ФМТБ
Факултети муҳандисӣ - техники донишгоҳи миллии - техникии Беларуссия ва Донишгоҳи техникии Тоҷикисто

         Факултети муҳандисӣ - техники донишгоҳи миллии - техникии Беларуссия ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (минбаъд - ФМТ ДМТБ - ДТТ) дар асоси супоришҳои Президентҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шўрои ДМТБ ва қарори Шўрои олимони ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ (ҳамчун муассисон) дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушоиати

 «Созишнома дар бораи таъсиси  факултети муҳандисӣ - техникии донишгоҳи миллии - техникии Беларуссия ва донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аз 28.10. 2011с.»,  «Созишнома оид ба ҳамкориҳои байни ДМТБ  -  ДТТ аз 28 . 10. 2011с.» ва Қарордоди байни ДМТБ - ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ аз 02.03 соли 2012»   таъсис дода шудааст, ки мақсад аз ин таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи дастраскунии маълумоти олии муҳандисӣ - техникӣ дар дараҷаи “Мутахассис” байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Низомномаи ФМТ ДМТБ - ДТТ- ро Вазоратҳо ва муассисони дар боло номбаршуда дар давоми таърихҳои 02.03 то 09. 03 соли 2012 мувофиқаву тасдиқ карда шудааст.

        Низомномаи ФМТ ДМТБ - ДТТ ва Нақшаҳои таълимии факултет бо назардошти стандартҳои давлатии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ аз ҷумла, Кодекси Ҷумҳурии Беларус “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни ҶТ “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи оллии таълимӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларуссия  таҳияву тасдиқ гардида, забони таҳсил дар факултет, забони русӣ муайян  шуда, раванди таълим дар ФМТ ДМТБ - ДТТ, тибқи системаи анъанавӣ амалӣ карда мешавад.           

    Имрӯз факултети муштараки муҳандисӣ техникӣ маркази тарбияи мутахассисони соҳаҳои сохтмонию техникӣ буда, бо назардошти талаботи иқтисодиёти кишвар ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассисонро аз рўи ихтисосҳои зерин омода менамояд:

1. Ихтисосҳои равияи мошинсозӣ:

- «Технологияи мошинсозӣ»;

- «Металлшиносӣ дар мошинсозӣ»;

- «Мошинҳо ва таҷҳизоти куҳӣ (коркарди зеризаминӣ ва корҳои кушодаи куҳӣ)»;

- «Автомобилсозӣ (бо равияҳо)»;

- «Тракторсозӣ»;

- «Нақлиёти шаҳрии барқӣ»;

- «Асбобҳои зеҳнӣ (интеллектуалӣ), мошинҳо ва истеҳсолот)».

2. Ихтисосҳои равияи сохтмонӣ:

- «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ»

- «Экспертиза ва идоракунии моликияти ѓайриманқул»;

- «Роҳҳои автомобилгард»;

- «Купрукҳо, нақбҳои нақлиётӣ ва метрополитенҳо »;

- «Сохтмони хоҷагиҳои об».

3. Ихтисосҳои равияи меъморӣ:

- «Меъмории биноҳои ҷамъиятӣ ва ҳаётӣ».

4.Ихтисосҳои равияи асбобсозӣ:

- «Аппаратҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ».

Зинаи аввали таҳсил (бахшҳои 1 ва 2) дар ФМТ ДМТБ-ДТТ ва зинаи дуюм (бахшҳои 3…6) дар ДМТБ роҳандозӣ мешавад. Ҳоло дар ФМТ ДМТБ-ДТТ 372 нафар донишҷў дар курсҳои 1-2 ва дар ДМТБ бошад, 85 нафар донишҷў таҳсил карда истодаанд. Теъдоди донишҷўёни ба ДМТБ барои давом додани таҳсил равон мешуда, ҳар сол метавонад то 100 ва зиёда аз он афзоиш ёбад.

  Факултети муштараки муҳандисӣ техникӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии донишгоҳ ва кишвар саҳмгузор мебошад. Донишҷӯёни факултет дар конфронсу чорабиниҳои илмӣ фарҳангии Донишгоҳ ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат  менамоянд. Ҳамзамон дар факултет ба масъалаҳои фароғату истироҳат, тарбияи ҳаёти солим ва тарбияи ватанпарастии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.