МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МАШВАРАТ

        Маркази бақайдгирӣ тамоми таърихи дастовардҳои донишҷўёнро дар давраи таҳсил ба қайд мегирад ва барои таҳлил ва чорабинӣ ба раёсат ва деканати факултетҳо пешниҳод менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти маркази бақайдгирӣ ин омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷўён ва омўзгорон, назорати рафти имтиҳони фосилавӣ ва ҷамъбастӣ, таъмини донишҷўён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ, омодасозии варақаҳои шахсии таълимии донишҷўён, ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳони фосилавӣ ва ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷўён ва пешниҳоди он ба деканҳои факултетҳои мувофиқ барои таҳлил ва чораандешӣ, тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) барои ҳар як донишҷў ва ғ. мебошад.

Кормандони МБМ: н.и.и. Сафаров Қ.А. – сардори марказ, Каримов Ҷ.Ҳ., Умаров М.А., Сайдуллозода С., Саидов Ф., Яздонқулов Р., Зайниддинов Т. – бақайдгирандагони  факултетҳо.