ЛИТСЕЙИ ТЕХНИКӢ

           Ба Литсейи техникӣ хонандагон барои идомаи таҳсил дар синфҳои 8,9,10 ва 11 тариқи озмун қабул карда мешаванд. Таҳсил дар ҳамаи синфҳо ба ду забон- русӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар Литсейи техникӣ ба мундариҷа ва сифати таълими фанҳои дақиқ:-математика, физика, химия, информатика, нақшакашӣ ва инчунин ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати махсус дода мешавад. Литсейи техникӣ бо озмоишгоҳи замонавии физикии истеҳсоли Парки технологии Донишгоҳ ҷиҳозонида шуда бо китобхона ва синфхонаҳои интерактивӣ таъмин аст. 

Кормандони литсейи техникӣ: 

Муминова Д.Н. – директор, 

Нурматова Д.С. ҷонишини директор, 

Амонатова Ф. – танзимгар.