Кафедраи "Фанҳои Ҷомеъашиносӣ"
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)
ФАЪОЛИЯТ

                                              Таърихи кафедра

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ соли 2000-ум дар асоси муттаҳид  намудани кафедраҳои  Фалсафа, Сиёсатшиносӣ ва Таърихи халқи тоҷик таъсис ёфт. Пас аз муттаҳид намудани кафедра “Кафедраи марксизм-ленинизм” номида шуд. Соли 1956 бо ташкилёбии  институти политехникии Тоҷикистон кафедраи мазкур таъсис ёфт. Мудири аввалини он Латипов таъин гардид. Баъд аз ӯ мудири кафедраро Ҳамроев ба ӯҳда дошт. Соли 1964    кафедраи мазкур ба се кафедраи мустақил  кафедраи Таърихи ҳизби комунист, кафедраи Фалсафа  ва комунизми илмӣ, кафедраи иқтисодиёти сиёсӣ ҷудо карда шуд. Дар ин муддат  кафедраҳои номбурдаро устодон ва  олимони шинохта  ба монанди  дотсент Ахмедов  Ш.Т., Аслонов М.А., Ҳамроқулов П.Х., профессорон Комилов М.К., Хушвактов И.Д., Ҳомидов  А.Х., Расулов К.Р., Раҳимов М.Ҳ., Авғонова З.А., Шамолов А.А. ва Саидумаров С.С. сарвари намуданд. 

Кафедра барои тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи муҳандисӣ, инжинерӣ, муҳандиси илмӣ-техникӣ ва тарбияи ходимони ҷамъиятиву давлатӣ ҳиссаи  арзандаи хешро гузоштааст. Хизматҳои устодони кафедраро ҳукумати ҷумҳурӣ ба назар гирифта се нафар аъзоёни кафедра  профессор Ҳошимов А.Х., дотсент Попова М.И. ва Аслонов М.К.-ро бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонид.

       Фаъолияти педагогӣ-тарбиявии аъзоёни кафедра дар фатҳи қуллаҳои илмӣ низ чашмрас мебошад. Дар тули даҳсолаи охир аксари аъзоёни кафедра рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя намуда соҳиби унвонҳои илмӣ гардиданд. Ҳоло омӯзгорони ҷавони кафедра анъанаҳои илмии кафедраро идома дода, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Асарҳо ва мақолаҳои илмии эъҷод кардаи омӯзгорони  кафедра аз ҷониби аҳли илму фарҳанги  ҷумҳурӣ паруфта шуда, дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷ аз он чоп гардидаанд.  Омӯзгорони кафедра, аз ҷумла профессорон Шамолов А.А. Раҳимов М.Ҳ., дотсент  н.и.ф Авғонова З.А. дар конфронсҳои байналмиллалӣ, ки дар Штатҳои Муттаҳидаи амрико, Канада, Руссия, Қазоқистон ва ғайра барпо гаштанд, бо маърузаҳои  илмӣ баромад намуда, илму фарҳанги Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.   

Устодони кафедра дар корҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ки дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардиданд, фаъолона ширкат  меварзанд. Дар  таълиму тарбияи насли ҷавон, алалхусус мутахассисони соҳаҳои  муҳандисӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд.