Кафедраи «Асосҳои назарияи радиотехника ва электротехника»
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)

 Кафедра аз моҳи августи соли 1957 дар назди кафедраи физикаи донишгоҳ тавлид ёфт. Соли 1959 пас аз ду сол фаъолияташ  кафедра мустақил гашт ва онро муаллими калон Форостиян Дмитрий Григоревич мувақатан сарварӣ мекард, ки аъзоёни кафедра инҳо буданд: 

Гуртовая  Е.В., Усейнов  А.А., Нарзиқулова   С.А.,  Икромов  Р.З.  ва  Бабков  И.С.

Барои ташаккул ёфтани кафедра мактабҳои олии Россия ёрии калони моддӣ ва методӣ расониданд (МЭИ, ЛЭТИ).

Аз соли 1960 то 1965 аввалин мудири кафедра Гуртовая Елена Василевна таъин шуда буд. Дар марҳилаи аввал кафедра бо чор озмоишгоҳи таълимӣ, дастурҳои методӣ ва бо афзорҳои лозима таъмин гардида буд.

Аз соли 1965 то ноябри соли 1973 кафедраро номзади илми техника, дотсент  Икромов  Рустам  Зиёевич сарварӣ кард. Дар ин муддат корҳои илмӣ дар кафедра оғоз ёфт ва аввалин маротиба корҳои илмӣ-тадқиқотии шартномавӣ ва ихтиро корӣ иҷро мешуданд. Ғайр аз ин дар таҳти роҳбарии Икромов Р.З.  чор нафар аъзоёни кафедра рисолаи номзадиашонро дифоъ намуданд:  Абулфат  А.Х., Абдураҳмонов  А.Я., Разоқов  А., Холиқов  А.

Аз декабри соли 1973 то январи соли 1986 кафедраро номзади илми техника дотсент Абулфат Александр Ҳоҷидович сарварӣ намуд. Кафедра бисёр муваффақиятҳои илмиро ба даст даровард, натиҷаҳои корҳои илмӣ дар конференсияҳо ва намоишгоҳҳои  иттифоқӣ ва байналмиллалӣ пешниҳод шуданд ва ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар соли 1973 дар кафедра стендҳои илмӣ-тадқиқотиро кор карда баромаданд, ки ин барои ташхис намудани муҳарикҳои автомобил истифода бурда мешуд.  Ин стендро дар намоишгоҳи байналмиллалии «Экспо-73» дар ш.Маскав намоиш доданд ва он бо дипломи дараҷаи якум қадр гардонида шуд.

Аз феврали соли 1986 то декабри соли 1994 кафедраро дотсент, номзади илмҳои техникӣ Раҳмонов Охунбобо  Сайфиддинович сарварӣ кард. Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқоти оиди бехатарии барқ, таҳти роҳбарии номзади илми техника, дотсент  Шаякберов Ниёз Шокирович васеъ карда шудаанд.

Аз соли 1994 то 2002 кафедраро номзади илмҳои техникӣ Ҷалилов Рустам Абдуҳомидович сарвари намудаанд. Дар ин солҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати мутахасисони соҳаи радиоалоқа ва телекомуникасия танқисӣ мекашид. Дар базаи факултети энергетикӣ ихтисоси нав «Радиотехника» кушода шуд. Номи кафедраро ба номи «Асосҳои назарияи радиотехника ва электротехника» (АНР ва Э) иваз намуданд.

Дар кафедра даври нави кор сар шуд, ки вай ба кафедраи хатмкунандаи донишҷўён мубаддал гашт. Дар ташкили раванди таълим аз ихтисоси «Радиотехника» як қатор фанҳои дарсиро аз худ намудан, Озмоишгоҳҳои навро ташкил ва чиҳозониданд, бо маводҳои таълимию методии нав кор карда баромадан таъмин кардан лозим буд. Ҳамаи ин корҳо ба дўши дотсенти кафедра Масуми Фаррух Носирҷонович ва аъзоёни кафедра вобаста карда шуд. Кафедра моҳи феврали соли 2002 дорои компютерҳои аввалин шуд. Дар базаи онҳо озмоишгоҳи компютерӣ ташкил ёфт. Бо ҳамроҳии донишҷўён ва дипломантҳо як чанд озмоишгоҳҳо: Антенна ва сохтори фидерӣ, сохти генераторҳо ва сохти гирандаҳо ва ғайраро ҷиҳозонида шудаанд.

Аз соли 2002 то 2011 кафедраро  номзади илмҳои техникӣ, дотсент Икромов Рустам Зиёевич сарварӣ намуданд. Солҳои 2011-2015 сарварии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои техникӣ, дотсент Муҳиддинов Қиёмуддин Сайфуддинович афтод. Соли 2015-2016 кафедраро номзади илмҳои техникӣ Назиров Хуршед Бобоҳоҷиевич сарварӣ намудааст.

Айни ҳол бошад сарварии кафедраро номзади илмҳои техникӣ Исмоилов Саидҷон Туронович ба ӯҳда дорад.

Дар хоҷагии халқ то имрўз зиёда аз 170 нафар хатмкунандагон аз рўи  ихтисоси муҳандиси радио бо муваффақият кор карда истодаанд. Ҳамкорӣ бо Вазорати ҳолатҳои Фавқулодаи Тоҷикистон элементҳои компютерии радиоалоқа ва антеннаҳои нав дар маркази Помир сохта, тадқиқот гузаронида ба истифода супориданд. (Роҳбар Масумӣ Ф.Н.) Аъзоёни кафедра зиёда аз 50 адад корҳои ихтирокорӣ ва 60 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ методиро гузаронида, ин корҳоро ба раванди таълим ва ба хоҷагии халқ татбиқ намуданд.

Муаллимони ҷавони кафедра Нигматова Ш.М. ва Потапов  В.В.,  бо иштироки худ дар озмуни барои олимони ҷавон дар соли 2005 ташкил шуда ба ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника сазовор дониста шуданд.