Кафедраи «Иқтисодиёт ва логистикаи наклиётӣ»
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)
ФАЪОЛИЯТ Омӯзгорон ИХТИСОСҲО КОРҲОИ ИЛМӢ


Дар соли 1966 дар Институти политехникии Тоҷикистон (айни ҳол Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ) кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» барои тайёр намудани муҳандисон аз рӯи ихтисоси 1725 – «Иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобилӣ» таъсис дода шуд. Раёсати он дар факултети «Нақлиёт ва роҳ» ҷойгир шуда буд.

            Кафедраро аввалин шуда н.и.т., дотсент Фаттидинов Бойпоччо Раҳимович сарвари намуд. Кафедра соли 1972 аввалин хатмкунандаҳоро тайёр намуд ва 19 нафар донишҷӯён бо ихтисоси муҳандис – иқтисодчӣ дар нақлиёти автомобилӣ Институти политехникии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуданд. Дар байни хатмкунандагони аввалин чунин шахсиятҳоро номбар намудан мумкин аст, ба монанди Ашуров А. собиқ вазири нақлиёти ҶТ, д.и.и., профессор Бобоев О.Б. директори институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ, Раҳимова Н – собиқ муовини раиси Ҳукумати ноҳияи Октябри (н. И. Сомони) шаҳри Душанбе ва дигарон, ки бомуваффақият дар соҳаҳои гуногуни иктисодиёт кор ва фаъолият менамоянд.

            Аз рӯзи таъсисёбӣ то айни ҳол кафедраро д.и.и., профессор Джумаев Д. Д., дотсент Аликариев С., д.и.и., профессор Бобоев О., д.и.и., проф. Раджабов Р. К., н.и.и., дотсент Сатторов Р.С., н.и.и. Ҳабибуллоев Ҳ.Х., н.и.и., дотсент Ҳамроев Ф.М. сарвари намудаанд.

         Соли 1989 баъд аз ҷудошавии кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» кафедраи «Иқтисод, ташкил ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ» таъсис ёфт, ки сипас соли 1993 дар базаи ин кафедра кафедраҳои «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар нақлиёт» ва «Ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёт» ташкил карда шуданд, ки то имрӯз фаъолият карда истодаанд. Аз соли 1972 то соли 2016 кафедра 1337 муҳандис-иқтисодчӣ дар соҳаи нақлиёт тайёр намудааст.

Мувофики карори Шурои олимони Донишгохи техникии Точикистон ба номи ак.ак.М.С.Осими аз 25.01.2016,номи кафедра  ба «Иқтисодиёт ва логистикаи наклиётӣ» иваз карда шуд.

Кафедра бо донишгоҳ ва донишкадаҳои зерин ҳамкории дутарафа дорад: Академияи Давлатии идора, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Москва, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Сибир, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Тошканд, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Киев, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи муҳандисии ҶТ, Кумитаи Давлатии стандартикунонии ва метрологии ҶТ, Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаю ташкилотҳои Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҶТ.

Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо иштироки донишҷӯён гузаронида мешавад. Барои ин мақсад дар кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён «Нақлиёт» бо роҳбарии устодони пешбар таъсис дода шудааст, ки хуб амал мекунад.

Дар кафедра семинар ва конфиренсияҳои илмӣ-амалӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён тез-тез гузаронида мешавад. Устодони кафедра дар семинар ва конфиренсияҳои илмӣ-амалии байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дар сатҳи донишгоҳ иштирок меварзанд.

Гурӯхи устодони кафедра дар мураттабсозии «Нақшаи рушд ва ҷойгиркунии системаи нақлиёти ҷумҳурӣ», «Мукаммалгардонии хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа», «Баландбардории самаранокии кори автобусҳо на хатсайрҳои байнишаҳрӣ ва байналмиллалӣ ва ҳалли масъалаҳои сарфакории захира дар нақлиёт» саҳми худро гузоштаанд.

Кафедра дар кушодани ихтисосҳои нави талаби замон фаъолона ширкат меварзад. Вобаста ба гузаштани системаи серзинаи нави хониш, аз тарафи кафедра барономаҳои корӣ ва нақшаҳои хониши нав тартиб дода шудаанд.

Кафедра маротибаи зиёд дар мусобиқахои донишгоҳ иштирок варзида соҳиби ҷойҳои намоён шуда, соҳиби мукофотҳои арзишнок ва ифтихорномаҳо гардидааст. Гурӯҳи устодони кафедра дар чорабиниҳои гуногуни давлатӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳ фаъолона иштирок меварзанд.

Устодони пешбари кафедра дар тартибдиҳии консепсияҳои иқтисодӣ барои аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани мамлакат фаъолона ширкат меварзанд.

Устодони кафедра тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос бечунучаро сарф мекунанд. 

            Имрӯз дар кафедра профессор – 1 нафар, дотсентон – 4 нафар, муаллимони калон – 5 нафар, ассистентон – 1 нафар, лаборант – 1 нафар ва котиб-оператор – 1 нафар кор мекунанд:

1. Алибаева Мавҷуда Мингаровна - н.и.и., дотсент, мудири кафедра;

2. Ҳабибуллоев Ҳабибулло Хайруллоевич – н.и.и., дотсент, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмиллалии ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ;

3. Раҷабов Раҷаб Кучакович – д.и.и., профессор;(хамкори беруна)

4. Ҳамроев Фузайли Маҳмадалиевич– н.и.и., дотсент;(хамкори дохила)

5. Саидмуродова Шоиста Очилдиевна - н.и.и., и.в.дотсент, (хамкори беруна)

6. Камолидинов Бахтиер Тошпулотович – муаллими калон;

7.Амонуллоев Икром Абдукаримович – муаллими калон;

8. Мирзобеков Хуршед Дурманович - муаллими калон;

9. Гадоева Фарзона Содиқовна – муаллими калон;

10. Рустамова Камилла Шавқатовна – муаллими калон;

11. Пулатова Шахноза Бахтиеровна – ассистент;(хамкори дохила)

12. Шоева Умеда  – котиб–оператор.


Кафедраи «Иқтисодиёт ва логистикаи наклиётӣ» бакалавр ва магистрону мутахассисонро аз рӯи 2 ихтисос тайёр мекунад:

1.     27010102 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар нақлиёти автомобилӣ»;

2.     260203-23 –«Логистика»

Ғайр аз он, кафедра дар тайёр намудани мутахассисони ихтисосҳои 700302-04 – «Купрукҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии нақлиётӣ», 700301-01 – «Сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо», 370205 – «Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо», 440101 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ», 440105-02 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ҳавоӣ», 440103 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти роҳи оҳан», 361101 – «Таҷҳизот ва нақлиёти роҳ, сохтмони ва борбардорӣ», 370201 – «Ҳайати кашандаи нақлиёти роҳи оҳан (тепловозҳо)», 370401 – «Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавои», 370105-02 «Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ», 370106-01 – «Истифодабарии техникии автомашинаҳо», 440302 – «Ташкили ҳаракат дар роҳ» аз тарафи факултети «Нақлиёт» ва «Идора ва сохтмони нақлиётӣ» тайёркардамешуда ширкат меварзад.


Кафедра тайёркунии аспирантонро бо ихтисоси 08.00.05 – «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (нақлиёт)» - ро бар душ дорад. Айни замон дар кафедра рисолаҳои номзадиро якчанд аспирантон ва унвонҷӯён омода карда истодаанд:

унвонҷӯён - Амонуллоев И.А., Мирзобеков Х.Д., Камолидинов Б.Т, Гадоева Ф.,Пулатова Ш.Б, Исмоилов М., Ниёзов З., Юнусов Ф., Ҷалилов У., Абдулов Н. ва ғ.

Аспирантон ва унвонҷӯён зери роҳбарии д.и.и. профессорон А.Х., Бобоев О., Раджабов Р.К., н.и.и., дотсентон Ҳабибуллоев Ҳ.Х., Ҳамроев Ф.М., Азимов П.Ҳ., Фохаков А. ва Алибаева М.М. бо корҳои илмӣ машғуланд. Дар тули фаъолият дар кафедра 3 рисолаи доктории - Джумаев Д., Бобоев О., Раджабов Р.К. ва 23 рисолаи номзадии - Бобоев О., Рахмонкулов А., Пиров З.Ш., Сатторов Р.С., Рахимова Р.Х., Раджабов Р.К., Ахмедов Р.М., Сангинов О.Қ., Саидахмедов С.С., Аслонов З.М, Ҳабибуллоев Ҳ.Х., Алибаева М.М., Фохаков А.С., Султонов А.Б., Ходжаев П.Д., Шарипов  А., Ҳамроев Ф.М., Азимов П.Ҳ., Мирзоева Н.Ш., Саидмуродова Ш.О., Гинтер Ю.И, Равшанов Ч.Б., Ашуров К. иҷро ва ҳимоя шудааст. Ба ҳимоя боз рисолаҳои доктории Ҳабибуллоев Ҳ.Х., Алибаева М.М. ва 3 рисолаи номзадии – Камолитдинов Б.Т, Амонуллоев И.А. ва Мирзобеков Х.Д. омода шуда истодааст.

Имрӯз дар кафедра корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар мавзӯҳои «Ташаккул ва рушди хизматрасонии нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Таъмини рақобатпазирии сохторҳои соҳибкорӣ дар нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мониторинги потенсиали илми техникии ЧТ» бо маблағгузори аз буҷети давлатӣ иҷро шуда истодааст.

Дар кафедра диққати махсус ба тайёркунии корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ дода мешавад. Ҳаҷми умумии корҳои нашр шуда зиёда аз 900 ҷузъи чопиро ташкил мекунад. 

Кафедра бо донишгоҳ ва донишкадаҳои зерин ҳамкории дутарафа дорад: Академияи Давлатии идора, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Москва, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Сибир, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Тошканд, Донишкадаи роҳҳои автомобилии Киев, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи муҳандисии ҶТ, Кумитаи Давлатии стандартикунонии ва метрологии ҶТ, Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаю ташкилотҳои Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҶТ.

Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо иштироки донишҷӯён гузаронида мешавад. Барои ин мақсад дар кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён «Нақлиёт» бо роҳбарии устодони пешбар таъсис дода шудааст, ки хуб амал мекунад.

Дар кафедра семинар ва конфиренсияҳои илмӣ-амалӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён тез-тез гузаронида мешавад. Устодони кафедра дар семинар ва конфиренсияҳои илмӣ-амалии байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дар сатҳи донишгоҳ иштирок меварзанд.