Кафедраи «Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ»
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)

мудири кафедра

Мажидов Баҳриддин Жамилович

дотсент
номзади илмҳои техникӣ

Кафедраи «Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ» (ИТНҲ) дар асоси қарори Шўрои олимони Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон аз 18 марти соли 2005 таъсис ёфтааст. Кафедра ҳамчун кафедраи тахассусӣ аз ихтисосҳои 240101, 130300 ва 240300 мутахассисони баландихтисоси соҳаи авиатсия - муҳандис тайёр мекард. Барои ташкили кафедра ректори Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон Бобоев О. ва устодони аввалини кафедра Мастонгулов М.А., Раҳимов М.С., Одинаев С., Миррахматов С.Ш., директории генералии КВДҲ «Тоҷик-Эйр» Тиллоев Ҳ, ҷонишини директории генералии КВДҲ «Тоҷик-Эйр» Ҳамроев Ф.Х., директори техникӣ КВДҲ «Тоҷик-Эйр» Шарипов В.С., сармуҳандиси КАТ КВДҲ «Тоҷик-Эйр» Ким А.А. ва дигарон саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Аввалин иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «ИТНҲ» Раҳимов М.С. таин гардидааст. Дар асоси қарори Шўрои олимони Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон аз 28 августи соли 2006 – ум номзади илмҳои техникӣ Мирраҳматов С.Ш. ҳамчун аввалин мудири кафедра тариқи озмун ба ин вазифа таин шудааст. Миррахматов С.Ш. то соли 2016 кафедраи ИТНҲ-ро сарварӣ намуда дар ин давра дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ ва пешбурди корҳои илмию методӣ ва созмон додани базаҳои лабораторию амалии кафедра хизматҳои шоёнеро ба сомон расонидаанд. Айни замон роҳбарии кафедраро номзади илмҳои техникӣ Маҷидов Баҳриддин Ҷамилович дар ўҳда дорад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 471 аз 1 сентябри соли 2007 «Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ», кафедра ба факултети Нақлиёти ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамроҳ шуд. Дар айни замон кафедраи «ИТНҲ» дар Донишгоҳ нуфузу эътибори хосаи худро дошта аз рўи ихтисоси 370401 – «Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ» бакалаврони ихтисоси номбурда тайёр менамояд. Ҷоизи қайд аст, ки оғоз аз соли хониши 2014-2015 дар назди кафедра магистратура кушода гардида, соли 2016 ҳашт нафар ва аз ин ҳисоб ду нафари онҳо бо гирифтани дипломи аъло магистратураро хатм намуда ба дараҷаи тахассусии «магистри техника ва технология»  аз рӯи ихтисоси «Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ» сарфароз гардидаанд.

Устодони фанҳои тахассусии кафедра таҷрибаи баланди таълимӣ - методӣ, маҳорат ва малакаи баланд дошта чанде аз онҳо дар баробари кор дар Донишгоҳ инчунин собиқаи зиёди корӣ дар ширкатҳои ҳавпаймоии кишвар доранд.

Кафедраи ИТНҲ  бо якчанд донишгоҳҳои авиатсионии хориҷи кишвар робитаҳо дошта, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании ш. Москва, Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании ш. Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии авиатсияи граждании Белорусия ва Донишкадаи давлатии авиатсияи граждании ш. Тошканд шартномаҳои ҳамкорӣ низ дорад.

Кафедраи ИТНҲ дар асоси қарори ташкилоти таълими-методии донишгоҳҳои Россия, дар соҳаи истифодабарии техникаҳои авиатсионӣ ва кайҳонӣ «УМО РФ», №4 аз 29.12.2008с. ҳамчун аъзои УМО РФ қабул ва эътироф гардидаастд. Ҳамчунин дар ин асос Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо «Учебно-методического объединения ВУЗов России» дар бораи маориф, дар соҳаи истифодабарии техникаҳои авиатсионӣ ва кайҳонӣ, шартномаи ҳамкорӣ № УМО-16/2008 ба имзо расонидааст. Маҳз дар доираи ин аъзоги ва ҳамкорӣ ҷонишини раиси УМО-и Россия, академик Чинючин Юрий Михайлович  раиси Комиссияи аттестатсионии Давлатӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои дипломии аввалин хатмкунандагони кафедра таъин гардида буд.

 Сурат аз бойгонии кафедра – рафти ҳимояи рисолаҳои дипломӣ: аз чап ба рост дар ҷои сеюм  академик Чинючин Юрий Михайлович  - раиси Комиссияи аттестатсионии Давлатӣ

Имрўз кафедра дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи авиатсияи граждани бо ширкатҳои ҳавопаймоии кишварамон - ҶСК «Тоҷик-Эйр», аэропорти байналмиллалии ш. Душанбе, аэропорти байналмиллалии ш. Хуҷанд, аэропорти байналмиллалии ш. Кўлоб, аэропорти байналмиллалии ш. Қўрғонтеппа, ҶСК «Ширкати таъминоти сўзишворӣ» шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки дар асоси он донишҷўёни кафедра дар базаҳои истеҳсолӣ ва лабораторияи ин ширкатҳои таҷрибаомўзӣ ва баъзе дарсҳои лабораторию амалии худро низ мегузаронанд.

Имрўз хатмкунандагони кафедра дар ҶСК «Тоҷик-Эйр», ҶСК «Сомон-Эйр», аэропорти байналмиллалии «Шереметьево», «Домодедово» -и ш. Москваи Федератсияи Россия, ва аэропорти байналмиллалии ш. Душанбе, аэропорти байналмиллалии ш. Хуҷанд, аэропорти байналмиллалии ш.Кўлоб, аэропорти байналмиллалии ш. Қўрғонтеппа ва дигар ширкатҳои ҳавопаймоии кишварамон ва берун аз он кору фаъолият карда истодаанд.

Ҳусейнов Мирзоазиз ва Ғафуров Ҷ.С. аввалин хатмкунандаи кафедра мебошанд, ҳоло дар аспирантураи ш.Москва таҳсил карда истодаанд, ки рисолаи номзадиашонро барои ҳимоя ба Шўрои Диссертатсионӣ пешниҳод намуданд. Устодони кафедра муаллими калони кафедра Ҳафизов Ҷ.К. аспиранти бахши 4, шўъбаи ғоибонаи Донишгоҳ ва ассистенти кафедра Шералиев А.Қ. аспиранти бахши 4, шўъбаи ғоибонаи АИ ҶТ мебошанд. Дар соли 2016 ҳимояи рисолаи номзадиашон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳайати омўзгорони кафедра (унвон ва вазифаҳои онҳо)

1.    Маҷидов Баҳриддин Ҷамилович – номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедра

2.    Мирраҳматов Собир Шокирович – номзади илмҳои техники, дотсенти кафедра.

3.    Раҳимов Мамадҷон Сангович – муаллими калони кафедра.

4.    Ҳафизов Ҷамол Камолович – муаллими калони кафедра.

5.    Шералиев Абдутолиб Қосимҷонович – ассистенти кафедра.

6.    Хусенов Мирзоазиз – муаллими ҳамкори кафедра

7.    Ҳалимова Муҳаббат Эргашевна – лаборанти калон.

8.    Зикрияева Нигора Атхамҷоновна – лаборанти калон.