Кафедраи «Таркиби ҳаракатдиҳандаи роҳи оҳан»
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)
Кафедраи «Таркиби ҳаракатдиҳандаи роҳи оҳан»

Кафедраи «Таркиби ҳаракаткунандаи нақлиёти  роҳи оҳан»  бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳа барои корхонаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон, дар заминаи кафедраи «Нақлиёти роҳи оҳан» соли 2005 таъсис ёфтааст. Аввалин мудири кафедра муаллими калон Муминов К.М. буд ва он вақт ҳайати кафедра аз 4 устод иборат буд. Вазифаи мудири кафедраро дар солҳои гуногун дар тўли 10 соли сипаришуда, устодон, доктори илмҳои техникӣ Сайдаминов И., муаллими калони кафедра Мавлонов С.М., н. и. т. досент Юнусов М. Ю., н.и.т. и.в. дотсент Хаитов А.Ш. ба ўҳда доштанд. Ҳоло сарварии кафедраро н.и.т., и.в. дотсент Сахибов Н.Б. ба ўҳда дорад. 

Аз аввалин рўзҳои ташкилшавӣ, кафедра бо истеҳсолот, яъне бо Пойгоҳи локомотивӣ ва Пойгоҳи вагонҳои боркаши ш.Душанбе алоқаи мустаҳкам дошт ва тибқи шартнома бо онҳо ҳамкорӣ мекунад. Дар айни замон кафедра бо мақсади макамал намудани робитаҳои  илм ва истеҳсолот шартномаи  ҳамкори бо «Пойгоҳи локомотивии ш.Душанбе» то соли 2020 ба имзо расониданд.  

 Айни замон ҳайати кафедра аз 6 нафар устодон иборат буда, 4 нафари онҳо кормандони штати буда 2 нафарашон н.и.т. мебошанд. Ҳамчунин дар кафедра  2 нафар корманди ҳамкор фаъолият менамояд, аз онҳо 1 нафар д.и.т. ва 1 нафар н.и.т. мебошанд.  Аз соли 2007 то 2012 сол  кафедра мутахассисони муҳандис-механикҳоро аз рўи ихтисосҳои 150700 «Локомотивҳо», 150800 «Вагонҳо» тайёр менамуд ва аз соли 2012 то ҳоло аз рў ихтисоси  370201 «Ҳайати кашандаи нақлиёти роҳи оҳан» барои соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мутахасисонро аз рўи самтҳои зерин муҳандис-механик ва бакалаври техника ва технология тайёр карда истодааст.  Хатмкунандагони  кафедра дар вазифаҳои гуногуни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва дигар соҳаҳои роҳи оҳани ҷумҳурӣ  пурсамар фаъолият доранд.

Дар кафедра ба корҳои илмиву-тадқиқотӣ ва методӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз тарафи устодони кафедра бештар аз 100 мақолаҳои илмӣ ва даҳҳо дастурҳои методӣ чоп шудаанд. Дар 5 соли охир 2 нафар омузгорони  кафедра рисолаи номзадии  илмии  техникиро ҳимоя намуданд.  Муаллимони  калони кафедра  Мавлонов С. соли 2010 ва Сахибов Н.Б. соли 2012  Дар солҳои 2010-2015 аз тарафи устодони кафедра 6 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 1 патенти ихтироотӣ гирифта шудааст. Устодони кафедра барои тайёр намудани мутахассисони барои КВД «РОТ» саҳми худро гузошта истодаанд.