ФЭ

ДЕКАН

ҶАЛИЛОВ РУСТАМ АБДУҲАМИДОВИЧ

номзади илмҳои техникӣ
дотсент

Ҷонишини декан оид ба таълим

Насридинов Абубакр Саидқулович

номзади илмҳои техникӣ
и.в.дотсент

Ҷонишини декан оид ба илм ва кор бо донишҷуёни шартномавӣ

Қосимов Улуғбек Умриевич

номзади илмҳои техникӣ
и.в.дотсент

Ҷонишини декан оид ба тарбия

Содиқов Махсадулло Ҳайдарович


муаллими калон

Танзимгар

Ғоибназарова Зарина Мирзониҳоловна


Факултети Энергетикӣ САРВАРӢ КАРДААНД ИХТИСОСҲО Хатмкардаҳои факултет ТАМОС

Факултети Энергетикӣ факултети калонтарини донишгоҳ буда, аз рӯзи ташкилёбии он арзи вуҷуд дорад. Дар соли 1956 дар факултет 50 донишҷӯ аз рӯи 2 ихтисос: – «Электрикунонии муассисаҳои саноатӣ ва дастгоҳҳо» ва «Теплоэнергетикаи саноатӣ» қабул шуда буд. Дар соли 1958 ба ҷойи ихтисоси «Теплоэнергетикаи саноатӣ» ихтисосҳои «Нерӯгоҳҳои электрикӣ» ворид карда шуд.

Аз соли 1961 дар факултет барои тайёр намудани муҳандисон аз рӯи ихтисоси «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва автоматикунонии дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ» сар шуда, аз соли 1964–барои тайёр намудани муҳандисон аз рӯи ихтисоси «Электротаъминкунии муассисаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии қишлоқ» кор оғоз ёфт.

Минбаъд, мутобиқи талаботи хоҷагии халқ дар факутет ихтисосҳои нав, ба монанди: “Гидроэлектроэнергетика” (1992), “Радиотехника” (1994), “Энергетикаи ҳароратии саноатӣ” (2003), “Ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системаҳои электроэнергетикӣ” (2003), “Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ” (2012), кушода шуданд. Соли 2015 ихтисосҳои “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)”  ва “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (алоқа)”  ба қатори ихтисосҳои факултет гузаронида шуданд.

Дар солҳои мавҷудияташ факултетро зиёда аз 9000 ихтисосмандон хатм намуда, дар вазифаҳои гуногуни Вазорату корхонаҳо, мақомотҳои сиёсию қонунбарории Ҷумҳурӣ, ба монанди Вазорати энергетика, Вазорати алоқа, ШСХК «Барқи тоҷик», ҶСК «Телеком», ҶМК «Телерадиоком», КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва ғайра бомуваффақият адои хизмат доранд. Хатмкунандагони факултет дар хориҷи наздику дур ба монанди Федератсияи Руссия, Узбекистон, ШМА, Олмон, Шветсия, Британия, Зеландияи Нав, Италия ва ғайра низ дифои вазифа доранд.

Шаҳрвандони хориҷӣ низ факултетро хатм намуда, бомуваффақият дар Афғонистон, Лаос, Ҳиндустон, Банглодеш, Непал, Сурия, Мозамбик ва ғайра кор карда истодаанд.

Имрўз дар факултет 7 кафедра: «Физика», «Неругоҳҳои электрикӣ», «Электротаъминкунӣ», «Асосҳои назарияи радио ва электротехника», «Техникаи гармо ва таҷҳизотҳои гармидиҳӣ», «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ», «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот» фаъолият доранд.

Дар айни ҳол дар факултет зиёда  1300 нафар донишҷўёни шуъбаи рўзона, 82 нафар магистрон ва зиёда аз 350 нафар донишҷўёни шуъбаи ѓоибона ва фосилавӣ таҳсил доранд. Раванди таълим аз тарафи  76 нафар устодон, аз он ҷумла 1 доктор ва 33 номзадони илм таъмин карда мешавад.

Факултети Энергетикӣ дар тайёр ва ҷорӣ намудани услубҳои нави иноватсионӣ, татбиқи техникаи ҳисоббарор, ташкилу гузаронидани раванди таълим ҳамавақт мавқеи пешқадамро ишғол менамояд.

Озмоишгоҳҳои кафедраҳои факултет бо ҳама гуна таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳаз гардонида шуда, доимо азнавсозии таҷҳизотҳои озмоишии мавҷуда ва ба роҳ мондани корҳои озмоишии нав кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд. Инчунин гузаронидани корҳои озмоишии виртуалӣ низ васеъ ба роҳ монда шудааст.

Дар кафедраҳои факултет аз рўи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти   Ҷумуриявӣ дошта, таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои сарфаҷўии энергия, таҳқиқи реҷаи кории таҷҳизотҳои электрӣ, элементҳои панелҳои офтобӣ, дастгоҳҳои бодӣ ва НБО дар шароити баландкўҳ, манбаҳои худмухтори хурди энергетикӣ, тадқиқи самаранокии техникӣ ва иқтисодии гузаронидани системаҳои гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм тавассути қувваи электр, тадқиқоти хосиятҳои теплофизикии маводҳои гуногун, таҳлили реҷаҳои кории системаҳои энергетикӣ, физикаи плазма, муҳитҳои конденсиронӣ, нимноқилҳо гузаронида мешаванд.

Дар солҳои гуногун сарварии факултетро Бреев В.Н., Бобоев Т.Б., Томилин С.В., Барышникова Т.А., Купайи Д.Г., Икромов Р.З., Содиқов Х.Р., Иноятов М.Б., Раҳимов О.С., Додхудоев М.Д., Улмасов Х.У., Ҷалилов Р.А., Салимов Т.О., Икромов М., Сангаков М.Ғ. ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи феврали соли 2013 то имрӯз факултетро дотсент Ҷалилов Р.А. сарварӣ менамоянд.

Вобаста ба талаботи иқтисодиёт ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти энергетика ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт имрўз факултет мутахассисонро (бакалавр, магистр) аз рўи 10 ихтисос тайёр менамояд: 

Ихтисосҳо

Кафедра

1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ;

Нерӯгоҳҳои электрикӣ

1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ѓайрианъанавии энергия;

Нерӯгоҳҳои электрикӣ

1-430102- Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ;

Электротаъминкунӣ

1-430103 – Таъмини барқ (аз рўи соҳаҳо);

Электротаъминкунӣ

1-530104 -03 – Автоматика ва ҳифзи релеи дастгоҳҳои электроэнергетикӣ;

Электротаъминкунӣ

1-530105 – Автоматонии  ҳаракатоварҳои  барқӣ;

Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ

1-390101 – Радиотехника;

Асосҳои назариявии радио ва электротехника

1-430105 –Энергетикаи  ҳароратии  саноатӣ;

Техникаи гармо ва таҷҳизотҳои гармидиҳӣ

1-270101-10 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика);

Иқтисодиёт ва идоракуни дар истеҳсолот

1-270101-12 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (алоқа).

Иқтисодиёт ва идоракуни дар истеҳсолот

Хатмкунандагони факултет дар тараққӣ ёфтани иқтисодиёти кишвар саҳми босазои худро гузоштаанд ва гузошта истодаанд. Дар байни хатмкунандагони солҳои гуногун кормандони масъули давлатӣ, раҳбарони комплексҳои сохтмонҳои энергетикӣ, коркунони илмӣ, устодони мактабҳои олӣ ба монандӣ: Ашуров С.А., Умаров А.К., Содиқов Х.Р., Чекалин В.Г., Рагозин А.А., Аҳророва А.Д., Розиқов В.А., Шабдолов Ш.Д., Мусоева Р.Г., Ёров А.Ё., Қурбонов Р.У., Исупов Ф.А., Ниёзов А.Н., Хушов Ш.С., Хошмухамедова Р.Ю., Самиев Ш.Ҳ., Бобоҷонов М.Б., Қаюмов Г.А., Бобоев С.Х., Халилов Ш., Муминов Б., Бобосаидов М. ва дигарон шарафмандона адои хизмат менамоянд.

Нишонии факутет: 734025 ш. Душанбе,  хиёбони акад. Раҷабовҳо 10, бинои таълимии  асосӣ

Тел: 227- 04 – 49  e.mail- fenergetiki@mail.ru         

декан Ҷалилов Рустам Абдуҳамидович, н.и.т.

227-04-49

ҷонишини декан Насридинов Абубакр Саидқулович, н.и.т.

 

227-04-49

ҷонишини декан Қосимов Улуғбек Умриевич н.и.т.

 

227-04-49

ҷонишини декан Содиқов Махсатулло Ҳайдарович ,

 

227-04-49

танзимгар Ғоибназарова Зарина Мирзониҳоловна

 

227-04-49

Котиб коргузор Пулатова Дилноза Бахтиёровна