КАФЕДРАИ «СОХТМОНИ РОҲҲО, ИНШООТ ВА КОММУНИКАТСИЯҲОИ НАҚЛИЁТӢ»
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)
ФАЪОЛИЯТ

КАФЕДРАИ «СОХТМОНИ РОҲҲО, ИНШООТ ВА КОММУНИКАТСИЯҲОИ НАҚЛИЁТӢ»

Роҳҳо, иншоотҳо ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ – сарвати маънавии башарият, ифтихори ҳар як давлате, ки аз он мегузаранд, мебошанд.

Кафедраи «СР, И ва КН» июни соли 2016 бо якҷояшавии кафедраҳои «Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо» ва «Сохтмони роҳи оҳан, кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ» ташкил карда шуд, ки роҳбарии он ба зимаи н.и.т., и.в. дотсент Сайрахмонов Р.Ҳ. гузошта шуд.

Дар ин вобастагӣ аз соли 1972 дар ДТТ тайёркунии муҳандисон аз рӯи ихтисоси 1211(2910 ва ҳоло 700301-01)-сохтмони роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо дар кафедраи «Роҳҳои автомобилгард» дар заминаи кафедраи «Конструксияҳои сохтмонӣ» ба роҳ монда шуд ва мудири аввалини кафедра Вавилова С.А. дотсент, сохтмончии хизматнишондодаи ҶШСТ таъин гардидаанд. Худи ҳамин сол хатми аввалини ихтисоси 1211 (2910) «Сохтмони роҳҳои автомобилгард» («Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо») муҳандисон-сохтмончиён амалӣ гардид.

Кафедраи «Сохтмони роҳи оҳан, кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ» 18 марти соли 2005 дар собиқ Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи 3 ихтисос (290900, 291000 ва 291100) ташкил карда шуд ва мудири аввалини кафедра н.и.т., дотсент Нуманов О.Р. таъин гардид. Дар кафедраи мазкур 17 нафар устодон, аз он ҷумла 3 нафар н.и.т., дотсентон, 8 нафар муаллимони калон ва 6 нафар ассистентон фаъолият намуданд, ки хатми аввалини ин 3 ихтисос соли 2007 амалӣ гардид.

Дар кафедрҳои «Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо» ва «Сохтмони роҳи оҳан, кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ» дар солҳои гуногунҳамчун мудири кафедра д.и.т., профессор Оев А.М, н.и.т., дотсентон Вавилова С.А., Мястовский, Мирзоев С.Б., Нуманов О.Р., Исмоилов Л.С. фаъолият намудаанд.

     Умуман аз шумораи хатмкунандагони кафедра рисолаҳои докторӣ ва номзадиро Каримов Б.Б.-д.и.т., профессори академики Академияи нақлиёти Руссия; Оев А.М.-д.и.т., профессор муовини ректори ДТТ; Валиев Ш.Н.-н.и.т., дотсент, аъзо-корреспонденти Академияи Байналхалқии нақлиёт;  Каримов М.Ш.-н.и.т., и.в. дотсент; Мирзоев С.Б.-н.и.т., дотсент муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон; Исмоилов Л.С.-н.и.т., дотсентҷонишини сардори МД «РСАТАҶРК» ш.Душанбе; Қосимов А.К.-н.и.т.; Ахмедов Р.А.- н.и.и., дотсент; Ҳабибуллоев Ҳ.Х. .- н.и.и., дотсент декани факултети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ»-и ДТТ; Додхоев М.И.-н.и.т, дотсент; Насриддинов С.А.- н.и.т., дотсент; Ҷалилов М.Ф.-н.и.т., дотсент; Шарифов А.Ш.-н.и.и Директори ДКС вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон ҳимоя карданд.

Кафедра бо кафедраҳои «Масолеҳи сохтмони роҳҳо», «Кофтуков ва лоиҳакашии роҳҳо», «Сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард»-и Донишкадаи автомобилию роҳсозии Маскав (МАДИ-ТТУ), Пажуҳишгоҳи техникӣ-физикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Байнидавлатии роҳсозони ИДМ алоқаи илмӣ дорад.

Дар кафедра аз рӯйи ихтисосҳои 700301-01 - «Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо», 370205 – «Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо» ва 700302-04 – «Сохтмони кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ» муҳандис-сохтмончӣ тайёр карда мешавад.

Дар назди кафедра озмоишгоҳҳои «Масолеҳи сохтмони роҳҳо» «Иншоотҳои муҳандисӣ», «Истифодабарии роҳҳо» амал мекунанд, ки дар он тадқиқот ва санҷишҳои вобаста ба сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ гузаронида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ»-и Вазорати нақлиётиҶумҳурии Тоҷикистон ва «Корхонаи оҳану бетонбарории №1»-и ш. Душанбе филиалҳои кафедра мавҷуд аст, ки корҳои озмоишӣ ва илмӣ дар онҷо гузаронида мешаванд.

Дар «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ» озмоишгоҳи «Кофтуковӣ ва лоиҳакашии роҳҳои оҳану автомобилгард» мавҷуд аст, ки дар он бевосита донишҷӯён, магистрон, аспирантон ва унвонҷӯ фаъолият мекунанд.