Кафедраи "Бехатарии фаъолияти инсон ва Экология"
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)

     Ҳанўз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта системаи идоракунии бехатарии меҳнат ва экология ба тағйироти куллӣ эҳтиёҷ дошт. Ин ҳолат барои пайдоиши фанни сифатан нав - «Бехатарии фаъолияти инсон (БФИ - БЖД)» заминаи мусоиде фароҳам овард.   

            1. Асосҳои назарявии БФИ 

            2. Бехатарии фаъолият дар истеҳсолот 

            3. Муҳофизати муҳити зист 

            4. Таъмини бехатарӣ ва муҳофизат дар ҳолатҳои фавқулодда 

     Аз ин лиҳоз соли 1991 дар қатори Омўзишгоҳи Олии техникии Москва ба номи В. Бауман (МВТУ) ва Донишкадаи техникии ҷангали  Ленинград ба номи С.М. Киров (ЛЛТИ) дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон низ кафедраи БФИ кушода шуд, ки асосгузор ва мудири аввалини он  доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҳмадшариф Маҳмудович Ҳақдодов буданд.    Қобили қайд аст, ки барои арзи вуҷуд намудани кафедра аз ҷониби олимони маъруф ва шахсиятҳои шинохтаи  собиқ Иттиҳоди Шуравӣ докторони илмҳои техникӣ, профессорон Белов С.В. (МВТУ ба номи В. Бауман ): Русак О.В. (ЛЛТИ ба номи С.М. Киров) ва Бринза В.Н. (МИСиС) дастгирии беғаразона ва тақризҳои мусбат гирифта шуд.

    Тули солҳои зиёд омўзиши қисмҳои таркибии фанни  БФИ-ро дар мактабҳои миёна сар карданд. Вобаста ба тайёрии бисёрзинагии мутахассисон, бехатарии экологӣ, ҳамчун курси умумии экология дар сикли Фаннҳои умумитаълимӣ (ФУ) инъикос гардид ва худи курси фанни БФИ бошад дар нақшаҳои таълимии самтҳо ва тахассусҳо дар сикли фаннҳои умумитахассуси (УТ), бо ихтисори соатҳои таълимӣ то як семестр, ҷой дода шуд. Аз ин лиҳоз, аз соли 1998 инҷониб кафедра «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» ном гирифт. 

      Бо дар назардошти афзуншавии олоиши муҳити атроф ва касифшавии захираҳои табиат дар кишвар тавассути  зиёдшавии омилҳои антропогенӣ ва бо мақсади пешгирию идораи вазъи муҳити зист соли 2003 дар кафедра тайёр намудани мутахассисон аз рўи равияи 656600 – Ҳифзи муҳити зист  тахассуси 330200 – «Ҳимояи муҳандисии муҳити зист» сар шуд.

     Қабули  аввали донишҷўён аз 5 нафар иборат буд ва то имрўз зиёда аз 86 нафар мутахассисони «Инженер-эколог» тайёр карда шуда ба истеҳсолот равона шудаанд. Донишҷўён таҷрибаомўзии шиносоӣ ва истеҳсолиро дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд. Таҷриба нишон дод, тайёр намудани мутахассисони ин соҳаро дар сатҳи баланди илмӣ-техникӣ ба анҷом расонидан имконпазир аст                 

      Дар доираи Созишномаи байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва лоиҳаи Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид/Хазинаи глобалии экологӣ  дар назди кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» моҳи апрели соли 2010 «Маркази маърифати экологӣ ва рушди устувор кушода шуд.

    Дар шароити нави рушди иқтисодии кишварамон аъзоёни кафедра, анъанаҳои устодони пешинаро давом дода, ба такмили раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи тайёр намудани мутахассисони ҷавон, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотие, ки ба баланд бардоштани сифати кадрҳои илмӣ мусоидат менамоянд, аҳамияти калон медиҳанд.

    Дар солҳои гуногун кафедраро роҳбарӣ намудаанд: профессорон Ҳақдодов М.М., Кобулиев З.В., (Салимов Т.О.), дотсентон Саидов Р.Ҳ., Абдуллоев С.,Гулаҳмадов Ҳ.Ш., Шералиев М.У.

   Ҳоло кафедраро дотсент Идиев М.Т.роҳбарӣ менамояд.