Кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ»
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)
Таърих Омодасозӣ Фаъолияти илмӣ ва хориҷӣ КОРҲОИ МЕТОДӢ Раванди тарбия

               Кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ» -и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ яке аз кафедраҳои калонтарини донишгоҳ буда, аз ибтидои ташкилёбии он ҳамчун кафедраи «Нерўгоҳҳои барқ, шабакаҳо ва системаҳо» арзи вуҷуд дорад. Тайёр намудани муҳандисон аз соли 1958 оғоз шуда, бо теъдоди 50 нафар донишҷўён аз рўи 2 ихтисос: – «Электрикунонии муассисаҳои саноатӣ ва дастгоҳҳо» ва «Энергетикаи ҳароратии саноатӣ» қабул шуда буданд. Тайёр намудани мутахассисон барои корхонаҳои системаи энергетикӣ аз ҷумлаи шабакаҳои барқӣ ва нерўгоҳҳои барқӣ дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, аз рўи ихтисосҳои 0301 – «Нерўгоҳҳои электрикӣ», 1002 – «Шабакаҳо ва системаҳои электрикӣ» ва 0303 «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ» оғоз шуда, мудирии кафедраро дотсент Щежин В. Т. ба уҳда дошт.

               Дар таъсисёбии кафедра мутахассисон ва хатмкунандагони якқатор мактабҳои олии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз он ҷумла: Донишкадаи политехникии Киев, Донишкадаи энергетикии Москва, Донишгоҳи электротехникии Ленинград ва дигарҳо саҳми калон гузоштаанд.

             Дар ин давраҳо устодон ва кормандон Щежин В. Т., Иноятов М.Б., Давлатшоев Д.Д., Додхудоев М.Д., Горбачев Г.Ф., Хакел М.Я., Мадусманов А.М., Сенько Г.М., Помогаева С.Г., Закиров А.М., Горбачев Г.Ф., Очилова Ф.Х., Саидов У.О., Сабанов В.А., В. Заслявский, Иброгимов М., Кащавцев И.В., Сулаймонов Қ., Рўзиев Ҳ., Балаев М.А., Маҷидов М., Низомиддинов Ф., Файзуллоев М.М., дар кафедра фаъолият намуда, дар таъмини раванди ҷараёни таълим саҳми арзандае гузоштаанд. (ФОТО пап.1)

           Дар ин давраҳо дотсентон Усмонов Х.М. (с. 1969-1986), Мадусмонов А. (с.1986-1991), Яҳъёев Р.М. (с. 1991-1997), профессор Сафаров М.М. (с. 1999-2000), и.в. профессор Иноятов М.Б. (с.2000-2012) кафедраро сарварӣ кардаанд. Аз соли 2012 то имрўз мудирии кафедраро Қасобов Л.С. ба уҳда дорад. 


                Нақши муҳандис дар ҷомеаи тараққикарда бузург буда, пешравии тамаддун дар наздашон масъалаҳои наверо мегузорад, ки сатҳи донишу малакаи баланди ихтисосиро талабад менамояд. Барои ҳамин ҳам бо мурури вақт муҳандисон на фақат дар пайи иҷрои барномаҳои рўз, ҳамчунин бояд ба касбу меҳнаташон эҷодкорона муносибат дошта бошанд, чунки боз ҳам баландтар шудани нақши онҳо пешбинӣ шудааст.

Дар шароити муосир, ки мамлакатҳои дорои иқтисодиёти пешрафта нақшаи истифодаи васеи нанотехнологияро дар истеҳсолот доранд, нақши муҳандис масъулиятноктар ва эҷодкоронатар шуда, маънои ибтидоиашро соҳиб мешавад (яъне эҷодкор, ихтирокор).

Вобаста ба талаботи иқтисодиёт ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти энергетика ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт имрўз кафедра бакалаврҳо ва магистрҳоро аз рўи ихтисосҳои: 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ ва 1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия тайёр менамояд.

Ҳама сола кафедраро зиёда аз 150 нафар донишҷўён хатм менамоянд. То имрўз зиёда аз 2500 муҳандиси соҳаи энергетика кафедраи неругоҳҳои электрикиро хатм намудаанд, ки имрўз дар самтҳои гуногуни ҷомеъа кор ва фаъолият менамоянд.

 Ба ҳоли ҳозир раванди таълим аз тарафи  14 –то устодони штатӣ ва ҳамкор таъмин карда мешавад. Ҳамасола кормандонии таҷрибаи бойи истеҳсолӣ дошта аз ШСХК «Барқи тоҷик», «Маркази гармию барқ», «Шабакаҳои барқии марказӣ», «Шабакаҳои барқии ш. Душанбе» ва Институтҳои лоиҳакашӣ тариқи ҳамкорӣ ба фаъолияти педагогӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

 

         Устодон ва кормандони кафедра дар конференсия, симпозиум ва семинарҳои илмӣ маърўза намуда, зиёда аз 500 адад мақола, аз ҷумла зиёда аз 50 адад дар журналҳои аз ҷониби комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) Россия эътироф гардида, ба чоп расонида, дар мактаби олимони ҷавони давлатҳои аъзои СҲШ (ш. Москва, солҳои 2010-2014); конференсияи байналмиллалӣ дар Донишгоҳи давлатии техникии Белоруссия (с.2013); форуми минтақавӣ доир ба истифодаи боъэтимоди захираҳои энергетикии Осиёи Миёна (Қазоқистон с.2012); Семинарҳои илмии Донишгоҳи шаҳри Осака (Ҷопон с.2012); Сессияи инноватсионии байналмилалии ҷавонон (ш. Москва с. 2010); Намоишгоҳҳо ва конференсияҳои умуми Руссиягӣ (ш. Томск ва Новосибирск с. 2007-2016) фаъолона иштирок намуда, имрўз низ дар ин самт фаъолияти пурсамар доранд. 

Пайваста бо алоқамандии зарурати истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ, омўзиши онҳо ва дар ин самт таҳия намудани барнома ва китобҳои дарсӣ, иҷрои корҳои илмӣ ва амалисозии он дар истеҳсолот омўзгорони кафедра Қасобов Л.С., Қосимов У.У.,  Ғаниев З.С., Қирғизов А.Қ. ва Исмоилов С.Т. дар давлатҳои Ҷопон, Чин, Миср, Россия ва Қазоқистон курсҳои бозомўзиро гузаштанд.

Омўзгорони кафедра мунтазам дар намоишгоҳ ва семинарҳои байналмиллалӣ дар мавзўҳои “Паст намудани талафоти энергияи электрикӣ”, “Реҷаи кори системаи энергетикӣ”, “Энергияи сабз” ва “Истифодаи панелҳои офтобӣ ва лампаҳои каммасраф” иширок намуда, бо равандҳои инноватсионии ин соҳа хубтар шинос мегарданд.

Пешравиҳои илму техника дар натиҷаи заҳмати ҳаррўзаи кормандони соҳаҳои гуногун ба вуҷуд омада, дар якҷоягӣ асоси ҷаҳиши инқилобии техникӣ мешавад, ки нишони он тағйирёбии куллии воситаҳои истеҳсолот ва технология мебошад.

Ёдовар мешавем, ки саҳми устодони кафедра дар рушди соҳаи энергетикаи Ватанӣ чашмрас буда, барои дастовардҳои соҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор унвону орден, ҷоизаву ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шудаанд. Устодон Иноятов М.Б. бо унвони корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо Ордени Дўстӣ; Қасобов Л.С. бо Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ дар соҳаи илмҳои техникӣ, бо Ифтихорнамои Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ва як қатор диплому раҳматномаҳои макотиби олии Федератсияи Россия ва ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Давлатшоев Д.Д. бо Ифтихорномаҳо ва  раҳматномаҳои Институти политехникии Тоҷикистон, Хадамоти назорат дар соҳаи энергетика, ШСХК «Барқи тоҷик» ва КВД «Нурофар», Қосимов У.У. бо  Ифтихорномаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, Қирғизов А.Қ. бо Ифтихорномаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони маорифи Тоҷикистон, Исмоилов С.Т. ва Пирова Ш.Ҳ. бо ифтихорнома сипосномаҳои ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ сарфароз гардидаанд.

Устодони кафедра Султонов Ш.М., Аҳёев Ҷ.С. ва Раҳимов ҶМ. бо дипломҳои дараҷаи I ва II -и  кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Дар баробари ин донишҷўён бо роҳбарии устодон дар корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ фаъолона иштирок намуда, бо натиҷаҳои бадастоварда дар маҳфилу семинарҳои илмӣ, озмунҳои гуногуни эҷодии ҷавонон дар тамоми сатҳҳо фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. 

Сифати баланди корҳои илмии донишҷўён, дар конфронсҳои илмии Ҷумҳуриявӣ ва Донишгоҳӣ муҳокима карда шуда, донишҷўён Ҷаборов, Холов Н., Раҷабов Ҷ.Ш., Қурбонов К.А., Одинаев Ф., Маҳмудов К.А., Ғашбекова Ш., Устоева Н. ва дигарон бо Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулию молӣ дар сатҳи Ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Дар тўли чанд соли охир кафедра бо макотиби олии Федератсияи Россия алоқаи устуворро доир ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ – педагогӣ барқарор намуда, омўзгорони ҷавон Султонов Ш.М., Мамадҷонов Ф.Д., Аҳёев Ҷ.С., Раҳимов Ф.М., Раҳимов Ҷ.Б., Хуҷасаидов Ҷ.Х. ва Ҳасанзода Насрулло барои таҳсил дар аспирантура ба донишгоҳи энергетикии Москва, донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск, донишгоҳи давлатии политехникии ш. Новочеркаск ба номи М.И. Платов ва донишгоҳи федералии Шарқи Дури (шаҳри Владивосток) Федератсияи Россия фиристода шуданд, ки тадқиқи корҳои илмии онҳо ба равандҳои инноватсионӣ пайваста мебошанд.

Дар ин давраҳо кафедра ҷиҳати бо усулҳои инноватсионии таълим беҳтар намудани фаъолияти илмии омўзгорони ҷавон ва донишҷўён ҳамкориро бо олимони машҳури донишгоҳҳои Россия ба роҳ монда, се маротиба олимон аз донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск профессорон Фишов А.Г., Манусов В.З., Сидоркин Ю.М. ва Секретарёв Ю.А.,  аз донишгоҳи давлатии техникии Киев профессор Прокопенко В. ва аз донишгоҳи Федералии Урал ба номи Президенти аввалини Россия Б.Н. Елцин дотсент Велкин В.И. барои хондани лексия даъват карда шуданд. 

Пайваста ба ин се кас аз хатмкунандагони кафедра дар зинаи магистратура дар Давлати Олмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз соли 2014 сар карда, дар назди кафедра шуъбаи магистратура кушода шуд, ки дар он донишҷўёни бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, барои идомаи таҳсил ҷалб карда мешаванд.

Соли 2015 барномаи таълимии тайёр намудани магистратура аз рўи ихтисоси 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ аз аккредитатсияи касбӣ - ҷамъиятии Ассотсиатсияи маълумоти муҳандисии Федератсияи Россия гузашта, соҳиби сертификати аккредитатсияи байналмиллалӣ ва нишони сифати EUR-ACE гардид, ки аз тарафи 14 давлати Аврупо ба монанди Олмон, Италия, Британияи Кабир, Фаронса, Испания, Бельгия ва як қатори дигар давлатҳо ин барнома эътироф гардидааст. Барномаи аккредитатсияшуда, ба рўйхати (феҳрасти) умумиаврупоии барномаҳои аккредитатсияшудаи муҳандисии шабакаи Аврупоӣ дар соҳаи таълимоти муҳандисии ENAEE дохил шудааст.

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ҳамасола донишҷўёну магистрҳои кафедра ҷиҳати давом додани таҳсил ба макотиби олии шаҳрҳои Москва, Санкт – Петрбург, Новосибирск ва Екатеринбург равона карда мешаванд.

Шаҳодатномаҳои муаллифӣ

Аз тарафи н.и.т., ассистенти кафедра Исмоилов С.Т. дар ҳаммуаллифӣ бо д.и.т., профессори донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск Фишов А.Г. барои ихтирои “Танзими шиддат дар шабакаҳои тақсимотӣ” патент ва аз тарафи профессори кафедра Иноятов М.Б. гувоҳнома барои ихтирои “Дастгоҳ барои тадқиқи вобастагии электргузаронии металлҳо ва хўлаҳо аз ҳарорат” гирифта шудааст.

Ҳамкориҳои кафедра бо истеҳсолот

 Вобаста ба рушди соҳаи энергетикаи ватанӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар системаи энергетикӣ кафедра аз рўи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти ҷумуриявӣ дошта, таҳқиқотҳои илмиро доир ба: таҳқиқи реҷаҳои кории таҷҳизоти электрикӣ, таҳлили реҷаҳои кории системаҳои энергетикӣ, элементҳои панелҳои офтобӣ, дастгоҳҳои бодӣ ва НБО дар шароити баландкўҳ  иҷро менамоянд.

Бо фармоиши ШСХК “Барқи тоҷик” кафедра аз рўи мавзўи «Таҳқиқи реҷаи кории силсиланерўгоҳҳои барқию обии Вахш ва Қайроққум» ва мавзуи фармоишии буҷавӣ доир ба «Коркард ва тадқиқоти дастгоҳҳои тавоноии хурди энергетикии офтобӣ»  кори тадқиқотиро иҷро намуда, онро идома дода истодааст.

Кафедра бо корхонаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ ва ШСХК “Барқи тоҷик” ҳамкориро ҷиҳати гузаштани таҷрибаомўзӣ ва шиносоии донишҷўён аз корхонаҳо васеъ ба роҳ монда, ҳамасола донишҷўён ба НБО Норак, Бойғозӣ, Силсилаи НБО дарёи Вахш ва Варзоб, НБО Қайроққум, НБО Сангтуда 1, МГБ ш. Душанбе, ШБ Ҷанубӣ, ШБ минтақаи Кулоб, ШБ Ленинобод ва амсоли он барои гузаштани таҷрибаомўзӣ равона карда мешаванд. 

Ҳамзамон кафедра бо Институти Физикаю техникаи ба номи С.Умарови АИ ҶТ дар самти “Манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия” ҳамкории судманд дорад.

Аъзо – корреспондентони Академияи муҳандисии Тоҷикистон Давлатшоев Д.Д. ва Қасобов Л.С. бо Академияи муҳандисии Тоҷикистон, КВД Ҷумҳуриявии Пажўҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар», ва Ширкати алюминии тоҷик ҳамкории муфид доранд.



          Дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва дастрасии донишҷўён ба адабиёти техникӣ ба забони давлатӣ омўзгорони кафедра кўшиш намудаанд, ки то имрўз як чанд китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методиро бо забони давлатӣ таҳия намоянд. Ҳамзамон маводҳои лексионӣ ва дастурҳои методӣ доир ба иҷрои кор ва лоиҳаҳои дипломӣ, курсӣ ва гузаронидани корҳои озмоишӣ бо забони русӣ таҳия ва чоп шудаанд. Адади китобҳои дарсӣ ва маводҳои методие, ки аз тарафи устодони кафедра чоп шудаанд зиёда аз 35 номгўйро ташкил медиҳад, ки аз ин 5 китоби дарсӣ бо забони давлатӣ буда, ба 2 адад бо тавсияи Қарори мушовараи ВМ ва ИҶТ ба чоп иҷозат дода шудааст.

 Таъмини моддӣ – техникӣ

Кафедра дорои синфхонаҳои озмоишии:

а) равандҳои гузариш дар системаҳои энергетикӣ;

б) муҳофизати релеӣ ва автоматика;

в) оиқкорӣ ва фузуншиддатӣ;

г) қисми электрикии нерўгоҳҳо ва зернерўгоҳҳои барқӣ;

д) манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия;

е) синфхонаи компютерӣ буда, қисми зиёди озмоишгоҳҳо бо мизлавҳаҳои (стендҳои) замонавӣ таъмин гардидаанд.

 Дар баробари ин донишҷўён як чанд мизлавҳа (стенд) ва амсилаи (макет) худсозро барои гузаронидани кори озмоишӣ ба роҳ мондаанд, ки бархе аз онҳо аз тарафи устодони Донишгоҳҳои ш. Новосибирск, Томск ва Красноярскии Россия баҳои баланд гирифтаанд.  


          Таъсири энергетика ба инкишофи фарҳангу маънавиёт хело бузург буда, аз равшанӣ ва гармие, ки энергетика фароҳам меоварад, сатҳи дониши мактабиён, оромиву роҳати кудакону пиронсолон, муваффақияти истеҳсоливу иҷтимоии мамлакат вобастагии амиқу васеъ дорад. Киловатт*соат, килоҷоул ва ё килокалория энергияи додашуда дар худ қувваи зиндагӣ, қувва ва ғановати андешаву эҳсосоти замонаро таҷассум менамояд. Таъминот бо энергия имконият медиҳад, ки одам техникаи навро эҷодкорона ба вуҷуд оварда, машғули илм, санъат, адабиёт ва ҳамаи он чизе шавад, ки дар якҷоягӣ фарҳанг ном дорад.

Устодон баҳри тарбияи ахлоқии насли наврас мунтазам кўшиш ба харҷ дода, бо маҷаллаи “Муҳандиси ҷавон” ҳамкории зич доранд ва мақолаҳои тарбиявиашон пайваста дар ин маҷалла рўи чоп меояд. Раванди тарбия мувофиқи талаботи низомнома ва оинномаҳои ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва ВМ ва ИҶТ ба роҳ монда шуда, дар ин самт устодон ва донишҷўёни кафедра фаъолона дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ – тарбиявии донишгоҳӣ ва дар сатҳи шаҳру, ҷумҳурӣ баргузормешуда иштирок мекунанд. Дар кафедра соатҳои кураторӣ барои курсҳои 1 –ум ва 2 –юм ба нақша гирифта шуда, дар ин дарсҳо асарҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ, маърўзаҳо, баромадҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Паёми он кас ба Маҷлиси миллӣ ба донишҷўён омўзонида мешавад. Омўзиши маърўзаҳо ва асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гурўҳҳои академӣ пурсамар ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра омўзгорон аз Паёми ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ, китобу асарҳои тарбиявии Президенти кишвар дар дарсҳои тарбиявӣ васеъ истифода мебаранд. Дар баробари ин нақшаю чорабиниҳое, ки аз тарафи раёсати донишгоҳ ва факултет пешбинӣ шудааст, мунтазам мавриди иҷро ва муҳокима қарор дода мешавад. 

Омўзгорон ва донишҷўёни кафедра дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатӣ фаъолона ширкат намуда, ғолиби озмунҳо мегарданд.

Имрўз ва фардо низ устодон мунтазам баҳри афзун намудани сатҳи дониши донишҷўён талош намуда, тамоми кўшишу маҳорати хешро баҳри ободии ватани азизамон Тоҷикистон равона карда, ба пешрафти илму маориф, фарҳанги техникиву технолигияи замонавӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон саҳми худро хоҳанд гузошт.