ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.С. Осимӣ

 қабули хатмкунандагони зинаи бакалавриатро ба магистратура барои соли таҳсили 2018 -2019 аз рўи ихтисосҳои зерин ЭЪЛОН менамояд:

Рамзи ихтисос Номгӯи ихтисос
1 1-26 01 01 01 Идоракунии мақомоти маҳаллӣ
2 1-26 02 02-07 Менеҷменти истеҳсолӣ
3 1-26 02 03-23 Логистика
4 1-27 01 01-01 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (мошинсозӣ)
5 1-27 01 01-02 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти автомобилӣ)
6 1-27 01 01-10 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)
7 1-27 01 01-12 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (алоқа)
8 1-27 01 01-17 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (сохтмон)
9 1-43 01 01 Неругоҳҳои баркӣ
10 1-43 01 03 Таъмини барқ (аз рўйи соҳаҳо)
11 1-43 01 02 Низом ва шабакаҳои энергетикии баркӣ
12 1-43 01 05 Энергетикаи ҳароратии саноатӣ
13 1-43 01 05-05 Манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия (таҳсил ба забони англисӣ)
14 1-53 01 04-03 Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ
15 1-53 01 05 Автоматонии ҳаракатоварҳои электрикӣ
16 1-39 01 01 Радиотехника
17 1-42 01 01-01 01 Истеҳсолоти рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга
18 1-42 01 01-01 04 Металлургияи металлҳои ранга
19 1-48 01 01 Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот
20 1-48 01 03 Технологияи химиявии энергиябарандаҳои табиӣ ва маводҳои карбондор
21 1-48 01 04 Технологияи саноати электрохимиявӣ
22 1-36 01 01 Технологияи мошинсозӣ
23 1-50 01 01-08 Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли нахҳои табиӣ
24 1-33 01 01-05 Ҳифзи муҳандисии муҳити зист
25 1-36 02 01-05 Мошинҳо ва дастгоҳҳои металлургӣ
26 1-36 06 01-01 Мошинаҳо, таҷҳизот ва низоми коркарди иттилотии саноати полиграфӣ
27 1-47 02 01 Технологияи саноати полиграфӣ
28 1-70 02 01 Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ
29 1-70 02 01-05 Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот
30 1-70 02 02 Ташхис ва идораи амволи ғайриманқул
31 1-70 02 01-06 Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо
32 1-70 04 02-01 Системаҳои таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ
33 1-70 04 03-01 Системаҳои таъмини об ва обпартовҳо
34 1-70 04 03-04 Истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ
35 1-70 01 01 Истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксиҳои сохтмонӣ
36 1-69 01 01 Меъморӣ
37 1-69 01 01-09 Дизайни муҳити меъморӣ
38 1-56 02 02 Геодезия ва харитасозӣ
39 1-37 01 05-02 Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ
40 1-37 01 06-01 Истифодабарии техникии автомашинаҳо (нақлиёти автомобилӣ, истифодаи ҷамъиятӣ ва шахсӣ)
41 1-37 02 01-01 Ҳайати кашандаи нақлиёти роҳи оҳан (тепловозҳо)
42 1-44 03 02 Ташкили ҳаракат дар роҳ
43 1-37 04 01 Истифодабарии техникии муҳарикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ
44 1-36 11 01 Таҷҳизот ва наклиёти роҳ, сохтмонӣ ва борбардорӣ (аз руи соҳаҳо)
45 1-53 01 02 Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот
46 1-53 01 01 Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (аз рўи самтҳо)
47 1-45 01 03-02 Шабакаҳои алоқа ва тақсими иттилоот
48 1-40 01 02-04 Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар коркард ва пешниҳоди иттилоот)
49 1-70 03 01-01 Сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо
50 1-70 03 02-04 Купрукҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии нақлиётӣ
51 1-44 01 01 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ
52 1-44 01 03 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти роҳи оҳан
53 1-44 01 05-02 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти ҳавоӣ
54 1-37 02 05 Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо
55 1-38 02 02 Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ
Ҳамагӣ

 

Довталаб ҳуҷҷатҳои зеринро бояд ба комиссияи қабул супорад:

-ариза ба номи ректори донишгоҳ;

-дипломи намунаи давлатӣ (бакалавриат) бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда (агар бошад);

— 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;

— маълумотномаи тиббии шакли 086-у;

— шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

Муҳлати қабули хуҷҷатҳо аз 1 июл то 10 августи  соли 2018.

Имтиҳонҳои қабул аз 11 то 25 августи соли 2018 муайян гардидааст.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба Шуъбаи магистратураи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад.М.С.Осимӣ бо суроғаи зерин муроҷиат намоед:

·       734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо-10 а, ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ, телефон барои маълумот 227-04-67, 227-15-17, +992937200333