Кафедраи "ЗАБОНҲО"
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)

МУДИРИ КАФЕДРА

Ҳикматов Ҷумъабой Ҳакимович

дотсент
номзади илмҳои филологӣ
ФАЪОЛИЯТ Омӯзгорон

КАФЕДРАИ «ЗАБОНҲО»

Дар  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар  қатори  дигар  кафедраҳои  тахассусӣ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таъсис дода шудааст, ки барои омӯзиши  масъалаҳои муҳими забонҳои мазкур ва беҳтар намудани  сатҳи  забономӯзию забондонии донишҷӯён  мусоидат менамояд.

            Аз рӯзи аввали  ташкилёбии Донишгоҳи мазкур   кафедраи забонҳои хориҷӣ таъсис дода шуда буд, ки  роҳбарии онро  Белякова Г.А. ба ӯҳда дошт. Ҳамзамон дар назди   кафедраи номбурда сексияи  забони русӣ фаъолият менамуд.

            Соли 1979 кафедраи забони русӣ ташкил карда шуд, ки  мудири кафедра омӯзгори калон Адилова М.А. таъин гардид.

            Моҳи  августи соли 1982  ба сабаби  ба Донишгоҳ  барои таҳсил омадани донишҷӯёни хориҷӣ кафедраи русӣ ба ду қисм: кафедраи забони русӣ (мудири кафедра Бабкина М.Д.) ва кафедраи забони русӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ (мудири кафедра  Ибрагимова М.С.) тақсим  шуд.

            Баробари  ба вуҷуд омадани  тахассусҳои нав ва кушода шудани факутаҳои нав ҳайати кормандони кафедраҳо пурра гардид.

Соли 1990 дар кафедраи забони русӣ  наздик ба 20  омӯзгор  кору фаъолият доштанд, ки роҳабрии он ба зиммаи  омӯзгори калон Мутовкина В.У. гузошта шуда буд.

 Соли 1995 кафедраҳои  забонҳои  тоҷикӣ ва русӣ  якҷоя карда шуданд. Мудири кафедраи мазкур номзади илми филология, дотсент Алиев О.А. интихоб гардид.  Дар ин давра, дар кафедра 15 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарфия фаро гирифта шуда буданд, ки аз ин теъдод 11 нафарашон омӯзгорони калон, аз  қабили: Алиева Н.Х., Гулмадова М.К., Деҳқонова  М.Ҷ., Зикрихудоев Н., Мамадраимов Ш., Мухаммедова Н.М., Рашидова Р.А., Сафолова Л.А., Ҳайдарова Р.Р., Якубова Г.Х., Якубова М.М. ва 1- нафар доктори илми филология- Раҳмонов Ш.А., 1- номзади илми филология, дотсент-Алиев О.А., инчунин 2 омӯзгор (ассистент)  Икромова Г.Х., Эгамова Н.Ш.

            Аз омӯзгорони дар фавқ номбаршуда 6 нафарашон :Алиев О.А., Алиева Н.Х., Гулмадова М.К., Деҳқонова М.Ҷ., Рашидова Р.А. ва Мухаммедова Н.М. аълочиёни маориф  буданд.

            Соли 1989  дар Ҷумҳурии Точикистон  забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Аз ин рӯ, барои таълими нозукиҳои забон ва омӯхтани  забони адабӣ ба кафедра як қатор олимони  шинохташудаи кишвар, амсоли:Ҷӯраев Г.Ҷ.  ва  зиндаёдҳо Зоҳир Аҳрорӣ ва Алимардонов А. (рӯҳашон шод бод!) ҷалб карда шуданд.

            Моҳи марти соли 2008 ба кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  номзади илми филология, дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон  Боқиев Ҳамза Олимович   мудир таъйин гардид, ки то ба имрӯз сарварии кафедраро ба ӯҳда дорад.  Таи зиёда аз 2 соли роҳбарии ӯ дар кафедра 5 нафар устодон: Муҳаммадиев Ш.М, Темурова М. Қ.(10.12.2009), Қаюмова Х.А. (25.12.2009), Ҳикматов Ҷ.Ҳ. (11.03.2010) ва Икромова С.А. (4.12.2010) рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият  дифоъ намуданд.       

     Моҳи марти соли 2015 дар асоси озмун мудири кафедра номзади илми филология и.в. дотсент Ҳикматов Ҷумъабой Ҳакимович интихоб гардид.               

      Кафедраи «Забонҳои хориҷӣ» моҳи феврали  соли  1956,  дар  бинои асосии   донишгоҳ ташкил шудааст. Нахустин сарвари кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Белякова Галина Александровна буданд. Ҳайати кафедра дар соли нахустини  фаъолияташ аз 19 омӯзгор иборат  буд,  ки 1 дотсент, 10 омӯзгори калон  ва 8 омӯзгору асистентро дар бар  мегирифт. Белякова  Г. А. Аз соли 1956 то соли 1993 сарварии кафедраро  ба  ӯҳда доштанд. Аз соли 1993 то соли  1996 сарварии кафедраро устоди ботаҷриба  дотсент Умаров Усмон Умарович ба ӯҳдаи хеш гирифтанд. Кафедраро аз соли 1997 то соли  2006 омӯзгори калон Солиева М.Х., аз соли 2006 то соли  2008 омӯзгори калон Роҳатчоев Зумратчо ва аз соли 2008 то соли 2015 Насриддинов Тоҳир Нурович роҳбарӣ намуданд.  Аз ибтидои фаъолияташ дар кафедра омӯзгорон  Белякова Г.А., Умаров У.У.,  Синьков Г.В., Каримов Э.К., Ходжаева М.Б., Низомова С.Н., Солиева М.Х. фаъолият намудаанд.

          Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ моҳи сентябри соли 2015 кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо кафедраи забонҳои хориҷӣ якҷоя карда шуд ва кафедра номи кафедраи «Забонҳо»-ро гирифт. Ба вазифаи и. в. мудири кафедра  номзади илми филология и.в. дотсент Ҳикматов Ҷумъабой Ҳакимович таъйин гардид.               

     Имрӯз  дар кафедра 23 нафар устодони  доимӣ: Ҳикматов Ҷ.Ҳ., Темурова М., Қаюмова Х.А., Икромова Г.Х., Шоева Н., Мастибекова Ф. Н., Қаюмҷонова М.М., Абдуллоева Р.З, Сафолова Л.А., Якубова М.М., Пардақулова Г.Х., Салимов Ф.Н., Насриддинов Т.Н., Зарифов С.А., Норова М.М., Бобоева М.М., Раҳмонов М.Н., Камолова Г. Р., Атоева Б.Н., Ҳасанова Г.И., Ахмедова Б.С., Мирзоева Ҳ.Ҳ., Оддиева Ш.А.,  ва 6 нафар устодони ҳамкор: Боқиев Ҳ.О., Муҳаммадиев Ш.М., Икромова С.А., Ҳайдарова Р.Р., Умарова Б.М., Урунова М.А. ба  кори таълиму тарбия машғуланд, ки аз ин шумораи омӯзгорони доимӣ 4-нафар номзади илми филология, и. в. дотсент, 16- нафар омӯзгори калон ва 1-нафар 3- омӯзгор мебошанд.

    Ҳайати  омӯзгорону кормандони кафедра  дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона ширкат намуда, инчунин пайваста дар конфронсҳои илмии дохилиҷумҳурӣ ва хориҷ аз он иштирок  менамоянд. Бояд таъкид намуд, ки соли 2010 дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии донишҷӯёни макотиби олӣ, донишҷӯйи соли аввали факултаи Энергетикӣ Абдуллои  Шарифҳоҷа аз фанни забони тоҷикӣ иштирок  намуда, мақоми дуюмро соҳиб гашт.

  Ҳайати  омӯзгорону кормандони кафедра  дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона ширкат намуда, инчунин пайваста дар конфронсҳои илмии дохилиҷумҳурӣ ва хориҷ аз он иштирок  менамоянд. Бояд таъкид намуд, ки соли 2010 дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии донишҷӯёни макотиби олӣ, донишҷӯйи соли аввали факултаи Энергетикӣ Абдуллои  Шарифҳоҷа аз фанни забони тоҷикӣ иштирок  намуда, мақоми дуюмро соҳиб гашт.     

Робитаи кафедра бо кафедраҳои тахассусии ДМТ, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, ДСРТ ва  донишгоҳҳои дигари кишвар хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон кафедра бо сафоратхонаи  Амрико, Олмон ва  Фаронса ҳамкории зичи илмӣ дошта, пайваста бо  якдигар фаъолият менамоянд.

       Ногуфта намонад, ки  омӯзгорон Мастибекова Ф., Икромова Г.Х.,  Бурҳонова М.З. Ҳасанова Г.И., Камолова Г.Р., Бобоева М.М., Ахмедова Б. С. ба таълифи рисолаҳои номзадӣ  ва Боқиев Ҳ.О.  ба таълифи рисолаи докторӣ машғуланд. 

            Ин устодони  бузург на танҳо дар дохили  ҷумхурӣ, балки берун аз он  соҳиби обрӯю эътибори бузург буда, шоистаи таърифу таҳсин  буданд ва ҳастанд. Мо омузгорони ҷавон фахр мекунем, ки бо чунин шахсиятҳои бузург ҳамкор ҳастем. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки кафедра дар тӯли фаъолияти хеш бо дастовардҳои бузургу нотакрор ноил гаштааст. Дар солҳои ташкилшавиаш  кафедра дорои синфи лингафонӣ буда, бо асбобу таҷҳизоти  замонавӣ  таҷҳизонида шуда буд. Натиҷаи чунин пуртаҷрибагӣ ва сермасъулиятӣ буд, ки дастпарварони  кафедра дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои намоён гашта аз ҷониби Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шудаанд.

         Айни ҳол кафедра дар бинои факултети «Идора ва сохтмони нақлиётӣ» вокеъ дар шаҳраки Политехникум ҷойгир аст. Ҳайати кафедра аз 17 омӯзгори асосӣ, 1 ҳамкор ва 1 лаборант иборат мебошад. Ботаҷрибагӣ, кӯшишу ғайрат ва заҳмати аҳли кафедра буд, ки кафедра бо як қатор дастовардҳои  илмӣ ноил гашт. Чунончӣ зиёда аз 270 адад маводҳои таълимӣ, дастурамалҳои методӣ ва мақолаҳои илмӣ  ба табъ расида нашр гаштаанд, ки  донишҷӯён ҳамчун маводи таълимӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд.

         Аз омӯзгорони ботаҷрибае, ки дар боло зикр кардем, Низомова С.Н. ва  Солиева М.Х то ҳол бо мо кор  ва фаъолият намуда истодаанд, ки ҳамчун як манбаи илм роҳнамои ҳамаи  мо омӯзгорони ҷавон мебошанд. Қобили қайд аст, ки омӯзгорон Салимов Ф.Н., Атоева Б.Н., Урунова М., Умарова Б., Саидова М., Зарипов С., Норова М. ва  дигар омӯзгорони ҷавон ҳайати пешсаф ва  шахсиятҳои ба обрӯю назарраси кафедра ба ҳисоб мераванд. Бо ташаббуси  ин омӯзгорони ботаҷриба ва дастгирии аҳхли кафедра ду нафар аз омӯзгорони кафедра Кенҷаева Дилфуза ва Хасанова Гулбаҳор дар ҷодаи  илм фаъолият намуда, соли  ҷорӣ рисолаҳои  номзадиро ҳимоя  менамоянд.

       Ҳайати  омӯзгорону кормандони кафедра  дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона ширкат намуда, инчунин пайваста дар конфронсҳои илмии дохилиҷумҳурӣ ва хориҷ аз он иштирок  менамоянд. Бояд таъкид намуд, ки соли 2010 дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии донишҷӯёни макотиби олӣ, донишҷӯйи соли аввали факултаи Энергетикӣ Абдуллои  Шарифҳоҷа аз фанни забони тоҷикӣ иштирок  намуда, мақоми дуюмро соҳиб гашт.

 Кафедра бо сафоратхонаи  Амрико, Олмон ва  Фаронса ҳамкории зичи илмӣ дошта, пайваста бо  якдигар фаъолият менамоянд. Бо дастгирии онҳо кафедра бо телевизор, видеомагнитофон, асбоби нусхабардорӣ, маводҳои таълимӣ бо сабтҳояш дар махсус фитаҳо таъмин карда шудааст. Омӯзгорон дар рафти дарс  аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Ҳатто  донишчуён баъд аз дарсҳо омада он сабтҳоро гӯш карда, сатҳи дониши хешро сайқал медиҳанд.

       Кафедра дар якҷоягӣ бо раёсати  донишгоҳ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки  дар кафедра синфхонаи  лингафонӣ ташкил намуда, онро  бо асбобу таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз намояд, то ин ки  донишҷӯён бо услуби муосири замонавӣ забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.