Кафедраи Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)
Кафедраи «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ»

      Кафедраи «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ» асоси факултети нақлиёт, соли 1958 созмон дода шудааст ва ҷузъу томи сохтори факултети Сохтмони донишкада ба шумор мерафт. Мудири аввалини кафедра н.и.т., дотсент Браилчук Пётр Леонтевич интихоб шуд. Ў на танҳо ташилкунандаи кафедра буд, инчунин қариб ҳамаи фанҳои ихтисосро мебурд. Зери роҳбарии ў ва иштироки муаллими калон Сквортсов В.И. ва лаборант Темиргалиева Р. созмони аввалин озмоишгоҳҳои кафедра оғоз шуд.

         Ба шарофати фидокорӣ ва кори софдилонаи коллективи кафедра бо роҳбарии  Браилчук Пётр Леонтевич соли 1961 аввалин муҳандисон бо ихтисоси «Нақлиёти автомобилӣ» донишкадаро хатм карданд. 18 нафар хатмкунандагони соли 1956 дохилшуда барои кор ба муассисаҳои нақлиёти автомобили ҷумҳурӣ фиристода шуданд. Дар натиҷаи меҳнат ва суботкорӣ онҳо ихтисосмандони беҳтарин, олимон, роҳбарони МНА шуда ба воя расиданд. Якчанд нафарони онҳоро метавон номбар кард: Қараев Ғ.О. - (сардори гурўҳ) барои корҳои педагогӣ дар кафедраи ИТА нигоҳ дошта шуд ва ў дар оянда профессор, мудири кафедра ва муовини декани факулта; Қурбонов М - сардори НТ заводи «Автозапчаст»-и Конибодом; Сафаров Т. - 30 сол директории МНА №28; Фозилов Н. - омўзгори мактаби автомобили ш. Конибодом; Мелников Ю.Д. - солҳои дароз сарбарномасози автотрести Душанбе; Масаидов А. – сармуҳандиси таксобаза, директори МНА, сармутахассиси ВН ҶТ, ҳоло муаллими калони кафедраи «ИВН»; Маҷидов Н. – директории генералии ДОПТ; Ҷалолов А.С. – сармуҳандиси нефтебазаи ш. Кўлоб; Саидов Т. – зиёда аз 20 сол директории МНА Вазорати савдои ҶТ дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира); Қулиҷонов С. – муовини директори ДОПТ ва ғайра шуда кор кардаанд.

         Дар алоқамандӣ бо афзоиши ҳаҷми корҳо ва зарурати ихтисосмандон бо омодасозии муҳандисон дар риштаи нақлиёти автомобилӣ кафедраи «Истифодабарии техникии автомобилҳо» соли 1964 ба ду кафедра «Нақлиёти автомобилӣ» ва «Истеҳсолот ва таъмири автомобилҳо» тақсим карда шуд.

         Аз соли 1969 то 1972 мудири ҳар ду кафедра н.и.т., дотсент Қараев Ғ.О. буд. Ин солҳо аз солҳои пурмавҷи рушди ихтисоси “Автомобил ва хоҷагиҳои автомобилӣ” ба шумор мерафт, ки н.и.т. дотсентҳо Браилчук Пётр Леонтевич, Браилчук Павел Леонтевич, дотсентҳо Қараев Ғ.О., Саттивалдиев Б.С., Алиев В.А., Эман О.Я., Таштабанов Р.А., муаллимони калон Фаттидинов Б.Р., Миронов Е.А., Гурский Г.Н., Сквортсов В.И. ва дигарон кор кардаанд.

         Солҳои баъдина мудирони кафедраи «Нақлиёти автомобилӣ» н.и.т., дотсентҳо: Алиев В.А. (1972-1985), Қаландаров А.Ҳ. (1985-1996), Ҷамолов А.А. (1996-2003); кафедраи «Истеҳсолот ва таъмири автомобилҳо»: профессор Қараев Ғ.О. (1968-1978), н.и.т., дотсентҳо: Таштабанов Р.А. (1978-1983), Тошев Х.У. (1983-1993) буданд.

         Аз соли 2003 то соли 2009 сарварии кафедраи якҷояшудаи «Истифодабарии воситаҳои нақлиёт» -ро д.и.т., профессор Турсунов А.А. ва аз соли 2009 то соли 2014 номзади илмҳои техникӣ, дотсент Абдуллоев М.А. ба ӯҳда доштанд.

 Аз соли 2014 инҷониб сарварии кафедраро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Давлатшоев Р.А. ба ӯҳда дорад.

                  Октябри соли 1968 дар ДПТ конференсияи умумииттифоқӣ баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 500 маърўзаҳо дар масъалаҳои муҳими назарияи ҳисоб ва истифодаи автомобилҳои дар шароити кўҳсор ва иқлими гарм коркунанда шунидаву муҳокима карда шуд. Дар кори конференсия олимони намоёни Иттиҳоди Шўравӣ ширкат варзиданд. Аз ҷониби олимони Тоҷикистон 23 маърўзаҳ, ки аз онҳо 15-тоаш аз кафедраи “ИТА”-и  ДПТ буд, пешниҳод гашт.

         Барои ташкили кори самаранок ва бомақсади дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар ДПТ озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ (ОИТС)-и «Автотранспорт» созмон дода шуд, ки мудири он муҳандис Гунн Яков Рафаилович буд. Бо мақсади омўзиши объективии таъсири шароити кўҳсор ба истифодабарии автомобилҳо ва коркарди талабот ба воситаи нақлиёти автомобили модификатсияи кўҳӣ дар шаҳри Душанбе дар замина ОИТС «Автотранспорт» хоҷагии автомобили таҷрибавӣ-истеҳсолии Институти марказии автомобил ва автомуҳаррик (ИМАА) дар назди МНА-1 ГСК «Таджикстрой»-и ҶТ ташкил карда шуд. Мақсади созмони муассисаи илмӣ-истеҳсолии номбурда коркарди Барномаи ҷумҳуриявии мақсадноки маҷмўавии илмӣ-техникии «Созмони таҷҳизоти назоратӣ-ташхисӣ, мукаммалкунии дастгоҳҳои системаи таъминотӣ ва иҷрои дигар чорабиниҳо бо мақсади пасткунии сатҳи хароҷоту партовҳои заҳрнок, баландбардории самаранокии автомобилҳо дар шароити баландкўҳ ва иқлими гарм» мебошад.

         Комёбиҳои бештари олимони тоҷик аз татбиқи Амалии таҷрибаҳо дар муассисаҳои нақлиёти автомобили ҷумҳурӣ, заводҳои автомобилӣ: ЗиЛ (заводи ба номи Лихачёв), ПАЗ (заводи автобубарории Павлов), Заводи карбюраторбарории Маскав ва ғайраҳо дастрас гардидааст.

         Дар кори баландбардории сатҳи илмӣ-педагогии устодони кафедра ёрии асосиро кафедраҳои ИРАМ (ДДТ) (МАДИ(ГТУ)) «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ», «Автомобилҳо», «Истифодабарии мошинҳои роҳсозӣ», «Техникаи гармо ва муҳаррикҳои автотракторӣ», ки аз тарафи олимони намоёни илму техникаи Русия роҳбарӣ мешаванд: д.и.т., профессорҳо Г.В. Крамаренко, А.Н. Островтсев, А.К. Фрумкин, Я.Е. Фаробин, А.М. Шейнин, М.С. Ховах, инчунин профессори кафедраи «Нақлиёти автомобилӣ»-и Донишгоҳи давлатии Владимир И.Н. Аринин ва дигарон расонидаанд ва мерасонанд.

Ҳоло дар кафедра 16 омӯзгори штатӣ кор карда истодаанд, 4 нафар дотсент, номзади илм мебошанд.

         Дар солҳои мавҷудияти худ кафедра ҳудуди 3500 муҳандисонро тайёр кардааст. Хатмкардагони кафедра дар соҳаи автомобилию роҳсозии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои таълимию илмӣ меҳнат менамоянд.

         Дар кафедра 1 доктор ва 13 номзадҳои илмҳои техникӣ тайёр шудаанд. Барои ҳимоя рисолаҳои номзадӣ ҳам дар чорчўбаи ДТТ ва ҳам дар макотиби олии Русия омода мешаванд.

         Профессори кафедра Турсунов Абдуқаҳҳор Абдусамадович дар давоми солҳои 2009-2014 аъзои ду Шӯрои диссертатсионӣ дар хориҷи кишвар буданд. Аз ҷониби коллективи кафедра зиёда аз 55 монография ва дастурҳои таълимӣ бароварда шудааст. Кормандони кафедра доимо натиҷаҳои корҳои илмии худро дар маҷаллаву маҷмўаҳо ба чоп омода мекунанд.

         Ду омӯзгори кафедра номзадони илм Абдуллоев М.А. ва Давлатшоев Р.А. дар курси ҳафтмоҳа дар Донишкадаи байналмилалии такмили ихтисоси шаҳри Маннҳайми Ҷумҳурии Федеролии Олмон (Internationales Institut für Berufsbildung) такмили ихтисос намуда, аз мактаби бузурги автомобилсозӣ ва нигоҳубини техникии автомобил баҳравар шуданд. Дар рафти такмили ихтисос онҳо ҳамчунин аз корхонаҳои бузурги автомобилсозии Олмон ба мисли „Mercedes“, „Audi“ ва „Volkswagen“ дидан карда бо технологияи навтарини истеҳсоли автомобилҳои ҳозирзамон шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар рафти раванди таълим устодони кафедра корҳои илмӣ ва таълимӣ-методӣ мебаранд. Тадқиқоти илмии кормандони кафедра аз рўи равияи «Баландбардории эътимоднокии истифодабарӣ ва коркарди методологияи хусусиятҳои мутобиқкунии автомобилҳо дар шароити кўҳсор» бурда мешавад.

         Дар айни замон кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои “Автомобил ва хоҷагиҳои автомобилӣ”, “Истифодабарии техникии автомобилҳо” , “Ташкили ҳаракат дар роҳ” ва “Таълимоти касбӣ” омода месозад.  

         Ҳоло дар кафедра 6 нафар номзади илм, 7 нафар омӯзгори калон, 5 нафар ассистент ва 1 нафар устоди коромӯз кор карда истодаанд.