ШУЪБАИ ДОКТОРАНТУРАИ PHD ВА АСПИРАНТУРА

            Барои таъмини рушди илм дар собиқ Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ДПТ) соли 1981 бо қарори Вазорати макотиби олии ИҶШС кушодашавии аспирантура аз рӯйи се ихтисос – Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ (аз рӯйи соҳаҳо), Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ, Конструксияҳои сохтмонӣ ҳодисаи муҳим гардид. Чораҳои андешидашуда имкон доданд, ки аллакай дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ бо кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ таъмин гарданд. Дар ин давра ҳудуди 230 докторон ва номзадони илм кор мекарданд, ки асосан хатмкунандагони донишгоҳ ба ҳисоб мерафтанд. Аз соли 1982 шуъбаи аспирантура фаъолияти тамоми қисматҳои ДДТ – факултетҳо, кафедраҳо, филиалу коллеҷҳоро дар соҳаи омодасозии кадрҳои илмию педагогӣ мутобиқ менамояд. Дар солҳои гуногун шуъбаи аспирантураро н.и.т. Ӯрунова Н.Х. (солҳои 1982-1986), н.и.т. Шанидзе Н. (солҳои 1986-1990), Солиева М.Х. (солҳои 1990-1997), Ишанҷонова З. (солҳои 1997-2001), Собитова З.А. (солҳои 2001-2003), Фатҳуллоева Ф.Х. (солҳои 2003-2006), Назарова Г.К. (солҳои 2006-2011) роҳбарӣ кардаанд. Ҳоло роҳбарии шуъбаи докторантураи PhD ва аспирантура ба зиммаи н.и.т., дотсент Бабаева А.Ҳ. гузошта шудааст.

Донишгоҳ анъанаҳои омодакунии кадрҳои илмию педагогии баландихтисос ва таъмини кафедраҳоро бо чунин кадрҳо то ҳол ҳифз мекунад. Гарчанде дар соҳаи илмҳои техникӣ дифоъ кардани рисолаҳои номзадӣ нисбатан меҳнатталаб аст, ба ин нигоҳ накарда устодон ва кормандони донишгоҳ бо шавқмандӣ ва нияти неки хизмат ба Ватан ба роҳи пурпечу тоби илм қадам мемонанд ва хушбахтона муваффақ ҳам мешаванд.

Мавҷудияти аспирантураи худ, васеъшавӣ ва тақвият бахшидани робитаҳо бо мактабҳои илмии макотиби олии техникии ИДМ ба донишгоҳ натиҷаҳои мусбати худро доданд. Дар 20 соли охир 27 рисолаи докторӣ ва 149 рисолаҳои номзадӣ дифоъ шудаанд. Олимони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар омодасозии кадрҳои илмию педагогии давлатҳои хориҷа низ саҳми худро гузоштаанд. Рисолаҳои номзадӣ аз ҷониби шаҳрвандони Сурия, Миср, Гвинея, Эрон ва Афғонистон омода ва дифоъ шудаанд. Роҳбарони илмии онҳо аз ҷумлаи олимони беҳтарини соҳа ва донандагони мушкилоти илмии замон ба ҳисоб мераванд, ки намояндагони давлатҳои хориҷа инро пурра эҳсос ва қадр менамоянд.

Аз соли 2015 шуъбаи аспирантураи донишгоҳ бо шуъбаи докторантураи PhD ва аспирантура ивази ном кард. Ҳоло дар докторантураи PhD ва аспирантураи донишгоҳ беш аз 156 нафар докторанти PhD, аспирантон ва унвонҷӯён, аз он ҷумла намояндагони давлатҳои хориҷи дур (Нигерия, Афғонистон, Корея, Чин) таҳсил менамоянд.

Барои пешрафти иқтидори илмии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ соли 2015 кушодашавии нуҳ адад шӯроҳои диссертатсионии махсусгардонидашудаи қабул ва дифои рисолаҳои дараҷаи доктори фалсафа (PhD) ва докторон аз рӯйи тахассус шароити мусоид фароҳам омад.

Агар соли 1981 аз рӯйи се ихтисос таҳсил дар аспирантура доир мегардид, ҳоло бошад, дар аспирантура метавонанд аз рӯйи 23 самт ва дар докторантураи PhD аз рӯйи 14 самти илмӣ таҳсил намоянд. Талаботи замони муосир нисбат ба кадрҳои техникиро ба ҳисоб гирифта, роҳбарияти донишгоҳ таваҷҷуҳи худро ба омодакунии кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ боз ҳам бештар менамояд.