф (1952);

— Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (соли 1886);

— Созишнома дар бораи тадбирҳои ҳифзи моликияти саноатӣ ва таъсиси Шўрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи моликияти саноатӣ (соли 1993);

— Ташкилоти авруосиёии патентӣ (1994);

— Конвенсия оид ба ҳифзи манфиатҳои иҷрочиён, офарандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои барномаи эфирӣ (Рим, 1981);

— Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (Женева, 1966);

— Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо (Женева, 1966).

  1. Табиист, ки фаъолияти зеҳнӣ ба такмили доимии заминаӣ меъёрии ҳуқуқие ниёз дорад, ки ин фаъолиятро ба танзим дарорад. Бо мурури солҳо, дар рафти амалишавии Барнома зарурати таҳияи санадҳои нави қонунгузорӣ ба миён омада, ба қонунгузорӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи иқтисодиёт бо дарназардошти таҷрибаи аллакай андўхтаи фаъолияти низоми меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили амалия, самаранокии татбиқ 1 ва тамоюли рушди қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ дар давлатҳои дигар тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

Ба мақсади тафсири ҳолат ва ҷараёни рушди нерўи зеҳнӣ ва инноватсионӣ ва самаранокии ҷамъбастии соҳаи илмию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе индикаторҳоеро (нишониҳандаҳоеро) таҳлил менамоем, ки онҳо дар амалияи ҷаҳонӣ ҷиҳати истифода қабул шудаанд.

Дар айни замон хароҷоти дохилӣ ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 0,12 фоизро аз Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ташкил медиҳад. Дар давлатҳои мутараққӣ бошад, он дар ҳудуди 1-3 фоиз аз ММД қарор дорад. Бояд зикр намуд, ки хароҷот ба илм дар мамлакати мо ба таври доими меафзояд: дар соли 2011 агар он 38 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2012 он ба 50 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расидааст. Вале, бо вуҷуди ин таъмини молиявии таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ ҳамоно нокифоя боқӣ мемонад.

Тибқи маълумотҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати то 31 декабри соли 2011 дар ҷумҳурӣ дар соҳаи илм 5756 нафар кормандони илмӣ фаъолият менамуданд, ки аз онҳо 2195 нафар соҳиби дараҷаи илмӣ (аз ҷумла, 630 нафар доктори илм ва 1565 нафар номзади илм) ва 2931 нафар бе дараҷаи илмӣ мебошанд. Тибқи маълумоти Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 дар 48 Шўрои диссертатсионие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, 336 рисола, аз ҷумла 26 рисолаи докторӣ ва 310 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудаанд.

Ҳайати кормандоне, ки бо таҳқиқ ва такмили илм машғуланд, аз рўи ҳисоби ба 10 ҳазор нафари машғул дар иқтисодиёт 24 нафарро ташкил медиҳад.

Миқдори дархостҳои патентӣ ба ихтироот, ки аз тарафи дархосткунандагони миллӣ дар мамлакат пешниҳод шудаанд, дар соли 2008 — 113 адад, соли 2009 — 116 ададро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти Комиссияи навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъи назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори патентҳо ба дастовардҳои селексионӣ дар соли 2011 — 13 адад, дар соли 2012-4 адад ва мувофиқан дар ин солҳо шаҳодатномаҳои муаллифӣ 66 ва 12 ададро ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта хеле паст мебошанд.

Оид ба имкониятҳои истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ бояд қайд кард, ки амалан ҳамаи муассисаву ташкилотҳое, ки дар онҳо таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешаванд, ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд.

  1. Таъсири асноди меёърии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида, ки асоси заминаӣ қонунгузории фаъолияти соҳаи моликияти зеҳниро ташкил медиҳанд, ҳамчунин шарҳи баъзе индикаторҳои (нишондиҳандаҳои) муҳими ҳолат ва рушди низоми моликияти зеҳнӣ дар мамлакати мо ва муқоисаи онҳо бо мамлакатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт мушкилиҳои ҳалталаб зиёданд. Ин мушкилотро ба мақсади ташаккул додани низоми муосири комил ва ба таври воқеӣ амалкунандаи моликияти зеҳнӣ, ки ҷавобгўи стандартҳои ҷаҳонӣ бошад, ҳал бояд кард.

Ба ҷумлаи чунин мушкилот инҳоро мансуб донистан мумкин аст: сатҳи пасти татбиқи амалии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ; ҷалби сусти ҷавонон ба соҳаи эҷодиёти илмию техники ва ихтироъкорӣ; ташаккул наёфтани низоми тайёр кардани мутахассисон дар идоракунии молкияти зеҳнӣ; сатҳи нокифояи ҳифзи ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ; самаранокии пасти тадбирҳо оид ба пешгирии гардиши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ; норасоиҳо дар ҳамкории байниидоравӣ ва набудани ҳамоҳангии зарурӣ байни шарикҳо оид ба таъмини ҳимояи моликияти зеҳнӣ; истифодаи сусти имкониятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ барои дастгирии низоми эҷодиёти зеҳнӣ;

Ҳолати воқеӣ ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аҳамияте, ки татбиқи мақсадноки натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар гузариши иқтисодиёт ба роҳи инноватсионии рушд дошта метавонад, ҳамчунин манфиатҳои стратегии миллӣ зарурати қабули Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсонро дар давраи то соли 2020 тақозо мекунанд.

 

  1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ ВА ИҶРОКУНАНДАГОНИ БАРНОМА

 

  1. Мақсади Барнома ин такмили низоми миллии дастгирӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода ва тиҷоратигардонии объектҳои моликияти зеҳнӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ, фаъолияти эҷодӣ, мустаҳкамгардонии афзалияти дастовардҳои илмӣ ва техникии олимон ва мутахассисони ватанӣ, пешгирии гардиши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ мебошад.
  2. Барои расидан ба мақсадҳои Барнома ҳал намудани вазифаҳои асосии зерин зарур аст:

— такмили заминаӣ меъёрии ҳуқуқии ҳифзи моликияти зеҳнӣ;

— такмили низоми идораи моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи он, ташаккули инфрасохтори зарурӣ;

— чораандешӣ оид ба ҳимояи бозори ҷумҳурӣ аз густариш ва истифодаи маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ;

— тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

— баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои он дар гардиши иқтисодӣ;

— равнақ додани хадамот оид ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ дар вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту корхонаҳо, таъмини ин хадамот бо мутахассисон;

— истифодаи таҷрибаи байналмилалии фаъолияти низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ.

  1. Самтҳои асосии рушд ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

— дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ, рушди нерўи зеҳнӣ;

— такмили заминаӣ меъёрии ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ;

— ташаккул ва рушди инфрасохтори низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идораи он;

— пешгирӣ ва бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

— такмил ва равнақ додани низоми таҳсилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

— ҳамкории баналмилалӣ оид ба рушди низоми моликияти зеҳнӣ.

  1. Барои арзёбӣ кардани самаранокӣ ва натиҷадиҳии иҷрои чорабиниҳои Барнома нишондиҳандаҳои оморие истифода мешаванд, ки онҳо нерўи зеҳнӣ ва омилҳои рушди он, объектҳо ва фаъолият дар соҳаи моликияти зеҳниро тавсиф медиҳанд.
  2. Иҷрокунандагони Барнома вазорату идораҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии патенту иттилоот, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

  1. САМТҲОИ АСОСИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

 

  • 1. ДАСТГИРӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ИХТИРОЪКОРӢ, РУШДИ НЕРЎИ АҚЛОНӢ

 

  1. Натиҷаҳои назарраси эҷодиёт дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон — илм ва технология, адабиёт, фарҳанг, истеҳсолот — бевосита ба сатҳи умумии зеҳнии ҷомеа, самаранокии низоми таҳсилот, ташаккули нерўи илмӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди эҷодиёти ҷавонон алоқаманд аст. Маҳз дар давлатҳое, ки дар онҳо дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардиданд, нишондиҳандаҳои моликияти зеҳнӣ бештар буда, иқтисодиёт бо роҳи инноватсионӣ тараққӣ мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти стратегӣ ба рушди низоми таҳсилот, такмили нерўи илмию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи зеҳнии ҷомеа ҳамчун асос барои ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ равона карда шудааст.

Бинобар ин, он далел тасодуфӣ нест, ки дар солҳои охир Ҳукумати мамлакат якчанд асноди муҳими аҳамияти стратегӣ доштаро тасдиқ намуд: Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020. Ниҳоят боз як ҳуҷҷати муҳиме, ки нақш ва аҳамияти нерўи зеҳниро дар рушди ҷомеа муайян мекунад, Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 мебошад.

Дар ин Барнома, бо мақсади инкишоф додани муқаррароти асосии мавҷуда дар Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, чорабиниҳое муайян карда шудаанд, ки ба мутамарказгардонии захираҳо ва нерўи илмӣ дар таҳқиқоти афзалиятдошта, яъне дар он таҳқиқоте, ки тавассути онҳо имконияти ба даст овардани далелҳои нави илмӣ ва ихтироот, тавлиди ғояҳои нави илмӣ ва донишҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионии рақобатпазир, ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва то татбиқи онҳо, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти эҷодии олимон ва мутахассисони ҷавон зиёд аст, равона карда шудаанд.

  1. Бо дарназардошти эҳтиёҷоти рушди иқтисодиёти мамлакат, махсусияти фаъолияти мактабҳои илмӣ, таҷрибаи амалии ҷаҳонии табдили донишҳои илмӣ ба технологияҳои рақобатпазир, ба ҷумлаи самтҳои илмӣ ва илмию технологӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст: нанотехнологияҳо ва наномаводҳо; маводҳои филизии созандагӣ, маводҳои композитсионии полимерӣ; манбаҳои барқароршавандаи энергия; усулҳои моделсозии математикии мўътадилгардонии кори гидроузелҳо; биотехнология; селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ; технологияҳои биологии тиббӣ; ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои инсон; технологияи истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ; пешгирии фоҷиаҳои табиӣ ва техногенӣ.

Аҳамияти бузургро барои мамлакати мо ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирӣ ва ҳавасмангдгардонии кори селексионерҳо, ки ба ҷорӣ намудани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво, масъалаҳои танзим ва ҳифзи моликиятӣ зеҳнии онҳо машғуланд, соҳиб аст. Дақши пешбарро дар иқтисодиёти мамлакат комплекси агросаноатӣ мебозад, бинобар ин, таваҷҷўҳи махсусро ба асосҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ — селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво равона кардан зарур аст.

Дар Тоҷикистон навъҳои олии сатҳи ҷаҳонии пунбадона, гандум ҷуворимакка, зироатҳои хўрока, мевагӣ ва сабзавотӣ ба даст оварда шудаанд. Навъҳои ватанӣ дар қисми зиёди масоҳатҳои киштбоби ҷумҳурӣ кишт мешаванд. Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ тағйироти ҷиддӣ дар комплекси агросаноатии мамлакат рўй доданд, ки онҳо ба тамоми низоми селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво таъсир расониданд.

Тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ як қатор тадбирҳо ҷиҳати батартибдарорӣ ва дастгирии фаъолияти селексионӣ бо дарназардоштии тағйироте, ки дар комплекси агросаноатии мамлакат рўй доданд, ҳамчунин талабот ва меъёрҳое, ки ба фаъолияти селексионӣ дар аксарияти давлатҳои чаҳон ва ташкилотҳои баналмилалӣ пешниҳод шудаанд, қабул гардиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» қабул карда шуданд. Тамоми корҳои ташкилӣ оид ба арзёбии дастовардҳои селексионӣ ҷиҳати ҷорӣ намўдани навъҳои нав, озмоиши онҳо дар қитъаҳои навъсанҷии давлатӣ, ноҳиябандӣ ва додани шаҳодатномаҳои муаллифӣ ба дастоварди селексионӣ ба зиммаи Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

  1. Дар доираи амалисозии Барнома дар солҳои наздик зарур аст, ки корҳои назаррасе оид ба такмили тамоми низоми фаъолияти селексионӣ, мувофиқ гардонидани он ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои селексионерҳои ватанӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ иҷро карда шаванд.

Пеш аз ҳама зарур аст, ки корҳои омодагӣ барои шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонӣ оид ба навъҳои растанӣ ва ҳамроҳшавии он ба Конвенсияи ин Созмон идома дода шаванд. Дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растаниҳо ба ҳифзи навъҳо ва ҳуқуқҳои селексионерҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, табодули навъҳо ва иттилооти илмӣ, шиносоӣ бо технология ва усулҳои нави селексия, таҳияи дурусти расмиёти муқарраргардида оид ба пардохти маблағ ба офарандагони навъҳо, мукофотдиҳӣ барои парвариши навъҳо мусоидат менамояд.

Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳо, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зарур аст, ки оид ба роҳ надодан барои дар ҳудуди Тоҷикистон киштани тухмиҳои ноҳиябандинашуда, навъҳое, ки оид ба пайдоиши онҳо асноди мувофиқ вуҷуд надорад ё маҳсулоти қочоқ мебошанд, чораҳои муассир таҳия ва қабул намоянд. Набудани тартибот дар ин кор боиси омехташавии механикӣ ва ифлосгардонии навъҳои генотипии зироатҳои кишоварзӣ, пастшавии сифати маҳсулот гардида, навъҳо муаллифони худро гум мекунанд ва селексионерҳои ватанӣ бе ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба моликияти зеҳнӣ мемонанд.

Албатта, мубодилаи маводи генетикӣ ва муайян кардани имконияти кишти навъҳои селексияи хориҷӣ дар кишвари мо, ки аз рўйи ҳосилнокӣ ва сифат аз навъҳои маҳаллӣ камӣ надоранд ва ё аз онҳо бартарӣ ҳам доранд, амалияи оддиест, ки дар тамоми давлатҳо татбиқ мешавад. Вале ин чорабиниҳоро дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зери назорати Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудан мебояд. Танҳо ин муассисаҳо метавонанд оид ба имконияти кишти ин ё он навъ дар ҷумҳурӣ хулосаи дахлдор пешниҳод намоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳалталаб муайян кардани тартиби аниқи муносибатҳо байни муаллифи навъ ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Талаб карда мешавад, ки бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ асноди зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва низмномаю шартномаҳои мувофиқ таҳия карда шаванд.

Муаллифони навъҳо бояд ба он эътимод дошта бошанд, ки моликияти зеҳнии онҳо зери ҳимоя қарор дорад ва барои истифодаи навъҳои офаридаи онҳо чӣ дар мамлакат ва чӣ дар хориҷ аз он ба онҳо бо тартиби муқарраргардида маблағи мувофиқ пардохт карда мешавад.

Пас аз коркарди ҷиддӣ ва ҳамаҷиҳатаи ин масъала зарур аст, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастовардҳои селексионии растаниҳо», «Оид ба тухмипарварӣ», «Оид ба ҳифзи навъҳои растаниҳо», тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. Имкон дорад, ки ҳамаи ҷиҳатҳои ин масъала дар қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёбанд.

  1. Дар доираи амалисозии Барнома пешбинӣ мегардад, ки барои фаъолгардонӣ ва пешгирии ихтироъкорӣ, такмили низоми ташкили таҳқиқоти патентӣ, корҳои патентии ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар мамлакат бояд Маркази миллии патенту иттилоот, вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту корхонаҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.

Бояд ба назар гирифт, ки фаъолияти ихтироъкорӣ ва татбиқи амалии ихироот яке аз омилҳои асосии пешрафти илмию техникӣ буданд, мебошанд ва хоҳанд буд. Ихтироъ қисми таркибии пешрафти инноватсионӣ мебошад, ки бе он рушди иқтисодиёти муосири инноватсионӣ тасаввурнашаванда аст.

Зимни арзёбӣ кардани фаъолияти вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаву ташкилотҳо ва роҳбарони онҳо мебояд, ки аз нишондиҳандаи фаъолияти ихтироъкорӣ истифода карда шавад.

 

  • 2. ТАКМИЛИ ЗАМИНАӢ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

 

  1. Фаъолияти зеҳнии инсон омили муайянкунадаи пайдоиш ва рушди ахлоқию моддии ҷомеаи инсонӣ, вазъи амволӣ ва некўаҳволии моддии шахси алоҳида, ҷамъияту давлат ва ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ буд ва боқӣ мемонад. Вобаста ба ин, танзими ҳуқуқии ин соҳаи ҳаётан муҳим нишондиҳандаи зарурӣ ва афзалияти ҷамъияту давлат мебошад.

Ба дарки чунин муҳимияти фаъолияти зеҳнии инсон, дар ҳар як давлат асосҳои ҳуқуқии ҳифзи дастовардҳои зеҳнӣ таҳия карда шудаанд, ки мақсади онҳо ба фаъолияти эҷодӣ, фурўхти тиҷоратии натиҷаҳои ин эҷодиёт ҳавасманд гардонидани одамон мебошад ва ин бешубҳа боиси рушди зеҳнӣ, беҳшавии ҳолати амволии онҳо мегардад ва, ниҳоят, ба устувории иқтисодии давлат бевосита таъсир карда, ба рушди иқтисодии он мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнӣ, ҳамчунин таъмини рушди нерў сиёсати фаъолро оид ба фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои зеҳнӣ дар ҳудуди худ амалӣ менамояд.

  1. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаӣ зарурии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ мавҷуд аст, ки он аз асноди меъёрии ҳуқуқии сатҳ ва соҳаҳои гуногун иборат буда, дар давраҳои гуногуни истиқлолияти мамлакат таҳия ва қабул шудаанд. Зикр кардан зарур аст, ки асноди ҳуқуқӣ тибқи асноди ҳуқуқии байналмилалӣ ва аз рўйи натиҷаҳои машваратҳои зарурӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ қабул карда шудаанд.

Албатта, асоси ҳуқуқии ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи моддаи 40 он «Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст». Ҳамин тавр, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати чамъият ва давлатро нисбат ба моликияти зеҳнӣ муайян карда, мақомоти давлатиро ба таҳия ва қабули асноди меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, ба вуҷуд овардани шароити мусоид ва иҷрои амалиётҳои қодир ба таъмини ҳифзи ин навъи моликият ҳидоят менамояд.

Дар асоси ин муқаррароти конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ ва танзими ҳуқуқии минбаъдаи моликияти зеҳнӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногуне таъмин карда мешавад, ки онҳо хусусияти ҳуқуқи шахсӣ ва ҳуқуқи оммавӣ доранд.

Ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва танзими моликияти зеҳнӣ дар сатҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумӣ ва махсуси қонунгузории гражданӣ таъмин карда мешавад. Дар низоми қонунгузории гражданӣ нақши муайянкунанда, умумӣ ва пешбар ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, ки дар он муқаррароти умумии ҳифз ва танзими моликияти зеҳнӣ баён карда шудаанд. Муқаррароти махсуси ҳифз ва танзими моликияти зеҳнӣ дар қонунҳои махсус ва санадҳои зерқонунӣ пешбинӣ гардидаанд. Санадҳои махсуси қонунгузории гражданӣ аз рўйи ниҳод (институт)-ҳо ё алоҳида ва гурўҳи объектҳои ба ҳам монанди моликияти зеҳнӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.

Ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва танзими моликияти зеҳниро ба таври аёнӣ дар ҷадвали зерин дидан мумкин аст:

 

Ниҳодҳои моликияти зеҳнӣ

Объектҳои моликияти зеҳнӣ

Муқаррароти умумӣ

Муқаррароти махсус

Эзоҳ

Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста

Асар

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста»

 

Овозхонӣ

Басаҳнагузорӣ

Сабтҳои овоз (фонограммаҳо)

Барномаҳои телевизионӣ

Ҳуқуқи патентӣ

Ихтироъ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироот»

Зарурати ҳифзи умумӣ ва танзими ҳамаи объект-ҳои ҳуқуқи патентӣ дар доираи Қонуни ягонаи патен-тӣ вуҷуд дорад

Моделҳои муфид

Намунаи саноатӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»

Воситаҳои фардикунонӣ

Номгузории ширкатӣ

 

Зарурат доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгузориҳои ширкатӣ» вуҷуд дорад Зарурати во-рид кардани иловаҳо ба Кодекси гражаднии Ҷумҳурии Тоҷикистои оид ба ишорати тиҷоратӣ вуҷуд дорад

Тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ

Қонуни Ҷумхурии Тоникистон «Дар бораи тамгаҳои молӣ ва тамгахои хизматрасонӣ»

Номгузории маҳалли истеҳсоли мол

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»

Ишорати тиҷоратӣ

Муқаррароти махсус

Объектҳои ғайрианъа-навӣ

Сирри тиҷоратӣ ва хизматӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ»

Зарурати ҳифзи умумӣ ва танзими ҳамаи даст-овардҳои селексионӣ (навъи раста-ниҳо ва ҷинси чорво)дар доираи қонуни ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба дастовардҳои селексионӣ» вуҷуд дорад. Зарурати таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ «Оид ба пешниҳодҳои оқилона», ҳамчунин «Оид ба каш­фиёт» ба мақ-сади ҳавас-мандгардонии он вуҷуд дорад

Топологияи микросхемаҳои интегралӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи топологияи интегралӣ

Дастовардҳои селексионӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи навъҳои растанӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кори зотпарварӣ»

Пешниҳодҳои оқилона

 

Кашфиёт

 

Гузашта аз ин, ҳифзи ҳуқуқи оммавии моликияти зеҳнӣ бо меъёрҳои қонунҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— Кодекси ҷиноятӣ;

— Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

— Кодекси гумрук;

— Кодекси андоз.

Дар ин қонунҳо меъёрҳои ҳуқуқие мавҷуданд, ки онҳо одатан амалҳои муайян ё тартиби ворид кардани объектҳои моликияти зеҳниро ба гардиши гражданӣ манъ менамоянд.

Объектҳои моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи муносиби онҳо ба рушди танзими ҳуқуқии минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ниёз доранд.

  1. Дар айни замон дар сатҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ созишномаҳои зиёде тасдиқ шудаанд ва амал мекунанд, ки ба қоидаҳои асосии ниҳодҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ бахшида шудаанд. Нисбат ба баъзеи онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай муносибати худро муайян намудааст.

 

Ниҳод (институт)-ҳои моли­кияти зеҳнӣ

Санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санадҳои минтақавии ҳуқуқӣ

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эзоҳ

 

Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста

Конвенсияи умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф

Иштирокчӣ

       

Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ

Иштирокчӣ

Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста

Иштирокчӣ

Такмил додани қонуни амалкунанда «Оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои ба он вобаста» зарур аст

 

Шартномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф

Иштирокчӣ

Созишномаи ҳамкорӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвай-ронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ

Иштирокчӣ

 

Конвенсияи Рим оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои иҷрокунандагон, офарандагони фонограммаҳо ва ташкили барномаҳои эфирӣ

Иштирокчӣ

Созишнома оид ба ташкили мубодилаи байнидавлатии иттилоот ва ташаккули захираҳои миллии маълумоти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои ба он вобаста

Иштирокчӣ

 

Шартномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо

Иштирокчӣ

     

Шартнома оид ба сабти байналмилалии асарҳои аудиовизуалӣ

       
 

Конвенсия оид ба фонограммаҳо

         
 

Конвенсия оид ба радифҳои маснўи Замин (спутникҳо)

Иштирокчӣ

     
 

Конвенсияи бисёрҷониба оид ба пешгирии андозситонӣ аз маблағи мукофоти муаллифӣ

       

Моликияти саноатӣ

Конвенсияи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ

Иштирокчӣ

Конвенсияи авроосиёии патентӣ

Иштирокчӣ

   

Созишномаи Мадрид оид ба пешгирии ишо-раҳои қалбакӣ ё баиштибоҳова-ранда дар мол

 

Созишнома оид ба чораҳо роҷеъ ба огоҳонӣ ё пешгирии истифодаи тамғаҳои қалбакии моли ва ишораҳои географӣ

Иштирокчӣ

 

Шартномаи Найроби дар бораи ҳифзи рамзи олимпӣ

Иштирокчӣ

Созишнома оид ба таъминоти тарафайни ҳифзи сирҳои байнидавлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии ихтироот

Иштирокчӣ

 

Шартномаи Вашингтон оид ба моликияти зеҳнӣ нисбат ба микросхемаҳои интегралӣ

 

Консепсияи ташаккули захираҳои миллии маълумот ва ташкили мубодилаи байнидавлатии итилоот оид ба огоҳонӣ ё пешгирии ҳуқуқвай-ронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ

Иштирокчӣ

 
 

Шартнома оид ба қонунҳо дар бораи тамғаҳои молӣ

 

Созишнома оид ба стандарти ягонаи гардиши объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар ҳудудӣ давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодиӣ Авруосиё офарида шудаанд

Иштирокчӣ

   

Шартнома оид ба шарикии патентӣ

Иштирокчӣ

   

 

Шартнома оид ба ҳуқуқи патентӣ

     

 

Шартномаи Будапешт дар бораи эътирофи байналмилалии маҳфуздории микроорганизмҳо бо мақсади расмиёти патентӣ

Иштирокчӣ

   

 

Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо

Иштирокчӣ

   

 

Созишномаи Лиссабон оид ба ҳифзи номгузориҳои маҳаллҳо ва сабти байналмилалии онҳо

     

 

Созишномаи Гаага оид ба маҳфуздории байналмилалии намунаҳои саноатӣ

       

 

 

Созишномаи Страсбург оид ба таснифи байналмилалии патентӣ

Иштирокчӣ

       

Созишномаи Нитс оид ба таснифи байналмилалии молҳо ва хизматҳо барои бақайдгирии тамғаҳо

Иштирокчӣ

   

 

 

Созишномаи Локарн оид ба таъсиси таснифи байналмилалии намунаҳои саноатӣ

Ҳамроҳ шудааст

   

 

Созишномаи Вена оид ба таъсиси таснифи байналмилалии унсурҳои тасвирии аломатҳо

Иштирокчӣ

   

 

Конвенсияи таъсиси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ

Аъзо

     

 

Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқҳо ба моликияти зеҳнӣ

       

 

 

Такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ шарти зарурӣ буда, имкон медиҳад, ки тамоюлҳои муосир дар рушди иқтисодиёти инноватсионӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ ба назар гирифта шаванд. Ин раванд бояд ба афзалиятҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, таҳқиқоти илмии масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт ва таҳлили ҳамаҷиҳатаи амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ асос ёфта бошад.

  1. Саноатикунонии объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар ин маврид ба ин соҳаи иқтисодиёт технологияҳои нав, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ таъсири зиёд доранд. Қонунгузории мувофиқ ба стандартҳои муосир аз ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста бояд барои эҷодиёт ва ҳифзи инвеститсия, ки ба рушди он, таъмини баробарии манфиатҳои муаллифон ва дигар ҳуқуқсоибон, истифодабарандагон, ҷомеа, давлат, ҳамчунин истифода ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар муҳити рақамӣ нигаронида шудаанд, шароити мусоид фароҳам оварад.

Таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ аз зарурати рушди минбаъдаи қонунгузории миллӣ доир ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба мақсади такмили шароити ҳифзи объектҳои алоҳидаи ин ҳуқуқҳо, аз ҷумла барномаҳои компютерӣ ва захираи маълумотҳо, ниҳоди асарҳои хизматӣ, шартномаҳо оид ба истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва муқаррароти қонунгузории амалкунанда шаҳодат медиҳад.

Аҳамияти бештар афзояндаро барои гардиши иқтисодӣ иттилооти махфии хусусияти техникӣ, ташкилӣ ё тиҷоратидошта соҳиб аст. Дар савдои ҷаҳонӣ ҳаҷми аҳдномаҳо, ки мавзўи онҳо сирри истеҳсолот (ноу-хау) мебошад, бо ҳаҷми савдои иҷозатдодашуда, ки ба патентҳои додашуда асос ёфтааст, муқоисашаванда мебошад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқии иттилооти махфӣ (махсус) такмилро тақозо мекунад.

 

  • 3. ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ НИЗОМИ ҲИФЗИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ ВА ИДОРАКУНИИ ОН

 

Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори зерини низоми таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ вуҷуд доранд, ки дар сатҳи давлатӣ ва мустақилона таъсис дода шудаанд:

а) Инфрасохторҳои давлатӣ:

— Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои он аз инҳо иборат аст: сабт ва додани патент ба ихтироот, намунаҳои саноатӣ; сабт ва додани шаҳодатномаҳо ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ.

— Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба вазифаҳои он сабт ва додани шаҳодатнома ба навъҳои нави растанӣ ва зоти чорво дохил мешавад.

— Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли воҳиди сохторӣ (шўъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста), ки ба вазифаҳои он пешниҳоди маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба муаллифон ва бо хоҳиши онҳо додани шаҳодатномаҳои муаллифӣ, ҳифз намудани манфиатҳои қонунии муаллифон ва ворисони онҳо ҳангоми истифодаи асарҳои илм, адабиёт ва санъат дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, назорат намудани дурустии пардохти ҳаққи қалами муаллифон аз ҷониби муассисаву идораҳои ҷумҳурӣ дохил мешавад.

б) Иттиҳодияҳо ва ташкилотҳо:

— Иттифоқ ва иттиҳодияҳои гуногун (нависандагон, оҳангсозон, рассомон, синамогарон ва монанди ин).

— Идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон.

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ инфрасохтори зарурии сатҳи давлатӣ мавҷуд буда, инчунин заминаӣ зарурии ҳуқуқӣ барои амалисозии ҳифз дар сатҳи иттиҳодияҳо ва ташкилотҳо фароҳам оварда шудааст. Вале нисбат ба онҳо сиёсати давлатии ягона дар ин соҳаи ҳаётан муҳим амалӣ карда намешавад. Дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият ҷиҳати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ фаъолият кунад ҳам, вале ин кифоя буда, самаранокии кори он назаррас нест.

Вобаста ба самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи афзалиятдошта дар марҳилаи кунунӣ рушди минбаъдаи инфрасохтори низоми ҳифз ва идораи моликияти зеҳнӣ мебошад. Ин амалисозии чорабиниҳоро оид ба рушди инфрасохтори соҳавӣ ва минтақавии ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла муносибгардонии фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоот назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳиди сохтории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаи моддию техникӣ ва таъминоти кадрии он, ба вуҷуд овардани низоми назорат ва танзими бозори моликияти зеҳнӣ, такмили низоми идоракунии дастаҷамъонаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста, механизми ҳимояи моликияти зеҳнӣ, ташкили кори ваколатдорони патентиро талаб мекунад.

Дар доираи Барнома амалисозии чорабиниҳое, ки ба рушди инфрасохтори соҳавӣ ва минтақавии ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ нигаронида шудаанд, идома дода мешавад. Амалисозии ин чорабиниҳо иҷрои корҳои зеринро пешбинӣ мекунад: таъсис ва таҳкими хадамоти патентию литсензионӣ дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотӣ; бо мутахассисони касбӣ таъмин намудани ин хадамот; ташкили кўмакҳои моддӣ ба манфиатдорон дар ин самт; таҳияи заминаваи меъёрии ҳуқуқии мувофиқ.

  1. Амалисозии чорабиниҳои ташкилию техникие ба назар гирифта шудааст, ки ба муносибсозии фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоотии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳиди сохтории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, аз ҷумла: таъмини макони зарурии ин марказ, ки ба маблағгузорӣ ва таъминоти кадрии фаъолияти он мувофиқ бошад; таҳкими заминаӣ моддию техникӣ; татбиқи технологияҳои муосир; ҷиҳозонидани ҷойҳои кори таъсисдодашуда; ташкили баландбардории тахассус, такмили ихтисос ва коромўзии кормандони соҳаи моликияти зеҳнӣ.

Тавре маълум аст, дар Маркази миллии патенту иттилоот таъсис додани Интернет-портали Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 пешбинӣ гардидааст. Вобаста ба қабули Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 мувофиқи мақсад аст, ки Интернет-портали ягонаи ин ду Барнома таъсис дода шавад. Дар ин маврид, дастрасии васеъ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет таъмин гардида, шабакаи марказҳои иттилоотии тамосии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, вазорату идораҳо, сохторҳои дигар ташаккул дода мешавад.

Табиист, ки номгўйи маълумотҳое, ки дар Интернет-портал ҷойгир карда мешаванд, таввассути таъмини иттилоотии амалкарди низоми моликияти зеҳнӣ дар мамлакат хеле меафзояд.

Ҳамин тариқ, Маркази миллии патенту иттилоот ба маркази асосии мамлакат оид ба таъмин намудани иттилоот ба иҷрокунандагони ин ду Барномаи афзалиятдошта табдил меёбад, ки амалисозии онҳо барои рушди равандҳои инноватсионӣ ва барои афзоиши минбаъдаи нақши нерўи зеҳнӣ ва моликияти зеҳнӣ дар ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ аҳамияти хеле муҳим дорад,

Вобаста ба зарурати таъмини амалисозии сиёсати самараноки давлатӣ ҳангоми ҳал кардани вазифаҳои чандзинагӣ оид ба ҳифз, арзёбӣ, интиқоли ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва назорат ба истифодаи онҳо, дар заминаӣ Маркази миллии патенту иттилоот таъсис додани воҳиде мувофиқи мақсад аст, ки он мониторингро дар самти арзёбӣ, интиқол ва истифодаи ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, ҳамчунин роҳбарии методиро ба фаъолияти манфиатдорон дар ин самтҳо, аз ҷумла, оид ба масъалаҳои патентигардонии хориҷии объектҳои моликияти саноатӣ, интиқоли технологияҳои дутаъйинот таъмин намояд.

  1. Самти муҳими амалисозии чорабиниҳо оид ба такмили ташкили корҳои ваколатдорони патентӣ — ин баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои онҳо, ташкили омодагии касбии онҳо, баланд бардоштани тахассус ва такмили ихтисос мебошад.

Дар ин маврид тавассути ба вуҷуд овардани низоми асноди меъёрии ҳуқуқӣ бояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муаллифон, ташкилотҳои таҳиягар ва инвесторҳо, аз ҷумла давлат таъмин карда шуда, низоми муассири ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамчунин танзими возеҳи амалисозии ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи натиҷаҳои фаъолияти илмию техники, ки ба ҷалби маблагҳои буҷетӣ ба вуҷуд оварда шудаанд, ташаккул дода шавад.

Амалисозии чораҳои зикршуда имкон медиҳад, ки ҳавасмандгардонии эҷодиёт, ҳифз ва рушдӣ нерўи зеҳнии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои нигахдории рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ва рушди содирот, нигахдории воридоти технологияҳои пешқадам ва фаъолгардонии равандҳои инвеститсионӣ дар саноати ватанӣ таъмин карда шавад.

 

  • 4. ПЕШГИРӢ ВА БАРТАРАФСОЗИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО ДАР СОҲАИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

 

  1. Устувории муносибатҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҳамчунин қаноатмандии иштарокчиёни он аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи пешгирӣ ва бартараф кардани ҳуқуқвайрокуниҳо дар ин соҳа вобаста аст.

Айни замон дар доираи низоми ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайрокуниҳо бо тартиби муайяни қонунгузориҳои зерини соҳавӣ таъмин карда мешавад:

Қонунгузории гражданӣ, ки дар чаҳорчўбаи он ҳуқуқвайрокуниҳо тариқи амалиёти фаъолонаи худи эҷодкор бо истифодаи тарз ва воситаҳои гражданию ҳуқуқӣ пешгирӣ карда мешаванд;

Қонунгузориҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ, ки дар чаҳорчўбаи он ба ҳуқуқвайронкунандагон мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти худ мубориза мебаранд. Вале дар ин ҷо пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба талабот ва иштироки фаъоли худи шахсони манфиатдор вобаста мебошад.

Қонунгузории гумрук, ки дар доираи он назорат ба гардиши объектҳои моликияти зеҳнӣ амалӣ карда мешавад.

Меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузориҳои мавҷудаи гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ заминаи кофӣ ба вуҷуд меоваранд.

Масалан, ба мақсади пешгирӣ кардани маҳсулоти ғизоии қочоқ ва қалбакӣ дар бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунадагон», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»-ро ба роҳбарӣ мегирад.

Дар натиҷаи гузаронидани тафтишот ва назорати давлатӣ кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар соли 2011 19 ҳолат ва дар давраи се моҳи соли 2012 6 ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи моликияти зеҳниро ошкор намуданд. Аксарияти ин қонунвайрокуниҳо ба фурўши маҳсулоти ширкат ва корхонаҳои дигар бо истифодаи тамғаҳои молии қалбакӣ алоқаманд мебошанд.

Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии маҳсулоти қалбакӣ дар ҷумҳурӣ, ин пеш аз ҳама паст будани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон мебошад. Дар ин самт мебояд корҳои тавзеҳотӣ ба воситаи гузаронидани семинар-машваратҳо бо истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон амалӣ карда шуда, ҳамзамон тариқи васоити ахбори омма амалӣ намудани корҳои тавзеҳотӣ пурзўр карда шаванд.

Барои таҳкими ҳимояи бозори истеъмолии ватанӣ зарур аст, ки дар қонунгузории мамлакат як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Бо мақсади беҳтар кардани кори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мебояд, ки ба ниҳодҳои ҳамшабеҳи хориҷӣ мутахассисон барои коромўзӣ ва азхудкунии усулҳои муосири ҳифзи моликияти зеҳнӣ фиристонида шаванд.

Маҳсулоти «дуздӣ» — аз молҳои оддӣ то доруҳои табобатӣ ва маҳсулоти ғизоӣ — ҳоло ба бозори истеҳсолии мамлакат ворид мешаванд. Корҳои зиёдеро анҷом додан мебояд, то пеши роҳи паҳншавии маҳсулоти кочоқ ва қалбакӣ гирифта шавад.

  1. Солҳои охир дар ҷаҳон истеҳсолоти ба ном организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ модификатсияшуда ва маҳсулоти ғизоии дорои ингредиентҳои аз ҷиҳати генетикӣ модификатсияшуда паҳн гардидааст. Истеҳсолоти назоратнашаванда ва содироти ин гуна организмҳо ва маҳсулоти ғизоӣ ва паҳншавии онҳо дар гардиши тиҷоратӣ метавонад ба саломатии инсон зарари зиёд оварда, ҳолати экологиро бад гардонад ва ба рақобатпазирии маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, зарур аст, ки ба асноди қонугузории амалкунанда, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ» ислоҳу иловаҳо ворид карда шавад, то тартиби батанзимдарорӣ, иҷозатномадиҳӣ ва воридсозии ин организм ва маҳсулоти ғизоӣ муқаррар карда шавад.

Меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи тарафҳои алоҳидаи мубориза алайҳи маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ ба ҳамгунсозӣ (унификатсия) нисбат ба объектҳои гуногуни моликияти зеҳнӣ ниёз доранд. Зарур аст, ки мувофиқасозии амалиётҳои мурофиавӣ ва меъёрҳои ҷавобгарии граждании ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ нисбат ба мубориза алайҳи маҳсулоти қочоқ гузаронида шавад.

Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои таъҷилии пешгирии савдои маҳсулоти қочоқ гурўҳҳои махсусан таъсисдодашуда аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои гумрук машғул мебошанд. Вале дар фаъолияти ин мақомот низоми зарурӣ, ҳамоҳангии ваколатҳо ва вазифаҳо вуҷуд надоранд. Ҳамин тариқ, яке аз вазифаҳои асосӣ баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои байниидоравӣ байни шариконе мебошад, ки ба мубориза алайҳи маҳсулоти қочоқ ва қалбақӣ вобаста карда шудаанд.

  1. Бо мақсади таъмини муқобилати самаранок ба вайронкориҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ гузаронидани чорабиниҳои байниидоравии таъҷилии пешгирӣ ва амалиётҳои махсус ҷиҳати пешгирӣ кардани далелҳои ҳуқуқвайрокуниҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ идома дода мешавад.

Вобаста ба ин мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки мақомоти ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ, ки масъул ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои зикршуда мебошанд, имконияти таъсиси сохторҳои махсусгардонидашудаеро меомўхтанд, ки ба ўҳдадориҳои онҳо ошкор ва қабул кардани чораҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ оид ба роҳ надодан ба густариши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ, ҳамчунин таъмини ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мансуб буда метавонистанд.

Барои баланд бардоштани самаранокии ҳимояи моликияти зеҳнӣ зарур аст, ки амалияи татбиқи қонунгузориҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ, баровардани қарорҳо оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла таҷрибаи мавҷудаи байналмилалӣ омўхта шавад ва дар ин замина оид ба такмили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар ин соҳа пешниҳод таҳия карда шавад.

Ба мақсади дар ҷумҳурӣ мураттаб гардонидани воридот ва фўрўши маҳсулоти дорои объекти зеҳнӣ роҳ надодан ба паҳншавии маҳсулоти қалбакӣ, зарур аст, ки таҷрибаи мавҷудаи байналмилалии татбиқи воситаҳои техникӣ оид ба ҳифзи объектҳои ҳуқуқии муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста омўхта шавад ва масъалаи татбиқи воситаҳои зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шавад.

Ба мақсади муайян кардани ҳолати воқеии корҳо ва муайян намудани сатҳи маҳсулоти қочоқ зарур аст, ки ба таври доимӣ мониторинги бозори моликияти зеҳнӣ таъмин карда шуда, таҳлили комили иттилоотӣ воридшаванда гузаронида шавад. Ҳамчунин дурнамои тамоюлҳои асосии истеҳсол ва паҳншавии маҳсулоти қочоқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад, ки ин танҳо ҳангоми мавҷудияти каводи дақиқи оморӣ оид ба ҳаҷми истеҳсолот, воридот ва фурўши маҳсулот имкон дорад.

 

  • 5. ТАКМИЛ ВА РУШДИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТ ДАР СОҲАИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

 

  1. Барои баланд бардоштани самаранокии доимии фаъолияти низоми моликияти зеҳнӣ зарур аст, ки чораҳои таъминоти кадрии касбии ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он саривақт андешида шаванд. Дар назар аст, ки ташаккул ва такмли низоми таҳсилоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самтҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад:

— татбиқи марҳилавии ҳамаи шакл ва намудҳои таҳсилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

— тайёр кардани коршиносон (экспертҳо) ва мутахассисон на танҳо дар самти ҳифзи моликияти зеҳнӣ, балки инчунин иқтисодчиён, менеҷерҳо, маркетологҳо, мутахассисон оид ба технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, ки вазифаи онҳо то ба татбиқи амалӣ расонидани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ мебошад;

— ташкили заминаӣ таълимию методӣ, нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва барномаҳо ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо;

— аз нав дида баромадани номгўи ихтисосҳое, ки ба стандарти онҳо бояд омўзиши масъалаҳои моликияти зеҳнӣ ворид гарданд;

— дар барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷорӣ намудани як қатор курсҳои махсус оид ба моликияти зеҳнӣ («Низоми миллии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ» ва монанди инҳо);

— дар назди Маркази миллии патенту иттилоот таъсис додани марказ оид ба тайёр кардани кадрҳо дар самти моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он, пешниҳоди хизматрасониҳои таълимӣ, касбӣ ва иттилоотӣ;

— ташаккули низоми муосири такмил ва баланд бардоштани тахассуси роҳбарон ва мутахассисони мақомоти ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои илмӣ ва омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ваколатдорони патентӣ;

— дар муассисаҳои илмии академӣ ва соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои муҳими моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он;

— омода намудани пешниҳод ба Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба таъсиси Маркази таълимии моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот дар самти моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он.

 

  • 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА РУШДИ НИЗОМИ СОҲАИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

 

  1. Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ барои рушди низоми моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои ҳар як давлати дигар дорои аҳамияти калон мебошад.

Дар раванди ташаккули низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи байналмилалии ба вуҷуд овардани низоми моликияти зеҳнӣ, хусусан дар қисми асосҳои қонунгузорӣ ва фаъолияти онҳо хеле самаранок истифода шуданд. Дар солҳои наздик лозим меояд, ки ба таҷрибаи байналмилалии на танҳо давлатҳои мутараққӣ бештар таваҷҷўҳ намуд, ҳатто онро таҳлил карда, душвориҳо, хатоҳо ва хусусиятҳои минтақавиеро фаҳмида бояд ба инобат гирифт, ки бо онҳо давлатҳои зиёде дар раванди ташаккули низоми моликияти зеҳнӣ дучор омадаанд.

  1. Дар тамоми давраи амали Барнома гузаронидани чорабиниҳои гуногун оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз рўи самтҳои ассоии зерин пешбинӣ карда мешавад:

— такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

— гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ва коркардҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои афзалиятдоштаи илм ва техника, ки дар онҳо имконияти ба даст овардани натиҷаҳои нави таҳқиқот ва ихтироот, технология ва маҳсулоти инноватсионӣ зиёд аст;

— омўзиш ва истифодаи таҷрибаи хориҷии дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, қадрдонӣ кардан ва баланд бардоштани завқи олимон, адабиётшиносон, оҳангсосзон, навоварони истеҳсолот ва монанди инҳо дар фаъолияти эҷодӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ;

— таҳияи чорабиниҳои муштарак оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ, пешгирии паҳншавии маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ;

— гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба баланд бардоштани омодагии касбии коршиносон ва мутахассисон оид ба идоракунии моликияти зеҳнӣ;

— ҳамгироии комилтари низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар шабакаи иттилоотию иртиботии Интернет.

Ҳамкории баналмилалӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он ба баланд бардоштани обрўю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ мусоидат мекунад.

 

  1. МОНИТОРИНГИ НИШОНДИҲАНДА (ИНДИКАТОР)-ҲО ВА АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

 

  1. Ба сифати воситаи назорат ба иҷрои чорабиниҳои Барнома системаи мониторинг ва арзёбӣ истифода мешавад, ки он индикаторҳои миқдории зерин дорад:

— миқдори ҳайати кормандоне, ки ба таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ машғуланд, аз рўйи ҳисоби 10 ҳазор кормандони машғул дар иқтисодиёт (нафар);

— миқдори кормандоне, ки дараҷаҳои илмии доктори илм ва номзади илм доранд, аз рўйи ҳисоб ба 10 ҳазор аҳолӣ (нафар);

— зариб (коэффисиент)-и фаъолияти ихтироъкорӣ (миқдори дархостҳои патентӣ ба ихтироот, ки аз тарафи дархосткунандагони миллӣ дар мамлакат пешниҳод шудаанд, аз рўйи ҳисоб ба 10 ҳазор аҳолӣ);

— миқдори патентҳо ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ ба дастовардҳои селексионӣ, ки аз тарафи Комиссияи навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъи назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд;

— вазни хоси технологияҳои истифодашавандаи нав ва такмилёфтаи истеҳсолотӣ, ки объектҳои моликияти зеҳнӣ доранд, дар миқдори умумии онҳо (фоиз);

— миқдори воҳидҳои идоракунӣ (шўъбаҳо, гурўҳҳо) дар вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилот ва корхонаҳое, ки ба муассисаҳои фаъолияти патентию литсензионӣ машғуланд;

— миқдори воҳидҳо дар вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳое, ки ба масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ машғуланд;

— миқдори далелҳои ошкоргардида оид ба паҳншавии маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ;

— миқдори асноди меъёрии ҳуқуқии қабулшуда, аз ҷумла иловаҳо, тағйирот ва ислоҳоте, ки низоми ҳифзи моликияти зеҳниро ба танзим медароранд;

— миқдори воҳидҳои таълимӣ (факултаҳо, кафедраҳо, гурўҳҳо)-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки дар онҳо тайёр кардани мутахассисон ва баланд бардоштани тахассуси онҳо дар соҳаи идоракунии моликияти зеҳнӣ гузаронида мешавад.

 

  1. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

 

  1. Манбаи асосии таъминоти захиравии татбиқи Барнома маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мебошанд, ки онҳо дар маблағгузории мақомоти давлатии масъул ҷиҳати иҷрои чорабиниҳои дахлдори Барнома ҷудо гардидаанд.
  2. Барои иҷрои чорабиниҳои Барнома манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузориро ҷалб кардан мумкин аст, аз ҷумла: маблағҳои хусусии ташкилоту корхонаҳо, хазинаҳои ғайридавлатии маблағгузоранда ва маблағгузориҳои хусусӣ, қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ. Ба ҳайси манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ маблағҳои инвеститсионӣ ва иннонатсионии ташкилотҳо, хазинаҳо, ширкатҳо ва спонсорҳои хориҷӣ, захираҳои донорӣ ва шарики ва манбаъҳои дигарро истифода кардан мумкин аст, агар ҷудокунӣ ва истифодаи ин маблағҳо хилофи қонунгузории амалкунадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад. Ҳамчунин пешбинӣ мегардад, ки зимни иҷрои баъзе чорабиниҳо кўмакҳои машваратӣ, методӣ ва техникӣ аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) расонида мешавад.

Нишондиҳандаҳои дурнамои мақсадноки хароҷоти молиявӣ, манбаъҳо ва ҳаҷми маблағгузориҳо зимни таҳияи чорабиниҳои алоҳидаи Барнома муайн карда мешаванд. Нишондиҳандаҳои хароҷоти молиявиро вобаста ба имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ, ҳаҷми маблағҳои ғайрибуҷетии воридшуда ва аниқ кардани эҳтиёҷот ба маблағҳои молиявӣ тағйир додан мумкин аст.

 

  1. ИДОРАКУНИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

 

  1. Идоракунии татбиқ ва назорат ба рафти иҷрои чорабиниҳои Барнома ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Дар назди ин вазорат Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба идоракунии амалисозии Барнома таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаву ташкилотҳои масъул ҷиҳати иҷрои чорабиниҳои Барнома шомил мегарданд.

Ба вазифаҳои Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба идоракунии татбиқи Барнома инҳо мансубанд: дастгирӣ ва мувофиқасозии амалиётҳо оид ба рушди низоми моликияти зеҳнӣ; ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва эҷодӣ; ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар мамлакат ва назорат ба иҷрои чорабиниҳои Барнома.

Шўрои ҳамоҳангсозӣ рафти амалишавии Барномаро муҳокима карда, аҳамият ва самаранокии чораҳоеро, ки ба ҳалли вазифаҳо ва дарёфти мақсадҳои Барнома нигаронида шудаанд, арзёбӣ мекунад, пешниҳодҳоро оид ба беҳтарсозии ташкили корҳо ҷиҳати назорат ба иҷрои чорабиниҳои Барнома баррасӣ менамояд.

  1. Ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва арзёбии мавод оид ба иҷрои чорабиниҳои Барнома, таҳлили мушкилоти пайдошуда, омода кардани пешниҳодҳо оид ба такмили соҳаи моликияти зеҳнӣ ва ирсоли онҳоро барои баррасӣ ба Шўрои ҳамоҳангсозиро сохторҳои дахлдори вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту корхонаҳо амалӣ менамоянд.

 

  1. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТ ДАР НАТИҶАИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

 

  1. Қабул ва татбиқи Барнома имкон медиҳад, ки:

— фаъолияти инноватсионӣ ва зеҳнӣ дастгирӣ ва ҳавасманд гардонида шавад;

— заминаи меъёрии ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ такмил дода шавад;

— инфрасохтори низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он ташаккул ва равнақ дода шавад;

— ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ пешгирӣ ва бартараф сохта шаванд;

— низоми таҳсилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ такмил ва равнақ дода шавад;

— самаранокии фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои он дар гардиши иқтисодӣ баланд бардошта шавад;

— ҳамкории баналмилалӣ оид ба рушди низоми моликияти зеҳнӣ таҳкими бештар ёбад.

  1. Татбиқи чорабиниҳои Барнома ҳавасмандгардонии эҷодиёт, ҳифз ва рушди нерўи зеҳнии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои нигаҳдории рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ва рушди содирот, нигаҳдории воридоти технологияҳои пешқадам ва фаъолгардонии равандҳои инвеститсиониро дар саноати ватанӣ таъмин менамояд.
  2. Татбиқи чорабиниҳои Барнома барои дар сатҳи зарурӣ ҳифз ва ҳимоя намудани объектҳои зерини моликияти зеҳнӣ имконият медиҳад:

а) натиҷаҳои моликияти зеҳнӣ:

— осори илм, адабиёт ва фарҳанг;

— овозхониҳо, фонограммаҳо ва барномаҳои телевизионӣ;

— ихтироот, моделҳои фоиданок, намунаҳои саноатӣ, дастовардҳои селексионӣ;

— топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ ва ғайра.

б) воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни гардиши гражданиин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо:

— номгузориҳои ширкатӣ;

— тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ;

— ишораҳои ҷуғрофӣ ва ғайра.

 

 

 

 

 

 

 

Замима

ба Барномаи рушди нерў

ва моликияти зеҳнии инсон

дар давраи то соли 2020

 

НАҚШАИ

ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

 

Чорабиниҳо

Иҷрокунандагон

Мўҳлати иҷро, солҳо

1.

Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо санадҳои дахлдори байналмилалӣ

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, акаде-мияҳои соҳавӣ, Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар давоми тамоми давраи амали Барнома

2.

Рушд ва такмили инфрасохтори соҳавӣ ва минтақавии ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ

Муассиса ва ташкилотҳое, ки ҷиҳати амалисозии Барнома ҷалб карда шудаанд

Дар давоми тамоми давраи амали Барнома

3.

Фароҳам овардани шароит барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии навовариҳо, фаъолияти эҷодӣ, корҳои ихтироъкорӣ ва патентию литсензионӣ

Муассиса ва ташкилотҳое, ки ҷиҳати амалисозии Барнома ҷалб карда шудаанд

Дар давоми тамоми давраи амали Барнома

4.

Такмили низоми таҳсилот, такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ

Муассиса ва ташкилотҳое, ки ҷиҳати амалисозии Барнома ҷалб карда шудаанд

Дар давоми тамоми давраи амали Барнома

5.

Нашри китобҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, барнома ва китобчаҳои илмии оммафаҳм оид ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ

Дар давоми тамоми давраи амали Барнома

6.

Тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳама самтҳои амалисозии Барнома

Муассиса ва ташкилотҳое, ки ҷиҳати амалисозии Барнома ҷалб карда шудаанд

Дар давоми тамоми давраи амали Барнома

7.

Таҳияи пешниҳодҳо оид ба дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонӣ кардани корҳои илмӣ оид ба селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорвои хоҷагии қишлоқ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

2013

8.

Гузаронидани конференсияҳои илмию амалӣ, семинарҳо, «мизҳои мудаввар» оид ба масъалаҳои муҳими ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ, ташкили намоишгоҳҳо ва озмунҳо

Маркази миллии патенту иттилоот, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ

Дар давоми тамоми давраи амали Барнома

9.

Таҳияи пешниҳодҳо оид ба таҳкими заминаӣ моддии техникӣ, нерўи кормандон, мўътадилгардонии фаъолият ва ташаккули шабакаи нуқтаҳои машваратии Маркази миллии патенту иттилоот

Маркази миллии патенту иттилоот

2013

10.

Таъсиси сохторҳои махсуси байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2013

11.

Гузаронидани корҳои тавзеҳотӣ ва тарғиботӣ дар байни аҳолӣ оид ба нақш ва аҳамияти объектҳои моликияти зеҳнӣ барои рушди фарҳанг, иқтисодиёт ва оид ба хатарҳои алоқаманд ба гардиши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ

Муассиса ва ташкилотҳое, ки ҷиҳати амалисозии Барнома вобаста карда шудаанд

Дар давоми тамоми давраи амали Барнома

12.

Ба тартиб даровардан ва такмил додани ҳисоботҳои оморӣ оид ба офаридан, истифода, ворид ва содир намудани объектҳои моликияти зеҳнӣ

Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2013-2014

13.

Дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба идоракунии татбиқи Барнома

Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаву идораҳое, ки ҷиҳати амалисозии Барнома вобаста карда шудаанд

2013

14.

Таъсиси Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020

Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

2013

 

Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2009 № 123

тасдиқ шудааст

 

Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019

  1. Асосҳои илмӣ ва иқтисодии Барнома

Барномаи давлатии  экологии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои   солҳои 2009-2019  (минбаъд  Барнома)  ин  ҳуҷҷати  асосии  давлатӣ  ба  шумор меравад,  ки самтҳои асосии рушди устувори ҷомеа, мувозинати захираҳои табиӣ  ва  истифодабарандагони он,  ташкил ва ҳамоҳангсозии муносибати истифодабарандагони захираҳои  табиӣ  ва  худи  табиат,  рушди  солими  ҷомеа,    истифодаи   оқилонаи   захираҳои   табиӣ,   инчунин   роҳҳои барқароркунии  фазои  экологии  вайроншударо  муайян  менамояд.  Иҷрои тадбирҳои  пешбинигардидаи  Барнома имконият медиҳанд,  ки дар ҷумҳурӣ оид ба истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва беҳтар намудани  муҳити  зист  корҳои  муайян ба сомон расонида шавад,  зеро дар ҷомеа ҳоло ҳам проблемаҳои экологии ҳалношуда боқӣ мондаанд.

Амали Барнома  барои  ба давраи рушди устувор гузаштани мамлакат, баҳри баланд бардоштани сатҳи  иҷтимоию  иқтисодӣ  ҳангоми  ба  гардиш даровардани  захираҳои  нав ва ҳаҷман калони табиӣ (замин,  об,  ҳаво, наботот,  ҷангал,  сарватҳои зеризаминӣ) пешбинӣ шудааст.  Бинобар  ин баҳисобгарии қатъии қонуниятҳои экологӣ дар чунин ҳолатҳо зарур аст:

— афзоиши шумораи  аҳолӣ  ва  ба  он  мувофиқат  накардани  сатҳи тараққиёти истеҳсолот;

— проблемаҳои ғунҷоиши экологӣ (фазо, ҳудуд, акватория), ҳамчунин минтақаи   ҷойгиршавии   объектҳои  алоҳидаи  нодири  табиӣ  ва  дигар равандҳои  экологӣ  ҳангоми  банақшагирии  ҷойгир  намудани  воситаҳои истеҳсолот ва қувваҳои истеҳсолкунанда;

— ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ гузаштани ҷумҳурӣ.

Бояд қайд  кард,  ки  ғайр аз омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  минтақаи  ҷараёнҳои   фаъоли   геодинамикӣ, геофизикӣ,  биосферӣ  ҷойгир  шудааст,  ки  онҳо  дар  навбати  худ ба ҳолатҳои экологии маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ таъсир мерасонанд. Ба туфайли ин омилҳо ҷумҳурӣ ба яке аз марказҳои ҷаҳонии яхбандии кўҳӣ  (мавҷуд  будани  миқдори  зиёди  пиряхҳои   бузурги   системаҳои Зарафшон,  Олой  ва  Помир)  манбаи  бойтарини  оби  нўшокӣ  ва яке аз қадимтарин марказҳои ҷаҳонии кишоварзӣ  ва  гуногунии  биологӣ  табдил ёфтааст.

Системаҳои нодири  экологии  кўҳии  Тоҷикистон   бо   биёбон   ва нимбиёбонҳои бузурги минтақа,  аз қабили Токла-макон, Ёркенд, Қизилқум пайваст гардида,  дар ташаккули иқлими  минтақа  мақоми  хосаро  соҳиб шуда,  олами  бойтарини  набототу ҳайвоноти моҳияти глобалӣ доштаро ба вуҷуд овардааст.

  1. Натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Барнома

Барномаи мазкур рушди устувори кишварро  аз  ҷиҳати  иқтисодӣ  ва экологӣ,  нигоҳ  доштани  мувозинати  табиат  ва ҷомеа,  ки ба омилҳои экологӣ  (нарасидани  замин,  ифлосшавии  муҳити  зист,  таъминот   бо захираҳои  об,  тақсимот ва нигоҳ доштани ҳолати ҳосилнокии чарогоҳ ва ҷангалзорҳо,  тозагии ҳавои атмосфера,  истифодаи  оқилонаи  сарватҳои табиӣ,  бехдошти  саломатии  аҳолӣ,  ҳифзи гуногунии биологӣ,  бахусус навъҳои нодири аз байн рафтаистодаи наботот ва ҳайвонот) вобаста  аст, таъмин менамояд.

Вазифаи Барнома аз иҷрои тадбирҳои зерин иборат аст:

— ҷалб намудани  ташкилотҳои  давлатӣ,  ҷамъиятӣ  ва хусусӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат;

— тарбия намудани табақаҳои ҷамъиятӣ,  сарфи назар аз ақоиди сиёсӣ ва динӣ баҳри  солимгардонии  вазъи  экологии  мамлакат  ва  истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ;

— гузаронидани чорабиниҳо  оид  ба  пешгирӣ   намудани   равандҳои бодхўрдашавии (эрозия) замин;

— пешгирӣ намудани истифодаи  замин  бо  мақсади  кишти  зироатҳои каммаҳсул;

— васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо,  боғҳо,  минтақаҳои сабз  ва таблиғоти истифодаи мақсадноки онҳо;

— ташкил ва   васеъ   намудани    масоҳати    минтақаҳои    махсус муҳофизатшаванда;

— ҷорӣ намудани кишти навъҳои зироатҳои сермаҳсул ва  ба  касалиҳо тобовар дар хоҷагиҳо;

— таъмин намудани  тозагии  ҳавои  атмосфера,  об   ва   истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ;

— ба истифодаи ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ бехавф  ва  аз ҷиҳати иқтисодӣ камхарҷ гузаронидани саноат;

— мусоидат намудан ба истифода ва рушди технологияи кампартов;

— пурзўр намудани  назорат  ҷиҳати  кам намудани партовҳо то сатҳи меъёрӣ ва аз меъёр кам;

— ҷалби вазорату    идораҳо,    истифодабарандагони    табиат   ва ташкилотҳои  байналмилалӣ  ҷиҳати  маблағгузорӣ  намудани   барномаҳои экологӣ;

— бунёди фазои аз  ҷиҳати  экологӣ  тоза  ҷиҳати  беҳтар  намудани солимии аҳолӣ.

  1. Асосҳои ҳуқуқии Барнома

Барнома тибқи   талаботҳои   Конститутсияи  (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  ҳифзи  табиат», «Дар  бораи  экспертизаи  экологӣ»,  «Дар бораи олами ҳайвонот»,  «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», Дар  бораи истифодаи замин»,  «Дар бораи ислоҳоти замин»,  «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»,  «Дар  бораи  карантини  растанӣ»,  «Дар  бораи бехатарии биологӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»,  кодексҳои об,  замин,  ҷиноӣ ва ҷангал, ҳамчунин  дигар  санадҳои  меъёрию  ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда,  риояи ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро ба бехатарии  экологӣ,  ба  даст овардани  маҳсулоти  аз  ҷиҳати  экологӣ  тоза,  фазои  тозаи экологӣ, дастрасӣ ба иттилооти экологӣ,  имконияти саҳмгузорӣ ба  солимгардонии вазъи экологӣ (кўмаки маънавӣ, моддӣ ва молиявӣ) таъмин менамояд.

Барнома аз ташкилоту  корхонаҳо  ва  мақомоти  назоратии  давлатӣ нигоҳ   доштани   баробарии   экологӣ,  иҷрои  дастурҳо,  тавсияҳо  ва пешниҳодҳоро  талаб  намуда,  ҷиҳати  ширкат  дар  кори   гузаронидани экспертизаи  экологии  ҷамъиятии иншоотҳо,  техника ва технологияи дар истеҳсолот истифодашаванда имконият фароҳам меорад.  Ҳамзамон,  ҷиҳати пешгирии  исрофкорӣ дар истифодаи сарватҳои табиӣ,  ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ ва муҳити зист чораҳо меандешад. Барнома ҳамчунин анҷом додани фаъолиятҳои зеринро пешбинӣ мекунад:

— иштирок дар таълимот, семинарҳо, лексияҳо, мубоҳисаҳо, таблиғот, наворбардории филмҳо ва аксбардории экологӣ;

— ташкили иншоотҳои ҳифзи табиат;

— шомил будан   ба   узвияти   созмонҳои   экологии  байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва соҳавӣ;

— суғуртаи шаҳрвандон ва амволи онҳо аз зарарҳои экологӣ.

Барномаи мазкур   мақомоти   ваколатдори   ҳифзи   муҳити   зист, истифодабарандагони   табиат,   ташкилоту  муассисаҳо  ва  корхонаҳоро вазифадор  менамояд,  ки  дар  таҳия  ва  тасдиқи   санадҳои   меъёрию қонунгузорӣ,   ҳуҷҷатҳои   дастурию  методӣ,  қоида  ва  тартибҳо,  ки муҳофизати табиат  ва  экологияро  ба  танзим  медароранд,  саҳмгузорӣ намоянд.

  1. Таъиноти Барнома

Мутобиқи қарори   Ҳукумати   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таъмини  иҷрои Барнома ба зиммаи ҳамаи вазорату идора, муассиса, ташкилоту корхона ва хоҷагиҳо,  аз ҷумла корхонаҳои муштарак, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ки фаъолияташон ба истифодаи табиат алоқаманд буда, ба вазъи экологии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад, гузошта шудааст. Ҳамоҳангсозӣ ва таъмини назорат аз болои иҷрои Барномаи мазкур ба  зиммаи  мақомоти ҳифзи мухити зист гузошта шудааст. Барнома механизми танзимкунандаи вазъияти  экологӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳуҷҷати ўҳдадоркунанда барои истифодабарандагони табиат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои экологӣ дар фаъолияти онҳо мебошад. Барнома барои иҷрои масъалаҳои зерин равона шудааст:

— истифодаи васеъ, пурсамар ва оқилонаи сарватҳои табиӣ;

— ташкили истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар;

— татбиқ ва истифодаи технологияи аз ҷиҳати экологӣ бехавф;

— метод  ва  қоидаҳои  судманди  истифодаи табиат,  ки ба шаклҳои

гуногуни моликият (давлатӣ,  шахсӣ,  иҷоравӣ,  муштарак ва ғайра) асос ёфтаанд.

Бо дарназардошти масъалаҳои зикршуда  Барнома  имконият  медиҳад, ки:

— механизми фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зист  мустаҳкам  карда шуда,  масъулияти  мақомоти  давлатӣ  ва  ҷомеа  барои  рушди устувори экологӣ баланд бардошта шавад;

— диққати истифодабарандагони  табиат  ба  масъалаҳои афзалиятноки ҳифзи табиат,  истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ,  устувории экологӣ, ки ба ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ асос ёфтаанд, ҷалб карда шавад;

— бунёди фаъолияти устувори  истифодаи  табиат  дар  сатҳи  миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ таъмин карда шавад;

— механизми сиёсати   экологӣ   ва   идоракунӣ   (низоми    додани иҷозатномаҳо,  тартиб  ва методологияи арзёбии таъсир ба муҳити зист), механизмҳои иқтисодии истифодаи табиат таҳия карда шавад;

— сиёсати пешгирифтаи  давлат  дар  бахши  ҳифзи  муҳити  зист  бо фаъолияти ҷомеа ҳамоҳанг сохта шавад;

— муассиса ва ҷамъиятҳои нави экологӣ ташкил карда шаванд;

— тадқиқоти илмии соҳавӣ анҷом дода шавад;

— оид ба  ҳолати муҳити зист маърўзаҳо,  лоиҳаҳо ва иттилоот омода карда шаванд.

  1. Номгўи барномаҳои давлатии марбут ба ҳифз,

ва истифодаи сарватҳои табиӣ ва рушди хоҷагаи халқ

Дар шароити   кунунӣ   масъалаҳои   муҳими   экологӣ  дар  доираи барномаҳои зерини миллӣ ҳал шуда истодаанд:

— Барномаи давлатии  маърифат  ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии

Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010;

— Нақшаи миллии амалиёт оид ба беҳдошти муҳити зист (2000);

— Нақшаи миллии амалиёт оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ (2001);

— Барномаи миллӣ  ва  Нақшаи  амалиёт  оид ба кам кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон (2001);

— Стратегияи миллии ҳифзи саломатии омма (2002);

— Нақшаи миллии амалиёт оид ба кам  кардани  оқибатҳои  тағйирёбии иқлим (2002);

— Эъломияи нахустини миллӣ дар бораи тағйирёбии иқлим (2003);

— Стратегияи миллӣ  ва Нақшаи амалиёт барои нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003);

— Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда барои солҳои 2005-2015;

— Барномаи рушди  хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 (2005);

— Нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи муҳити зист (2006)

— Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор (2007). Барномаҳои мазкур ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз қабили пешгирии эрозияи  замин,  барқарорсозии  сифати  об  ва  ҳаво,   ҷорӣ   кардани технологияи  аз  ҷиҳати  экологӣ мусоиди истеҳсолоти саноатӣ ва сарфаи энергия,  болоравии сатҳи сиҳатии омма, оқибатҳои номусоиди тағйирёбии иқлим  мусоидат  намуда,  рушди  устувор  ва ҳифзи гуногунии биологиро таъмин мекунанд.

  1. Арзёбии ҳолати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳудуди Тоҷикистон аз рўи шароитҳои ботаникӣ-ҷуғрофӣ, релеф, сохти геологӣ,  таркиби  олами  наботот  ва  ҳайвонот  ва хусусиятҳои фишори экологӣ ба музофотҳои  табиии  Суғду  Зарафшон,  Тоҷикистони  Марказӣ, Тоҷикистони  Ҷанубӣ  ва  Бадахшони  кўҳӣ  тақсим мешавад,  ки онҳо дар навбати худ боз ба зерминтақаҳо тақсим мешаванд.

Музофоти Суғду  Зарафшон  ҳудуди  хеле  калони  Тияншони Ғарбӣ ва қисми шимолу ғарбии  системаи  кўҳии  Помиру  Олойро  ишғол  менамояд. Элементҳои  асосии  орографиро қаторкўҳҳои Қурама,  Туркистон,  кўҳҳои Муғултоғ ва пастхамии Фарғона, ки дар натиҷаи тектоногенези герсинӣ ва алпӣ пайдо шудаанд, ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо такшонҳои давраи чорум,  неогенӣ,  палеогенӣ ва ҷинсҳои интрузивӣ   бештар  паҳн  гардидаанд.  Қабати  болоии  хок  аз  хокҳои хокистарранг ва кўҳию даштӣ иборат аст.  Дар минтақаи  назди  Сирдарё, Истаравшан  ва  Исфара  иқлим  континенталӣ  ва  нисбатан  хушк  буда, ҳарорати миёнаи солона аз -2  то  +7шС  зиёд  нест,  миқдори  боришоти атмосферӣ  ба  ҳисоби миёна дар як сол дар ҳудуди 300-350 мм каму зиёд мешавад.  Дарёи Сир ва обанбори Қайроққум захираҳои асосии обӣ  маҳсуб меёбанд.

Наботот аз ҷангал ва тоқаҷангалҳои арча,  растаниҳои кўҳию даштӣ, туғай  ва  нимбиёбонӣ  иборат  аст.  Олами  ҳайвонот  аз  паррандагон, хазандагон ва ширхўрон бой аст. Иқлими Зарафшон нисбатан салқин мебошад.  Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво аз 10-11шС баланд намешавад, боришнокӣ дар як сол 400-700 мм аст. Дар  қисми  баландкўҳи  ноҳия гиреҳи яхбандии Зарафшон ҷойгир шудааст. Кўлҳои бисёри дар натиҷаи фурўравии қисмҳои кўҳӣ пайдошуда вомехўранд, ки  дар  байни  онҳо  Искандаркўл  ва  Кўли  калон  аз  ҳама бузургтар мебошанд.

Аз наботот   бешаҳо   ва   тоқаҷангалҳои   арчагӣ,  нимсаваннаҳои калоналаф,  растаниҳои кўҳию даштӣ бартарӣ  доранд.  Аз  ҳайати  олами ҳайвонот  намудҳои  бешагӣ  ва баландкўҳӣ — барси барфӣ (Unica unica), бузи кўҳии сибирӣ (Capra sibirica),  хуки  ёбоӣ  (Sus  scrofa),  суғур  (Marmota) ва паррандагон бештар вомехўранд. Музофоти Тоҷикистони Марказӣ қисми марказии Тоҷикистонро якҷоя бо қаторкўҳҳои Қаротегин,  Вахш,  Дарвоз,  Олой,  қаторкўҳи Петри Якум ва Ҳазратишоҳ,  пастхамиҳои байникўҳии  Қаротегин,  Сурхоб  ва  Оби хингов ишғол менамояд.

Дар  ин музофот,  дар  қатори  таҳнишинҳои  палеоген-неоген-давраи чорум  боз  пайдоишҳои  докембригӣ  ва  ҷинсҳои  интрузивӣ вомехўранд. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво +14-16шС,  боришот 800-1500 мм-ро дар  як сол  ташкил медиҳад.  Барфҳои яхбаста бисёранд.  Кўлҳои кўҳӣ аз ҷиҳати андоза чандон калон  набуда,  кам  вомехўранд,  захираҳои  асосии  обӣ дарёҳои Кофарниҳон, Қаратоғ ва Варзоб мебошанд. Аз ҷиҳати таркиби растанӣ ноҳия аз ҳама бойтар буда,  аз  бешаҳои арчагӣ, паҳнбарг, ксерофитӣ, тоқаҷангалҳо, марғзорҳои алпӣ ва субалпӣ, набототи нимсаваннагӣ ва кўҳию даштӣ иборат мебошад.  Олами  набототаш на  камтар  аз  3,5 ҳазор намуди растаниҳои гулдор ва спорагиро ташкил медиҳад.  Иқлими минтақаи Сарихосор,  Ҳулбук ва минтақаи назди  Дарвоз гуногун  ва  асосан  континенталӣ  ва салқин мебошад.  Ҳарорати миёнаи солона +11шС,  боришот 500-1000 мм-ро дар як сол ташкил медиҳад. Аз ин ҷо  дарёҳои  хеле калони Тоҷикистон — Вахш,  Сурхоб,  Оқсу,  Обихингов сарчашма мегиранд, ки дар болооби онҳо қуллаҳои аз ҳама баландтарин ва пиряхҳои  калон,  аз  он ҷумла қисми яхбандии Помир,  ки дар он 40 %-и пиряхҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаанд,  воқеъ гардидааст.  Кўлҳои моренӣ вомехўранд.

Олами наботот хеле  гуногун  буда,  дар  онҳо  бешаҳои  мезофилӣ, нимсаваннаҳои  калоналаф  тоқаҷангалҳои  ксерофитӣ,  даштҳои  кўҳӣ  ва марғзорҳои алпӣ бартарӣ доранд. Олами наботот зиёда аз 4000 растаниҳои олии гулдор ва спорагаро дар бар мегирад. Дар худуди  ноҳия  қариб  ҳамаи  намудҳои  хайвоноти  ширхўр   ва паррандагони  дар  Тоҷикистон  мавҷудбуда  зиндагӣ мекунанд,  тақрибан 50%-и намудҳои нодир ва  эндемии  растаниҳо  ва  ҳайвонот  вомехўранд. Маҷмўи растаниҳои аз ҳама пурқимат ва намудҳои эндемӣ дар ҳудуди ҳамин ноҳия мавҷуданд.

Музофоти Тоҷикистони  Ҷанубӣ  қисми ҷанубии Помиру Олойро,  ки аз қаторкўҳҳои  начандон  калони  Боботоғ,  Оқтой,  Туюнтой,  Тероклитой, Чолтой  ва  Ҷилонтой  иборат  аст,  ишғол  менамояд.  Онҳо тадриҷан ба оазисҳои  Фархору  Панҷ,  Вахш,  Бешкенту  Шаҳритус   мегузаранд,   ки таназзули  Тоҷикистони Ҷанубӣ ном гирифта,  аз таҳнишинҳои давраи мел, чорум ва неоген таркиб ёфтаанд. Дар ин  ҷо,  дар  поёноби  дарёҳои Панҷ,  Вахш,  Кофарниҳон дарёи пуробтарин ва калони Осиёи Марказӣ — Амударё ташаккул меёбад. Хокҳо аз хокҳои хокистарранги сиёҳтоб ва равшан иборатанд. Иқлим хушк ва гарм аст.  Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво ба 15-17шС, боришот  ба  150-200  мм  дар як сол мерасад.  Қисми зиёди заминҳо дар хоҷагии қишлоқ  истифода  бурда  мешаванд.  Экосистемаҳои  антропогенӣ бартарӣ доранд. Қабати набототӣ гуногун аст ва аз растаниҳои биёбонӣ-регӣ,  туғаӣ ва   тоқаҷангалҳои   ксерофитӣ   иборат  мебошад.  Олами  ҳайвонот  бо хазандагон,  ширхўрон ва паррандагон бой буда, дар байни онҳо намудҳои нодир ва эндемӣ бисёранд. Музофоти Кўҳистони Бадахшон қисми махсусан баландкўҳи қаторкўҳҳои Дарвоз,   Ванҷ,  Язғулом,  Шохдара,  Шуғнон,  Ваҳон,  Ишкошим,  Рўшон, Наздиолой,  Аличўли  Шимолӣ  ва  Ҷанубӣ,  қаторкўҳҳои  Музкўлро  ишғол менамояд,  ки дар онҳо ҷинсҳои докембрӣ, интрузиҳои ҷинсҳои системаҳои юра, ангиштсанг ва триас бартарӣ доранд. Иқлими қисми  ғарбии  музофот  салқин  ва  баъзан беҳад сард аст.

Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво ба -2+7шС,  боришот ба 300 мм дар як  сол мерасад. Дар ин ҳудуд гиреҳи яхбандии Помир ва аз ҳама масоҳаташ калон пиряхи Федченко (130 км(3)) ҷойгир шудааст.  Яхбандии аз ҳама қадим ба аввали  давраи  чорум рост меояд.  Дар ин ҷой кўлҳои калони тармагӣ ва моренӣ — Сарез, Яшилкўл ва Зоркўл ҷойгир шудаанд. Набототи Помири  Ғарбӣ нисбатан тунук ҷойгир шуда,  даштҳои кўҳӣ, бешаҳои майдабарг ва марғзорҳои криофитӣ бартарӣ доранд. Олами наботот аз 1500 намуд зиёд нест. Набототи дарахтию буттагӣ порча-порча дар поёноби дарёҳо  ва  дар ҷойи  баромади  обҳои  зеризаминӣ вомехўранд.  Аз ширхўрони калонҷусса барси барфӣ (Unica unica),  бузи  кўҳии  сибирӣ  (Capra  sibirica)  ва гўсфанди кўҳии помирӣ (архар) (Ovis ammon) зиндагӣ мекунанд. Музофоти Помири Шарқӣ бо  иқлими  сард,  фарқ  мекунад,  ҳарорати миёнаи  солона  аз -6+1шС баланд нест.  Аз ин ҷо бисёр дарёҳо сарчашма мегиранд ва дар ин ҷой кўли аз ҳама калон-Қаракўл ҷойгир шудааст. Қабати набототӣ тунук буда, асосан аз навъҳои биёбонӣ, марғзорҳои криофитӣ ва ботлоқии  баландкўҳӣ  иборат  мебошад.  Олами  наботот  аз 250-300  намуд  зиёд  нест.  Олами  ҳайвонот  бо ҳамроҳии бемўҳраҳо на бештар аз 600-800 намудро дар бар  мегирад.  Ҳайвонҳои  бештар  ба  ин ҷойҳо  хос  —  гўсфанди кўҳии помирӣ (архар) (Ovis ammon),  бузи кўҳии сибирӣ (Capra sibirica),  суғур (Marmota caudata),  барси барфӣ (Unica unica),  харгўши  толай  (Lepus  tolai)  ва  гурги сурх (Cuon aipinus) мебошанд.

  1. Роҳҳои солимгардонии вазъи экологӣ

Табиати нодири Тоҷикистон ба вазъи  экологӣ  —  иқтисодии  миллӣ, минтақавӣ  ва  глобалӣ  таъсири  назаррас  расонида,  инчунин аҳамияти нигоҳдории генофонди олами наботот  ва  ҳайвонотро  дошта,  нигоҳдории мувозинати  экологиро таъмин менамояд.  Бинобар ин барои солимгардонии вазъи экологии Тоҷикистон тамоми усулҳо ва воситаҳоро истифода  бурда, таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳонро ҷалб бояд кард.

Дар бобати беҳдошти ҳолати экологии замин ва  истифодаи  оқилонаи он пешниҳод карда мешавад:

— барқарорсозии замин  дар  системаи  саноати  маъданҳои  кўҳӣ  ва роҳҳои нақлиётии ба он алоқаманд;

— таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии бодхўрӣ дар заминҳои обӣ ва лалмӣ;

— таҳия ва  татбиқи  усулҳои  нави  паст   кардани   сатҳи   обҳои зеризаминӣ дар қаламрави вилоятҳои Хатлон ва Суғд;

— таҳия ва  татбиқи  чорабиниҳо  оид  ба  беҳтар  намудани  ҳолати шўрзаминҳо дар қаламрави вилояти Хатлон;

— танзими чаронидани чорво  дар  чарогоҳҳои  зимистона  ва  қисман тобистона бо мақсади пешгирии таназзули замин;

— бунёди боғҳо дар кўҳдоманҳо;

— васеъ намудани  майдони дарахтзорҳо бо мақсади пешгирии бодхўрии заминҳо;

— истифодаи заминҳои  доманкўҳҳои водиҳои Ҳисору Рашт ва вилоятҳои;

                Хатлону Суғд барои парвариши зироатҳои хўроки чорво;

— азхудкунии заминҳои   нав   бо  дарназардошти  риояи  талаботҳои экологӣ дар майдонҳои хурди доманакўҳҳо;

— азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди ҷангалзор;

— тартиб додани харитаи фонди замин ва дурнамои заминсозӣ;

— муайян кардани  динамикаи  ба фаъолияти хоҷагидорӣ ҷалб намудани заминҳои нав,  иваз намудани шакли азхудкунии заминҳо ҷиҳати истифодаи навъҳои гуногуни кишоварзӣ;

— пешгўии тағйирёбии сифати заминҳо бар асари равандҳои табиӣ  дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ;

— дар асоси  баҳои  иқтисодии  замин  ва  хароҷот   ҷиҳати   ҳифзу барқарорсозии  он  муайян  кардани бартарияти иқтисодии хароҷот оид ба ҳифзи замин;

— муқаррар намудани   андозаи   зараре,  ки  ба  хоҷагии  халқ  аз ифлосшавӣ, бодхўрӣ ва шўразор шудани заминҳо мерасад;

— татбиқи чорабиниҳои   аз  назари  экологӣ  мақсадноки  истифодаи чарогоҳҳо,  пеш аз ҳама дар чарогоҳҳои зимистона  ва  беҳтар  намудани ҳосилнокии чарогоҳҳо;

— тағйир додани  тартиби  истифодаи  замин  дар  ҳудуди  заминҳои бодхурдашуда;

— ҳатмӣ будани хулосаи мақомоти ҳифзи  муҳити  зист  ҳангоми  ҷудо кардани замин ва барасмиятдарории асноди заминистифодабарӣ;

— огоҳонидани заминистифодабарандагони  нав  оид   ба   мавҷудияти намудҳои   ҳайвонот  ва  набототи  махсус  ҳифзшаванда  (пеш  аз  ҳама намудҳое,  ки ба Китоби Сурх  шомиланд)  ва  барои  ҳифзи  ин  намудҳо ўҳдадор намудани онҳо;

— ҳангоми ба иҷора додани замин  ва  сарватҳои  дигари  табиӣ  дар шартномаҳо  нишон  додани  чорабиниҳо  оид  ба  беҳтар  кардани ҳолати экологӣ   ва   маблағгузориҳо   ҷиҳати   беҳтар    намудани    иншооти истифодашаванда;

— таҳия ва такмили асосҳои экологию иқтисодии  системаи  истифодаи замин, кишту кор ва самтҳои асосии муҳофизати замин дар ҷумҳурӣ;

— таҳияи усулҳое,  ки низоми  мусоиди  ҳарорату  намидиҳии  қабати ҳосилхези  заминро  дар  давраи  инкишоф  ва  нашъунамои  зироатҳо дар шароитҳои гуногуни физикию ҷуғрофӣ таъмин  мекунанд,  аз  ҷиҳати  илмӣ асоснок  кардани  меъёрҳои обёрӣ,  ки хароҷоти аслии истифодаи обро ба ҳар як гектари обёришаванда паст мекунанд ва  ба  ин  меъёрҳо  мутобиқ гардонидани онҳо.

  1. Беҳтар намудани ҳолати захираҳои об

Об сарчашмаи ҳаёт аст.  Аз ин лиҳоз барои ҳифз ва беҳтар намудани ҳолати захираҳои об амалӣ намудани тадбирҳои зерин зарур аст:

— бақайдгирии (инвентаризатсияи) манбаҳои захираҳои об;

— пурзўр кардани  талаботи  қонунгузории  ҳифзи  табиат   оид   ба манбаҳои захираҳои об;

— беҳтар намудан ва азнавсозии шабакаи обёрӣ дар ҷумҳурӣ;

— муқаррар намудани низоми қатъии кор дар ҳамаи нуқтаҳои обдиҳӣ;

— азнавсозӣ ва васеъ намудани иншооти  обтозакунанда  дар  шаҳрҳои Душанбе,  Хуҷанд,  Қурғонтеппа,  Кўлоб, Турсунзода, Исфара, Конибодом, Қайроққум,  Чкалов ва  маркази  ноҳияҳое,  ки  дар  ҳудуди  минтақаҳои муҳофизатӣ ва захираҳои обҳои зеризаминӣ ҷойгиранд;

— ташкили реҷаи назорати ҳолати пиряҳҳо,  кўлҳо ва дигар  манбаҳои об;

— ба тартиб даровардани низоми кори иншоотҳои обӣ  дар  корхонаҳои саноатӣ;

— гузаронидани корҳои илмию  тадқиқотӣ  дар  минтақаҳои  ҷамъшавии захираҳои об;

— ҷорӣ намудани технологияи нави тоза кардан ва ба сатҳи  меъёрҳои қабулшуда расонидани сифати обҳои нўшокӣ;

— таъсиси махзани маълумот ва системаҳои иттилоотӣ оид ба ташаккул ва истифодаи захираҳои об;

— ба низом  даровардани  ташкил   ва   фаъолияти   Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об;

— татбиқи «Барномаи  беҳтар  намудани  таъмини   аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008-2020»;

— то соли 2012 гузаштан ба идоракунии ҳамгироишуда оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои оби навъҳои ҳавзӣ;

— тавсияҳо дар бораи истифодаи васеи захираҳои об барои  эҳтиёҷоти хоҷагиҳои моҳипарвар ва истироҳатгоҳҳо;

— истифодаи оқилона  ва  муҳофизати  сарчашмаҳои  обҳои   маъданӣ, термалӣ ва табобатӣ;

— муоинаи доимии  таркиби  оби  дарёҳо,  каналҳои  магистралӣ   ва обанборҳо  бо мақсади ошкор намудани металлҳои вазнин,  пестидсидҳо ва ғайра;

— муайян кардани   қонунияти  ташаккулёбии  захираҳои  об  (сифат, миқдор, ҳолати санитарӣ — эпидемиологӣ);

— муайян намудани  манбаҳои  асосии  ифлосшавии  захираҳои  об дар минтақаҳои ҷуғрофӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо;

— арзёбии самаранокии  фаъолияти  иншооти  обтозакунанда  ва дигар чорабиниҳо дар  миқёси  ноҳияҳо  ва  таҳияи  тавсияҳо  оид  ба  беҳтар намудани онҳо.

— ба талаботи меъёрӣ расонидани сифати  оби  нўшокӣ  ва  партовҳои обӣ;

— ба тартиб даровардани низоми  истифодабарии  об  дар  корхонаҳои саноатие, ки шабакаи маҳаллии тозакунии марказҳои обро надоранд;

— тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми оби  такроран  истифодашаванда  дар корхонаҳои саноатӣ;

— давра ба давра кам  намудани  ҳаҷми  партовҳои  ифлоскунанда  ба обанборҳо, дарёҳо, кўлҳо ва муҳити атроф;

— лоиҳакашии иншооти  нави  обтозакунӣ  ва  азнавсозии   иншоотҳои амалкунанда.

  1. Беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосферӣ

Вазъи ҳавои атмосферӣ ба тамоми олами зинда ва ғайризинда, пеш аз ҳама  ба  саломатии  инсон  таъсир  мерасонад.  Дар   баробари   рушди иқтисодиёт проблемаи ифлосшавии ҳаво боз ҳам ҷиддитар мегардад.  Аз ин лиҳоз,  барои  мусоидат  ба  беҳтар  намудани  вазъи  ҳавои  атмосферӣ андешидани чораҳои зерин зарур аст:

— гузаронидани таҳлили  ҳолати  ҳавои  атмосферӣ вобаста ба ҳар як ноҳия ва ба ҳар як манбаҳои истихроҷи партовҳо;

— арзёбии самаранокии  чорабиниҳои  ҳифзи  ҳавои атмосферии ҳар як корхона ва хати технологӣ;

— таҳияи маҷмўи  чорабиниҳо  оид  ба беҳтар кардани вазъият,  паст кардани ҳаҷм ва таркиби моддаҳои истихроҷшаванда ба муҳити зист;

— ташкили махзани  маълумот  дар  бораи  ҳолати  ифлосшавии  ҳавои атмосферӣ дар шароити гуногуни иқлим ва реҷаи истихроҷ;

— муайян намудани  минтақаҳое,  ки  омехтаҳои  зараровари  таркиби ҳавои онҳо аз меъёр зиёд аст ва таҳияи чорабиниҳо оид  ба  ҳифзи  ҳаво дар шаҳрҳои Исфара,  Конибодом,  Хуҷанд,  Турсунзода,  Душанбе,  Ёвон, Сарбанд ва Кўлоб;

-назорати қатъӣ    ва    танзими   миқдори   истихроҷи   моддаҳои ифлоскунанда аз манбаҳои доимии корхонаҳои саноатии шаҳрҳои  калон  ба ҳавои атмосферӣ;

-назорати қатъӣ   аз   болои   истихроҷи  моддаҳои  ифлоскунандаи воситаҳо нақлиётӣ;

-таҳия ва  татбиқи  низоми  зудамалкунандаи  огоҳкунии  аҳолӣ  аз хатари заҳролудшавӣ аз истихроҷи моддаҳои заҳрнок;

-ба итмом расонидани шиносномадиҳии экологии корхонаҳои саноатӣ;

-таҳияи усулҳои  муайянсозии  мавҷудияти   омехтаҳои   зараровари таркиби ҳаво;

-такмили усули кашонидани моддаҳои ифлоскунанда ба масофаҳои дур, аз ҷумла ба давлатҳои дигар;

-таҳқиқи пурраи  манфиати  ҷамъоварӣ   ва   сикергизми   моддаҳои ифлоскунандаи   ҳавои  атмосферие,  ки  барои  инсон  ва  муҳити  зист зарароваранд;

— бо дарназардошти    ҷамъоварӣ    ва   безараргардонии   моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосферӣ таҳия намудани  меъёрҳо  ва  стандартҳои минтақавии сифати ҳавои атмосферӣ.

  1. Истифодаи оқилонаи қаъри замин

Тоҷикистон дорои  захираҳои  бойи  сарватҳои  зеризаминӣ мебошад. Иҷрои чорабиниҳои зерин ба  истифодаи  оқилонаи  сарватҳои  зеризаминӣ мусоидат мекунанд:

— таҳияи усулҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатари  ҷустуҷўи  геологӣ  ва истихроҷи ашёи хоми маъданӣ.

— гузаронидани тадқиқот оид  ба  такмили  усулҳои  безараргардонии партовҳои  сахти  маишӣ  (сўзондан,  усулҳои  биохимиявӣ)  бо  мақсади пешгирии  ба  муҳити   зист   ворид   шудани   металлҳои   вазнин   ва ксенобиотикҳо;

— таҳия ва такмили технологии гардишӣ, безараргардонии омехтаҳо ва гўронидани моддаҳои зараровар;

— дар давраи солҳои 2009 —  2012  ҳал  кардани  проблемаи  тағйири самти  фаъолияти хоҷагии халқ ҷиҳати сарфаи захираҳо ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ  бехавф  бо  роҳи  азнавтаҷҳизонии  техникӣ  дар  ҳамаи соҳаҳои   корхонаҳои   саноатӣ  ва  хоҷагии  қишлоқ,  татбиқи  раванди технологӣ ва истеҳсолоти кампартов ва бепартов. Барои ин зарур аст:

— таҳияи консепсияҳо,  дурнамоҳо  ва  барномаҳои  аз  ҷиҳати  илмӣ асосноки истеҳсолоти саноатӣ  бо  шарти  таъмини  мувозинати  экологӣ, нигоҳдорӣ ва равнақи биосфера;

— таҳия ва ҷорӣ намудани низоми мусоиди идоракунии сифати системаи экологию иқтисодие, ки ба истифодаи технологияи аз назари экологӣ тоза ва реҷаи истифодабарӣ асоснок карда шудааст;

— таҳия ва   татбиқи   марҳилавии   системаи  алтернативии  сарфаи энергия,  ки бехатарии экологӣ ва сарфаи манбаҳои энергетикиро  таъмин мекунад;

— суръат бахшидан  ба  азнавтаҷҳизонӣ  ва  азнавсозии   корхонаҳои фаъолияткунанда,  дар  навбати  аввал  корхонаҳои аз ҷиҳати экологӣ ба бўҳрон дучоршуда. Бинобар ташкил  шудани  корхонаҳои  шахсӣ,  ҷамъиятҳои  саҳомӣ ва амсоли  онҳо,  тибқи  талаботи  Барномаи  давлатӣ,  аз  нуқтаи  назари минтақавӣ  оид  ба  ноҳияҳои  саноатии ҷумҳурӣ,  ташкили низоми ягонаи безараргардонӣ ва коркарди (пеш  аз  ҳама)  дақиқи  партовҳои  заҳрнок (саноатӣ,  маишӣ,  кишоварзӣ,  тиббӣ).  Ба инҳо метавонанд партовгоҳҳо (полигон),  корхонаҳои  истеҳсоли  маводи  сохтмон  дохил  шаванд,  ки вобаста  ба  хусусияти  истеҳсолӣ бо коркард (ва безараргардони) -и як қатор масолеҳи заҳрнок ва дигар истеҳсолот машғуланд. Дар истеҳсолоти  хоҷагии халқ бояд сохтори истеҳсолӣ доимо такмил ёбад,  азхудкунӣ ва ривоҷи равандҳои сифатан  нави  технологӣ,  ки  ба сарфаи  захираҳо  ва  бехатарии экологӣ мусоидат мекунанд,  анҷом дода шавад.

  1. Беҳтар намудани ҳолати экологии

наботот, аз ҷумла ҷангалҳо

Нигоҳ доштани  баробарвазнӣ  дар  табиат аз бисёр ҷиҳат ба беҳтар намудани олами наботот  —  бунёди  ҷангал  вобаста  аст.  Барои  ҳалли проблемаҳои  дар  ин бахш ҷойдошта,  иҷрои чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

— нигоҳ доштани гуногунии биологӣ,  пурзўр кардани ҳифзи ҷангал ва олами наботот, муҳайё намудани муҳити тозаи экологӣ;

— таҳияи Кодекси  нави  ҷангали  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Низомномаи ҷангалбунёдкунӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  дигар  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ;

-баргардонидани заминҳои  чарогоҳҳои  фонди  давлатии  ҷангал  аз корхонаҳои   кишоварзӣ   ба   хоҷагиҳои   давлатии  ҷангал,  гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин;

— ташкил ва  танзими  сохтори  ҷангал,  заминсозӣ  ва  харитасозии ҷангал;

— ба роҳ  мондани  парвариши навъҳои нодири чормағз,  писта,  хуч, ангат,  бодом,  санавбар  ва  дигар  меваҳои  худрўи  ҷангал,  таъсиси плантатсияи онҳо бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ;

— бунёд ва  барқароркунии  хатҳои   муҳофизатии   ҷангал,   боғҳо, плантатсияҳо  бо  мақсади  ҳифзи  заминҳо аз эрозия ва дар навбати худ таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи  кор,  мева,  чўб  ва  инчунин  ҳосилнок гардонидани чарогоҳҳо;

— бунёд намудани минтақаҳои муҳофизатӣ дар  қад-қади  шоҳроҳҳо  ва гирду атрофи заминҳои кишоварзӣ;

— сол то  сол  зиёд  намудани  маблағгузории  соҳа  барои   корҳои ҷангалбунёдкунӣ,  ҳифзи  ҷангалзор аз сўхтор ва хашаротҳои зараррасон, зиёд намудани маоши кормандони соҳа;

— бо воситаҳои  асосии  техникӣ ва лавозимоти корӣ таъмин намудани хоҷагии ҷангал;

— тайёр намудани  кадрҳои  хоҷагии  ҷангал  дар  дохил  ва  хориҷи кишвар;

— танзими   ташкили   шикор   дар   шикоргоҳҳо   ва  гузаронидани чорабиниҳои биотехникӣ оид ба  ҳифзу  нигоҳдории  ҳайвоноти  ваҳшӣ  ва паррандагон;

— ба роҳ мондани кишт ва парварииш гиёҳҳои шифобахш (камол,  зира, чукурӣ,  зелол,  чойкаҳак,  ширинбия,  чоқла ва дигарҳо) ва растаниҳои доруворӣ барои таъмини аҳолӣ бо дорувории аз ҷиҳати экологӣ безарар;

— ба роҳ  мондани  туризми  кўҳӣ ва шикори хориҷӣ бо дарназардошти нигоҳдории вазъи экологӣ  ва  мувозинати  табиӣ  дар  ҷангалзор  баҳри воридшавии  асъори  хориҷӣ  ҷиҳати  беҳтар намудани ҳолати биотехникии хоҷагиҳо ва вазъи экологӣ;

— гузаронидани баҳисобгирии  ҳайвоноти  ваҳшӣ  ва  паррандагон дар қаламрави фонди шикори ҷумҳурӣ;

— ташкили минтақаҳои   ҷангалпарварӣ   ва   ҳоҷагиҳои  ҷангал  дар заминҳои захираҳои давлатӣ ва заминҳои кишоварзие, ки ҷангал доранд;

— назорати ҷангалҳои заминҳои захираи давлатӣ,  хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ,  ассотсиатсияҳо, кооперативҳо, ташкилоту муассисаҳо аз тарафи мақомоти  идоракунии  давлатии  хоҷагии  ҷангал  бо мақсади нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот  ва  маводи  худрўи ҷангал,  захираи гиёҳҳои шифобахш, чўбу ҷангал, баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ барои муайян намудани пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

— рушди ҳамкорӣ  дар  таҳия ва татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ баҳри беҳтар намудани вазъи экологии ҷангал;

— ташкили мактаби  ҷангалпарварони  ҷавон оид ба баланд бардоштани савияи дониш ва маърифатнокии экологии насли наврас.

  1. Беҳтар намудани ҳолати экологии олами ҳайвонот

Шароитҳои иқлимии  Тоҷикистон  имконият  медиҳанд,   ки   навъҳои ҳайвоноти  дар  ҷумҳурӣ  мавҷудбударо  беҳтар  намуда,  барои  афзоиши ҳайвоноти нодир мусоидат карда шавад. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии олами ҳайвонот иҷрои чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

— бақайдгирии (инвентаризатсияи)   олами   ҳайвонот   дар   ҳудуди минтақаҳои шикор;

— баҳодиҳии маҳалҳои  зисти  ҳайвоноти  ваҳшии  ба   Китоби   Сурх дохилшуда;

— пешбурди мунтазами Китоби Сурх оид ба ҳайвонот;

— ташкили морхонаҳо,   катакҳо   ва   парваришхонаҳо  ҷиҳати  зиёд намудани намудҳои ҳайвоноти ба Китоби Сурх дохил кардашуда;

— бехтар намудани  ҳолати  макони  зисти  намудҳои  ҳайвоноти кўчӣ мувофиқи конвенсияҳо, созишномаҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ;

— бақайдгирии намудҳои  нодири  эндемии  олами ҳайвонот дар ҳудуди ҳар як ноҳия;

— ташкили иншоотҳои  ҳифзшаванда  оид  ба  ҳифз  ва  барқарорсозии намудҳои ҳайвоноти нодири аз байн рафтаистода ва намудҳои сайдшавандаи ҳайвоноти ваҳшӣ;

— баҳисобгирӣ, таҳлили қувваҳои истеҳсолкунанда ва ҷойгиронии онҳо бо дарназардошти ғунҷоиши экологии минтақа;

— таъмини обанборҳои моҳипарварии вилояти Хатлон  ва  Бадахшон  бо намудҳои моҳиҳои зудафзоишёбандаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар;

— таҳия ва татбиқи усулҳои  нави  мубориза  бар  зидди  ҳашаротҳои зараровар, маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ дар ин соҳа;

— ташкили баҳисобгирии даврии олами ҳайвонот;

— пурзўр намудани  муҳофизати  макони  афзоишёбии  олами ҳайвонот, бахусус намудҳои нодиру аз байн рафтаистода ва кўчанда;

— пешбурди Кадастри давлатии олами ҳайвонот;

— аз ҳисоби фоидаи шикори байналмилалӣ,  туризм ва шикори  саноатӣ беҳтар    намудани   чорабиниҳои   биотехникии   саршумори  ҳайвоноти шикоршаванда.

  1. Беҳтар намудани ҳолати захираҳои

истироҳатӣ (рекреатсионӣ)

Табиати зебо,  иқлими  мусоид  ва  манзараҳои нодири кишвар барои ташкили минтақаҳои истироҳатӣ,  инкишофи  шабакаҳои  туристӣ  мусоидат менамояд.  Бо  мақсади  беҳтар намудани захираҳои истироҳатӣ ва бунёди минтақаҳои нави ҳифзшаванда, иҷрои тадбирҳои зерин муҳим аст:

— ташкили шабакаи минтақаҳои махсус ҳифзшаванда;

— беҳтар намудани ҳолати минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи мавҷуда;

— ташкили боғҳои нави миллии таърихию табиӣ;

— бақайдгирии иншоот ва ҳудудҳои нодири табиӣ ва  ба  онҳо  додани мақоми махсус ҳифзшаванда;

— аз нав дида  баромадани  мақоми  мамнўъгоҳҳо,  парваришгоҳҳо  ва зарурияти тағйири самти фаъолияти онҳо;

— ташкили мамнўъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои хурд;

— омўзиши минтақавӣ   ва  бақайдгирии  ҳайвоноти  ба  Китоби  Сурх дохилкардашуда;

— бастани шартномаҳо  ва  созишномаҳо  бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи намудҳои ба Китоби сурх дохилшуда;

— бақайдгирии ноҳиявии олами наботот ва ҳайвонот;

— муайян намудани минтақаҳои паҳншавии биотсенозҳои нодир,  таҳияи усулҳои муҳофизати онҳо дар мамнўъгоҳҳо,  парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, боғҳои таърихию табиӣ ва минтақаҳои нодири табиӣ;

— тадқиқ ва   муқаррар   намудани  тағйирёбии  сарбории  захираҳои истироҳатӣ вобаста ба омилҳои гуногун  дар  ҳудуди  қаторкўҳи  Курама, Катасой,  кўҳҳои Фон-Яғноб, Мастчоҳи Кўҳӣ, Искандаркўл, парваришгоҳҳои Сари  Хосор,  Чилдухтарон,  Шуғнов  (Дараисо,   Дузахдара),   Қаратоғ, мамнўъгоҳи «Бешаи палангон» ва ғайра;

— Муассисаи давлатии  хоҷагии  ҷангал  ва  шикори  Кумитаи  ҳифзи муҳити  зисти  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудудҳои мамнўъгоҳҳои амалкунандаро аз нав дида баромада, иншоотҳои фаъолияткунандаро аз ин ҳудудҳо бароранд;

— бо кормандони  илмӣ   таъмин   намудани   мамнуъгоҳҳо,   таҳкими фаъолияти  илмии  онҳо  ва  бо тартиби муқарраршуда пешбурди «Солномаи табиат»;

— дар мамнўъгоҳи «Дашти Ҷум» барқаррор ва мустаҳкам кардани низоми мамнўъгоҳӣ,   барқарор   кардани   дидбонгоҳҳои   кўҳна   ва   сохтани дидбонгоҳҳои нав;

— таҳияи чорабиниҳо  оид  ба  беҳтар   намудани   вазъи   экологии мамнўъгоҳи «Бешаи палангон»;

— барқарор кардани минтақаи муҳофизатии атрофи  мамнўъгоҳи  «Бешаи палангон»,   гузаронидани  экспертизаи  экологии  лоиҳаҳои  азхудкунии бошишгоҳҳо;

— таҳияи намунаи  шаклҳо  ва  тартиб  додани  феҳристи  минтақаҳои нодири табиӣ, ба онҳо додани шиноснома ва мақоми ҳифзшаванда;

— азхудкунии минтақаҳои  нави  истироҳатӣ  дар  ҳавзаи  обанборҳои Нерўгоҳи обии барқии Норак, «Сангтўда-1» «Сангтўда-2» ва Роғун.

  1. Чорабиниҳо оид ба солимгардонии вазъи

экологӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ

Ҷиҳати солимгардонии  вазъи  экологӣ  бо  мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

— гузаронидани мониторинг   оид   ба   ҳолати   кунунии  санитарию эпидемиологӣ ва гигиении шаҳрҳо;

— гузаронидани таҳлили тақсимоти ҳудуди минтақаҳои ноҳияҳо вобаста ба нишондиҳандаҳои умумии фавти одамони синну соли  гуногун,  ҷинс  ва сабабҳои он;

— гузаронидани таҳлилҳо  оид  ба  паҳншавии  бошиддати   нуқсонҳои модарзодии кўдакон, ки дар ҳудуди ноҳия таваллуд шудаанд;

— таҳлили беморшавии кўдакон ва калонсолон  дар  ҳудуди  минтақаҳо вобаста ба ҳолати экологӣ;

— татбиқи амалии тавсияҳо оид  ба  паст  кардани  таъсири  омилҳои манфии экологӣ ба саломатии аҳолӣ ва вазъи демографӣ.

  1. Беҳтар намудани вазъи экологӣ дар саноат ва сохтмон

Ҳангоми ҷойгир кардани иншоотҳо,  ҷорӣ намудани хатҳои технологии гуногун, муомилот бо партовҳои саноатӣ ва пешбурди соҳаи сохтмон риояи талаботҳои экологӣ бо усулҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошанд:

— муайян намудани шиддатнокии майдони  электромагнитӣ  дар  ҳудуди шаҳрҳои  калон  ва  иншоотҳои  хоҷагии  халқ,  ки аз қувваи барқ васеъ истифода мебаранд;

— таҳлили экологии  корхонаҳо  ва  такмили  усулҳои  тоза  кардани партовҳо дар муҳити зист;

— гузаронидани таҳлилҳо   оид   ба   пайдоиш,   безараргардонӣ  ва истифодаи партовҳои саноатӣ ва таҳияи  пешниҳодҳо  доир  ба  истифодаи партовҳои  Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»,  заводи химиявии Ёвон, заводи нуриҳои азотии Вахш ва ғайра;

— ҷорӣ кардани технологияи коркард ва истифодаи такрории партовҳои саноатӣ,  бахусус  партовҳои  саноати  маъданҳои  кўҳӣ,  сохтмонӣ   ва безараргардонии  партовҳои  маишӣ дар марказҳои маъмурии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо;

— бунёди корхонаҳои хурди коркарди партовҳо;

— сохтмон ва ба истифода додани завод, сех ва хатҳои истеҳсолӣ оид ба   коркарди  такрории  пластмассаю  шишапораҳо  ва  ба  роҳ  мондани истеҳсоли ашёи сохтмон дар шаҳрҳои Душанбе, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент;

-сохтмони партовгохҳои намунавӣ  барои  безараргардонӣ,  гўркунии партовҳои  сахти  маишӣ  дар шаҳрҳои Хуҷанд,  Исфара,  Душанбе,  Ёвон, Кўлоб, Қўрғонтеппа ва Турсунзода;

— танзими назорат  аз  болои  ҳолати  партовгоҳҳои  амалкунанда ва консерватсияшудаи партовҳои моддаҳои радиоактивӣ;

— барқарор намудани  партовгоҳи  заҳрхимикатҳо  дар ноҳияи Вахш ва шаҳри Конибодом;

— таҳияи силсилаи   харитаҳои   таҷдидшавандаи  экологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳияи пешниҳодҳо  доир  ба  рушди  шаҳрсозӣ  дар  минтақаҳо  бо дарназардошти талаботҳои экологӣ;

— кашонидани ангиштсанг ба воситаи нақлиётҳои болопўшида.

  1. Беҳтар намудани вазъи экологии ҷумҳурӣ

тавассути таҳияи масъалаҳои асосии экологӣ

Беҳтар намудани   вазъи   экологии   ҷумҳурӣ   тавассути   таҳияи масъалаҳои асосии экологӣ иборатанд аз:

— таҳлили экологию иқтисодии ноҳияҳо ва таҳияи дурнамои тағйирёбии вазъи экологӣ;

— таҳлили экологӣ — иқтисодии ноҳияҳои экологӣ ва таҳияи  пешгўиҳо оид ба тағйирёбии минбаъдаи ҳолати экологӣ;

— таҳлил ва  баҳодихии  иқтидори  захиравӣ-иқтисодии  ноҳияҳо   ва талафи иқтисодӣ аз ифлосшавии муҳити зист;

— таҳлил, танзим  ва  арзёбии  равандҳои  зараровар   дар   ҳудуди ноҳияҳои алоҳидаи экологӣ (равандҳои карстӣ-суффозӣ,  ярч, зериобмонии заминҳо, ифлосшавии хок, қабатҳои он ва обҳои зеризаминӣ);

— ноҳиябандии муҳандисию  геологии  минтақаҳо барои мутобиқкунонии минбаъдаи истифодаи онҳо;

— таҳқиқи омилҳои физикӣ (ғулғула, радио, мавҷҳои электромагнитӣ), ки ба ҳолати  экологӣ,  саломатии  одамон,  ҳайвонот,  паррандагон  ва ҳашарот таъсир мерасонанд ва таҳияи тавсияҳо оид ба кам кардани онҳо;

— гузаронидани минтақабандии  дақиқи  ҳар  як  ноҳия  вобаста   ба мавҷудияти  иқтидори  захиравӣ  —  иқтисодӣ ва гурўҳбандии комплексҳои табиӣ — минтақавӣ;

— таҳияи чорабиниҳо  оид  ба  паст кардани шиддатнокии экологӣ дар ҳавзаи дарёи Варзоб бо сабаби ғализии ғунҷоиши экологии минтақа;

-ташкили рекламаи  васеи  захираҳои  табиии  Тоҷикистон  (сангҳои қиматбаҳо ва нимқимат,  маъданҳо,  растаниҳо,  ҳайвонот  ва  маҳсулоти онҳо, маҳсулоти анъанавии аз ҷиҳати экологӣ тоза);

— васеъ сохтани  шабакаи  лабораторияҳои  таҳлилӣ,  санҷиши  сифат мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ;

— ҳамаи ташкилоту корхонаҳо бояд дар ҳудуди ба  онҳо  вобасташудаи биноҳои истеҳсолӣ ва маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро  мувофиқи  талаботҳои  экологӣ  ба  ҷо  оварда,  ба нигоҳубини он масъул бошанд;

— таҳияи барнома ва силсилаи  лоиҳаҳои  махсуси  комплексии  ҳифзи табиат  доир  ба беҳтар кардани ҳолати экологии ҳавзаи дарёҳои Ёхсу ва Зарафшон;

— таҳияи силсилаи харитаҳои муҳандисию геологӣ;

— ташкили комплекси таҳлилии  сайёр  доир  ба  муқоисаи  характери ифлосшавии муҳити зист;

—  муайян  намудани  ҳолати  биологии  морфологию  анатомии  олами наботот  ва  ҳайвонот,  инчунин  чорво  ва  зироати хоҷагии қишлоқ дар минтақаҳои ифлосшавии саноатӣ;

— ташкили низоми иттилоотии геологӣ аз рўйи меъёрҳои экологӣ;

— таҳияи шиноснома-каталог барои қитъа ва  минтакаҳои  эталонӣ  бо мақсади пешгўии ҳодисаҳои табиии хатарнок;

— таҳия ва тасдиқи Низомнома оид ба низоми иттилооти экологӣ;

— арзёбии ҳолати   қабати   хокӣ-набототӣ   ва   пешгўии  инкишофи минбаъдаи онҳо;

— таҳияи харитаи бухоршавии умумӣ ва миқдори намнокии минтақа;

— муайян намудани манбаҳои пайдоиши намудҳои ҳашароти  зараррасони зироатҳои   хоҷагии   қишлоқ   ва  растаниҳои  табиӣ,  муайян  кардани алоқамандии дараҷаи авҷи  пайдоиши  ин  ҳашарот  ба  тағйироти  ҳолати экологӣ,  тартиб  додани  пешгўиҳо  доир  ба манбаҳои пайдоиш ва зичии намудҳои ин ҳашарот;

— арзёбии  умумии  ҳолати  экологии  минтақа  ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо дарназардошти фаъолияти хоҷагидорӣ  ва  пешгўии  тағйироти муҳити табиӣ;

— таҳияи харитаи экологии комплексӣ, ки бо роҳи муқоисаи харитаҳои ифлосшавии  муҳити  зист  ва  мустаҳкамии геологии хоки минтақа тартиб дода шудааст. Дар асоси харитаҳои тартибдодашудаи экологӣ минтақабандӣ кардани ҳудудҳо аз рўйи сарбории экологӣ;

— таҳияи нақшаи  комплексии  минтақавии   муҳофизати   табиат   бо дарназардошти  таъминоти сиёсӣ,  ташкилӣ,  моддию техникӣ ва захиравии минтақа;

— таҳияи нақшаҳои  ноҳиявии  пешгирӣ  ва  рафъи ҳолатҳои хатарноки экологии имконпазир;

— таҳияи принсипҳои   амалкунандаи  нақшаи  ҷамъоварӣ,  нигоҳдорӣ, коркард ва таҳлили иттилоотии экологӣ  барои  таҳия  ва  амалигардонии чорабиниҳои  ҳифзи  муҳити  зист дар сатҳи ноҳиявӣ ва ташкили системаи зудамали назоратӣ аз болои ҳолат ва манбаҳои ифлоскунандаи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;

— мустаҳкам кардани обкандаҳо, соҳили дарёҳо ва обанборҳо;

— ҳамоҳангсозии экология  бо  иктисодиёт,  хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳои фаъолият;

— дар ҳудуди истихроҷи партовҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ташкил намудани майдончаҳои таҷрибавию озмоишӣ;

— ташкили заминаи  илмӣ  барои  стратегияе,  ки  ба ошкор намудани хатари экологӣ,  арзёбии сатҳи хатар  ва  пешгирӣ  ва  ё  кам  кардани таъсири омилҳои зараровар ба саломатӣ равона шудаанд;

— таҳияи харитаи ҷойивазкунии пиряхҳо ва ҷараёни селҳо.

  1. Механизмҳои иқтисодии беҳтар намудани вазъи экологӣ

Мақсади асосии ҷорӣ намудани механизмҳои иқтисодии  истифодабарии табиат аз танзими муносибати байни истифодабарандагони табиат ва риояи меъёр,  стандартҳо ва истифодаи самараноку  оқилонаи  табиат,  инчунин ҳифзи сарватҳои табиӣ иборат мебошад. Тадбирҳои иқтисодии беҳтар кардани вазъи экологӣ иборат аст, аз:

— истифодабарандагони табиат  бояд барои истифодаи сарватҳои табиӣ мустақиман ва барои вайрон кардани ҳолати захираҳои  табиӣ  мустақиман ва ё ғайримустақим пардохтҳои экологӣ супоранд;

— мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ зимни  аз  лимит  (меъёрӣ,  технологӣ) зиёд шудани партовҳо,  истифодабарандагони табиат пардохтро ба андозаи 5 ва 10 карата месупоранд;

— дар ҳолати  муайян кардани нархҳои яклухт ва чакана ба маҳсулоти истеҳсолшаванда  дараҷаи  ниҳоии  хароҷоте,  ки  барои  истеҳсоли   ин маҳсулот сарф карда мешаванд, ба назар гирифта шаванд;

— таҳлил вз арзёбии иқтидори захиравию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо  ва хисороти иқтисодӣ аз ифлосшавии муҳити зист;

— таҳияи тавсияҳо дар  сатҳи  ноҳиявӣ  оид  ба  такмили  механизми иқтисодии  истифодаи  оқилонаи  табиат,  ҳифз ва беҳтар намудани вазъи муҳити зист,  тандурустии  аҳолӣ  дар  асоси  қонунгузориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид  ба  худидоракунии  маҳаллӣ  ҷиҳати  такмили механизми истифодабарии табиат;

— баҳисобгирӣ ва   таҳлили   қувваҳои  истеҳсолкунанда  ва  ҷойгир кардани онҳо бо дарназардошти ғунҷоиши экологии минтақа;

— ҳамоҳангсозии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ,  ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсолкунанда дар асоси Барномаи мазкур;

— нишондиҳандаҳои  асосии  иқтисодии  истифодаи  оқилонаи табиат, рақамҳои   назоратие   мебошанд,   ки   дар    мувозинати    маҳсулоти истеҳсолшаванда  ва  ҳаҷми  ашёи  хоми  истифодашуда  дохил  буда,  ба талаботи меъёрҳо ва технология мувофиқанд;

— нишондиҳандаҳои аз  меъёр  зиёд  чун нишони вайронкунии қонунҳои иқтисодӣ ва ҳифзи табиат дониста мешаванд;

— фаъолияти бахшҳои   давлатӣ  ва  хусусӣ,  ки  бо  ҳисобу  китоби арзишҳои экологӣ сару кор дошта, барои истеҳсолкунандагони маҳсулот ва ё табиатистифодабарандагон арзишҳои экологӣ муайян менамоянд, аз ҷумла дар  арзиши  умумии  хароҷот  ба  нигоҳдорӣ  ва  ҳифзи   муҳити   зист алоқамандро дохил мекунанд, бояд ҳавасманд гардонида шаванд;

— ташкили сохторҳои байнисоҳавӣ (байни вазоратҳо) барои  таҳия  ва истифодаи воситаҳои ҳавасмандгардонии молиявӣ барои ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин арзёбии самаранокии фаъолияти онҳо.

  1. Беҳтар намудани низоми назорати экологӣ

Беҳтар намудани низоми назорати экологӣ иборат аст, аз:

— иҷрои таҳлилҳои техникию иқтисодии усулҳои ҳозиразамони назоратӣ оид ба ҳолати муҳити зист;

— дастрас ва  истифодаи  аксҳои аэрокайҳонӣ барои назорат аз болои ҳолати муҳити зист;

— аз ҳисоби  нозирони  ҳифзи  муҳити зист ташкил намудани хадамоти гумруки экологӣ ҷиҳати назорат аз болои воридот ва  содироти  техника, технология ва дигар маводе, ки ба муҳити зист зарар мерасонанд;

— такмил ва васеъ намудани системаи назоратии ҳолати  экологӣ  дар асоси  комплекси  лаборатория  —  статсионарҳои  мавҷуда ва навташкил, нимстатсионарҳо, назорати аэровизуалӣ;

— таҳия ва  такмили усулҳои ошкор сохтани хавфи экологӣ ва арзёбии дараҷаи хатари экологӣ. Ҳолатҳои бўҳронии гузашта ва имрўза, ки вазъият дар онҳо хеле тез ва ногаҳонӣ дигаргун ва боиси хатар ба ҷони одамон  гашта,  ба  муҳити зист  харобӣ  меоварад  (ҳаракати  пиряхи Хирсон,  обхезиҳо дар ҳавзаи дарёи Ёхсу (Кўлоб),  фаромадани ярч дар Оби-гарм,  Балҷувон,  Роғун ва ғайра),  таҳияи системаи чорабиниҳои ба ҳам алоқамандро оид ба пешгирӣ ва дар сурати ба амал омадан ба таври фаврӣ рафъ намудани онро  тақозо менамояд. Шарти асосии иҷрои ин вазифаи муҳим пеш аз ҳама  истифодаи  васеи воситаҳои  муоинаи  масофагӣ,  истифодаи базаи дастгоҳҳои ҳозиразамон, рушди усулҳои коркарди маълумот ва ғайраҳо мебошанд.  Аз ҳама муҳим он аст,  ки  минтақаҳои  аз  ин ҷиҳат ноустувор,  ки метавонанд боиси рўй

додани ҳолати номатлуби табиӣ гарданд, муайян карда шаванд. Ба ҷумҳурӣ зарур аст,  ки назарияи универсалии амалкунандае таҳия намояд, ки тавонад дар пешгўӣ ва рафъи оқибатҳои харобиовари табиат ва садамаҳои саноатӣ саҳм гузорад.

Аз назари илмӣ таҳияи асосҳои назариявию методии консепсия  барои иншоотҳои  калони  минтақаҳои  кўҳӣ,  ки  тавонанд  мувофиқати ташкили хоҷагиҳои минтақавиро бо иқтидори табиӣ  —  захиравии  минтақа  таъмин намуда,  ҳамчунин ба мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ,  ҳифзи комплексҳои табиӣ  ва  генофонди  табиат  хизмат  намоянд,  зарур  аст.   Масъалаи ҳамбастагии объектҳои саноатӣ ва шароити табиӣ бисёр муҳим аст,  чунки мавҷуд набудани  баҳисобгирии  хусусияти  муҳити  табиӣ  зимни  ҷойгир намудани корхонаи калони саноатӣ, метавонад боиси дар оянда сар задани садамаҳои вазнин барои одамон ва табиат гардад. Ғайр аз ин,  зарур аст, ки низоми пешгўи ва моделкунонии ҳолатҳои садамавӣ таҳия шуда,  ин раванд бо  техникаи  компютерӣ  таъмин  карда шуда, аз экспертизаи экологӣ гузаронида шавад.

Бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани хатари  рух  додани  фалокатҳои экологӣ, маҳдуд кардани масоҳати онҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ зарур аст, ки чунин чорабиниҳо амалӣ карда шаванд:

— муайян намудани   минтақаҳои   хатари   калони   экологӣ  дошта, бақайдгирии ҳамаи корхона ва иншоотҳои ин  маҳал,  ки  метавонанд  дар ҳолатҳои  садамавӣ  боиси  ифлос  гаштани  муҳити  атроф  аз  моддаҳои хавфноки химиявию биологӣ гарданд;

— муайян кардани минтақаҳои эҳтимолии сар задани фалокатҳои табиӣ,

ҳолатҳои фавқулоддаи иқлимӣ;

— таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати ҳадалимкон кам кардани хатари сар задани  фалокати  экологӣ,  пеш  аз  ҳама  дар  корхонаҳои  калони химиявӣ,  газу нафт, анборҳои сўзишворӣ, марказҳои нигоҳдории моддаҳои радиоактивӣ, дарғотҳо, иншооти пешгирии сел ва ярҷ;

— таҳияи барномаи давра ба давра иваз кардани воситаҳои истеҳсолии кўҳнашудаи аз ҷиҳати экологӣ хатарнок бо воситаҳои истеҳсолии  сифатан нав ва аз нигоҳи экологӣ безарар;

— ба низом  даровардани  рафти  истеҳсол,  коркард  ва   истифодаи моддаҳои  заҳрнок,  радиоактивӣ,  зуддаргиранда ва тарканда бо мақсади кам кардани гардиши истеҳсолии онҳо;

— таҳияи меъёр   ва   қоидаҳои   кашонидании   моддаҳои  хатарноки тарканда,  заҳрнок ва зуддаргиранда ба  воситаи  нақлиёти  автомобилӣ, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва обӣ;

— таҳияи нақшаи  ҷумҳуриявӣ   оид   ба   бартарафсозии   оқибатҳои имконпазири фалокатҳои экологӣ;

— ташкили марказҳои  вилоятии  кўмаки  фаврии   экологӣ   (хизмати зудамал),  марказҳои  таҳлили  вазъияти  баамаломада  ва қабули фаврии қарорҳо доир ба бартараф кардани зарари ҳолатҳои  фавқулодда,  иштирок дар  ташкили  маркази умумиҷаҳонии зудамал ва таъмини тайёрии он барои ошкорсозии фаврӣ,  пешгўии вазъият ва хабардоркунии фаврии ташкилотҳои манфиатдор  дар  ҳолати  ифлосшавии  садамавии  муҳити табиӣ,  таъмини марказҳо бо кадрҳо ва воситаҳои ҳозиразамони техникӣ;

— дохил кардани талаботҳои экологӣ дар қоида ва меъерҳои сохтмонӣ, ки дар ҷумҳурӣ ҷойгир  кардани  иншоотҳои  хатарнокро  танзим  намуда, иҷрои талаботи ҳатмиро дар ҳолати садамаи имконпазир ба ҷо меоранд;

— ҳангоми аз ҷиҳати экологӣ асоснок кардани ҷойгиркунии  иншоотҳои хоҷагии  халқ  дар лоиҳа оид ба сар задани садама чораҳо пешбинӣ карда шаванд.

  1. Такмили экспертизаи экологӣ

Тадбирҳо оид ба такмили экспертизаи экологӣ иборат аст, аз:

— тартиб додани  нақшаи  ҷойгиркунии  иншоотҳои  табиӣ ва таърихию маданӣ;

— барқарор кардани  экспертизаи  қатъии   экологӣ,   санитарӣ   ва иқтисодӣ ҳангоми ба ҷумҳурӣ ворид намудани техника, технологияи нав ва заҳрхимикатҳою нуриҳои минералӣ, инчунин маҳсулотҳои дар таркибашон аз организмҳои зиндаи модификатсия кардашуда истифода шудаанд;

— дар вақти    бастани    шартнома,   созишнома   ва   қарордодҳои байнидавлатӣ бояд дар банди махсус  оид  ба  гузаронидани  экспертизаи экологӣ зикр шавад;

— ҳангоми хусусигардонии  иншоотҳо  (заводу  фабрикаҳо  ва  амсоли онҳо),  табдили  шакли  фаъолият  ва  азнавсозии  иншоотҳо,  гирифтани хулосаи экспертизаи экологӣ;

— муайян кардани  минтақаҳои имконпазири бўҳрони экологӣ ва роҳҳои пешгирии он;

— ҳангоми хусусигардонии  иншоотҳо  додани имтиёз ба саҳмиядороне, ки барномаи мукаммали экологӣ дошта,  технологияи  аз  назари  экологӣ навтаринро истифода мебаранд;

-ташкили махзани маълумот оид ба иншоотҳои аз экспертизаи экологӣ гузашта.

  1. Маблағгузории Барнома

Маблағгузорӣ ҷиҳати  таъмини  иҷрои  Барнома дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соли буҷетӣ барои беҳтар намудани  вазъи  экологӣ  равона карда   шавад  ва  ҳангоми  имзои  шартнома,  созишнома,  қарордод  ва протоколҳои  ҳусни  тафоҳум  масъалаҳои  ҳамкории  экологиро   пешбинӣ намоянд,  инчунин  аз  ҳисоби  маблағҳои  махсус,  шаҳрвандон ва дигар маблағҳое,  ки хилофи қонунгузориҳои ҷумҳурӣ нестанд  амалӣ  гардонида мешавад. Барои таъмини  иҷрои  чорабиниҳои  Барнома  корҳои  зерин   амалӣ гардонида мешавад:

-ташкили фондҳои гуногуни давлатӣ,  ҷамъиятӣ ва  хусусӣ  доир  ба ҳимояи иншоотҳои нодири табиӣ;

-додани имтиёзҳо ба иншоотҳои хоҷагии  халқ,  ки  бо  технологияи кампартов ва бепартов фаъолият доранд;

— дастгирии ҳаматарафаи иқтисодӣ, моддӣ-техникӣ ҷиҳати ихтироъ ва нусхабардории асбобҳои назорати экологӣ дар шароити Тоҷикистон;

-ҳавасмандгардонӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳо  ба  ташкилот  ва корхонаҳое,   ки   тавассути  технологияи  аз  назари  экологӣ  бехавф маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мекунанд;

-зимни хусусигардонии  корхонаҳо  ва  ё  захираҳои  табиӣ бояд як қисми маблағи руёнидашуда барои ҳифз ва барқарор кардани  муҳити  зист равона карда шавад;

-таҳияи барномаи  инвеститсионӣ  ҷиҳати  беҳтар  намудани   вазъи экологии  ҳар  як  ноҳияи  экологӣ,  ташкили  комиссияи давлатӣ ҷиҳати таҳия, татбиқ ва иҷрои чунин Барнома.

  1. Ҳамкории байналмилалӣ

Дар миқёси глобалӣ  бад  шудани  сифати  муҳити  зист,  зарурияти муттаҳид  сохтани  нерўи тамоми кишварҳоро баҳри рафъи хатари экологӣ, ҳифзи биосфераи замин ва ояндаи башар пеш овардааст. Самтҳои асосии  фаъолияти  байналмилалии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи наздик аз инҳо иборатанд:

-ҳадалимкон кам  кардани  партовҳои  зараровар  ба  манбаҳои обӣ, ҳавои атмосфера ва  хок,  ки  метавонанд  аз  тариқи  ҷараёнҳои  обҳои сарҳадгузар,  обанборҳо  ва  ҳавои атмосфера ба захираҳои табиии дигар давлатҳо таъсир расонанд;

-беҳтар намудани  мубодилаи  ахбор  оид  ба ҳолати муҳити зист ва иштирок дар ташкили системаи глобалии байналмилалии  назорати  экологӣ ва механизми байналмилалии ёрии таъҷилии экологӣ;

-такмили механизми ҳуқуқи  байналмилалӣ,  ки  ҷидду  ҷаҳди  ҳамаи давлатҳо  ва гурўҳҳои ҷамъиятиро баҳри ҳимояи шароитҳои муътадили зист  дар ҳамбастагӣ бо табиат таъмин менамояд;

-ташкили хадамоти экологии байниидоравӣ ва байнидавлатӣ;

-рушди ҳамкорӣ    ҷиҳати    таҳия    ва    татбиқи    технологияи захираҳифзкунандаи аз назари экологӣ тозаи бепартов;

Аз рўи маълумотҳои мавҷуда,  ҳоло дар дунё қариб 140 конвенсия ва созишномаҳои  бисёрҷониба оид ба ҳифзи табиат амал мекунанд.  Иштироки ҷумҳурӣ  дар  ҳамкориҳои  байналмилалӣ  оид  ба  иҷрои  конвенсия   ва шартномаҳо  барои  ҳалли  проблемаҳои  миллӣ ва минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад кард, масалан:

-паст кардани  таъсири  байнисарҳадии  моддаҳои  ифлоскунанда  ба Осиёи Миёна ва баръакс;

-кам кардани  партовҳои  моддаҳои ифлоскунанда дар ҳавзаи Сирдарё ва Амударё;

-танзими истифода  ва паст кардани сатҳи ифлосшавии байнисарҳадии оби Сирдарё ва Амударё;

Баҳри баланд  бардоштани  самаранокии иштироки мамлакат дар бахши ҳамкориҳои ҳамаҷониба доир ба  масоили  ҳифзи  табиат  зарур  аст,  ки ҳамкориҳо   бо   дигар   ташкилотҳои   байналмилалӣ   ва   муассисаҳои махсусгардонидашуда вусъат ёбад.

Вобаста ба  ин  дар ҷараёни ҳамкориҳои байналмилалӣ ба масъалаҳои зерин бояд диққат дода шавад:

-такмили принсипҳои байналмилалии,  табиатистифодабарӣ бо асосҳои илмӣ ва ҳуқуқии ҳалли проблемаҳои байналмилалии экологӣ;

-идораи иқтисодии сифати муҳити зист;

-таҳия ва истифодаи стандарт ва меъёрҳои экологӣ;

-такмили метод, усул ва воситаҳои мукаммали назорати муҳити зист;

-нигоҳ доштани  гуногунии  биологии  муҳит,  такмили   нигоҳдошти мамнўъгохҳо;

-таҳия ва татбиқи технологияи истеҳсолии кампартов  ва  бепартов, таҷҳизоти партов, об ва ҳавотозакунӣ;

-такмили донишҳои экологӣ;

-васеъ сохтани доираи мубодилаи ахбори экологӣ.

  1. Беҳтар намудани таълим ва тарбияи

экологии аҳолӣ ва тайёр кардани кадрҳо

Мақомоти минтақавӣ,   маҳаллӣ,   роҳбарони   вазорату    идораҳо, корхонаҳо   ва  муассисаҳои  ҷумҳуриро  зарур  аст,  ки  баҳри  баланд бардоштани сатҳи донишу  маърифати  экологии  аҳолӣ  заминаҳои  моддию техникии таълим (бино, восита, нақлиёт)-ро пурзўр намоянд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои экологӣ зарур аст:

-Вазорати маорифи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазоратҳои

манфиатдор барои бунёди стратегияи ягонаи таълиму тарбияи  экологӣ  ва омода  намудани  кадрҳо дар соҳаи таълиму тарбияи аҳолӣ дар бахши ҳифз ва беҳтар намудани муҳити зист тадқиқоти  илмӣ  ва  озмоишҳоро  ташкил диҳанд;

-Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  Кумитаи  ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои  экологии  роҳбарон  ва  мутахассисони   ҳамаи   соҳаҳо   дар донишкадаҳои   соҳавии   такмили  ихтисоси  назди  марказҳои  экологии вилоятҳо курсҳои ба ҳифзи муҳити зист бахшидашударо зиёд намоянд;

-ба Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, ки дар якҷоягӣ ҳуҷҷатҳои  зарурии  методӣ,  китоб  ва  дастурҳои таълимии соҳаи ҳифзи муҳити зистро таҳия ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Бо мақсади маълумоти зарурӣ таъмин намудани табақаҳои васеи аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист  ва  истифодаи  самараноки  сарватҳои  табиӣ, ҳамчунин  паҳн кардани таҷрибаи пешқадам ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст,  ки чорабиниҳои  зеринро амалӣ созад:

-тамоми корҳои экологӣ — маърифатиро дар ҷумҳурӣ ҳамоҳанг  сохта, барои  васеъ  намудани  фаъолияти клубҳои экологӣ,  марказҳои экологӣ, лагерҳои мавсимии самти экологӣ доштаи мактаббачагон,  пурзўр намудани нақши  тарбияи  экологии  аҳолӣ оид ба парваришгоҳҳо,  боғҳои миллӣ ва дигар марказҳои истироҳатӣ мусоидат намояд;

-ҳамкориҳои байналмилалиро  дар бахши маърифат ва тарбияи экологӣ

васеъ намояд. Дар фаъолияти  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тарбияи аҳолӣ ва ташаккули  ақидаи  ҷамъиятӣ  бояд ҷойи намоёнро ишғол намояд, ки ин бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

-рушди таблиғоти комплексии донишҳои муҳими экологӣ  бо  истифода аз  воситаҳои  ахбори омма,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси муносибати хоса ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ;

-таъмини ихтиёрӣ   ва   алоқамандии  таълими  экологии  расмӣ  ва ғайрирасмӣ;

-таҳияи барномаҳои  таълимии  ҳифзи  муҳити  зист,  ки  тавассути воситаҳои ахбори омма паҳн карда мешаванд;

-баланд бардоштани  савияи дониш ва тахассуси экологии кормандони соҳаи телевизион,  кино, рўзноманигорон, кормандони радио,  коргардонҳо ва ғайра.

  1. Беҳтар намудани таъминоти

иттилоотӣ — методӣ оид ба экология

                Бо мақсади таъмини иттилооти комплексии  ҳифзи  муҳити  зист  дар мамлакат,  таҳия  ва  татбиқи  сиёсати  ягонаи  ҳифзи  муҳити  зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳамчунин танзими фаъолияти вазорат ва  идораҳо  оид  ба  ин масъалаҳо то соли 2010 бояд системаи экологии иттилоотӣ ташкил карда шавад.  Ин система бояд заминаи асосии системаи идоракунии  сифати  ҳифзи  муҳити  зист  гардад.  Барои  ташкили чунин система дар заминаи шаклҳои  мавҷуда  ва  пешбинишуда  сохтори  якҷояи иттилоотӣ  ташкил кардан мувофиқи мақсад аст.  Бо ин мақсад зарур аст, ки;

-марказҳои минтақавӣ  —  ҷумҳуриявии  экологӣ ташкил карда шаванд (зинаи поёни онҳоро метавон дар заминаи раёсатҳои ҳифзи  муҳити  зисти вилоятҳо созмон дод);

-баҳисобгирии системаи мавҷудаи  экологии  иттилоотӣ  ва  махзани маълумот гузаронида шавад.

  1. Вазифаҳои марказҳои миллии экологӣ ва дигар марказҳо

Вазифаҳои марказҳои  миллии  экологӣ  ва  дигар марказҳои марбута иборат аст аз:

-ҷорӣ кардани  махзани  маълумоти марказонидашуда дар бораи ҳифзи

муҳити зист;

— ҷорӣ  кардани  кадастри  сарватҳои  табиӣ,  олами  ҳайвонот  ва наботот;

-таҳияи стандартҳои ягонаи сифати муҳити зист;

-таҳлил ва  пешгўии  таъсири  фаъолияти  хоҷагидорӣ  ба  минтақаи маркази экологии масъул;

-арзёбӣ ва пешгўии таъсири байниминтақавӣ;

-ҷамъбаст ва банизомдарории натиҷаҳои экспертизаи экологии лоиҳаи сохтмон  ва  дигар  иншоотҳо,  ки  ба  вазъи  экологии  муҳит   таъсир мерасонад;

-васеъ намудан ва такмили системаи мубодилаи  ахбори  экологӣ  бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва марказҳои соҳавии иттилоотӣ;

-муттаҳидсозии нақша-барномаҳои  илмӣ-тадқиқотӣ,   истеҳсолӣ   ва марказҳои  таълимӣ  дар  ассотсиатсияи  ягонаи қувваҳои экологӣ ҷиҳати ҳалли масъалаи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист,  ҳамоҳангсозии кори  онҳо аз як марказ;

-баланд бардоштани салоҳият ва пурзўр кардани иқтидори  марказҳои миллии экологӣ;

-ташкили бахшҳои доимоамалкунандаи курсҳои такмили ихтисос оид ба экология  ва  ҳифзи  муҳити  зист  барои  ҳамаи ихтисосҳо ва воситаҳои ахбори умум;

-ташкили системаи  таълими  экологӣ  баҳри тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда ва мутахассисоне,  ки ба истеҳсолот,  пеш  аз  ҳама  ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист масъуланд. Дараҷаи баланди  таъмини   илмии   Барнома   бояд   дар   заминаи тадқиқотҳои  бунёдии  проблемаҳои  илмии байнисоҳавии доираи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадқиқотҳои биосферӣ ва экологии пажўҳишгоҳҳои  соҳавӣ,  таълиму  тарбияи аҳолӣ дар давраи то соли 2012 сурат гирад. Дар соҳаи  тадқиқоти  системаи  таъсири байниҳамдигарии табиат ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар асоси  консепсияи  ташаккули  биосфера,  саъю кўшиши  коллективҳои пажўҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ,  донишкадаҳои илмӣ, лоиҳакашӣ,  тарҳрезӣ,  технологӣ ва дигар ташкилотҳоро бояд ба  таҳияи чунин самтҳо равона кард:

— муайян кардани устувории муҳити зист ба таъсири антропогенӣ  ва муайян  намудани  қонунияти  эволютсионии  биосфера  дар шароити рушди фаъолияти хоҷагидорӣ;

-таҳияи системаи «маҳдудкунандаҳо» (меъёрҳо ва стандартҳои ҳолати таркиби  системаи   табиӣ-техникӣ,   масалан   методҳо   ва   меъёрҳои конденсатсияи ҳаво,  ки нобудшавии набототи таркиби экосистемаҳои обии хок,  меъёрҳои истифодаи  оқилонаи  об,  заминро  инкор  менамоянд  ва ғайра);

-таҳияи маҷмўи маҳдудкуниҳои экологӣ;

-таҳияи усулҳои  нав  ва  такмили  усулҳои  мавҷудаи картографияи экологии минтақаҳо (аз ҷумла дар асоси истифодаи техникаи  компютерӣ), ташкили атласи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳидаи он. Дар соҳаи тадқиқотҳои илмии фаъолияти мамнўъгоҳҳо  ва  минтақаҳои ҳифзшаванда:

— такмили сохтори назоратӣ аз болои ҳолати комплексҳои табиӣ  дар мамнўъгоҳҳо, ташкили мониторинг дар мамнўъгоҳҳо, таъмини ҳамоҳангсозии (унификация) нишондиҳандаҳои муайяншудае,  ки тағйирёбии экосистемаҳои ҳифзшавандаро таъмин мекунанд;

-таҳияи асосҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти  мамнўъгоҳҳо  ва  дигар минтақаҳои ҳифзшаванда;

-васеъ намудани  ҳамоҳангсозии  байналмилалӣ   дар   бахши   кори мамнўъгоҳҳо,  таҳия  ва  татбиқи  барномаҳои  мақсадноки  экологӣ  дар заминаи минтақаҳои табиии ҳифзшаванда.

  1. Беҳтар намудани санадҳои меъёрии

ҳуқуқӣ оид ба экология

Ҷиҳати расидан  ба  мақсадҳои  ҳифзи  муҳити  зист  ва  истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ҳамоҳангсозии  меъёр  ва  қоидаҳои  фаъолияти хоҷагидории  табиатистифодабарандагон,  ки риояи онҳо иҷрои талаботҳои қонунгузориҳои ҳифзи муҳити  зисти  ҷумҳуриро  таъмин  мекунанд,  хеле муҳим аст. Нақши меъёр ва қоидаҳои ҳифзи муҳити зист  дар  соҳаи  сохтмонҳои асосӣ,  ки васеъшавии азнавистеҳсолкунии ҳамаи фондҳои асосиро дар бар мегиранд, хеле калон аст. Меъёр ва  қоидаҳои  ҳифзи  муҳити  зист  метавонанд  баҳри  амалӣ гаштани нишондиҳандаҳои қонунҳо  дар  ҳуҷҷатҳои  меъёрии  техникӣ,  ки ҳангоми  истихроҷ,  истеҳсол ва истеъмоли маҳсулот (энергия,  техникаи нав,  масолеҳ,  моддаҳо ва ғайра) ва инчунин ҷойгир кардан, лоиҳакашӣ, сохтмонҳои нав, азнавсозӣ ва истифодаи иншооту комплексҳои амалкунанда истифода бурда мешаванд, мусоидат намоянд. Консепсияи меъёр  ва  қоидаҳои  ҳифзи  муҳити  зист  дар  таъмини мувофиқати   фаъолияти    табиатистифодабарандагон    ба    мавҷудияти объективонаи қонунӣ ва инкишофи муҳити зист зоҳир мегардад. Аз ин  лиҳоз,  қоида  ва  меъёрҳои  ҳифзи  муҳити  зист  системаи ҳамоҳангсохтаи  (стандарткардашуда)  тартиберо бояд дар бар гирад,  ки риояи  онҳо   фаъолияти   мўътадили   комплексҳои   минтақавии   табиӣ (ландшафт),  ҷузъҳои  муҳити зист (атмосфера,  гидросфера,  литосфера, олами  наботот  ва  ҳайвонот)  бо  мақсади   эмин   доштани   функсияи ташкилкунанда  ва  азнавташкилкунандаи  муҳити  зист  ва бунёди муҳити мусоиди зисти инсон ва ҳамчунин истифодаи оқилонаи  сарватҳои  табииро таъмин мекунад.

Бо сабаби пурзўр гаштани талаботҳо ҷиҳати экологиякунонии  идораи истифодаи  табиат зарур аст,  ки заминаҳои боэътимоди меъёр,  қоида ва стандартҳои истифодаи табиат  ташкил  карда  шаванд.  Барои  ба  низом даровардани  меъёр,  қоида  ва  стандартҳои мавҷудаи истифодаи табиат, ҳифзи он,  ташкили сохтори  ягонаи  бамеъёрдарории  ҳифзи  табиат  дар ояндаи наздик зарур аст, ки масъалаҳои зерин ҳаллу фасл карда шаванд:

-таҳияи низомномаи умумӣ оид ба бамеъёрдарории ҳифзи муҳити зист, ки   мундариҷа,   функсия,  иншоотҳо,  ҳолати  ҳуқуқии  меъёр,  қоида, стандартҳоро муайян мекунад;

-мутамарказонидани самт ва шаклҳои истифодаи меъёр ва стандартҳои гуногун дар системаи ягона,  ки ҳамоҳангӣ ва мувофиқати  онҳоро барои истифода  дар  бахши идора ва банақшагирии фаъолияти хоҷагидорӣ таъмин мекунад;

-таҳияи принсип  ва  методҳои  қабул  ва  асосноккунии  меъёр  ва стандартҳои ҳифзи муҳити зист,  ки  дастовардҳои  муосири  техника  ва технология,  ҳамчунин  хусусиятҳои  табиатро дар бар гирифта,  тартиби таҳия,  экспертиза,  мувофиқа ва пешбурди меъёр  ва  стандартҳоро  дар фаъолияти амалӣ муайян менамояд;

-ба минтақаҳои ҷудогона тақсим кардани ҳудуди ҷумҳурӣ бо  мақсади бамеъёрдарорӣ   ва   стандарткунонии  ҳифзи  табиат  бо дарназардошти хусусиятҳои истифодаи хоҷагии минтақа ва хусусиятҳои табиии тобовар ба таъсиррасониҳои гуногуни фаъолияти одам;

-таҳияи меъёри мутамарказонидашудаи таъсири антропогенӣ ба табиат ва унсурҳои он барои ноҳияҳои калони табиию хоҷагидории ҷумҳурӣ;

-ташкили системаи ҷумҳуриявии  геологии  иттилоотӣ,  ки  назорати бевоситаи  таҳия,  ислоҳ,  экспертизаи  меъёр  ва  стандартҳоро таъмин месозад;

-таҳия ва қабули қонунҳо ва зерқонунҳо доир ба суғуртаи экологӣ;

-мутобиқкунонии стандартҳои сифат ба конвенсияҳои байналмилалӣ;

-дар ҳамаи  санадҳои  қонунии  меъёрии  хусусигардонии  корхонаҳо дохил кардани моддаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист;

-дар нуқтаҳои  фурўши  маҳсулот  ташкил кардани шакли баргардонии зарфҳои шишагӣ ва ғайраҳо;

-пурзўр кардани  интизом  ва  эътимоднокии ҳисоботҳои экологӣ дар ҳамаи вазоратҳо, муассисаҳо ва амалиёти бонкӣ;

-дар вақти  муайян намудани арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда,  ворид кардани коэффисиенти экологӣ дар ҳаҷми на камтар  аз  3  фоизи  арзиши маҳсулот, дар шакли андози экологӣ.

 

 

Қоидаҳои фиристонидани кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари хизматӣ ва ё таҳсил ба хориҷи кишвар

Қоидаҳои фиристонидани кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистоназ ҷумла, таълимгирандагон ва ҳайати омузгорону профессорони муассисаҳоитахсилоти олии касбӣ ба сафари хизматӣ ва ё таҳсил ба хориҷи кишвар (бо Қароримушовараи ВМ ва И ҶТ аз 28 феврали соли 2018,  03/7 тасдиқ шудааст)

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА НИЗОМИ ТАЙЁРКУНИИ ДОКТОРИ ФАЛСАФА (PhD), ДОКТОР АЗ РЎИ ИХТИСОС

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба низоми тайёркунии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос. — Душанбе, 2015.- 399 саҳ.
Нормативно-правовые документы по системе подготовки доктора философии (PhD), доктора по специальности. — Душанбе, 2015.-399 стр.

БАРНОМАИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, РИЁЗИЮ ТЕХНИКӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2010, № 89
тасдиқ карда шудааст.

БАРНОМАИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, РИЁЗИЮ ТЕХНИКӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020

Муқаддима

Дастурамали баҳогузории маҷмуӣ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо ва ҳайати профессорону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НИЗОМНОМАИ ШӮРОИ ТАТБИҚ ВА НАШРИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАД. М.С. ОСИМӢ

Бо қарори Шӯрои олимони

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи акад. М.С. Осимӣ

аз 29 майи  соли 2017, №9

тасдиқ гардидааст

 

НИЗОМНОМАИ ШӮРОИ ТАТБИҚ ВА

НАШРИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ДАР

ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

БА НОМИ АКАД. М.С. ОСИМӢ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Низомномаи Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (минбаъд: Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Низомномаи намунавӣ оид ба  муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардидааст.

  1. Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (минбаъд — Шӯро) дар фаъолияти худ дар асоси қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, Оинномаи донишгоҳ, қарори Шӯрои олимон ва фармону дастурҳои ректори донишгоҳ ҷиҳати беҳтар кардани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили маҳорати тадқиқотии омӯзгорон, ҷустуҷӯйи роҳҳо ва усулҳои пешқадами таҳқиқот, вусъати фаъолиятҳои инноватсионию конструкторӣ, ихтироъкорӣ, истифодаи технологияи инноватсионӣ дар ҷараёни корҳои илмӣ, татбиқи натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар истеҳсолот ва раванди таълим, инчунин нашри онҳоро ба роҳ мемонад.

 

  • МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШӮРОИ ТАТБИҚ ВА НАШРИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

 

  1. Муайян кардани дурнамо ва самтҳои фаъолияти ҷории татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ, баррасӣ ва муҳокимаи нақшаи солона ва дурнамои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии донишгоҳ ва барои тасдиқ ба Шӯрои олимон донишгоҳ пешниҳоди намудани он.
  2. Баррасӣ ва муҳокимаи ҳисоботи илмии донишгоҳ ва зерсохторҳои онҳо оид ба татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ, омодасозии тавсияҳо аз рӯи натиҷаҳои кори онҳо.
  3. Ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ дар самти нашр ва ба раванди истеҳсолот ва таълим ворид кардани натиҷаву дастовардҳои илмӣ.
  4. Коркарди асосҳои консептуалии самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва озмоишӣ, таҳияи тавсияҳои боэътимоди илмӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва такмили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ аз рӯйи равияҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои амалкунандаи донишгоҳ, пешниҳод намудани тавсияҳои илмӣ-методӣ ҷиҳати татбиқи технологияи инноватсионӣ дар фаъолияти илмӣ.
  5. Банақшагирӣ ва роҳандозии татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии донишгоҳ аз рӯи самтҳои таҳқиқоти илмӣ.
  6. Коркарди пешниҳоду тавсияҳо оид ба масъалаи ташкили кор аз рӯи самтҳои таҳқиқоти илмӣ ва барои нашри адабиётҳои илмӣ, методӣ, дастурҳо, матнҳо ва китобҳои дарсӣ.
  7. Татбиқи таҷрибаи пешқадам оид ба ташкил ва такмили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ, ташхис ва коркарди тавсияҳои илмӣ-методӣ ҷиҳати такмили технологияи гузаронидани таҳқиқотҳо аз рӯи самтҳои фаъолияти илмии донишгоҳ.
  8. Муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва озмоишӣ.
  9. Ба танзим даровардани масъалаҳои омодасозии кадрҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони донишгоҳ.
  10. Назорати рафти иҷрои нақшаи дурнамои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии кафедраҳо ва сохторҳои дигар.
  11. Таҳияи лоиҳаҳо барои маблағгузорӣ аз буҷет ва манбаъҳои дигар ва барои мураттаб сохтани онҳо ҷалб намудани кафедра ва сохторҳои мухталифи донишгоҳ.
  12. Амалӣ намудани барномаи ягонаи донишгоҳии тайёр кардани мутахассисони ҷавон.
  13. Ба амал баровардани муаррифии асарҳои тозанашри омӯзгорони донишгоҳ.
  14. Ба амал баровардани муаррифии рисолаҳои илмӣ (магистрӣ, номзадӣ, докторӣ аз рӯи ихтисос (РhD) ва докторӣ)-и ҳайати профессору омӯзгорон ва кормандони илмии донишгоҳ.
  15. Ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-методӣ, мизи мудаввар, маҳфилҳои илмӣ дар самтҳои фаъолияти донишгоҳ, мавриди омӯзиш қарор додани муаммоҳои ҳалталаби илмӣ-таҳқиқотӣ, семинарҳои илмии омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани салоҳиятнокии илмии мутахассисони ҷавон, роҳҳои мураттаб намудани лоиҳаҳои илмӣ, истифодаи технологияҳои навини инноватсионӣ дар ҷараёни корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ.
  16. Ба амал баровардани ҳамкории илмӣ–методии донишгоҳ бо марказҳои бонуфузи илмии кишвар ва хориҷи он.

 

  • ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ УМУМИИ ШӮРОИ ТАТБИҚ ВА НАШРИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

 

  1. Шӯроро ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ раисӣ намуда, назорати татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методиро тавассути муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ ба роҳ мемонад.
  2. Муовини ректор ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ ҷиҳати ташкил ва вазъи татбиқ ва нашри корҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии донишгоҳ масъул буда, мунтазам аз рафти фаъолияти донишгоҳ дар ин самтҳо, ҳамчунин чораҳои андешидашуда ҷиҳати такмили додани онҳо ба Шӯрои олимони донишгоҳ маълумот медиҳад.
  3. Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ раванди иҷрои қарорҳои қабулнамудани Шӯроро дар донишгоҳ назорат менамояд.
  4. Ҳайати Шӯроро Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ менамояд.
  5. Ба ҳайати Шӯро муовинони декан оид ба корҳои илмӣ, мудирони кафедраҳо, роҳбарони сохторҳои илмӣ, профессорону омӯзгорон, устодону кормандони соҳибтаҷриба ва мутахассисони дигар шомил мегарданд.
  6. Фаъолияти Шӯро дар давоми соли таҳсил тибқи нақшаи аз ҷониби ректори донишгоҳ тасдиқшуда ба роҳ монда мешавад.
  7. Кори Шӯро дар мувофиқа бо нақшае, ки аз тарафи раиси он барои соли таҳсил тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.
  8. Шӯро ҷаласаҳои худро дар ҳар семоҳа на кам аз як маротиба баргузор менамояд.
  9. Ҷаласаҳои Шӯро тибқи нишондоди нақшаи корӣ баргузор гардида, дар протокол сабт мегарданд, аз ҷониби котиби Шӯро таҳия ва аз тарафи раиси он имзо карда мешаванд.
  10. Барои таҳия ва ҳифз намудани ҳуҷҷатҳои Шӯро, ки ба мӯҳлати 5 сол нигоҳ дошта мешаванд, котиби он масъул аст.
  11. Шӯро ҳуқуқи қабул кардани қарорро дар сурати ҳозир будани на камтар аз 2/3 ҳиссаи аъзоён соҳиб мегардад. Қарорҳо бо овоздиҳии кушод ва овози барзиёди аъзоёни ҳузурдошта қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробарвазн будани овозҳо овози раиси Шӯро ҳалкунанда мебошад. Дар мавриди баъзе масъалаҳо қарорҳо метавонанд бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда шаванд. Дар ҳолати норозӣ будани раиси Шӯро бо қарори қабулшуда масъала барои баррасӣ ба Шӯрои олимони донишгоҳ гузошта мешавад.
  12. Қарорҳо ва тавсияҳои Шӯро (тибқи фармоишу дастурҳои ректор, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ) бо зикри мӯҳлати иҷрои онҳо ба деканат, кафедраҳо, факултетҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ барои иҷро пешниҳод карда мешаванд. Ҳамаи сохторҳои донишгоҳ доир ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ барои амалӣ намудани қарорҳои Шӯро муваззаф ҳастанд ва оид ба амалӣ намудани онҳо ба Шӯро ҳисобот (гузориш, маълумотнома) манзур менамоянд.
  13. Шӯро дар назди Шӯрои олимони донишгоҳ соле як маротиба оид ба фаъолияти худ ҳисобот медиҳад.

 

  1. ВАЗИФАҲОИ ШӮРО ДАР САМТИ ТАТБИҚИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

 

  1. Шӯро натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотиро барои дар ду самт татбиқ намудан тавсия медиҳад: дар истеҳсолот ва дар раванди таълим.
  2. Шаклҳои татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсолот ва марҳилаҳои он, ки Шӯро тавсия медиҳад:

— таҳқиқоти патентӣ — ин амал имконият медиҳад, ки дар асоси таҳлили тавсифи ихтироот талаботи истеъмолкунандаҳо (муштариён) ба маҳсулоти намуди мазкур муқаррар карда шуда, муассисаҳои рақиб ва муассисаҳои имконпазири ҳамкор ошкор карда шаванд. Таҳқиқоти патентӣ инчунин барои рекламаи маҳсулоти рақобатпазир ва ташаккули омилҳои арзишӣ, ислоҳ намудани раванди коркард ва ҷорӣ намудани он дар  истеҳсолот амалӣ карда мешавад. Натиҷаҳои таҳқиқоти патентӣ дар намуди ҳисобот, маълумот оид ба кашфиёт, ки мутобиқи стандартҳои амаликунанда муайян карда шудааст, тартиб дода шуда, ба Шӯро барои баррасии минбаъда пешниҳод мегардад;

— гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ — шаҳодатнома дар асоси дархости иҷрокунандагон дар якҷоягӣ бо фармоишгар ва таҳиягарони он дар асоси шартномаи дутарафа, бо пешниҳоди санадҳои меъёрӣ аз қайди давлатӣ гузаронида мешавад. Татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси натиҷаҳои бадастовардаи иҷрокунандагон минбаъд аз тарафи Шӯро бо назардошти талаботи маъмурӣ ва ҳуқуқии шаҳодатномаҳои амаликунанда тавсия дода мешавад;

— татбиқи таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот — ҳамчун марҳилаи ниҳоии корҳои таҳқиқотӣ-илмӣ буда, Шӯро дар ин марҳила татбиқро барои комёбшавӣ ба истифодаи амалии ғояҳои пешқадам, ихтироот, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ (инноватсияҳо) тавсия медиҳад;

— дарёфти фармоишгарон барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ – Шӯро фармоишгарон ё супоридиҳандагонро аз ҳисоби идораҳои техникии вазоратҳо, муассисаҳои истеҳсолӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ғайра тавсия намуда, корҳоро мутобиқи шартномаҳои дутарафа, ки дар онҳо пешниҳод оид ба татбиқи коркардҳо, шартҳои техникӣ ва супоришҳои техникӣ тавсиф карда мешаванд, инчунин санадҳои лоиҳавӣ, дастурҳои муваққатӣ, нишондодҳо ва ғайраро дар бар мегирад, ба роҳ мемонад;

— ташкили ҷараёни татбиқ  — ҷараёни татбиқ  аз ҷониби Шӯро дар ду марҳила тавсия карда мешавад: татбиқи озмоишӣ-истеҳсолӣ  ва татбиқи сериявӣ (татбиқи комёбиҳои илмӣ, техникаи нав, технологияҳои нав). Дар марҳилаи аввал пешниҳодҳо оид ба татбиқи корҳои илмӣ-таҳқиқотии анҷомёфта дар Шӯро ташхис карда шуда (дар ҳолати пешниҳодҳои муҳиму арзанда онҳо метавонанд дар мушовараи вазоратҳо мавриди муҳокима қарор гиранд), ба истеҳсолот барои дар амал татбиқ намудан тавсия карда мешаванд. Пас аз озмоиши таҷрибавӣ-истеҳсолӣ коркардҳои тозаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои истеҳсоли сериявӣ тавсия карда мешаванд.  Дар ин марҳила донишгоҳ дар татбиқи он ширкат меварзанд ё мувофиқи дархости муассисаҳои ҷорикунанда ба онҳо машварат медиҳанд ё кӯмаки илмӣ-техникӣ мерасонанд ва ғ. Баъд аз татбиқи комёбиҳои илм дар истеҳсолот маълумотномаи тавзеҳӣ, ки ба он таъйидномаи татбиқ ва озмоишҳои истифодабарӣ, ҳисоби самаранокии иқтисодӣ (сарфакорӣ), маълумот дар бораи татбиқ, ҳаҷми солонаи сарфакорӣ, нақшаҳо оид ба паст намудани арзиши аслӣ, қарор оид ба саҳми иштироки муассиса дар коркард ва татбиқ, ҳисоби фонди музди меҳнат ва дигар ҳуҷҷатҳо замима карда мешаванд.

  1. Шаклҳои татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар раванди таълим, ки Шӯро тавсия медиҳад:

— хондани лексияҳои проблемавӣ оид ба мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар робитаи мутақобила бо фаъолияти касбии ояндаи таълимгиранда;

— ҷорӣ намудани фаслҳои назариявии нав ба лексияҳо ва семинарҳо;

— афзудани номгӯи адабиёти таълимии ҳатмӣ ва иловагӣ аз ҳисоби мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;

— ҷорӣ намудани корҳои озмоишии  нав ба дарсҳои лабораторӣ аз рӯи фанҳои барномаи таълимӣ;

— азхудкунии методикаи нави таҳқиқот, таҳлил, пайвасткунии ҳаммонанд;

— азхудкунии усулҳои кор бо асбобҳои нав;

— навиштани рефератҳо, корҳои курсӣ, шарҳҳои назариявӣ аз рӯи мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз тарафи таълимгирандагон;

— таҳсили назариявӣ ва амалии беруназдарсӣ (бо сафар) дар марказҳои илмӣ-таълимӣ, ки бо корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра алоқаманданд;  

— ҷалб намудани таълимгирандагон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии озмоишӣ мутобиқи мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;

— омода намудани таълимгирандагон ба конференсияҳои илмии донишҷӯён (дар шакли реферативӣ ва озмоишӣ);

— тайёр кардани таълимгирандагон барои иштирок дар конференсияҳои илмии дохилӣ ва берунаи донишгоҳ;

— ҷалб намудани таълимгирандагон барои таҳия ва нашри мақолаҳо аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;

— коркард ва ороиши стендҳо, навиштаҷот, слайдҳо, презентатсияҳои мултимедӣ аз рӯи мавзӯъҳо ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои кафедраҳо;

— нашри рисолаҳо,  патентҳо, мақолаҳо ва тафсирҳои илмие, ки дар нашрияҳои илмии баландмақом чоп шуда, ба манбааи  маълумоти Web of Science, Scopus, Astrophysics Data System, PubMed, MathSciNet, zbMATH, Chemical Abstracts, Springer, Agris, GeoRef, РИНЦ ва ғайра дохил мешаванд, фишурда (тезис)-и маърӯзаҳо дар конференсияҳо, анҷуманҳо, симпозимҳо дар кишварҳои хориҷии дуру наздик, маърӯзаҳои стендӣ дар ҷаласа ва конференсияҳои сатҳи баланд, дифои рисолаҳо ва дигар сарчашмаҳои маълумоти илмӣ ва ғайра.  

 

  1. ВАЗИФАҲОИ ШӮРО ДАР САМТИ НАШРИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ, ИЛМӢ-МЕТОДӢ ВА ТАЪЛИМӢ

 

  1. 35. Шӯро барои таҳия, баррасӣ ва тасвиби маводҳои таълимӣ ва таълимию методӣ ва адабиёти илмӣ ва нашри онҳо дар шакли чопи матбаавӣ ё дар шакли электронӣ масъул мебошад.
  2. Қарорҳои Шӯро оид ба мазмуни дастнавис барои муаллифон хусусияти машваратӣ доранд; иҷрои қарор дар бораи  нашри дастнавис ё рад кардани он барои муаллифон ҳатмӣ мебошад.

37. Шӯро фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо шӯрои илмӣ, методӣ ва таълимии факултет ва сохторҳои таркибии донишгоҳ ба роҳ мемонад.38. Вазифаҳои Шӯро оид ба муайян намудани самтҳои муҳимтарини нашр:- омӯзиши вазъи  таъмини фанҳои таълимӣ бо китобу дастурҳо, муайян кардани фанҳое, ки барои онҳо  адабиёти илмӣ ва ё таълимӣ, ки ба талаботҳои муосири илмӣ  ва сатҳи технологияҳои таълимӣ ҷавобгуй аст,вуҷуд надорад;- тайёр намудани нақшаҳои дурнамо ва  ҷории таҳия ва  реҷаи нашри адабиёти илмӣ, таълимӣ ва таълимӣ-методӣ;-  интихоби озмунии дастхатҳо бо мақсади мукаммал ва беҳтар намудани адабиёти таълимӣ ва илмӣ барои донишҷӯён, магистрантҳо, аспирантҳо ва докторантҳо аз рӯи ихтисос (PhD);- мусоидат ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар тайёр намудани дастнависҳо;- муайян намудани самтҳои муҳимтарини фаъолияти илмӣ, таълимӣ-методӣ барои таҳия намудани нашрияҳои фармоишӣ ва роҳнамоии муаллифон дар тайёр намудани дастнависҳо;- ҳамоҳангсозии кори ҳайати устодону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар омодасозии дастнависҳои адабиёти илмӣ;- омодасозии тавсияҳо оид ба додани ҳаққи қалам ба муаллиф ва ғ.39. Шӯро ба дастхатҳои  илмӣ, таълимӣ, адабиёти илмию методӣ, ки ба он ворид шудаанд, тақриз медиҳад, экспертиза ва баррасии дастнависҳои пешниҳодшударо мегузаронад, масъалаи мутобиқати дастнавис ба талаботҳо барои нашри онро ҳаллу фасл мекунад.40. Талаботҳои Шӯро ба муаллифон:- ҳар як муаллиф мустақилона ё дар ҳамкорӣ бо муаллифони дигар метавонад ба нақшаи нашр дастхатҳои худро пешниҳод кунад;- дастхатҳои китоби дарсӣ ва дастурамали таълимӣ бояд ба барномаҳои таълимӣ мувофиқ бошанд, дар асоси на камтар аз се соли таҷрибаи таълими ин фан омода  шуда бошад;- дастхатҳо бояд ба меъёрҳои пешниҳоднамуда ҷавобгӯ бошанд.41. Адабиёти таълимӣ дар Шӯрои методии донишгоҳ баррасӣ мешавад.42. Талаботи Шӯро барои адабиёти илмӣ:- навгонӣ: маълумот дар бораи  дастовардҳои охирини илм;- қисмати фарҳангӣ (эпиграфҳои асил, иттилооти таърихӣ, маълумот аз таърихи илм);- мувофиқат ба сатҳи муосири илмӣ (дар соҳа).-  дараҷаи фарогирии масъалаҳои амалӣ, воқеъияти онҳо.43. Дастхатҳои китобҳои илмӣ, дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва дигар корҳои илмӣ бояд се тақризи мусбат дошта бошанд — якто дохилӣ ва дуто беруна. Мушовирон  бояд докторон ва ё номзадҳои илм бошанд.44. Дар тақриз бояд мувофиқи мақсад будани нашр дар асосҳои зерин тасдиқ карда шавад:- мувофиқ будани дастнавис ба барномаи таълимӣ ва дастовардҳои муосири илму техника ва технология;- навоварӣ ва аҳамияти амалии мавод;-  мувофиқ будани сохтор ва мазмуни  дастнавис ба талаботҳое, ки барои ин намуди нашрияҳо пешниҳод мешаванд (китобҳои илмӣ, дарсӣ, дастурамалҳои таълимӣ ва ғайра);- мувофиқ будани дастхатҳо ба талаботи бақайдгирии нашрияҳои илмӣ, таълимӣ, истифодаи истилоҳоти  умумӣ, меъёрҳо ва ғ.45. Хулосаи кафедра ё сохтори дахлдор, ки дар он  муаллифи дастнавис кор мекунад, бо имзои мудири кафедра ё сохтори дигари дахлдор,  бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:-  мувофиқи матлаб будани нашри маводи пешниҳодшуда;- саҳеҳии муаллифии шахсоне, ки дар мавод қайд шудаанд;

— дар бораи мувофиқати  маводи дастхат ба барномаҳои таълимии фанҳои дахлдор;

— номгӯи гурӯҳҳои мушаххас —  донишҷӯён, аспирантон,  докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), омӯзгорон, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва  дигарон, ки  ин нашрияро истифода бурда метавонанд;

— тасдиқи  пешгирии такроршавии маводи мавҷудбуда, ки аллакай дар нашрияҳои монанд ба он инъикос шудаанд;

— нишондоди дараҷаи таъмини таълимгирандагон бо дигар адабиёт  оид ба  ин ихтисос;

— мавҷудияти чунин нашрияҳо (бо нишон додани матбаа, ҷой, соли нашр ва адади нашр);

— мавҷудият ё набудани ин гуна нашрияҳо дар китобхонаи донишгоҳ (бо нишон додани шумораи нусхаҳо).

  1. Дастнависҳо бояд қаблан аз ҷониби тақризгарон дар ҷаласаҳои кафедра ё сохтори дахлдор баррасӣ карда шаванд. Баъд аз муҳокимаи мусбат кафедра дастнависро барои баррасӣ ба Шӯрои олимони факултет тавсия медиҳад. Дар асоси тавсияи Шӯрои олимони факултет Шӯро онро баррасӣ менамояд.
  2. Ба сифати муқарризи берунӣ барои китобҳои илмӣ, дарсӣ ва дастурамалҳои дарсии назариявӣ, Шӯрои олимони факултет бояд кафедра ё сохтори дахлдори донишгоҳро оид ба ин ихтисос таъин кунад: баррасӣ дар ҷаласаи ин кафедра ё сохтори дахлдор тасдиқ карда мешавад.
  3. Ҳамчун муқарризҳои дохилӣ бояд профессорону омӯзгорон ё кормандони донишгоҳ ҷалб карда шаванд, ки дар якҷоягӣ бо муаллифони дастнавис дар як кафедра (лаборатория) ё сохтори дигари дахлдор кор намекунанд. Дар сурати мавҷуд набудани мутахассисон дар донишгоҳ, ё дар дигар шӯъба ва озмоишгоҳҳои онҳо муқарризони  дохилиро ба беруна иваз кардан мумкин аст, аз ҷумла, аз мутахассисони  дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ.
  4. Дар асоси қарори Шӯро дастнавис барои хулосаи ниҳоӣ оид ба мувофиқ будани нашрия метавонад ба баррасии иловагӣ ба коршиносон, бе ошкор кардани муаллифи он, пешниҳод карда шавад.

50. Дар ҳолати баррасии манфӣ баъди муҳокимаи Шӯро дастнавис  метавонад ба муаллифон бо зикри ноҷоиз будан ба нашр ва ё барои коркарди нав баргардонида шавад.

  1. Дар ҳолати розӣ набудан бо ақидаи Шӯро муаллифон метавонанд муоинаи дастхатҳои худро аз сари нав анҷом диҳанд. Баъд аз ин дастнавис бояд аз нав дар ҷаласа ва семинарҳои илмии кафедра ё сохтори дахлдор бо эълони ақидаи манфӣ ва ангезаҳои он баррасӣ карда шавад ва сипас аз нав дар Шӯро бо назардошти қарори такрории кафедра ё сохтори дахлдор баррасӣ карда шавад.
  2. Адади нашр аз ҷониби Шӯро дар асоси омӯзиши талаботи китобхонаҳо ва дархости ташкилотҳои беруна муқаррар кардамешавад.
  3. Баъди қарори мусбати Шӯро, муаллиф ҳатман дар давоми як моҳ бояд дасхатро барои нашр пешниҳод кунад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

54.Ҳамаи масъалаҳои баҳснок, ки дар раванди баррасии татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба миён меоянд, аз рӯи тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Низомномаи Магистратура

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007 № 650
тасдиқ шудааст

Низомномаи магистратура
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1.Қоидаҳои умумӣ
Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
1. Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.
2. Магистратура бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шўъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Мўҳлати таҳсил дар шакли рўзонаи магистратура ду сол ва дар шакли ғоибона се сол муқаррар карда шудааст.
Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар равия ва ихтисоси ба дипломашон мувофиқ дар магистратура таҳсил намоянд.

… ДАВОМАШ …

 

Низомномаи ҷамъияти илмии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Бо қарори Шӯрои олимони

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи акад. М.С. Осимӣ

аз 28 ноябри  соли 2016, №3

тасдиқ гардидааст

 

Низомномаи ҷамъияти илмии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Ҷамъияти илмии донишҷӯёни Донишгоҳ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», санадҳои меъёрии аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи вазорати мазкур, Оинномаи донишгоҳ, фармоишҳои ректори донишгоҳ, Низомномаи намунавии ҷамъияти илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2016, №9/41 тасдиқ шудааст) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ташкил карда мешавад.
  2. Ҷамъияти илмии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (минбаъд – Ҷамъият) иттиҳоди илмии донишҷӯён, ҳамчунин ҷавонони муҳаққиқ аз ҷумлаи докторантон аз рӯи ихтисос (аспирантон) ба ҳисоб меравад, ки дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолона иштирок мекунанд.
  3. Ҷамъият фаъолияти худро дар асоси принсипҳои худидоракунӣ ва маданияти муколамаи илмии донишҷӯён ба роҳ мемонад.
  4. Ҷамъият корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмию ташкилӣ, мутобиқаткунонӣ, илмию нақшавӣ, татбиқӣ ва ғайраро дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дигари илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонад. Дар раванди ташкили кори худ Ҷамъият санадҳо ва тартиби ҳуҷҷатнигории илмии муассисаи таҳсилоти олии касбиро ба асос мегирад.

 

  1. II. Мақсад ва ҳадафҳои Ҷамъият

 

  1. Мақсад аз фаъолияти Ҷамъият таъмини шароит барои дарёфтани истеъдодҳо, эҷодкорон ва тарбияи донишҷӯёни ҷавон, нигоҳдорӣ ва таъмини истеъдодҳо, ҳавасмандкунии корҳои кафедраҳо оид ба ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён, ҳамкорӣ барои баландбардории сифати тайёрии мутахассисони соҳиби таҳсилоти олии касбӣ, вусъатдиҳии ҳамгироии илм ва таҳсилот мебошад.
  2. Ҳадафҳои Ҷамъият:
  • ривоҷ додани робитаҳои илмии донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • ташхис ва рушди имконияти илмии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • ҷалб кардани донишҷӯён барои ба таври ҷиддӣ ва эҷодокорона аз худ кардани маводи таълимӣ бо роҳи иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ;
  • тарбияи муносибати эҷодии донишҷӯён ба соҳаи худ ба воситаи корҳои таҳқиқотӣ, кӯмак барои беҳтар гардонидани сифатҳои шахсӣ ва касбии мутахассисони оянда;
  • вусъат додани завқи донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нисбат ба корҳои таҳқиқотӣ ҳамчун замина барои дастрасӣ ба донишҳои нав;
  • паҳнсозии намудҳои гуногуни эҷодиёти илмӣ дар мувофиқа бо принсипҳои илм ва амалия байни донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • ҷорӣ намудани натиҷаи эҷодиёти илмии донишҷӯён ва муҳаққиқон дар корҳои амалӣ, педагогӣ ва истеҳсолот;
  • ҳамкорӣ барои баланд бардоштани нуфузи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.
  1. Вазифаҳои Ҷамъият:
    • дар банақшагирӣ ва амалӣ кардани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳамоҳангсозӣ, илмӣ-лоиҳавӣ ва дигар корҳои донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок мекунад;
    • ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ-методӣ, меъёрӣ, ташкилию маъмурӣ ва инчунин машавратӣ барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбиро тайёр мекунад, корҳои методӣ ва машваратӣ бо донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мегузаронад;
    • чорабиниҳои илмиро барои донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мегузаронад (конференсияҳо, мизи мудаввар, семинарҳо, озмунҳои корҳои илмии донишҷӯён, олимпиадаҳо, мубоҳисаҳо ва ғайра);
    • корҳои илмӣ-ташкилӣ ва дастгирии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбиро дар лоиҳаҳо ва корҳои илмӣ, ки мустақилона иҷро карда мешаванд, таъмин мекунад;
    • бо ҷамъиятҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар робитаро ба роҳ монда, бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муштарак ва ғанӣ сохтани кори ҷамъият бо методҳои нави илмӣ таҷрибаи кории онҳоро меомӯзад;
    • барномаҳоеро, ки мақсадашон баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аст, тайёр мекунад;
    • лоиҳаҳои илмии донишҷӯёнро, ки барои ҳалли проблемаҳои дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ равона шудаанд, дастгирӣ мекунад, ҳамчунин онҳоро барои ворид намудан ба барномаҳои амалии таълимию тарбиявии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод мекунад;
    • донишҷӯёнро ба корҳои имлӣ-ташкилӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-лоиҳавӣ ҷалб мекунад;
    • донишҷӯёнеро, ки дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилӣ фаъолона ширкат меварзанд, барои давом додани таҳсил дар магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура) тавсия медиҳад;
    • мониторинги талаботҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ширкатҳои берунаро оид ба натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён, омӯзиши бозори лоиҳаҳои илмии донишҷӯён, имкониятҳои молиявӣ ва дигар корҳои илмии донишҷӯёнро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иҷро карда мешаванд, ба роҳ мемонад;
    • иҷрои чорабиниҳои илмиеро, ки из ҷониби кафедраҳо ва дигар воҳидҳои сохтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба нақша гирифта мешаванд, бо дастгирии иттилоотӣ ва ташкилӣ ба роҳ мемонад;
    • донишҷӯёнро барои иштирок дар чорабиниҳои дохилӣ, минтақавӣ, умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалии донишҷӯён, инчунин ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷалб мекунад;
    • ба донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои омода кардани корҳои илмӣ барои иштирок дар озмунҳои байнидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ёрӣ мерасонад;
    • манбаъи иттилоотии озмунҳои корҳои илмии донишҷӯён, конфронсҳои илмии донишҷӯён, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, ҳамчунин фармоишу дархостҳои корхонаҳоеро, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбиро дастгирӣ мекунанд, мунтазам таҷдиди назар мекунад;
    • корҳои иттилоотии ҷамъият ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёнро ба роҳ мемонад;
    • фаъолияти гуруҳҳои илмӣ ва маҳфилҳои илмии донишҷуёнро, ки дар самти масъалаҳои илмии мушаххас фаъолият мекунанд, ҳамоҳанг месозад;
    • маводҳоро барои интернет-портал ва маҷаллаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ омода мекунад;
    • низоми робитаҳои ҷамъиятро бо донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои он, аз ҷумла, бо Шӯрои донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои беруна бо мақсади баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ташкил мекунад.

 

Ш. Сохтори Ҷамъият, вазифаҳои мақомоти роҳбарикунанда ва аъзои он

 

  1. Воҳидҳои асосии сохтори ҷамъият инҳо ба ҳисоб мераванд:

— ҳамоҳангсози Ҷамъият;

— раиси Ҷамъият;

— Шӯрои Ҷамъият;

— ҷамъиятҳои факултетҳо.

  1. Ҳамоҳангсозии Ҷамъиятро сардори Идораи корҳои илмӣ – тадқиқотии Донишгоҳ ба зима дорад. Ҳамоҳангсози Ҷамъият:

— дар корҳои илмию ташкилӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-лоиҳавӣ ва фаъолиятҳои дигари Шӯрои Ҷамъият дар асоси Низомномаи мазкур ҳамкорӣ мекунад;

— нақшаҳои ҳармоҳа, солона ва дурнамои Ҷамъиятро тасдиқ мекунад;

— номзадӣ ба раиси Ҷамъиятро барои баррасӣ кардан ба Шӯрои Ҷамъияти Донишгоҳ пешниход мекунад;

— ҳуқуқ дорад, ки масъалаи озод кардани раиси Ҷамъият, котиби масъули Шӯрои Ҷамъият, раиси ҷамъияти факултетро дар Шӯрои Ҷамъият гузорад.

  1. Раиси Ҷамъият бо пешниҳоди ҳамоҳангсози Ҷамъият бо гирифтани на камтар аз 2/3 овозҳои аъзои Шӯрои ҷамъият интихоб карда мешавад. Муҳлати ваколати раиси Ҷамъият як сол аст.
  2. Раиси Ҷамъият уҳдадор аст:

— ҳамкориҳоро дар самти мукаммал кардани шароити зарурӣ барои пешрафти донишҷӯён дар самти илм ба роҳ монад;

— вазифаҳояшро мутобиқи Низомномаи мазкур иҷро кунад;

— кори Шӯрои ҷамъиятро барои тайёр кардани лоиҳаҳои илмӣ ва нақшаҳои кории Ҷамъият роҳнамоӣ созад;

— кори Шӯрои Ҷамъиятро дар тайёр кардани нақша ва ҳисоботҳо оид ба корҳои илми-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ роҳбарӣ намояд;

— бо аъзоёни Шӯрои Ҷамъият дар мавзуи фаъолияти Ҷамъият корҳои методӣ ва машваратӣ гузаронад;

— ҷаласаҳои Шӯрои Ҷамъиятро доир намояд;

— кори Ҷамъиятро дар факултетҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ ва назорат кунад;

— дар назди Ҳамоҳангсози Ҷамъият ҷиҳати корҳои иҷрошуда ҳар нимсола ҳисобот диҳад;

— баҳри иҷрои қарорҳои Шӯрои Ҷамъият назоратро ба роҳ монад;

— ба раёсат (шуъба)-и корҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои рушди фаъолияти илми-таҳқиқотии донишҷӯён пешниҳодҳо манзур кунад;

— корҳои иттилоотии Ҷамъиятро назорат кунад.

  1. Раиси Ҷамъият ҳуқуқ дорад:

— аз номи Ҷамъият бо сохторхои Донишгоҳ, инчунин ширкатҳои беруна дар доираи ҳуқуқҳои худ (бо розигии Ҳамоҳангсози ҷамъият) ҳамкорӣ кунад;

— номзадии котиби масъули Шӯрои Ҷамъиятро барои баррасӣ пешниҳод кунад;

— дар назди Шӯрои Ҷамъияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ масъалаи аз вазифа озод кардани котиби масъули Шӯрои Ҷамъият, раис ва муовини раиси ҷамъияти факултетҳоро гузорад;

— дар ҷаласаҳои кафедраҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, Идораи илм, маҳфилҳо ва ғайра, ки дар онҳо масъалаҳои ташкили корҳои илми-таҳқиқотии донишҷӯён баррасӣ мешаванд, иштирок кунад;

— аз роҳбарону кормандони кафедраҳои Донишгоҳ, инчунин аъзоёни Шӯрои Ҷамъият маълумотҳои заруриро оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён талаб намояд.

  1. Раиси ҷамъият дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки ба дӯши ӯ тибқи Низомномаи мазкур вогузор шудаанд, метавонад пеш аз мӯҳлат аз вазифааш озод карда шавад.
  2. Раиси Ҷамъият дар ҳолате метавонад аз вазифа озод карда шавад, ки қисми зиёди овозҳо (на камтар аз 2/3) -и аъзоёни Шӯрои Ҷамъият ба ҷонибдории ӯ дода нашаванд.
  3. Шӯрои Ҷамъият мақоми олии машваратии Ҷамъият ба ҳисоб меравад.
  4. Шӯрои Ҷамъиятро раисон ва муовинони раисони ҷамъияти факултетҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ташкил медиҳанд.
  5. Иҷрои қарорҳое, ки аз ҷониби Шӯрои Ҷамъият қабул мешаванд, ба ҳамаи аъзоҳои Ҷамъият ҳатмӣ аст.
  6. Ҷаласаи Шӯрои Ҷамъият на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронида мешавад.
  7. Кори Шӯрои Ҷамъиятро раиси Ҷамъият роҳбарӣ мекунад.
  8. Шӯрои Ҷамъият бо пешниҳоди раиси Ҷамъият ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани котиби масъули Ҷамъиятро тасдиқ мекунад.
  9. Котиби масъули Шӯрои Ҷамъият:

— тайёрӣ ва гузаронидани ҷаласаи Шӯрои Ҷамъиятро таъмин мекунад (аз ҷумла, хабардор кардани аъзоёни Шӯрои Ҷамъият дар бораи мавзуи ҷаласаи Шӯро 3 рӯз қабл аз баргузории ҷаласа);

— протоколи ҷаласаҳои Шӯрои Ҷамъиятро таҳия карда, дар муддати 3 рӯз ба суроғаи электронии аъзоёни Шӯрои Ҷамъият ирсол мекунад;

— иҷрои корҳои иттилоотии Шӯрои Ҷамъиятро таъмин мекунад.

  1. Шӯрои Ҷамъият бояд:

— фаъолияти умумии роҳбарии Ҷамъиятро ба роҳ монад;

— стратегияи рушди Ҷамъиятро таҳия кунад;

— оид ба ҳолат ва пешравиҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маводҳои таҳлилӣ тайёр кунад (ҳисобот, патентҳо, мақолаҳо ва ғайра);

— накшаҳои, ҳармоҳа, нимсола ва солонаи Ҷамъият ва тартиби кори Шӯрои Ҷамъиятро таҳия ва пешниҳод намояд;

— корҳои иттилоотиро таъмин кунад;

— низоми алоқаи Шӯрои Ҷамъиятро бо донишҷӯёни Донишгоҳ таъмин намояд.

  1. Шӯрои Ҷамъият ҳуқуқ дорад:

— сардори Идора корҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, инчунин роҳбарони кафедраҳо, факултетҳо ва сохторҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбиро, ки барои ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён масъулият доранд, барои баррасии масъалаҳо даъват кунад.

  1. Ҷамъияти факултет яке аз сохторҳои аввалини Ҷамъияти Донишгоҳ мебошад:
    • Ҷамъияти факултетро раис ва муовини раис роҳбарӣ мекунанд;
    • раиси Ҷамъияти факултет дар маҷлиси ҳарсолаи Ҷамъияти факултет то 1 октябр интихоб карда мешавад;
    • бо ташабуси ҳамоҳангсози Ҷамъияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, раиси Ҷамъияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, раис ва муовини раиси Ҷамъияти факултет ё ин ки аз 1/3 ҳиссаи аъзоёни Ҷамъияти факултет маҷлиси умумии Ҷамъияти факултет на камтар аз 1 маротиба дар соли таҳсил гузаронида мешавад;
    • мачлиси умумии Ҷамъияти факултет дар мавриди иштироки 2/3 ҳиссаи ҳайати аъзоёни Ҷамъияти факултет салоҳиятдор ҳисобида мешавад. Ҳамаи қарорҳо оид ба масъалахои баррасишаванда аз тарафи маҷлиси умумии Ҷамъияти факултет ба воситаи қисми зиёди овозҳои донишҷӯёни ҳузурдоштаи факултет қабул карда мешаванд.
  1. Маҷлиси умумии Ҷамъияти факултет уҳдадор аст:

— раис ва муовини раиси Ҷамъияти факултетро интихоб кунад, сохтори Ҷамъияти факултетро, ки аз тарафи раиси Ҷамъияти факултет пешниҳод шудааст, тасдиқ кунад;

-ҳисоботхои кории Ҷамъияти факултетро шунида, тасдиқ кунад;

-масъалаҳои дигареро, ки бо фаъолияти Ҷамъияти факултет алоқамандӣ дорадн, ҳал намояд.

  1. Маҷлиси умумии Ҷамъияти факултет ҳуқуқи пешниҳод кардани масъалаи аз вазифа озод кардани раис ва муовини раиси Ҷамъияти факултетро дар назди Шӯрои Ҷамъияти Донишгоҳ дорад.
  2. Раиси Ҷамъияти факултет номзадии муовини раис ва сохтори Ҷамъияти факултетро барои тасдиқ кардан ба маҷлиси умумии Ҷамъияти факултет пешниҳод мекунад.
  3. Муҳлати ваколати раис ва муовини раиси Ҷамъияти факултет як сол мебошад.
  4. Раис ва муовини раиси Ҷамъияти факултет аъзои Шӯрои Ҷамъияти Донишгоҳ мебошанд.
  5. Раис ва муовини раиси Ҷамъияти факултет масъули сифати чорабиниҳои Ҷамъияти факултет мебошанд.
  6. Раиси Ҷамъияти факултет:

— нақшаҳои солона, нимсола, ҳармоҳаи Шӯрои Ҷамъият ва тартиби фаъолияти Ҷамъияти факултетро барои тасдиқ тайёр ва пешниҳод мекунад;

— кори Ҷамъияти факултетро идора мекунад;

 — барои фаъолияти Ҷамъияти факултет ҳуҷҷатҳои лозимаро тайёр ва таъмин мекунад;

— дар маҷлиси умумии Ҷамъияти факултет ҳисоботи кори Ҷамъияти факултетро пешниҳод мекунад;

— қарорҳои Шӯрои Ҷамъияти Донишгоҳро иҷро намуда, дар ҷаласаҳои Шӯро иштирок мекунад.

  1. Раиси Ҷамъияти факултет ҳуқуқ дорад:

— аъзоёни Ҷамъияти факултетро аз вазифаҳое, ки бо сохтори Ҷамъияти факултет муайян шудаанд, таъин ва озод кунад;

— ба аъзоёни Ҷамъияти факултет оид ба масъалаҳои ба масъулияташон дохилбуда супориш диҳад;

— дар назди маҷлиси умумии Ҷамъияти факултет масъалаи аз вазифа озод кардани муовини раиси Ҷамъияти факултет ё хориҷ кардани дилхоҳ аъзои Ҷамъияти факултетро аз ҳайати он гузорад.

  1. Дар мавриди иҷро нагаштани вазифаҳои раиси Ҷамъияти факултет онҳоро муовини раиси Ҷамъияти факултет ё иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамъияти факултет, ки дар маҷлиси умумии Ҷамъияти факултет интихоб шудааст, иҷро мекунад.
  2. Аъзои Ҷамъияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ:
  • донишҷӯ ё докторант аз рӯи ихтисос (аспирант)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз ихтисос, курс ва шакли таҳсил, ки ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул аст ва дигар хоҳишмандон метавонанд азои Ҷамъият шаванд;
  • асоси аъзогӣ дар Ҷамъият ин аризаи хаттӣ оид ба дохилшавӣ ба Ҷамъият ба номи раиси Ҷамъияти Донишгоҳ ба ҳисоб меравад;
  • дар асоси аризаи мазкур иттилоот дар бораи донишҷӯ, докторант аз рӯи ихтисос (аспирант) бо тартиби амалкунанда ба манбаъи ягонаи ахбор оид ба аъзоёни Ҷамъият дохил карда мешавад;
  • корти шахсии ҳар як аъзои Ҷамъият бо иттилооти дастовардҳояш дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмии нақшавӣ ва ғайра пур карда мешавад.
  1. Низоми пардохти ҳаққи аъзогӣ ба Ҷамъият дар Донишгоҳ манъ аст.
  2. Аъзоёни Ҷамъият ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд. Аъзоёни Ҷамъият ҳуқуқ доранд:

— ба мақомотҳои идоракунии Ҷамъият интихоб кунанд ё интихоб шаванд;

— сари вақт иттилоот оид ба чорабиниҳои Ҷамъиятро дастрас кунанд;

— ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмию ташкилӣ, илмӣ-лоиҳавӣ ва ғайра, ки дар нақшаи кории Ҷамъият пешбинӣ шудаанд, машғул шаванд;

— натиҷаҳои корҳои илмии худро барои нашр пешниҳод кунанд;

— барои баррасӣ ба раиси Ҷамъияти Донишгоҳ ё Ҷамъияти факултет оид ба ташкил кардани корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешниҳодҳо кунанд;

— аз ҳайати Ҷамъият бо хоҳиши худ дар асоси аризаи хаттӣ бароянд.

  1. Аъзоёни Ҷамъият бояд:

— бо Низомномаи мазкур шинос шуда, онро риоя кунанд;

— дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-лоиҳавӣ ва ғайра, ки дар нақшаи кории Ҷамъият пешбинӣ шудааст, иштирок кунанд;

— хулосаҳоеро, ки Шӯрои Ҷамъият қабул кардааст, иҷро кунанд;

— ба корҳое, ки ба Ҷамъияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё Ҷамъияти факултет зарар меоранд, роҳ надиҳанд.

  1. Аъзои Ҷамъияти Донишгоҳ ё Ҷамъияти факултет аз ҳайати Ҷамъият дар сурати риоя накардани Низомномаи мазкур дар маҷлиси умумии аъзоёни Ҷамъияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё Ҷамъияти факултет бо қарори қисми зиёди аъзоёни Ҷамъияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё Ҷамъияти факултет бароварда мешаванд.

 

1У. Ҳамкориҳои Ҷамъият 

  1. Ҷамъият оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён бо тамоми сохторҳои Донишгоҳ, факултет ва кафедраҳо, инчунин бо Шӯрои донишҷӯёни муассиса ҳамкориро ба роҳ мемонад.
  2. Ҷамъият бо ташкилот ва бунёдҳои илмию инноватсионии миллӣ ва байналмилалӣ тавассути Идораи илми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамкориро ба роҳ мемонад.

У. Масъулияти Ҷамъият

  1. Ҳамаи аъзои Ҷамъият ва мақомоти роҳбарикунандаи он барои иҷрои вазифаҳои худ, ки бо Низомномаи мазкур муайян шудаанд, шахсан масъул ҳастанд.

 

У1. Маблағгузории Ҷамъият 

  1. Маблағгузории Ҷамъият аз ҳисоби маблағҳои Донишгоҳ ва дигар сарчашмаҳо, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, сурат мегирад.

VII. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Ҷамъияти илмии донишҷӯён

  1. Тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Ҷамъияти илмии донишҷӯён бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ ворид карда шуда, аз ҷониби ректор тасдиқ карда мешаванд.

 

Низомномаи маҳфили илмии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Бо қарори Шӯрои олимони

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи акад. М.С. Осимӣ

аз 28 ноябри  соли 2016, №3

тасдиқ гардидааст

 

Низомномаи маҳфили илмии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

 

  1. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2016, №9/41 тасдиқ карда шудааст.) ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, тартиби фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
  2. Маҳфили илмии донишҷӯён иттиҳоде мебошад, ки бо ташаббуси донишҷӯён ва намояндагони илмии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои умумии дар Низомномаи мазкур нишондодашуда ташкил карда шудааст.
  3. Маҳфили илмии донишҷӯён дар назди кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил шуда, дар вақти берун аз машғулиятҳои таълимӣ дар давоми соли таҳсил амал мекунад. Дар мувофиқа бо муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ дар назди кафедра якчанд маҳфили илмии донишҷӯёнро ташкил кардан мумкин аст. Дарсҳои семинарӣ, амалӣ ва дигар машғулиятҳо, ки дар рафти таълим гузаронида мешаванд, ҳамчун маҳфили илмии донишҷӯён ҳисобида намешаванд.
  4. Фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои он дар шакли хаттӣ, иҷрои қарори кафедра дар бораи таъсиси он, мавзӯъҳои тасдиқнамудаи роҳбари илмии маҳфил, нақшаи солонаи кории он (замимаи 1), суратҷаласаҳои маҷлисҳои маҳфил (замимаи 2), тасдиқи ҳисоботи солонаи кору фаъолияти он (замимаи 3) таҳти назорати мудири кафедра сурат мегирад.
  5. Дар сурати фаъолияти самараноки маҳфили илмии донишҷӯён (мувофиқи феҳрасти корҳои маҳфили илмии донишҷӯён — замимаи 4), батанзимдарории хучҷатҳои фаъолияти он, тасдиқи маҷлисҳои гузаронидаи маҳфил дар давоми соли таҳсил, роҳбарии илмӣ ба кори маҳфил дар нақшаи инфиродии кори омӯзгор зикр карда мешавад.
  6. Нишондиҳандаи корҳои самараноки маҳфили илмии донишҷӯён инҳоянд:

-миқдори нашрияҳои аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён;

-миқдори миёнаи нашрияҳо ба ҳар як аъзои маҳфили илмии донишҷӯён;

-миқдори корҳои илмии омодашудаи аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо, инчунин дигар чорабиниҳои хусусияти илмӣ дошта (конференсияҳо, форумҳои илмӣ, озмунҳои илмӣ-амалии донишҷӯён, олимпиадаҳои фаннӣ, лоиҳаҳои илмӣ, барномаҳо, таҷрибаомӯзӣ ва ғайраҳо) дар сатҳи байналмилалӣ;

-миқдори корҳои омодашудаи аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳои кушод оид ба корҳои беҳтарини илмии донишҷӯён аз фанҳои табиӣ, техникӣ, дақиқ ва иҷтимоию гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар анҷуманҳои илмӣ;

-миқдори корҳои омодашудаи  аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳои ҷумхуриявӣ барои гирифтани ҷоизаҳои гуногун, инчунин иштирок дар дигар анҷуманҳои илмии сатҳи минтақавӣ;

-миқдори дипломхо, ифтихорномаҳо, дигар мукофотҳои аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён, ки дар анҷуманҳои илмии «беруна» сазовор гаштаанд;

— миқдори корҳои омодашудаи аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён барои иштирок  дар анҷуманҳои илмии дохилӣ;

-миқдори нашрияҳо дар бораи фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён дар воситаҳои ахбори омма ва ғайра.

  1. Маҳфили илмии донишҷӯён бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-амалӣ, ки ҳамчун ҷузви муҳими низоми тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва дигар фанҳоро дар бар мегирад, ташкил карда мешавад.
  2. Шаклҳои фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён инҳоянд:

-тайёр намудани маърӯзаҳои илмии донишҷӯён, баромади онҳо дар шӯроҳои маҳфили илмии донишҷӯён, инчунин дар конференсияҳо ва форумҳои илмӣ;

-тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳои илмӣ-амалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, лоиҳаҳои илмӣ, барномаҳо ва таҷрибаомӯзиҳо;

-тайёр намудани мақолаҳои илмии  донишҷӯён барои чоп ва ғайра.

  1. Маҷлисҳои маҳфили илмии донишҷӯён метавонад дар шакл ва усулҳои гуногун (баҳс, маърӯза) гузаронида шаванд, вале онҳо асосан барои тайёр намудани аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён дар асоси методологияи таҳқиқоти илмӣ, шунидани маърӯзаҳо, машварат оид ба ҷамъбасти кори илмии аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён, банақшагирии корҳои ояндаи онҳо, омода намудани аъзоён ба ҳар гуна ҷамъомадҳои илмии маҳфили илмии донишҷӯён равона карда мешаванд. Барои ҳар як ҷаласа суратҷаласаи шӯрои маҳфили илмии донишҷӯён тартиб дода мешавад.
  2. Ба таркиби маҳфили илмии донишҷӯён инҳо дохил мешаванд:

-роҳбар (роҳбарон)-и илмии маҳфили илмии донишҷӯён. Ба ҳайси роҳбар корманди кафедрае баромад карда метавонад, ки дар назди он маҳфил таъсис дода шудааст;

-раиси маҳфили илмии донишҷӯён. Ба ҳайси раис донишҷӯе баромад карда метавонад, ки узви маҳфили илмии донишҷӯён буда, дар ҷаласаи маҳфили илмии донишҷӯён интихоб гардидааст;

-аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён донишҷӯёне мебошанд, ки озодона дар фаъолияти фаъолияти илмӣ-амалии маҳфили илмии донишҷӯён ширкат менамоянд.

  1. Роҳбари илмии маҳфили илмии донишҷӯён ваколатдор аст:

-донишҷӯёнро барои фаъолият дар маҳфили илмии донишҷӯён ҷалб намояд;

— аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯёнро оид ба гузаронидани ҷамъомадҳои илмӣ-амалӣ огоҳ намояд ва иштироки онҳоро таъмин созад;

-маҷлисхои илмии маҳфили илмии донишҷӯёнро ташкил ва гузаронад;

-феҳрасти корҳои маҳфили илмии донишҷӯёнро дар кафедра омода намояд;

— рафти таҳияи суратҷаласаҳои маҳфили илмии донишҷӯёнро назорат кунад, номгӯи нашрияҳои аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён, инчунин номгӯи мукофотҳои онҳоро омода созад;

— барои бақайдгирии роҳбарии илмӣ ба маҳфили илмии донишҷӯён дар нақшаи инфиродии кори омӯзгор дар шакли муқарраршуда оид ба фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён на дертар аз анҷоми соли таҳсили ҷорӣ ҳисобот пешниҳод намояд.

  1. Роҳбари илмии маҳфили илмии донишҷӯён хуқуқ дорад:

-маълумотро оид ба ҷамъомадҳои илмӣ, ки дар онҳо донишҷӯён метавонанд иштирок варзанд, қабул намояд;

-устодону омӯзгорони кафедраро ба кору фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён ҷалб ва қабул намояд;

-дар конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисос (аспирантон) иштирок намояд;

— маҳфили илмии донишҷӯёнро дар ҳамоҳангӣ бо роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва воҳидҳои сохтории он муаррифӣ намояд.

  1. Раиси маҳфили илмии донишҷӯён ваколатдор аст:

— донишҷӯёнро ба аъзогӣ ба маҳфили илмии донишҷӯён ҷалб намояд;

-маълумотро оид ба ҷамъомадҳои илмӣ, ки дар онҳо донишҷӯён метавонанд иштирок варзанд, расонад;

-маҷлисҳои маҳфили илмии донишҷӯёнро ташкил ва баргузор намояд;

-суратҷаласаҳои маҳфили илмии донишҷӯёнро таҳия намояд.

  1. Раиси маҳфили илмии донишҷӯён ҳуқуқ дорад:

-маълумотро оид ба ҷамъомадҳои илмӣ, ки дар онҳо донишҷӯён метавонанд иштирок варзанд, қабул намояд;

— дар конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисос (аспирантон) иштирок намояд.

  1. Аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён ваколат доранд:

— мунтазам дар маҷлисҳои маҳфили илмии донишҷӯён иштирок варзанд (сатҳи иштирок на камтар аз 50 %) ва дар рушди он фаъолона саҳм гузоранд.

  1. Аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён ҳуқуқ доранд:

-аз рӯи нишондоди роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён ҳангоми доштани ду ва зиёда мақолаҳои илмӣ, диплому ифтихорномаҳо, ё як мақолаи илмӣ ва ифтихорнома, ки дар давоми соли таҳсил ба даст овардааст, барои гирифтани мукофотҳо пешбарӣ карда шаванд;

-мувофиқи фаъолияти низоми холи рейтингӣ (замимаи 5) холҳои мукофотиро барои намудҳои корҳои илмии алоҳида аз фанҳои гуногун, ки бо мавзӯъҳои маҳфили илмии донишҷӯён мувофиқат доранд, соҳиб гардад;

-дар ҳама гуна ҷамъомадҳои илмӣ, ки дар маҳфили илмии донишҷӯён ва ё дар ҷамъияти илмии донишҷӯён гузаронида мешавад, ширкат варзад;

— маълумотро оид ба ҷамъомадҳои илмӣ, ки дар он метавонанд иштирок кунанд, қабул намояд;

-дар корҳои якчанд маҳфили илмии донишҷӯён ширкат варзад, бо хоҳиши худ аз як маҳфили илмии донишҷӯён ба маҳфили дигар гузарад;

— таҳти сарпарастии роҳбари илмии маҳфили илмии донишҷӯён маърӯзаҳо, гузоришҳо ва дигар корҳои илмӣ-амалиро омода намояд ва бо онҳо дар ҷамъомадҳои илмӣ баромад кунад;

-натиҷаи фаъолияти илмии худро дар намуди мақолаҳои илмӣ (тезисҳо)  нашр намояд;

-намояндагони худро ба мақомотҳои роҳбарикунандаи ҷамъияти илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (ё факултет) аз рӯи квотаи муқарраргардида равона созад.

  1. Тағйироту иловаҳо ба Низомномаи маҳфили илмии донишҷӯёни Донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимони ворид карда шуда, аз ҷониби ректор тасдиқ карда мешаванд.

Замимаи  1

Нақшаи намунавии кори

маҳфили илмии донишҷӯён

__________________________________________________________________

номи кафедра

__________________________________________________________________

ном

(                       соли  таҳсил)

 

Санаи  ташкили маҳфили илмии донишҷӯён: ______________________

Роҳбар (он)-и илмии маҳфили илмии донишҷӯён: ___________________

Ному  насаб, вазифа, унвони илмӣ,  телефон, e-mail__________________

 

Аъзои маҳфили илмии донишҷӯён:

Ному  насаби донишҷӯ (пурра)

Гурӯҳ, курс

 телефон

E-mail

1.      

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нақшаи кори маҳфил

Санаи тахминии баргузории  маҳфил

Мавзӯи  маҳфил

1.

 

 

 

                                  

 

Роҳбар (он)-и илмии маҳфили илмии донишҷӯён: ______________________/______________/

                Имзо, ному  насаб

 

Замимаи  2

Суратҷаласаи

маҳфили  илмии донишҷӯён

№_____ аз_________________

маҳфили  илмии донишҷӯён

__________________________________________________________________

номи кафедра

__________________________________________________________________

ном

( соли таҳсили _________________)

 

Санаи  ташкили маҳфили илмии донишҷӯён: ________________________

Роҳбар (он)-и илмии маҳфили илмии донишҷӯён: ____________________

Ному  насаб, вазифа, унвони илмӣ,  телефон, e-mail

__________________________________________________________________

 

Раиси маҳфили илмии донишҷӯён: ___________________________

Ному  насаб,  телефон, e-mail

__________________________________________________________________

 

Иштирок доштанд аз аъзои  маҳфили илмии донишҷӯён:

Ному насаби донишҷӯ (пурра)

Гурӯҳ, курс

 телефон

E-mail

 

1.      

 

 

 

 

 

2.

 

 

 

 

               

 

Мӯҳтавои  ҷаласаи маҳфил (кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд, кӣ  баромад  кард, мазмуни мухтасари маърӯза,  кадом қарор қабул карда шуд)

 

Роҳбар (он)-и илмии маҳфили илмии донишҷӯён: _____________________

Ному  насаб, вазифа, унвони илмӣ,  телефон, e-mail

__________________________________________________________________

Раиси маҳфили илмии донишҷӯён: _____________________

Ному  насаб,  телефон, e-mail

 

 

 

Замимаи  3

Ҳисобот

оид ба фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён 

__________________________________________________________________

номи кафедра 

__________________________________________________________________

ном

( соли таҳсили _________________)

Замони  фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён: ______________________

(санаи баргузории ҷаласаи нахустин ва охирин)

Роҳбар (он)-и илмии маҳфили илмии донишҷӯён: ____________________

Ному  насаб, вазифа, унвони илмӣ,  телефон, e-mail

__________________________________________________________________

 

Раиси маҳфили илмии донишҷӯён: ____________________________

Ному  насаб,  телефон, e-mail

__________________________________________________________________

 

Аъзои маҳфили илмии донишҷӯён:

Ному насаб (пурра)

Гурӯҳ, курс

 телефон

E-mail

Дар чанд ҷаласа ширкат кард

1.      

         

 

Ҷаласаҳои  баргузоршудаи маҳфили илмии донишҷӯён

[Намуна]

Санаи ҷаласа

Мавзӯи  ҷаласа

Маълумоти  мухтасар дар бораи  ҷаласа

1.

20.09.15

Мубоҳисаҳо оид ба вазъи нақди адабии муосир

Маърӯзаҳои Акрамов Ш.  ва  Алиева А. шунида шуд, мавзӯи  тадқиқоти  илмии Валиев А. ва Камолова Б.  муайян  карда шуд.

 

Рӯйхати асарҳои интишорёфтаи аъзои маҳфили илмии донишҷӯён

[Намуна]

п/п

Ному  насаби муаллиф

Номи  кор, шакли он

Макон ва замони нашр

Ҳаҷм, ҷузъи чопӣ

1

Аҳмадов А.А.

Декларатсияи умумии ҳукуқҳои инсон соли 1948 г. ва асосҳои таърихиву ҳуқуқии он (тезисҳо)

Ҳуқуқҳои  инсон дар  замони муосир. Конфронси  илмии донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон( фишурдаи  маърӯзаҳо). – Душанбе: Дониш, 2016. – С.67-68.

0,15

 

Рӯйхати корҳои  илмии аъзои маҳфили илмии донишҷӯён, ки барои  иштирок дар озмунҳо,  олимпиадаҳо ва  дигар чорабиниҳои илмии сатҳи  байналмилалӣ тайёр шудааст:

[Намуна]

п/п

Ному  насаби муаллиф

Номи  кор

Номи  чорабинии илмӣ

Ҳаҷм, саҳифа

1

Раҳимӣ И.И.

Низоми молиявии рушди кишварҳо (дар мисоли ИМА ва Япония)

 Олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯи фанҳои иқтисодиву молиявӣ ва масъалаҳои идоракунӣ

50

 

Рӯйхати корҳои  илмии аъзои маҳфили илмии донишҷӯён барои  иштирок дар озмуни озод барои  кори  илмии беҳтарини донишҷӯён аз рӯи  фанҳои  табиӣ, техникӣ  ва гуманитарӣ ва  чорабиниҳои  дигари  илмии сатҳи умумиҷумҳуриявӣ

[Намуна]

п/п

Ному  насаби муаллиф

Номи  кор

Номи  чорабинии илмӣ

Ҳаҷм, саҳифа

1

Раҳимӣ П.П.

Мафҳум  ва  аломатҳои  ташхиси зиддикоррупсионии  асноди  ҳуқуқӣ ва  лоиҳаҳои он

Озмуни озод барои  кори  илмии беҳтарини донишҷӯён аз рӯи  фанҳои  табиӣ, техникӣ  ва гуманитарӣ

48

 

Рӯйхати корҳои  илмии аъзои маҳфили илмии донишҷӯён барои  иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии  кори  илмии беҳтарини донишҷӯён барои  дарёфти  ҷоизаҳо ва  дар чорабиниҳои  дигари  илмии минтақавӣ

[Намуна]

п/п

Ному  насаби муаллиф

Номи  кор

Номи  чорабинии илмӣ

Ҳаҷм, саҳифа.

1

Раҳимӣ П.П.

Ҷанбаи  ахлоқии  фаъолияти соҳибкорон

Озмуни ҷумҳуриявии корҳои  илмии донишҷӯён барои  дарёфти ҷоизаи  …

60

 

Рӯйхати корҳои  илмии аъзои маҳфили илмии донишҷӯён барои  иштирок дар чорабиниҳои илмии дохилӣ

[Намуна]

п/п

Ному  насаби муаллиф

Номи  кор

Номи  чорабинии илмӣ

Ҳаҷм, саҳифа.

1

Саидзода С.С.

Мафҳум ва аломатҳои давлати унитарӣ

Озмуни шаҳрии «Ҳуқуқшиноси ҷавон»

35

 

Рӯйхати  диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои  дигар, ки  аз ҷониби  аъзои  маҳфили илмии донишҷӯён дар  чорабиниҳои «берунии» хусусияти  илмӣ  дошта гирифта шудааст

[Намуна]

Ному  насаби муаллиф

Навъ (диплом, ифтихорнома, сипоснома ва ғ.)

Сатҳ (байналмиллӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ғ.)

Номи  пурраи ташкилоте, ки супоридааст

Маълумот ( барои кадом  кор)

Са-наи су-по-ри-дан

1

Саидова С.С.

Дипломи  дараҷаи I

Минтақавӣ

Вазорати  кор  бо ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии ҶТ

Барои ғолибият  дар  сексияи  «Идоракунии хоҷагии халқ»

09.09.09

Роҳбар (он)-и илмии маҳфили илмии донишҷӯён: _________________

Ному  насаб, вазифа, унвони илмӣ,  телефон, e-mail

__________________________________________________________________

 

Мудири  кафедра:           _________________________/_________________/

Имзо, ному насаб

 

 

 

Замимаи  4

НОМГӮИ

Ҳуҷҷатҳои маҳфили  илмии донишҷӯён  

 

  1. Нақшаи намунавии кори маҳфили илмии донишҷӯён барои соли  таҳсил.
  2. Ҳисобот дар бораи  фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён барои  соли таҳсил.
  3. Суратҷаласаи маҷлисҳои маҳфили илмии донишҷӯён дар соли  таҳсил.
  4. Нусхаи осори мунтширшудаи аъзои  маҳфили илмии донишҷӯён.
  5. Нусхаи дипломҳо, ифтихорномаҳо ва  мукофотҳои дигаре, ки  аъзои  маҳфили илмии донишҷӯён дар  чорабиниҳои берунаи  илмӣ  дарёфт кардаанд.
  6. Нусхаи дипломҳо, ифтихорномаҳо ва  мукофотҳои дигаре, ки  аъзои  маҳфили илмии донишҷӯён дар  чорабиниҳои дохилии  илмӣ  дарёфт кардаанд.

 

Замимаи  5

БАҲОГУЗОРИИ

холӣ-рейтингии ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯ (намуна)

 

Намуди кор

Хол

 

Нашри мақола дар маҷаллаҳои илмӣ

45

 

Нашри мақола ё фишурда дар маҷмӯаи маводи конфронсҳои илмии байналмилалӣ дар хориҷи кишвар

15

 

Нашри мақола ё фишурда дар маҷмӯаи маводи конференсияҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

14

 

Нашри мақола ё фишурда дар маҷмӯаҳои маводи конференсияҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

13

 

Нашри мақола ва ё фишурда дар маҷмӯаи маводҳои илмии конференсияҳои дигари беруна

11

 

Нашри мақола ва ё фишурда дар маҷмӯаи маводҳои илмии конференсияҳои дигари дохилӣ

10

 

Гирифтани дипломи дараҷаи аввал (барои ҷойи якум) дар конференсияҳои илмӣ-байналмилалии беруна

20

 

Гирифтани дипломи дараҷаи II, III ва ғайра ё, ки ифтихорномаи фахрӣ дар конференсияҳои илмӣ-байналмилалии беруна

19

 

Гирифтани дипломи дараҷаи аввал (барои ҷойи якум) дар конференсияҳои илмӣ-байналмилалии дохилӣ

18

 

Гирифтани дипломи дараҷаи II, III ва ғ.. ё, ки ифтихорномаи фахрӣ дар конференсияҳои илмӣ-байналмилалии дохилӣ

17

 

Гузориш дар қисми ифтитоҳии конфронсҳои илмӣ-байналмилалии берунӣ

30

 

Баромад дар конфронси илмӣ-байналмилалии берунӣ

15

 

Гузориш дар қисми ифтитоҳии конфронсҳои илмӣ-байналмилалии дохилӣ

25

 

Баромад дар конфронси илмӣ-байналмилалии дохилӣ

10

 

Гузориш дар қисми ифтитоҳии конфронсҳои илмӣ-байналмилалии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

10

 

Баромад дар конфронсҳои дигари илмӣ-байналмилалӣ

4

 

Гузориш дар қисми ифтитоҳии конфронсҳои дигари илмии дохилӣ

10

 

Баромад дар конфронсҳои дигари илмӣ дохилӣ

3

 

Иштирок дар маҳфилҳо ва ҷаласаҳои илмӣ

2

 

Баромад ё гузориш дар маҳфилҳои илмӣ

5

 

Гирифтани медал «Барои беҳтарин кори илмӣ» дар озмун бораи беҳтарин корҳои илмии донишҷӯён аз рӯи илмҳои табиӣ, техникӣ ва гуманитарӣ

50

 

Гирифтани дипломи дараҷаи I (барои ҷойи якум) дар озмуни корҳои илмии ҷумҳуриявӣ барои ба даст овардани ҷоизаҳои номӣ

30

 

Гирифтани дипломи дараҷаи II, III  дар озмуни корҳои илмии ҷумҳуриявӣ барои ба даст овардани ҷоизаҳои номӣ

20

 

Гирифтани ифтихорномаи фахрӣ дар озмуни корҳои илмии ҷумҳуриявӣ барои ба даст овардани ҷоизаҳои номӣ

15

 

 Гирифтани дипломи дараҷаи I (барои ҷойи якум) дар дигар озмунҳои илмӣ-тадқиқотӣ

12

 

Гирифтани дипломи дараҷаи II, III ва ифтихорномаи фахрӣ дар дигар озмунҳои илмӣ

11

 

Низомномаи Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Бо қарори Шӯрои олимони

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи акад. М.С. Осимӣ

аз 28 ноябри  соли 2016, №3

тасдиқ гардидааст

 

Низомномаи Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

 

  1. Муқаррароти умумӣ 

1.1. Низомномаи намунавии мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2016, №9/41тасдиқ карда шудааст) ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, тартиби фаъолияти Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳро  муайян менамояд.

  • Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳ сохтори машваратӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади пешбурд ва фаъолона иштирок намудани олимони ҷавон дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ, қабул намудани қарорҳои стратегӣ ва фаврӣ оид ба дастгирии олимони ҷавон таъсис меёбад.
  • Шӯрои олимони ҷавон ташкилоти ҷамъиятии назди Донишгоҳ буда, аз намояндагони тамоми  сохторҳои ин муассиса ташкил меёбад.
  • Ба ҳайати Шӯрои олимони ҷавон метавонанд магистрҳо, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), инчунин асистентон, саромӯзгорон ва устодони дорои унвону дараҷаҳои илмии то синни 35-сола дохил шаванд.
  • Шӯрои олимони ҷавон ташкили фаъолияти умумии олимони ҷавон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро таъмин мекунад.
  • Шӯрои олимони ҷавон фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Донишгоҳ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқии аъзоёни он ва худидоракунӣ ба роҳ мемонад.
  • Шӯрои олимони ҷавон аз рӯи масъалаҳои фаъолияти худ бо Шӯрои олимони Донишгоҳ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми сохторҳои муассиса ҳамкорӣ менамояд.
  • Тамоми намудҳои фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, ки барои амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои дар Низомномаи мазкур муайяншуда равона шудааст, аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки барои амалисозии мақсад ва вазифаҳои Шӯро ҳавасманд мебошанд, аз ҷумла, аз ҳисоби восита ва маблағҳои аз ҷониби Донишгоҳ ҷудошуда сурат мегирад.
  • Шӯрои олимони ҷавон шахси ҳуқуқӣ набуда, суратҳисоби мустақил надорад ва наметавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои моликиятӣ ва ғайримоликиятиро ба зимма гирад.
  1. Мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон

2.1.Мақсади асосии Шӯрои олимони ҷавон рушди касбии олимони ҷавон, муттаҳид намудани неруи онҳо барои коркард ва ҳалли масъалаҳои афзалиятноки илмӣ, инкишофи фаъолияти инноватсионии олимони ҷавон, баландбардории сатҳи илмию касбӣ ва ба пуррагӣ амалӣ гардонидани имкониятҳои эҷодии онҳо мебошад.

2.2.Вазифаҳои Шӯрои  олимони ҷавон аз инҳо иборатанд:

  • фароҳам овардани шароит барои инкишофи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии олимони ҷавон ва кӯмак намудан ба рушди касбии онҳо;
  • муттаҳид намудани нерӯи олимони ҷавон барои ҳалли масълаҳои афзалиятноки илмӣ;
  • ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, ки дар онҳо метавонанд тамоми олимони ҷавони Донишгоҳ ширкат намоянд;
  • кӯмак расонидан ба рушди алоқаҳои бевоситаи олимони ҷавон дар ташкил намудани корҳои комплексии илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • таҳия ва дастгирӣ намудани таъсиси манбаи иттилоотии умумидонишгоҳӣ оид ба таҳқиқотҳои илмӣ ва чорабиниҳое, ки аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва инчунин ташкилотҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд;
  • рушди робитаҳо бо шӯроҳои олимони ҷавони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои дигари илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар;
  • ҷустуҷӯ ва амалисозии шаклҳои муосиру инноватсионии фаъолияти олимони ҷавон;
  • ҷамбаст ва паҳн намудани таҷрибаи мусбати корҳои илмии сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва инчунин ташкилотҳои миллӣ ва хориҷӣ;
  • гузаронидани чорабиниҳо барои ҷалби хонандагону донишҷӯён муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба илм ва мусоидат ба оммависозии илм;
  • иҷрои чорабиниҳои дигар дар самти беҳбуди шароити зист, меҳнат ва ташкили фароuати олимони ҷавони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

2.3. Самтҳои асосии фаолияти Шӯрои олимони ҷавон аз инҳо иборат аст:

  • таҳия намудани номгӯи масаълаҳо оид ба фаъолияти олимони ҷавон барои қабул намудани қарорҳо дар сатҳи раёсат ва Шӯрои олимони Донишгоҳ;

— иттилоъ додан ба олимони ҷавон оид ба барномаҳои илмӣ, фондҳо, фармоишгарони эҳтимолии маҳсулоти илмию техникӣ, ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, ки аз тарафи муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд;

— ташкил кардани ҳамкорӣ ва робитаҳо байни Шӯрои олимони ҷавон ва ҷомеаи илмии донишҷӯён, деканатҳо, кафедраҳо, шуъбаҳои магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура) ва докторантура, инчунин Шӯрои олимони Донишгоҳ;

— гузаронидани озмуни солонаи корҳои илмии олимони ҷавони  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

— тартиб додани лоиҳаҳои ташаббускоронаи илмӣ-таҳқиқотии байнифаннӣ;

— амалӣ намудани ҳамкорӣ бо иттиҳоди олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯроҳои олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои муштарак, муҳайё кардани шароит барои робитаҳои мутақобилан судманд ва лоиҳаҳои ҳамгиро;

— тарғиби дастовардҳои илмии олимон ва мутахассисони ҷавони Донишгоҳ, имкониятҳои истифодаи онҳо дар шароити муносибатҳои бозорӣ ва ғайра.

  1. Сохтори ташкилӣ ва идоракунии Шӯрои олимони ҷавон 

3.1. Мақоми олии Шӯрои олимони ҷавон маҷлиси умумӣ мебошад. Маҷлиси умумӣ на камтар аз як маротиба дар як сол, чун қоида, дар рӯзи ифтитоҳи конфронси илмии олимон ва мутахассисони ҷавон гузаронида мешавад. Маҷлиси умумӣ салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар кори он на камтар аз нисфи аъзои ҳайати Шӯрои олимони ҷавон иштирок намоянд. Ба салоҳияти фавқулоддаи маҷлиси умумӣ дохил мешаванд:

— қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии Шӯрои олимони ҷавон;

— ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Шӯрои олимони ҷавон;

— интихоб ва тасдиқи раис, муовини раиси Шӯрои олимони ҷавон;

— тасдиқи ҳисоботи Шӯрои олимони ҷавон оид ба корҳои иҷрошуда;

— тасдиқи нақшаи солонаи кори Шӯрои олимони ҷавон.

3.2. Ба фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон раис роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи маҷлиси умумӣ ба муҳлати ду сол интихоб карда мешавад. Раис фаъолияти худро тибқи Низомномаи мазкур ва санадҳои аз тарафи маҷлиси умумии Шӯрои олимони ҷавон қабулшуда, ҳамчунин дар асоси қарорҳои мақомоти роҳбарикунандаи Донишгоҳ ба роҳ мемонад. Раис ба Шӯрои олимони ҷавон дар қисми истифодаи мақсадноки маблағҳои ба Шӯро пешниҳодшуда ва мувофиқати фаъолияти Шӯро ба мақсадҳои эълоншуда ҳисоботдиҳанда мебошад. 

3.3. Шӯрои олимони ҷавон аз тарафи Маҷлиси умумии олимони ҷавон ташкил карда мешавад. Шӯрои олимони ҷавон аз раис, муовини раис, котиб ва масъулони кори Шӯро дар факултетҳо иборат аст. Шумора ва ҳайати Шӯрои олимони ҷавонро Маҷлиси умумии олимони ҷавони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар мекунад. Ҳангоми зарурат ба ҳайати Шӯро имкон дорад, ки масъулини ҳалли масъалаҳои мушаххас ворид карда шаванд. Ҳуқуқи пешниҳод кардани номзадҳоро иштирокчиёни маҷлис ва шахсони мансабдори Донишгоҳ – ректор, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, деканҳо, муовинони деканҳо оид ба корҳои илмӣ доранд. Раиси Шӯрои олимони ҷавон бо фармоиши ректор тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми зарурат Шӯрои олимони ҷавон ба ҳайати худ аъзои навро ҷалб карда метавонад. Маҷлиси умумии Шӯрои олимони ҷавон дар сурати  иштирок доштани на камтар аз нисфи ҳайат дар кори он салоҳиятдор ҳисобида мешавад.

3.4. Раиси Шӯрои олимони ҷавон ба ҳайати Шӯрои илм ва инноватсияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дохил мешавад ва ба муовини ректор оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ ҳисобот медиҳад. Муовини раиси Шӯрои олимони ҷавон ба раис ва дар сурати ҳозир набудани он ба  муовини ректор оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ ҳисобот медиҳад. Аъзои Шӯрои олимони ҷавон, масъулини кори Шӯро дар факултетҳо ба муовини декан оид ба корҳои илмӣ ҳисобот медиҳанд. Номзадии масъулини кори Шӯрои олимони ҷавон дар факултетҳо аз ҳисоби олимон ва мутахассисони ҷавон, ки фаъолона ба таҳқиқотҳои илмӣ машғуланд, таҷрибаи пешбурди корҳои илмиро доро буда, дар факултетҳо нуфуз доранд, пешбарӣ карда мешавад.

3.5. Аъзои Шӯрои олимони ҷавон ҳуқуқ доранд, ки барои амалисозии мақсадҳои Шӯро мақомоти доимамалкунанда ва комиссияҳоро барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси зерин ташкил диҳанд:

          — комиссияи экспертӣ ҷиҳати ташхис ва тақризи корҳои илмии анҷомёфта ва ёрии машваратӣ;

— шӯрои таҳриру нашр барои қабули қарор оид ба нашри натиҷаҳои таҳқиқот дар нашрияҳои Донишгоҳ;  

— комиссия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ғ.

3.6. Аъзои Шӯрои олимони ҷавон метавонанд ба мақомоти доимамалкунанда ва комиссияҳо (чун қоида дар асосҳои ҷамъиятӣ) мутахассисони соҳибтаҷрибаро новобаста аз синну сол  ҷалб намоянд. Раиси Шӯрои олимони ҷавон ҳуқуқ дорад, ки ба ректор дар бораи дастгирии молиявии мутахассисоне, ки дар мақомоти доимии Шӯрои олимони ҷавон кор мекунанд, тибқи муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон  тавсияҳо пешниҳод кунад.         

3.7. Ҳайати Шӯрои олимони ҷавон бо фармоиши ректори Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.

3.8. Бо қатъ шудани уҳдадориҳои Шӯрои олимони ҷавон ҳайати нави Шӯро ташкил карда мешавад. Шӯрои қаблӣ вазифадор аст, ки дар муддати се моҳ то анҷоми ӯҳдадориҳои худ ҷихати интихоби Шӯрои нави олимони ҷавон маҷлиси умумиро даъват намояд.

  1. Ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои Шӯрои олимони ҷавон 

4.1. Уҳдадориҳои аъзои Шӯрои олимони ҷавон

4.1.1. Раиси Шӯрои олимони ҷавон вазифадор аст:

— кори Шӯрои олимони ҷавонро ҳамоҳанг созад;

— иҷрои қарорҳои Шӯрои олимони ҷавонро назорат намояд;

— масъалахои фаъолияти Шӯрои олимони ҷавонро бо роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамоҳанг  созад;

— оид ба фаъолияти  худ ҳисобот диҳад.

4.1.2. Муовини раиси Шӯрои олимони ҷавон вазифадор аст:

— дар ҳолати набудани раис ӯҳдадориҳои ӯро иҷро намояд;

— фаъолияти Шӯрои олимони ҷавонро ба танзим дарорад.

4.1.3. Аъзои Шӯрои олимони ҷавон вазифадоранд:

— талаботи Низомномаи мазкурро оид ба Шӯрои олимони ҷавон риоя намоянд;

— дар ҷаласаҳои Шӯрои олимони ҷавон иштирок намоянд, иҷрои уҳдадориҳои худро бевосита таъмин созанд;

— иҷрои қарорҳои Шӯрои олимони ҷавонро зери назорат гиранд ва онҳоро иҷро намоянд;

— бо дигар зерсохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар робита бошанд;

— ба ноиби ректор оид ба И ва РБ ҳисоботи соли сипаришударо оид ба корҳои иҷронамудаи Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳ пешниҳод намоянд.

4.2. Аъзои Шӯро ҳуқуқ доранд:

— барномаҳоро оид ба сиёсати ҷавонон дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мураттаб сохта, барои муҳокима ва тасдиқ пешниҳод намоянд;

— ба барномаҳои баррасишаванда тағйироту иловаҳо дохил намоянд;

— дар самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон иштирок намоянд, ҳама гуна   масъалаҳои Шӯрои олимони ҷавонро муҳокима намоянд ва барои беҳтар шудани фаъолияти он пешниҳодҳои худро манзур намоянд;

— дар тамоми чорабиниҳои  Шӯрои олимони ҷавон иштирок намоянд;

— нақшаҳои баргузории конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмии олимони ҷавон ва ҳайати кумитаи тадорукоти онҳоро тасдиқ намоянд;

— ахбори ҳайати кумитаи тадорукотро оид ба рафти тайёрии гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмии олимони ҷавон шунаванд;

— маводҳои илмии олимони ҷавонро барои иштирок дар озмунҳои  гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ пешниҳод кунанд ва миқдори иштирокчиён ва гуруҳи кориро муайян созанд.

  • мавод барои иштироки олимони ҷавонро дар намоишгоҳҳо аз рӯи самтҳои муайяни илм баррасӣ ва пешниҳод намоянд;
  • дар озмунҳо миёни олимони ҷавон барои корҳои беҳтарин ва баррасии маводи воридшуда иштирок кунанд;

—  ба роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар шахси ректор, муовини ректор оид ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои зерин тавсияҳо пешниҳод созанд: дар бораи ҳавасмандсозии олимони ҷавон барои нишондиҳандаҳои олӣ дар корҳои илмӣ; оид ба расонидани кӯмаки молиявӣ ба муҳаққиқон, таълимгирандагон ва дигар довталабони ҷавон; оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои амалӣ намудани лоиҳаҳои таҳқиқотӣ; оид ба ташкили ҳамкорӣ бо олимони ҷавони  Донишгоҳ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ; ҷиҳати таъмини ҷойҳои корӣ барои олимони ҷавон бо мақсади дифои рисолаҳои илмӣ; дар бораи тавсияи олимони ҷавони умедбахш барои таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура), докторантура ва ғ.;-  ахбори мутахассисони ҷавонро, ки таҷрибаомӯзии илмиро хатм кардаанд, шунаванд;-  ихтиёран аз узвияти Шӯрои олимони ҷавон дар асоси аризаи хаттӣ хориҷ шаванд.           

4.3. Ҷаласаҳои навбатии Шӯрои олимони ҷавон дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи  қарори Шӯро на камтар аз як бор ҳар семоҳа бо тартиб додани суратҷаласа баргузор карда мешаванд. Аъзои Шӯрои олимони ҷавон барои  вайрон кардани муқаррароти низомномаи мазкур, инчунин барои амалҳое, ки эътибори Шӯроро паст мекунанд, аз узвияти Шӯро хориҷ карда мешаванд. Қарор дар бораи хориҷсозӣ аз узвияти Шӯрои олимони ҷавонро раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонад мавриди баррасӣ қарор диҳад.

 5.Назорати фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон            

5.1. Назорати фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ пеш  бурда мешавад.           

5.2. Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ на камтар аз як маротиба дар як сол санҷиши фаъолияти Шӯрои олимони ҷавонро анҷом медиҳад. Санҷиши ғайринақшавии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон бо қарори ректори Донишгоҳ  ё бо ташаббуси худи Шӯро сурат мегирад. Дар рафти санҷиш Шӯрои олимони ҷавон бояд дар шакли хаттӣ оид ба кори дар тӯли солҳои гузашта анҷомдодааш ҳисобот пешниҳод намояд. 

6.Тартиби тасдиқи Низомномаи Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳ  ва воридсозии тағйироту иловаҳо ба он 

            6.1. Низомномаи Шӯрои олимони ҷавон баъди тасдиқ аз ҷониби ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунад.            6.2. Тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Шӯрои олимони ҷавон дар асоси талаботи Низомномаи мазкур бо қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ворид карда шуда,  аз тарафи ректор тасдиқ карда мешаванд.

 

Тартиби гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Тартиби гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.06 соли 2016, №9/41 тасдиқ карда шудааст.)

  1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Тартиби мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, қоидаҳои ташкил ва гузаронидани конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конгрессҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла бо ҷалби мутахассисони хориҷиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

1.2. Конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конгрессҳо, симпозиумҳо ва ғ. (минбаъд: чорабиниҳои илмӣ) барои густариши дастовардҳои навтарини илмӣ, муаррифсозии натиҷаҳои нави илмӣ, муҳокимаи проблемаҳои мавҷуда дар соҳаҳои гуногуни илм, интишори адабиёти илмӣ, методӣ ва маълумотномавӣ, чопи нашрияҳои даврии илмӣ, аз ҷумла бо дарҷи натиҷаҳои фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин бо мақсади дастгирӣ ва рушди заминаи илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ ва моддӣ-техникӣ гузаронида мешавад.

1.3. Роҳбарии фаврии чорабиниҳои илмӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешаванд, аз тарафи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ амалӣ мегардад.

1.4. Кумитаи ташкилӣ ё тадорукот фаъолияти худро оид ба ташкили чорабиниҳои илмӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ба роҳ мемонад:

  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»;
  • Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо оид ба ҳуқуқи муаллиф, патентҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар оид ба моликияти зеҳнӣ;
  • санадҳои меъёри ҳуқуқии аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, аз ҷумла санадҳое, ки таҳвили маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасониро барои қонеъ намудани талаботи давлатӣ ба танзим медароранд;
  • фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • фармоишҳои ректор ва муовини ректор оид ба корҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • Тартиби мазкур.
  • санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари соҳаи маориф ва илм.

1.5. Чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи нақшаҳои зерин гузаронида мешаванд:

— Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо  ва семинарҳо дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тасдиқ карда мешавад;

— Нақшаи чорабиниҳои илмӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст;

— Нақшаи чорабиниҳои илмӣ, ки аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои он тасдиқ шудааст.

1.6. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола, чун қоида, конференсияи умумии илмӣ-назариявии ҳайати устодону омўзгорон ва донишҷўён (ҳафтаи сеюм ва чоруми моҳи апрел) ва конференсияи умумии илмӣ-методии ҳайати устодону омўзгорон (ҳафтаи сеюм ва чоруми моҳи ноябр) ба таври ҳатмӣ гузаронида мешаванд.

1.7. Чорабиниҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти лии касбӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сатҳи байналмилалӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронида мешаванд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо  ва семинарҳоро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли муайяншуда барои тасдиқ пешниҳод менамоянд (замимаи 1).

 

  1. Тартиби омода кардани ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ
    • Аз тарафи ташаббускори гузаронидани чорабиниҳои илмӣ маҷмўи ҳуҷҷатҳо омода мегарданд, ки ба онҳо дохил мешаванд:

а) ариза ба номи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот, ки тибқи  шакли пешбининамудаи Низомномаи мазкур (замимаи 2) тартиб дода шудааст;

б) Барномаи намунавии чорабиниҳои илмӣ;

в) Пешниҳодҳо дар бораи ҳайати кумитаи ташкилӣ ё тадорукот.

  • Маҷмўи ҳуҷҷатҳои зикршуда ба ҳамоҳангсози гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-амалии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод карда мешавад. Муҳлати пешниҳод кардани маҷмўи ҳуҷҷатҳо на камтар аз 6 моҳ то таърихи аз ҷониби кумитаи ташкилӣ ё тадорукот ба нақша гирифташударо ташкил медиҳад.
  • Ҳамоҳангсоз:

а) Маҷмўи ҳуҷҷатҳои  пешниҳодшударо санҷида, ба онҳо имзо мегузорад;

б) Барои тасдиқ ба муовини ректор оид ба корҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод менамояд;

в) Дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои илмӣ дар вақти таълимӣ рўйхати синфхонаҳо (аудиторияҳо)  ва вақти гузаронидани чорабиниҳои илмиро бо сардори шуъбаи таълимӣ-методӣ ҳамоҳанг месозад;

г) Дар мавриди аз муҳлати нишондодашуда дер пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо, тасдиқи аризаи чорабиниҳои илмӣ метавонад аз рўи тартиби инфиродӣ, баъди ҳамоҳанг кардан бо муовини ректор оид ба корҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда шавад.

2.4. Байни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташаббускор оид ба хизматрасонӣ дар чорабиниҳои илмӣ, ки барои гузаронидани онҳо зарурат вуҷуд дорад, шартнома баста мешавад:

а) Шартномаи мазкурро ҳамоҳангсоз бо муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, сармуҳосиб, сардорони сохторҳои ҳуқуқӣ ва банақшагириву молиявӣ ҳамоҳанг месозад;

б) Баъди ҳамоҳангсозӣ шартнома аз тарафи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба имзо расонида мешавад.

2.5. Нусха аз маҷмўи ҳуҷҷатҳо ва нусхаи шартнома барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ дар кумитаи ташкилӣ ё тадорукот нигоҳ дошта мешавад. Асли шартнома дар муҳосиботи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нигоҳ дошта мешавад.

2.6. Дар як моҳи тақвимӣ на бештар аз як чорабинии ҳамон як сатҳ ва оид ба ҳамон як мавзўи илмӣ гузаронидан мумкин аст. Сатҳи чорабиниҳои илмӣ тибқи Низомномаи мазкур (замимаи 3) муайян карда мешавад.

 

  • Маводи чорабиниҳои илмӣ

3.1. Барои омодагии гузаронидани чорабиниҳои илмӣ тартиби намунавии зерини корҳои омодагӣ муқаррар карда мешавад: омода намудани номаҳои иттилоотӣ ба иштирокчиёни  имконпазир (ё эҳтимолӣ)-и чорабиниҳои илмӣ, қаблан, аз тарафи шахсоне, ки чорабиниҳои илмиро мегузаронанд, амалӣ карда мешавад. Номаҳои иттилоотӣ бояд тамоми маълумоти заруриро дар бораи чорабиниҳои илмӣ дошта бошанд, аз ҷумла: номи чорабиниҳои илмӣ, шакл, муҳлат ва ҷои гузаронидани онҳо, таърихи рўзҳо, шахси масъул (рўйхати кумитаи ташкилӣ ё тадорукот), телефонҳо барои тамос, суроғаи электронӣ, нишонии котиботи чорабиниҳои илмӣ, ҳаҷми пардохти ташкилӣ барои иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, реквизитҳои пардохтии ташкилот, қоидаҳои тартиб додани тезисҳо (мақолаҳо), маърўзаҳо ва иттилооти дигари зарурӣ.

3.2. Фиристодани номаҳои иттилоотӣ ба иштирокчиёни имконпазир аз тарафи шахсони масъул оид ба гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ё аз тарафи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот (вобаста ба шакли хизматрасониҳо, тибқи шартнома)  амалӣ карда мешавад.

 

  1. Гузаронидани ҷаласаҳо дар чорабиниҳои илмӣ
    • Гузаронидани ҷаласҳо дар бахшҳои чорабиниҳои илмӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси аризаҳо ва шартномаҳое гузаронида мешаванд,  ки ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ имзо кардааст.
    • Омода кардани синфхонаҳо, таҷҳизоти мултимедиявӣ аз тарафи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот дар муҳлатҳои дар ариза нишондодашуда амалӣ карда мешавад.
    • Расонидани хизматҳои дигар (ғизо, ҷойи либосовезӣ — гардероб, таҷҳизоти техникӣ) аз тарафи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот тибқи шартнома амалӣ карда мешавад.

 

  1. Масъулият
    • Роҳбари кумитаи ташкилӣ ё тадорукот барои ташкили чорабиниҳои илмӣ ва иҷрои талаботи бехатарии техникӣ масъул аст.

 

  1. Маблағгузорӣ
    • Маблағгузории чорабиниҳои илмӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилкунандагон, иштирокчиёни чорабиниҳои илмӣ ё аз ҳисоби маблағҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст, амалӣ карда мешавад.

 

VII. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Тартибигузаронидани конференсияҳосеминарҳосимпозиумҳо ва дигарчорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии

7.1. Тағйироту иловаҳо ба Тартиби гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси талаботи Низомномаи мазкур бо қарори Шўрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ворид карда шуда, аз ҷониби ректор тасдиқ карда мешаванд.

 

Замимаи 1.

 

Номгўи  

чорабиниҳо

Макони гузаронидани чорабинӣ ва масъулони он Вақти баргузорӣ (моҳ), давомнокӣ (рўз) Шумораи иштирокчиён Вазорату муассисаҳое, ки дар кори ҷаласа иштирок мекунанд
           

 

Замимаи 2.

Ариза

барои дохил намудани чорабинии илмӣ ба нақшаи чорабиниҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ

 

1 Шакл, ном ва сатҳи чорабинии илмӣ
2 Шахси масъул барои гузаронидани чорабинии илмӣ (индекс, нишонӣ, телефон, факс,e-mail)
3 Вақт ва таърихи гузаронидани чорабинии илмӣ (таърихи рўз, моҳ, сол ва миқдори рўзҳои баргузорӣ)
4 Ҷойи гузаронидани чорабинии илмӣ-амалӣ (миқдори толорҳо, ҷойҳои дигар)
5 Миқдори иштирокчиёни чорабинии илмӣ-амалӣ (ҳамагӣ, аз ҷумла, аз шаҳрҳо ё давлатҳои дигар)
6 Аъзои кумитаи ташкилӣ ё тадорукоти чорабинии илмӣ
7 Иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ
8 Иштироки намояндагони байналмилалӣ (агар дар нақша бошад)
9 Манбаи маблағгузории чорабинии илмӣ

 

Шахси масъули ташкили чорабинии илмӣ

________________                               __________________________

Вазифа                                                 Имзо                     Ному насаб

Таърихи рўз

 

Замимаи 3.

 

Шакли чорабиниҳои илмӣ ва хусусиятҳое, ки сатҳи онҳоро муайян мекунанд

 

  1. Шакли чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Чорабиниҳои илмӣ дар чунин шаклҳо ташкил карда мешаванд:

  • конгресс – ҳамоиши бузург одатан дар бораи масъалаҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта;
  • анҷуман – ҳамоиш (съезд)-и намояндагони ин ё он ташкилотҳо, гурўҳҳо, инчунин шахсони алоҳида, олимон барои муҳокимаи масъалаҳои сатҳи минтақавӣ ё умумиҷумҳуриявӣ;
  • конференсия – машварати бузурги намояндагони ин ё он ташкилотҳо, гурўҳҳо, инчунин шахсони алоҳида, олимон барои муҳокимаи масъалаҳои муайян;
  • симпозиум – машварат, конференсия оид ба масъалаи махсуси илмӣ;
  • форум – ҳамоиши бонуфузи оммавӣ, анҷуман;
  • семинар – шакли машғулиятҳои гурўҳӣ оид ба ин ё он проблемаҳои илмӣ, таълимӣ ва проблемаҳои дигар, аз тарафи иштирокчиён муҳокима шудани маърўза, гузоришҳои қаблан омодашуда;
  • машварат – ҷаласа, ҳамоиш, ки ба муҳокимаи ин ё он масъалаи махсус бахшида шудааст;
  • мизи мудаввар – шакли муҳокимаи ин ё он проблема, ки дар он баранда моҳияти проблема, нуқтаҳои назари мухталиф ва роҳҳои ҳалли онро муайян карда, сипас ба иштирокчиён имкон медиҳад (одатан ба қаблан омодашудагон), ки андешаҳои худро баён намоянд ва суханронии онҳоро тафсир мекунад;
  • мастер-класс – намоиши ин ё он технология ва ё маҳорат аз тарафи устоде, ки дар касби худ маҳорати хуб дорад;
  • тренинг – семинаре, ки дар он тавассути машғулиятҳои амалӣ диққати асосӣ ба коркард ва ё таҳкими ин ё он малака дар шунавандагон равона карда мешавад.
  1. Аломатҳои муайянкунандаи сатҳи чорабиниҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Сатҳи чорабиниҳои илмӣ вобаста ба як ё якчанд аломатҳои дар поён номбаршуда муайян карда мешавад.

  • Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин «байналмилалӣ» ҳисобида мешавад:

а) ҳаммуассисони  чорабинӣ шахсонии ҳуқуқии хориҷӣ бошанд;

б) иштирокчиён аз  на камтар аз ду давлат бошанд.

  • Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин «бо иштироки намояндагони байналмилалӣ» ҳисобида мешавад:

а) дар маводҳои чорабинӣ тезисҳои муаллифони хориҷии на камтар аз ду давлат чоп шудааст;

б) иштирокчиёни хориҷӣ аз на камтар аз як давлат бошанд.

  • Чорабинии илмӣ сатҳи «ҷумҳуриявӣ» ҳисобида мешавад, агар:

а) иштирокчиён намояндаи на камтар аз се минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд;

б) ҳаммуассисони чорабинӣ  шахсони ҳуқуқӣ бошанд.

  • Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин сатҳи «байниминтақавӣ» ҳисобида мешавад:

а) ҳаммуассисони чорабинӣ  шахсони ҳуқуқӣ буда, на камтар аз 1 минтақаи  дигарро намояндагӣ менамоянд;

б) иштирокчиён аз минтақаҳои дигар бошанд.

  • Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин сатҳи «минтақавӣ» ҳисобида мешавад:

а) ҳаммуассисони чорабинӣ шахсони ҳуқуқии минтақа бошанд;

б) дар кори чорабинӣ намояндагони минтақа ширкат варзанд.

  • Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин сатҳи «байнидонишгоҳӣ» ҳисобида мешавад:

а) ҳаммуассисони чорабинӣ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мухталифи кишвар мебошанд;

б) иштирокчиён аз на камтар аз ду муассиса бошанд.

  • Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин сатҳи «байникафедравӣ» (ё «дохилидонишгоҳӣ», «дохилидонишкадавӣ») ҳисобида мешавад:

а) ҳаммуассиони чорабинӣ намояндагони кафедраҳои мухталифи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошанд;

б) ба кумитаи ташкилӣ ё тадорукоти чорабинии илмӣ на камтар аз 1 нафар иштирокчӣ аз кафедраи дигар дохил мешавад.

Намунаи ариза барои тафтиши аслият (Антиплагиат)

Намунаи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳоди мақолаи илмӣ ба маҷаллаи 'Паёми политехникӣ'

Намунаи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳоди мақолаи илмӣ ба маҷаллаи «Паёми политехникӣ»