КАФЕДРАИ «МЕЪМОРИИ БИНОҲО ВА ИНШООТ»
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)

МУДИРИ КАФЕДРА

Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич

дотсент
номзади илмҳои техникӣ
ФАЪОЛИЯТ Омӯзгорон КОРҲОИ ИЛМӢ

Фаъолияти кафедраи «МЕЪМОРИИ БИНОҲО ВА ИНШООТ», ҳамчун бахши таълимию илмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, соли 1958 оғоз гардидааст. Сохтор ва самтҳои фаъолияти кафедра дар давоми қариб 60 сол ташкил ва такмил ёфтаанд. Дар таърихи кафедра якчанд марҳилаҳои тараққиёти онро, ки мувофиқан ба зарурати омода сохтани кадрҳои меъморӣ – бинокорӣ барои кишвар, ҷавобан ба мушкилотҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсири онҳо ба рушду равнақи меъморӣ, сохтмон ва умуман маълумоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ муайян шудаанд, зикр намудан мумкин аст.

Сараввал, кафедраи имрӯзаи «МЕЪМОРИИ БИНОҲО ВА ИНШООТ», ҳамчун кафедраи  «Меъморӣ ва конструксияҳои бинокорӣ» ташкил шуда аз с. 1958 то с. 1964 фаъолият кардааст. Дар он замон ба ҳайси  устодони кафедра як гурӯҳ мутахассисони соҳаи меъморию сохтмонӣ ба монанди меъморон Айзикович Г.Ю., Анисимов С.Л., Соломинов Г.И., Морозов В.В. ва баъдан Ёқубов Н.Х., ки  хусусан дар рушду нумуъи соҳаи шаҳрсозии ватани маҳбубамон саҳми назаррасу арзандае доранд меҳнати босамар кардаанд. Кафедра солҳои 1964–1972 бо номи кафедраи «Меъморӣ» ва 1972-1997 – кафедраи «Меъмории биноҳои шаҳрвандӣ ва саноатӣ» фаъолият намудааст.

Бо ташаббуси Ҳукумати шаҳри Душанбе аз аввали соли хониши  1997-1998 дар кафедра тайёр намудани кадрҳо аз рӯи ихтисоси  «Сохтмон ва хоҷагии шаҳр»  оғоз мегардад ва аз ҳамон сол то моҳи декабри соли 2015 кафедра мувофиқан  ба ихтисос «Сохтмон ва хоҷагии шаҳр» номида мешавад.

Бо назардошти васеътар гардонидани фаъолияти кафедра (тайёр кардани мутахассисони ихтисоси «Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот», кушода шудани ихтисосҳои нави соҳаи меъморӣ ва сохтмон дар доираи факултет) бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз моҳи январи соли 2016 кафедра номи имрӯзааш - кафедраи «Меъмории биноҳо ва иншоот»-ро гирифтааст. Ихтисоси 700201-05 «Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот», ки ҳоло аз рӯи он дар кафедра бакалаврону магистрон тайёр карда мешаванд, дар Донишгоҳ яке аз аввалинҳо шуда, соҳиби «Сертификат»-и барномаи Европоии  аккредитатсионии Ассотсиатсияи таҳсилоти муҳандисӣ дар солҳои 2015-2020 гардидааст.

Дар тӯли ҳамаи марҳилаҳои фаъолият вазифаҳои аввалиндараҷаи коллективи кафедра ин таёрии меъмории муҳандисони бинокор, омӯзиши донишҳои муҳандисӣ ба меъморони оянда, баланд бардоштани сифат ва самаранокии раванди таълим, пеш бурдани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ – педагогӣ буданд ва мебошанд.

Дар ташкилу пойдор гардидани кафедра, дар равнақ ёфтани фаъолияти он хизмати арзандаи мудирони он,  шодравон профессор Ёқубов Наим Холович, шодравон и.в. профессор Рузиев Ҷумъа Рузиевич, профессор Нигматов Икромҷон Исматҷонович, мутахассисону омӯзгорони соҳибистеъдод дотсентон Фозилов Анвар Раҳматҷонович, Раҷабов Усмон Норович, профессор Ѓиёсов Адҳам Ѓиёсович, дотсент Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич, Ҳамидов Комилҷон Абдурауфович ва омӯзгорони насли имрӯза хеле назаррас ва  бебаҳо мебошад.

Дар давраҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ ва факултети «Сохтмон ва меъморӣ» устодони кафедра дар вазифаҳои мухталифи баландпоя ва масъулиятнок адои хизмат намудаанд. Аз ҷумла: шодравон Ёқубов Н.Х. - декани факултет (солҳои 1966-1972), ректори ДПТ (солҳои 1972-1988); Нигматов И.И. - декани факултет (солҳои 1970-1971), ноиби ректори ДПТ (солҳои 1977-1995), и.в. ректори ДПТ (солҳои 1989-1990), сармутахассиси Вазорати маорифи ҶТ (солҳои 2005-2009);  шодравон Рузиев Ҷ.Р. - декани факултет (солҳои 1976-1977,1992-1996), ноиби ректори ДПТ (солҳои 1996-2000); Фозилов А.Р.- декани факултет (солҳои 1996-2006), директори КВД «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ (солҳои 2006-2013); Раҷабов У.Н. - муовини декани факултет (солҳои 2000-2004), сардори Раёсати экспертизаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ (солҳои 2004-2008), директори КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» (солҳои 2010-2015); Ҳасанов Н.Н. – сардори Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ (солҳои 2007-2008), декани факултети СваМ (солҳои 2013-2014); Ҳамидов К.А. – муовини декани донишҷӯёни хориҷӣ (солҳои 1988-2007), муовини сардори Идораи робитаҳои байналхалқӣ (солҳои 2007-2012); Кобулиев З.В. – декани факултет (солҳои 2006-2007), профессор, д.и.т., директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ; Пирматов Р.Х.- дотсент, н.и.т., мудири кафедраи «Биноҳо ва иншоот»-и Донишкадаи меъморию сохтмонии шаҳри Тошканд.

Бояд зикр намуд, ки дар омодасозии кадрҳои илмӣ  - педагогӣ барои кафедра, дар таъмин намудани он бо дастуру воситаҳои таълимӣ кафедраҳои «Меъморӣ» ва «Истифодаи техникӣ ва азнавсозии биноҳо»-и  Донишгоҳи давлатии сохтмони ш. Москва ёрии калон расониданд ва имрӯзҳо ҳам дастгирии худро зоҳир менамоянд.

Фаъолияти таълимии кафедра дар се самт ҷараён мегирад:

- ҳамчун кафедраи тахассусӣ омода намудани бакалаврону магистрони ихтисоси «Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот» ва магистрони ихтисоси «Энергияи барқароршаванда ва сарфаи энергия дар сохтмон»;

- таълиму тарбияи меъмории «Муҳандисони бинокор»-и ҳамаи ихтисосҳои сохтмонии факултети «СваМ»;

- таълиму тарбияи муҳандисии «Меъморон» аз фанҳои «Физикаи Меъморӣ» ва «Конструксияҳои меъморӣ».

Обрӯю эътибори кафедраро сатҳи баланди нашрияҳои таълимию методӣ тасдиқ менамоянд.

Кафедра қудрату имкониятҳои баланди илмӣ дорад ва дар зери таъсири мактаби машҳури кафедраи Меъмории Донишгоҳи давлатии сохтмонии ш. Москва самтҳои зерини асосии фаъолиятии илмии худро интихоб кардааст:

-  тадқиқотҳо дар соҳаи тарҳрезии биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ;

- тадқиқотҳо дар соҳаи баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноҳо ва гармитобоварии конструксияҳои иҳотавии онҳо;

-  тадқиқотҳо дар соҳаи акустикаи меъморию сохтмонӣ ва такмил додани муҳити рӯшноӣ дар биноҳои шаҳрвандию истеҳсолӣ.

Аз ҳайати устодони кафедра се нафар (Ёқубов Н.Х., Нигматов И.И., Рузиев Ҷ.Р.) сазовори унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” гардида, устод  Ҳасанов Н.Н. бо ҷоизаи давлатии медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шудааст. Профессорони кафедра Ёқубов Н.Х. ва Нигматов И.И. ҳанӯз дар даврони шӯравӣ сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардида буданд. Тамоми собиқадорони кафедра дорандаи нишони соҳавии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ҳастанд.

Устодон Нигматов И.И., Раҷабов У.Н. ва Ҳасанов Н.Н. дар Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ аъзо-корреспондент ва машваратчиёни Академия интихоб гардида, аъзои Иттифоқи меъморони Ҷумҳурӣ мебошанд, сазовори унвонҳои фахрии “Меъмори фахрии ҶТ” ва “Бинокори фахрии ҶТ” гардидаанд. Устоди ҳамкори кафедра Ҳамидов К.А. академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ш. Душанбе мебошад.

 Ҳоло вазифаи пур аз масъулияти мудири кафедраи “Меъмории биноҳо ва иншоот”-ро дотсент, номзади меъморӣ, узви Иттифоқи меъморон ва Иттифоқи дизайнерони Ҷумҳурӣ, меъмори фахрии ҶТ Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич ба ӯҳда дорад.

Дар айни ҳол дар кафедра 12 омӯзгор, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои техникӣ, 2 профессор ва 3 дотсент – номзади илмҳои техникӣ ва меъморӣ, 5 ассистенту 2 устоди ҳамкор фаъолият менамоянд.

Дар доираи тадқиқотҳои илмии худ кафедра иштирокчии бевоситаи таҳия намудани Барномаи ҷумҳуриявии илмӣ – техникии «Корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳо ва комплексҳои онҳо дар шароитҳои минтақаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

  Танҳо дар солҳои охир дар ҳаҷми бештар аз 120 варақаи чопи тадқиқотҳои илмӣ ва бештар аз 30 номгӯй китобу дигар воситаҳои таълимии устодони кафедра нашр гардидаанд, ки қисми онҳо дар давлатҳои  хориҷӣ ба нашр расида, дар раванди таълим ва истеҳсолот васеъ истифода гардида истодаанд.

Ғайр аз фаъолиятӣ илмию педагогӣ устодони кафедра пайваста бо корҳои эҷодии лоиҳакашию сохтмонӣ машғул мебошанд. Дар асоси лоиҳаҳои кории аз тарафи устодон таҳия шуда, дар манотиқи гуногуни кишвар садҳо бинову иншоотҳои таъиноти гуногундошта сохташуда, мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Бо супориши Ҳукумати Душанбешаҳр аз тарафи коллективӣ кафедра «Консепсияи азнавсозӣ ва лоиҳакашии биноҳо ва комплексҳои истиқоматии ш. Душанбе то с. 2020» тайёр карда шудааст, ки дар он мақсадҳои муҳимтарини сиёсати шаҳрсозӣ ва тараққиёти пойтахт дар ояндаи наздик инъикос ёфтаанд.

Устодони кафедра солҳои тӯлонӣ бо ташкилотҳои марбутаи сохтмонии системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ робитаҳои зичи ҳамкорӣ дошта, дар таҳия ва коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи меъмориву шаҳрсозии ҷумҳурӣ, ташхиси ҳуҷҷатҳои лоҳавию харҷномавии сохтмонӣ иштироки бевосита доранд.