Рӯзномаи "Муҳандиси ҷавон"

Замоне маорифпарварон бо орзуи саводнок гардидани мардум, ки ҳадафашон одаму оламро шинохта, сарзамини аҷдодиро соҳиби кардан буд, ба таъсиси матбуоти миллӣ даст заданд. Дар таърихи матбуоти тоҷик аввалин рӯзнома ин «Бухорои шариф» аст, ки матбуоти тоҷик аз он маншаъ мегирад, бозгуи ниёзҳои мардум ва орзуи зиёиёни тоҷик буд. Ин нашрия барои соҳибони сарзамини бостонӣ фаҳмонидани моҳияту зарурати соҳибмулкӣ, роҳу равиши ворастан аз тангназарӣ, тавасути саводнокию маорифпарварӣ расидан ба истиқлолияти комили ватандор хизмати бузург анҷом дод.

Рӯзномаи «Муҳандиси ҷавон», ки ҷузъи матбуоти тоҷик мебошад,  аз 1-уми феврали 1984 ҳамчун минбари омӯзгорону донишҷӯйёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон нашр мешавад. Ва  тули  фаъолияти 32-сола тавонистааст дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси техникӣ, пешрафти техника ва технология саҳми арзанда гузорад. Албатта, таърихӣ рӯзнома ноҳамвориҳои дошт ва баъзан чопи он қатъ ҳам гаштааст  ва имрӯз  бо тавони худ, бо сухани созандаю неки худ, устодону донишҷӯйёнро аз навгониҳои навини илму технологияи пешқадам огаҳ менамояд.

Рӯзномаи «Муҳандиси  ҷавон» инъикоскунандаи воқеаҳои дохили ҷумҳурию донишгоҳи буда, ҳамеша пайгири дастовардҳои азими сиёсию ичтимоӣ, фарҳангию иқтисодӣ ва ихтироотҳои ҷавонони эҷодкору созанда мебошад.

Ҳар навгонӣ, ихтироот, кашфиёт ва дастоварде, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мешуд рӯи саҳифаи рӯзнома наққошӣ мегашт ва имрӯз як таърихи хурдеро ташкил медиҳад. Барои рангин гаштани саҳифаҳои рӯзнома саҳми устодону донишҷӯйёни Донишгоҳ хеле назаррас аст.