КАФЕДРАИ “СОХТМОНИ САНОАТӢ ВА ШАҲРВАНДӢ”
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)

МУДИРИ КАФЕДРА

Ҳоҷибоев А. А.

дотсент
доктори илмҳои техникӣ
ФАЪОЛИЯТ КОРҲОИ ИЛМӢ

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ “СОХТМОНИ САНОАТӢ ВА ШАҲРВАНДӢ”

 

Кафедраи "Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ" (ССШ) соли 1957, дар қатори нахустин кафедраҳои  Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон, бо номи  кафедраи "Конструксияҳо ва маводҳои сохтмонӣ"(КМС) ташкил гардида, дар он ҳамаи фанҳои умумитехникӣ ва тахассусӣ барои ихтисосҳои зерин таълим дода мешуданд:

·                        1202 - "Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ"

·                        1207 - "Истеҳсоли маснуот ва конструксияҳои оҳанубетонӣ"

·                        1209 - "Бо об таъминкунӣ ва обпартоӣ".

Аз соли 1957 то соли 1961 роҳбарии кафедраро олимаи пуртаҷриба, н. и. т., дотсент Тартаковская Маргарита Марковна ба ӯҳдаи худ дошт. Соли 1958 кафедраи "Бо обтаъминкунӣ ва обпартоӣ" аз кафедраи "КМС" ҷудо шуд.

Аз соли 1961 то соли 1970 ба кафедраи "КМС" муҳандиси ботаҷриба, роҳбари бисёр лоиҳаҳои пулҳо дар дарёҳои Тоҷикистон, устоди бомаҳорат, дотсент Вавилова Софя Алексеевна роҳбарӣ кардааст.

Соли 1964 дар факултаи Сохтмон шӯъбаи меъморӣ ташкил карда шуд ва кафедраи меъморӣ ҳамчун кафедраи алохида аз кафедраи "КМС" ҷудо карда шуд. Соли 1968, аз сабаби зиёд шудани шумораи донишҷӯён, кафедраи КМС” ба ду кафедра – кафедра: "Конструксияҳои оҳанубетонӣ" ва “Конструксияҳои сохтмонӣ” ҷудо карда мешавад. Ба кафедраи “КОБ” устоди бомаҳорату ботаҷриба, олими ҷавони соҳаи сохтмон, хатмкардаи аввалини факултети Сохтмони Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Исхаков Яков Шаламонович мудир таъин мегардад. Дар кафедра фанҳои Коструксияҳои оҳанубетонӣ ва Маводҳои сохтмонӣ таълим дода мешуданд. Дар муддати кӯтоҳ дар кафедраи "Конструксияҳои оҳанубетонӣ" озмоишгоҳҳои Маводҳои сохтмонӣ ва Конструксияҳои оҳанубетонӣ ташкил карда шуданд.

1974, бинобар зиёд шудани шумораи донишҷӯён (то 12 - 14 гурӯҳ ихтисоси 1202 – “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”) аз кафедраи "Конструксияҳои оҳанубетонӣ" кафедраи "Механикаи сохтмонӣ ва зилзилатобоварии иншоотҳо" ва аз кафедраи "Конструксияҳои сохтмонӣ" кафедраи "Механикаи хокҳо, асосҳо ва таҳкурсиҳо" ҳамчун кафедраҳои тахассуси ҷудо карда шуданд.

Аз соли 1971 то соли 1999 роҳбарии кафедраи "Конструксияҳои сохтмонӣ"  - ро н.и.т, дотсентон Ҷураев Г.Г ва Раҳмонов Р.Р. ба ӯҳдаи худ  доштанд. Роҳбарии кафедраи "Конструксияҳои оҳанубетонӣ" дертар "Конструксияҳои оҳанубетонӣ, асосҳо ва таҳкурсиҳо" - ро баъд аз Исхаков Я.Ш ва Голубев М.Н, аз соли 1984 то соли 1996 н.и.т, дотсентон Усмонов А.У ва Рӯзиев А.Р ба ӯҳдаи худашон доштанд ва дар тараққиёту пешрафти корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ, илмию тадқиқотӣ, созандагию ободонии кафедра ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Дар охирҳои солҳои 80 -ум шумораи донишҷӯён камтар шуданд ва баъд аз якҷояшавии кафедраҳо оғоз гардид. Соли 1996 кафедраҳои "Конструксияҳои оҳанубетонӣ" ва "Конструксияҳои сохтмонӣ" якҷоя шуда, соли 2001 ба онҳо кафедраи "Механикаи сохтмонӣ ва зилзилатобоварии иншоотҳо" ҳамроҳ гардид ва кафедраи тахассусии ихтисоси "Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ" (ССШ) ташкил карда шуд. Аз соли 1996 то соли 2016 роҳбарии кафедраи номбаршударо н.и.т, дотсент Раҳмонов Р.Р (1996 -1999), н.и.т, дотсент Нумонов О.Р (1999 -2000), д.и.т, профессор Низомов Ҷ.Н (2001 -2005), н. и. т., дотсент Шарипов Л.Ш. (2005-2012) ва н.и.т., дотсент, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон Ҳамидов К.А. (2012-2016) ба ӯҳда доштанд.

Аз соли 2004 шумораи донишҷӯён боз рӯ ба зиёдшавӣ овард ва соли 2005, дар базаи кафедраи ССШ, кафедраи умумитехникии "Механикаи сохтмонӣ ва зилзилатобоварии иншоотхо", мудираш н.и.т, дотс. Негматов Т.О, ташкил гардид. Аз сентябри соли 2009 то феврали соли 2016 вазифаи мудири кафедраи "Механикаи сохтмонӣ ва зилзилатобоварии иншоот"- ро доктори илмҳои техникӣ Ҳоҷибоев А.А. дар ӯҳда дошт. Моҳи феврали соли 2016 кафедраи "Механикаи сохтмонӣ ва зилзилатобоварии иншоотхо" бо кафедраи ССШ ҳамроҳ карда шуд ва ҳоло иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра, доктори илмҳои техникӣ Ҳоҷибоев А.А. таъин шудааст.

Дар тӯли қариб 60 соли фаолият, дар кафедраи "Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ" бештар аз 7000 муҳандисони сохтмонии ихтисоси 700201 (пештар 2903 ва 1202) - "Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ", аз ҷумла қариб 400 нафар аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷи дур - Афғонистон, Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Непал, Мисри Араб, Сурия, Лаос  ва ғ. тайёр карда шудаанд, ки дар байни кафедраҳри Донишгоҳ нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Дар ин давра дар кафедра зиёда аз 25 нафар номзадҳои илмҳои техникӣ ба камол расидаанд.

Дар солҳое, ки ба ихтисоси 2903 "Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ" 10 - 14 гурӯҳи донишҷӯён қабул карда мешуданд (солҳои 1970-1990) дар кафедраҳои "Конструксияҳои сохтмонӣ" ва "Констрксияҳои оҳанубетонӣ" то 30 нафар устодони ботаҷриба (аз ҷумла 16 нафар номзадҳои илмӣ), 5 аспирант, 6 нафар лаборантон кор мекарданд.

Солҳои 70 - 80-ум кафедра соҳиби якчанд озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ буд, ки ҳар кадом бо таҷҳизотҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда, маводҳои лозимии илмӣ-тадқиқотӣ дошт: озмоишгоҳи конструксияҳои тунукдевори фазогӣ, озмоишгоҳи иншоотҳо, озмоишгоҳи конструксияҳои оҳанубетонӣ ва ҳамин хел озмоишгоҳ дар заводи конструксияҳои оҳанубетонии №1, ки дар он конструксияҳои аслии биноҳо ва иншоотҳо ( панелҳо ва плитаҳои теғадор, бисёрсӯроха, элементҳои таврӣ, дутаврӣ, болорҳо ва ғайра) аз санҷиш гузаронида, ба сохтмон тавсия карда мешуданд. Дар сохтан, таҷҳизонидан ва ба кор даровардани ин озмоишгоҳҳо дар қатори устодони кордидаю ботаҷриба Вавилова С.Д., Исхаков Я.Ш., Комилов М.Х. саҳми олимони ҷавон Раҳмонов Р.Р., Шарипов Л.Ш., Ахмедов Р.Б. ва дигарон калон буд. Дарсҳои лексионӣ, озмоишӣ ва амалӣ аз тарафи устодони ботаҷриба гузаронида мешуданд. Дарсҳои назариявӣ бо экскурсияҳо ба заводҳо ва комбинатҳои хонасозӣ, сохтмонҳои калон ва таҷрибаомӯзӣ пурра ва мукаммал карда мешуданд. Озмоишгоҳҳои таълимӣ асбобҳо ва таҷҳизотҳои хуб доштанд: прессҳои гидравликии гуногун, стендҳои санҷишӣ, асбобҳои ченкунӣ, озмоиши конструксияҳо ва ғайраҳо, ки ба воситаи онҳо дарсҳои озмоишӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида мешуданд.

Дар давраи фаолияташ кафедра бо марказҳои илмии Россия, Украина: Донишгоҳи давлатии  сохтмонии шаҳри Маскав, Донишгоҳи давлатии  сохтмонии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии  сохтмонии шаҳри Киев, Донишкадаи ғоибонаи муҳандисони сохтмони шаҳри Маскав, институтҳои илмӣ-тадқиқотии НИИЖБ ва ЦНИИСК ба номи В.В. Кучеренко-и шаҳри Маскав, НИИСК-и шаҳри Киев ва дигарҳо алоқаҳои зичи ҳамкорӣ дошт ва дар он донишкадаю институтҳо аспирантон ва олимони ҷавони мо коромӯзӣ мекарданд, корҳои илмию тадқиқотӣ мегузарониданд ва бисёрии онҳо ҳимояи рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ба анҷом расонида, бо унвони номзади илм ба кафедра баргаштаанд.

Хатмкардагони кафедра дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он кору меҳнат мекунанд.  Ихтисоси 700201 – “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ” бешубҳа ихтисоси оммавитарин, озмунитарин ва васеъсоҳатарини соҳаи сохтмон ва меъморӣ буда, яке аз муҳимтарин ихтисосҳо на танҳо  дар доираи Донишгоҳ, балки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дониста шудааст. 

Ҳоло дар кори таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос ва пешбурди тадқиқотҳои илмӣ ҳайати 16-нафараи кормандони штатӣ ва ҳамкорон фаъолият менамоянд, ки аз ҷумлаи онҳо 3 нафар доктори илмҳои техникӣ ва 6 нафар нмзади илмҳои техникӣ мебошанд. Дар доираи Донишгоҳ шумораи зиёдтарини донишҷӯёни ихтисоси "Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ" дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ), магистрҳо ва муҳассилони таҳсилоти дуйӯми олии касбӣ симои имрӯзаи кафедраи ССШ мебошад. Бо ин, албатта, кафедра на танҳо фахр мекунад, зиёда аз ин масъулияти боз ҳам баландтарро дар роҳи инкишофи кафедра, тайёр кардани мутахассисони баладихтисос ва пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бар души худ гирифтааст.

Ҳоло дар кафедра се доктори илмҳои техникӣ: Низомов Ҷ.Н., Ҳоҷибоев А.А. ва Қаландарбеков И. кор мекунанд, ки онҳо рисолаҳои худро дар МГСУ ҳимоя намудаанд.

Бисёр олимони ҷавон аспирантураро дар Душанбе (Шарипов Л.Ш. - Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, Нумонов О.Р - Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон) дигар донишкадаю донишгоҳҳои Ҷумҳуриҳои ҳамсоя (Россия, Украина, Белоруссия) ва дар институтҳои илмӣ-тадқиқотии НИИЖБ, ЦНИИСК ба номи В. Кучеренко (ш. Маскав) НИИСК (ш. Киев) ва дигарҳо ба анҷом расонида, рисолаҳои номзадии худро навиштанд ва бисёри онҳо ҳимоя намуда, корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар кафедраҳо идома дода истодаанд.

Дар корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра, ки дар онҳо 3 нафар докторони илм, то 20 нафар номзадҳои илм, муаллимони калон, ассистентон, аспирантон ва муҳандисон иштирок мекарданд, проблемаҳои зерини  соҳаи сохтмони Ҷумҳурӣ омӯхта мешуданд:

- Қобилияти борбардории конструксияҳои пулӣ (роҳбари илмӣ Вавилова С.А., Ҷураев Г.Г.);

- Таҳқиқ ва озмоиши конструксияҳо ва иншоотҳо (роҳбари илмӣ Раҳмонов Р.Р);

- Тадқиқоти назариявии қобилияти борбардории ҷилдҳои яклухти оҳанубетонӣ (роҳбари илмӣ Исхаков Я.Ш.);

  - Тадқиқоти зилзилатобоварии биноҳои истиқоматӣ (роҳбарони илмӣ Исхаков Я.Ш.,   Шарипов Л.Ш.);

  - Лоиҳакашӣ, ҳисоб ва сохтмони болопӯшҳои биноҳои варзишӣ аз ҷилдҳои яклухти оҳанубетонӣ (корти тенисӣ, роҳбари илмӣ Исхаков Я.Ш);

  - Тадқиқоти унсурҳои биноҳои синчноки беболор (роҳбари илмӣ Исхаков Я.Ш.,  Шарипов Л.Ш.).

-Моделсозии масъалаҳои динамика ва назарияи заминҷунбитобоварӣ (раҳбари илмӣ д.и.т. Ҳоҷибоев А.А.)

 Аз тарафи олимони кафедраи "Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ"  монографияҳо, диссертатсияи докторию номзадӣ,  зиёда аз 200 ҳисобот аз рӯи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, шумораи зиёди дастуру воситаҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ навишта шудаанд, ки донишҷӯён дар иҷрои лоиҳаҳои курсӣ, корҳои курсӣ, лоиҳаҳои дипломӣ ва дигар дарсҳои амалӣ аз онҳо истифода мебаранд. Дар ин давра олимон ва устодони кафедра дар бисёр конфронсҳои илмӣ, илми-амалӣ, илми-тадқиқотии Ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ, дохилидонишгоҳӣ иштирок ва бо маърузахои илмӣ баромад кардаанд, аз тарафи онҳо зиёда аз 900 мақолаҳои илмӣ ва маърӯзаҳо чоп карда шудаанд, қариб 40 шаҳодатномаи ихтироъчӣ (н.и.т Голубев М.Н., н.и.т. Раҳмонов А.Ҷ., аспирант Қурбонов А.М.) гирифта шудааст.

Дар тамоми давраи мавҷудияти кафедра ҳайъати он аз олимони ботаҷриба, устодони сахтгиру боистеъдод, муҳандисони болаёқат иборат буд ва то ҳол баъзеи онҳо, ки асосан хатмкардагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошанд, пурсамар кор карда истодаанд.